Ислом ва Эронзамин (83)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (46)

Табақоти урафо ва сӯфия (4)

(Аз Алоуддавлаи Симнонӣ ва Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ то Абурраҳмони Ҷомӣ)

Қарни ҳаштум

1) Алоуддавлаи Симнонӣ. Нахуст шуғли девонӣ дошт, канора гирифт ва дар силки урафо даромад ва тамоми сарвати худро дар роҳи Худо дод. Китобҳои зиёде таълиф кардааст. Дар ирфони назарӣ ақоиди хосс дорад, ки дар китобҳои муҳимми ирфон тарҳ мешавад. Дар соли 736 даргузаштааст.

2) Абдурраззоқи Кошонӣ. Аз муҳаққиқини урафои ин қарн аст. “Фусус”-и Муҳйиддин ва “Манозилус-соирин”-и Хоҷа Абдуллоҳро шарҳ кардааст ва ҳар ду чоп шуда ва мавриди муроҷиаи аҳли таҳқиқ аст. Бино ба нақли соҳиби “Равзотул-ҷаннот” дар зайли аҳволи Шайх Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ, Шаҳиди Сонӣ аз Абдурраззоқи Кошонӣ санои балиғ кардааст. Байни ӯ ва Алоуддавлаи Симнонӣ дар масоили назарии ирфон, ки ба василаи Муҳйиддин тарҳ шудааст, мубоҳисот ва мушоҷироте будааст. Вай дар соли 735 даргузаштааст.

3) Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ. Ҳофиз алорағми шӯҳрати ҷаҳониаш, торихи зиндагиаш чандон равшан нест. Қадри мусаллам ин аст, ки марде олим, ориф, ҳофиз ва муфассири Қуръони Карим будааст. Худ мукаррар ба ин маънӣ ишора кардааст:

Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз,

Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ.

* * *

Ишқат расад ба фарёд гар худ ба сони Ҳофиз,

Қуръон зи бар бихонӣ бо чаҳордаҳ ривоят.

* * *

Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард,

Латоифи ҳикамӣ бо нукотӣ қуръонӣ.

Бо ин ки ин ҳама дар ашъори худ аз пири тариқату муршид сухан гуфтааст, маълум нест, ки муршид ва мураббии худи ӯ кӣ будааст. Ашъори Ҳофиз дар авҷи ирфон аст ва камтар касе қодир аст латоифи ирфонии ӯро дарк кунад. Ҳамаи урафое, ки баъди ӯ омадаанд, эътироф доранд, ки ӯ мақомоти олияи ирфониро амалан тай кардааст. Бархе аз бузургон бар бархе аз байтҳои Ҳофиз шарҳ навиштаанд, масалан Муҳаққиқ Ҷалолуддин Даввонӣ, файласуфи маъруфи қарни нӯҳуми ҳиҷрӣ рисолае дар шарҳи ин байт:

Пири мо гуфт, хато бар қалами сунъ нарафт,

Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!

… таълиф кардааст. Ҳофиз дар соли 791 даргузаштааст.

4) Шайх Маҳмуди Шабистарӣ, офаринандаи манзумаи ирфонии бисёр олӣ мавсум ба “Гулшани роз”. Ин манзума яке аз китобҳои ирфонии бисёр олӣ ба шумор меояд ва номи сарояндаи хешро ҷовид сохтааст. Шарҳҳои зиёде бар он навишта шудааст. Шояд аз ҳама беҳтар шарҳи Шайх Муҳаммади Лоҳиҷист, ки чоп шудааст ва дар дастрас аст. Марги Шабистарӣ дар ҳудуди соли 720 воқеъ шудааст.

5) Сайидҳайдари Омулӣ. Яке аз муҳаққиқини урафост. Китобе дорад ба номи “Ҷомеъул-асрор”, ки аз китобҳои дақиқи ирфони назарӣ аст ва ахиран ба наҳви шоистае чоп шудааст. Китоби дигари ӯ “Нассун-нусус” дар шарҳи “Фусус” аст. Вай муосири Фахрулмуҳаққиқини Ҳиллӣ, фақеҳи маъруф аст. Соли вафоташ дақиқан маълум нест.

6) Абдулкарими Ҷилӣ, соҳиби китоби маъруфи “Ал-инсонул-комил”. Баҳси “инсони комил” ба шакли назарӣ аввалин бор ба василаи Муҳйиддини Арабӣ тарҳ шуд ва баъд мақоми муҳимме дар ирфони исломӣ ёфт. Садруддини Қунавӣ, шогирд ва муриди Муҳйиддин, дар китоби “Мифтоҳул-ғайб” фасли муфассале дар ин замина баҳс кардааст. То он ҷо, ки иттилоъ дорем, ду нафар аз урафо китоби мустақил ба ин ном таълиф кардаанд: яке Азизуддини Насафӣ, аз урафои нимаи дуввуми қарни ҳафтум, ва дигар ҳамин Абдулкарими Ҷилӣ, ва ҳар ду ба ин ном чоп шудааст. Ҷилӣ дар соли 805 дар 38-солагӣ даргузаштааст. Бар мо равшан нест, ки Абдулкарим аҳли Ҷили Бағдод буда ё аҳли Ҷилон (Гилон).

* * *

Қарни нӯҳум

1) Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ. Ин мард насаб ба Алӣ алайҳис-салом мебарад ва аз маъориф ва машоҳири урафо ва сӯфия аст. Силсилаи Неъматуллоҳӣ дар асри ҳозир аз маъруфтарин силсилаҳои тасаввуф аст. Қабраш дар Моҳони Кирмон мазори сӯфиён аст. Гӯянд, 95 сол умр кард ва дар соли 820 ё 827 ё 834 даргузашт. Аксари умраш дар қарни ҳаштум гузашта ва бо Ҳофизи Шерозӣ мулоқот доштааст. Ашъори зиёде дар ирфон аз ӯ боқӣ аст.

2) Соинуддин Алӣ Туркаи Исфаҳонӣ. Аз муҳаққиқини урафост. Дар ирфони назарии муҳйиддинӣ яди тӯло доштааст. Китоби “Тамҳидул-қавоъид”-и вай — ки акнун дар даст аст ва чоп шудааст — далели табаҳҳури ӯ дар ирфон аст ва мавриди истифода ва истиноди муҳаққиқони баъд аз вай аст.

3) Муҳаммад ибни Ҳамзаи Фанории Румӣ. Аз уламои кишвари Усмонӣ аст. Марде ҷомеъ будааст ва китобҳои зиёд таълиф кардааст. Шӯҳрати ӯ ба ирфон ба воситаи китоби “Мисбоҳул-унс”-и вай аст, ки шарҳи китоби “Мифтоҳул-ғайб”-и Садруддини Қунавӣ аст. Шарҳ кардани китобҳои Муҳйиддини Арабӣ ва ё Садруддини Қунавӣ кори ҳар касе нест. Фанорӣ ин корро кардааст ва муҳаққиқини ирфон, ки пас аз вай омадаанд, арзиши ин шарҳро таъйид кардаанд. Ин китоб дар Теҳрон бо ҳошияҳои марҳум Оқо Мирзо Ҳошими Раштӣ (аз урафои муҳаққиқи садсолаи ахир) чоп шудааст. Мутаассифона ба иллати бадии чоп, миқдоре аз ҳавошии марҳум Оқо Мирзо Ҳошим ғайримақруъ аст.

4) Шамсуддин Муҳаммади Лоҳиҷии Нурбахшӣ, шореҳи “Гулшани роз”-и Маҳмуди Шабистарӣ. Муосири Мир Садруддини Даштакӣ ва Алломаи Даввонӣ буда ва дар Шероз мезиста ва мутобиқи он чӣ Қозӣ Нуруллоҳ дар “Маҷолисул-мӯъминин” навиштааст, Садруддини Даштакӣ ва Алломаи Даввонӣ — ки ҳар ду аз ҳукамои барҷастаи асри худ буданд — ниҳояти эҳтиром ва таҷлил аз вай мекардаанд. Вай муриди Сайидмуҳаммади Нурбахш буда ва Сайидмуҳаммади Нурбахш шогирди Ибни Фаҳди Ҳиллӣ буда, ки зикраш дар торихчаи фуқаҳо гузашт. Лоҳиҷӣ дар шарҳи “Гулшани роз” (сафҳаи 698) силсилаи худро, ки аз Сайидмуҳаммади Нурбахш шурӯъ ва ба Маъруфи Кархӣ мерасад ва сипас ба ҳазрати Имом Ризо алайҳис-салом ва имомони пешин то ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мунтаҳӣ мешавад, зикр мекунад ва номи ин силсиларо “Силсилатуз-заҳаб” мениҳад.

Шӯҳрати бештари Лоҳиҷӣ ба воситаи ҳамон шарҳи “Гулшани роз” аст, ки аз мутуни олии ирфон ба шумор меравад. Лоҳиҷӣ ба тавре, ки дар муқаддимаи китобаш менависад, дар соли 877 оғоз ба таълиф кардааст. Торихи дақиқи вафоташ маълум нест, зоҳиран қабл аз соли 900 будааст.

5) Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ. Арабнажод аст ва насаб ба Ҳасани Шайбонӣ, фақеҳи маъруфи қарни дуввуми ҳиҷрӣ мебарад. Ҷомӣ шоири тавоно будааст. Ӯро охирин шоири бузурги ирфонии забони форсӣ медонанд. Дар ибтидо “Даштӣ” тахаллус мекардааст, вале чун дар вилояти Ҷом аз тавобеъи Машҳад мутаваллид шуда ва муриди Аҳмади Ҷомӣ (Жандапил) ҳам будааст, тағйири тахаллус дода ва ба “Ҷомӣ” мутахаллис шудааст. Мегӯяд:

Мавлидам Ҷому рашҳаи қаламам,

Ҷуръаи ҷоми шайхулисломист.

З-ин сабаб дар ҷаридаи ашъор,

Ба ду маънӣ тахаллусам Ҷомист.

Ҷомӣ дар риштаҳои мухталиф: наҳв, сарф, фиқҳ, усул, мантиқ, фалсафа, ирфон таҳсилот олӣ дошта ва китобҳои зиёд таълиф кардааст, аз он ҷумла аст “Шарҳу Фусусил-ҳикам”-и Муҳйиддин, “Шарҳи Ламаъот”-и Фахруддини Ироқӣ, “Шарҳи Тоия”-и Ибни Фориз, “Шарҳи қасидаи бурда” дар мадҳи ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), “Шарҳи қасидаи мимия”-и Фараздақ дар мадҳи ҳазрати Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом, “Лавоеҳ”, “Баҳористон”, ки ба равиши Гулистони Саъдист, “Нафаҳотул-унс” дар шарҳи аҳволи урафо. Ҷомӣ муриди тариқатии Баҳоуддини Нақшбанд муассиси тариқати Нақшбандия аст, вале ҳамчунон ки Муҳаммади Лоҳиҷӣ бо ин ки муриди тариқатии Сайидмуҳаммади Нурбахш будааст, шахсияти фарҳангии торихиаш беш аз ӯст, Ҷомӣ низ бо ин ки аз атбоъи Баҳоуддини Нақшбанд шумурда мешавад, шахсияти фарҳангӣ ва торихиаш ба дараҷоте беш аз Баҳоуддини Нақшбанд аст. Аз ин рӯ, мо, ки дар ин торихчаи мухтасар назар ба ҷанбаи фарҳангии ирфон дорем, на ҷанбаи тариқатии он, Муҳаммади Лоҳиҷӣ ва Абдурраҳмони Ҷомиро ихтисос ба зикр додем. Ҷомӣ дар соли 898 дар 81-солагӣ даргузаштааст.

* * *

Ин буд торихчаи мухтасари ирфон аз оғоз то поёни қарни нӯҳум. Аз ин ба баъд, ба назари мо ирфон шаклу вазъи дигаре пайдо мекунад. То ин торих шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии ирфонӣ, ҳама ҷузъи силсилаҳои расмии тасаввуфанд ва ақтоби сӯфия шахсиятҳои бузурги фарҳангии ирфон маҳсуб мешаванд ва осори бузурги ирфонӣ аз онҳост. Аз ин ба баъд шаклу вазъи дигаре пайдо мешавад:

Аввалан, дигар ақтоби мутасаввифа, ҳама ё ғолибан, он барҷастагии илмӣ ва фарҳангӣ, ки пешиниён доштаанд надоранд. Шояд бишавад гуфт, ки тасаввуфи расмӣ аз ин ба баъд бештар ғарқи одобу завоҳир ва аҳёнан бидъатҳое, ки эҷод кардааст мешавад.

Сониян, иддае, ки дохил дар ҳеч як аз силсилаҳои тасаввуф нестанд, дар ирфони назарии муҳйиддинӣ мутахассис мешаванд, ки дар миёни мутасаввифаи расмӣ назири онҳо пайдо намешавад. Масалан, Садрулмутааллиҳини Шерозӣ (вафотёфта дар соли 1050) ва шогирдаш Файзи Кошонӣ (вафотёфта дар 1091) ва шогирди шогирдаш Қозӣ Саъиди Қумӣ (вафотёфта дар 1103) огоҳиашон аз ирфони назарии муҳйиддинӣ беш аз ақтоби замони худашон будааст, бо ин ки ҷузъи ҳеч як аз силсилаҳои тасаввуф набудаанд. Ин ҷараён то замони мо идома доштааст, масалан марҳум Оқо Муҳаммадризо Ҳаким Қумшаӣ ва марҳум Оқо Мирзо Ҳошими Раштӣ аз уламо ва ҳукамои садсолаи ахир, мутахассис дар ирфони назарианд бидуни он ки худ амалан ҷузъи силсилаҳои мутасаввифа бошанд.

Ба таври куллӣ, аз замони Муҳйиддин ва Садруддини Қунавӣ — ки ирфони назарӣ поягузорӣ шуд ва ирфон шакли фалсафӣ ба худ гирифт — базри ин ҷараён пошида шуд. Масалан, Муҳаммад ибни Ҳамзаи Фанории собиқуззикр шояд аз ин гурӯҳ бошад. Вале аз қарни даҳум ба баъд ин вазъ яъне падид омадани қишри мутахассис дар ирфони назарӣ, ки ё аслан аҳли ирфони амалӣ ва сайру сулук набудаанд ва ё агар будаанд — ва ғолибан каму беш будаанд — аз силсилаҳои сӯфияи расмӣ барканор будаанд, комилан мушаххас аст.

Солисан, аз қарни даҳум ба баъд мо дар ҷаҳони шиъа ба афрод ва гурӯҳҳое бармехӯрем, ки аҳли сайру сулук ва ирфони амалӣ будаанд ва мақомоти ирфониро ба беҳтарин ваҷҳ тай кардаанд бидуни он ки дар яке аз силсилаҳои расмии ирфону тасаввуф ворид бошанд ва балки эътиное ба онҳо надошта ва онҳоро куллан ё баъзан тахтиа мекардаанд. Аз хусусиёти ин гурӯҳ, ки зимнан аҳли фақоҳат ҳам будаанд, вифоқу интибоқи комил миёни одоби сулук ва одоби фиқҳ аст. Ин ҷараён низ торихчае дорад, ки феълан маҷоли он нест.

Зимнан, аз ин торихча равшан шуд, ки ин шохаи фарҳангӣ (ирфон) монанди соири шохаҳо тамоми ҷаҳони исломро дарбар гирифтааст, аз Андалус ва Миср ва Сурия ва Рум гирифта то Хоразм. Албатта дар ин шоха низ саҳми эрониён аз назари камийят қатъан бештар аст. Урафои бузург ва тирози аввал, ҳам дар миёни эрониён зуҳур кардаанд ва ҳам дар ғайриэрониён.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: