Руҳонӣ: “Эрон комилан омода аст ниёзҳои Ӯзбакистон ба энержиро таъмин кунад”

Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон, изҳор дошт, ки Эрон комилан омода аст ниёзҳои Ӯзбакистон ба энержиро таъмин кунад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурии Эрон, дуктур Ҳасани Руҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе (18.10.2017) дар дидори Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон, бо баёни ин ки мо ба Ӯзбакистон ба унвони як давлати дӯст дар гузашта ва ояндаи таърихи худ менигарем, гуфт: “Пайванди таърихии ду миллат, фарҳанг ва тамаддун дар канори дин ва эътиқодоти муштарак ва манофеи миллӣ ва минтақаӣ, ду кишварро ҳарчанд, ки марзҳои муштараке надоранд, аммо комилан ба якдигар муттасил кардаанд.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Равобити таърихӣ ва наздики ду миллат, фурсати густардаеро барои тақвият ва таҳкими равобити ду давлат дар ҳамаи заминаҳо фароҳам карда ва бе тардид тавсиъаи ин равобит ба нафъи ду миллат ва минтақа аст.”

Дуктур Руҳонӣ ба тарҳҳои мутанаввеи тақвияти роҳҳои тронзитӣ миёни ду кишвар аз масирҳои Афғонистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ишора кард ва изҳор дошт: “Бояд дар канори беҳбуди масирҳои тронзитии ду кишвар, ҳамкориҳои бонкӣ ва мабоҳиси муртабит бо раводид (виза)-ро низ тасҳил кунем, то бахшҳои хусусии ду кишвар беҳтар битавонанд аз фурсатҳое, ки дар Эрон ва Ӯзбакистон вуҷуд доранд, баҳра бигиранд.

Дуктур Руҳонӣ ба пешрафтҳои кишвараш дар ҳавзаи фанновариҳои навин ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ишора ва таъкид кард: “Ширкатҳои фаннӣ ва муҳандисии эронӣ бо ироаи хадамоти дақиқ ва дар сатҳи истондортҳои байналмилалӣ, омодаи ҳузури фаъолтар дар Ӯзбакистон ҳастанд.”

Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки Эрон комилан омода аст ниёзҳои Ӯзбакистон ба энержиро таъмин кунад, ибрози умедворӣ кард, ки бо ташкили муназзами нишастҳои кумисиюни муштарак, роҳҳои тавсиъаи беш аз пеши равобит, ҷустуҷӯ ва ба суръат амалӣ шаванд.

Дуктур Руҳонӣ тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, донишгоҳӣ ва марокизи илмӣ ва таҳқиқотии ду кишварро зарурӣ донист ва изҳор дошт: “Дини мо дини раҳмат ва бародарӣ аст ва бо ташреҳи ин дини раҳмат барои ҷавонон, набояд иҷоза дода шавад онон гирифтори афкори хатарноки ифротӣ ва теруристҳо шаванд.”

Дуктур Руҳонӣ дар идома ба мавзӯи муҳимми амнияти минтақа ишора ва бо таъкид бар ин ки амнияти ҳамаи кишварҳои минтақа ба якдигар пайванд хӯрдааст, хоҳони талоши ҷамъӣ барои ҳифзи амният ва субот дар минтақа шуд ва изҳор дошт: “Ҳамаи кишварҳои минтақа бародарони як хонавода ҳастанд ва набояд иҷоза дода шавад, ки душманон бо тарҳи ихтилофоте дар ҳавзаи мазҳаб ва қавмият, миёни кишварҳои минтақа фосила биандозанд.”

Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон низ дар ин дидор таъкид кард, ки Тошканд хоҳони тавсиъа ва таъмиқи равобит бо Теҳрон дар ҳамаи арсаҳост ва бо иҷрои тавофуқоти руасои ҷумҳури ду кишвар дар нишасти Остона, сафҳаи тозае дар таърихи равобити ду кишвар гушуда шудааст.

Комилов изҳор дошт: “Тамаркузи мо, тавсиъа ва таъмиқи равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар дар канори равобити сиёсист ва сафари мақомҳои олии Эрон ба Ӯзбакистон гоми бузурге дар масири ин ҳамкориҳои муштарак ва поярезии равобите роҳбурдӣ ва дарозмуддат миёни Теҳрон–Тошканд хоҳад буд.”

Вай ҳамчунин хоҳони ҳамкориҳои наздики ду кишвар дар мавзӯъҳои муртабит бо таҳкими амният дар минтақа шуд ва гуфт: “Ду кишвар дорои таърихи ғании исломӣ ҳастанд ва бо ёрии якдигар метавонанд ҷилави рушди тафаккури ифротгароӣ дар минтақаро бигиранд.”

* * *

Афзоиши ҳаҷми мубодилоти Эрон ва Ӯзбакистон то сақфи як милёрд дулор

Дар хабаре дигар, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз тавофуқ бо Ӯзбакистон барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти ду кишвар аз ҳудуди 400 милюн дулор то сақфи як милёрд дулор хабар дод.

Ба гузориши Parstoday, Муҳаммади Шариатмадорӣ рӯзи сешанбе (17.10.2017) пас аз дидор бо Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон дар Теҳрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симои Эрон, аз фаъол будани 116 корхонаи эронӣ дар Ӯзбакистон бо мушорикати тарафҳои ӯзбакистонӣ хабар дод ва афзуд: “Сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи тронзит ва ҳамлу нақл ҳам пайгирӣ мешавад ва дар хусуси масири коридори тронзити Эрон ва Ӯзбакистон аз тариқи Афғонистон ва масири Ӯзбакистон, Туркманистон, Эрон ва Уммон, ки халиҷи Форсро ба Ӯзбакистон муттасил мекунад, ду тараф музокира кардаанд.”

Вай ибрози умедворӣ кард, ба зудӣ кумисиюни муштараки ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар баргузор шавад ва бо сафари ояндаи раисиҷумҳури Эрон ба Ӯзбакистон, равобити ду кишвар тавсиъа ёбад.

Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон ҳам дар ин дидор, Эрон ва Ӯзбакистонро ду кишвари бонуфуз дар минтақа хонд ва гуфт, кишвараш мусаммам ба тавсиъаи равобит ва мубодилоти ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи тиҷорӣ ва бозаргонӣ аст.

Вай ҳамчунин роҳи оҳан ва тронзитро барои кишвараш роҳбурдӣ арзёбӣ кард ва хостори ҳамкории бештари ду кишвар дар ин бора шуд.

Гуфтанист, вазири хориҷаи Ӯзбакистон дар садри ҳайате барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст.

Тасовире аз ин дидорҳо:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: