Вазири хориҷаи Қатар: “Арабистон барои тағйири ҳукумати Қатар талош мекунад”

Вазири хориҷаи Қатар Арабистонро ба талош барои барҳам задани авзоъи Қатар ва таҳрик барои тағйири низоми ин кишвар муттаҳам кард.

Муҳаммад бен Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар гуфт: “Мо мебинем давлати Арабистон аз тағйири низоми Қатар сухан мегӯяд ва шоҳид ҳастем, ки чӣ гуна масъулонаш мардуми Қатарро ба қиём ва эътироз алайҳи ҳукумати худ таҳрик мекунад, рӯи сухани онҳо тағйири низоми Қатар аст.”

Оли Сонӣ дар мусоҳиба бо шабакаи CNBC афзуд: “Ҳадафи кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар таваққуфи ҳимоят аз теруризм нест, балки беэҳтиромӣ ва тарсондан аст ва Омрико ва амири Кувайт низ талошҳое барои ором кардани чаҳор кишвари арабӣ ва дур кардани онҳо аз ҳар гуна таҳдид ба иқдоми низомӣ анҷом додаанд.”

Вазири хориҷаи Қатар ҳамчунин тасреҳ кард: “Таҳрими Қатар боис шуда, ки пойгоҳи низомии Аладиди Омрико ва ҷанг алайҳи теруризм низ зарар бинад, чаро ки 90 дарсади таъмини маводди ғизоӣ ва доруии Қатар аз тариқи марзҳои заминӣ аст ва бахше аз он низ ба ҳамин пойгоҳ ирсол мешавад, дар ҳоле ки гузаргоҳи заминӣ акнун бастааст.”

Оли Сонӣ дар идома изҳор дошт: “Бо вуҷуди баста будани ҳарими ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои қатарӣ, ки ҳимояти луҷестик аз пойгоҳи Аладид ба амал меоваранд, роҳе ҷуз парвоз ба самти Эрон ва истифода аз ҳарими ҳавоии он надоранд.”

Вай ишора кард, ки нерӯҳои қатарӣ, ки дар ҳамалот алайҳи ДОЪИШ ба раҳбарии Омрико мушорикат дошта ва ё дар новгони панҷуми Омрико дар Баҳрайн ҳузур доштанд, ҳамагӣ тард шудаанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: