“То замоне, ки ҷоҳилон фатво медиҳанд, наметавонем дар баробари ҳамалоти зиддиисломӣ биистем”

Шайх Абдуттиф Дурён, муфтии аҳли суннати Лубнон, дар суханоне дар Конфронси байналмилалии “Нақши фатво дар суботи ҷомеаҳои исломӣ” гуфт: “Мо то замоне, ки гирифтори тафриқа ҳастем ва инсонҳои нодон бар курсии фатво такя задаанд, наметавонем дар баробари ҳамалоти зиддиисломӣ биистем, балки замоне метавонем дар баробари душманони ислом биистем, ки ҳама бар меҳвари Худои Мутаъол муттаҳид шавем ва дорулфатвоҳои ҷаҳони ислом тибқи вазифаи худ аз ҳуқуқи инсонҳо дифоъ кунанд ва ҳофизи сулҳу саломати шаҳрвандон бошанд.”

Ба гузориши сойти Албаввоба, рӯзи гузашта Конфронси байналмилалии “Нақши фатво дар суботи ҷомеаҳои исломӣ” бо ҳадафи сомон додан ба мушкилоти чолишҳо ва осебҳои фатво ва мубориза бо фатвоҳои гумроҳкунанда ва инҳирофӣ ва ифротӣ, бо ҳузури гурӯҳҳое аз уламо ва муфтиёни 63 кишвари ҷаҳон дар Қоҳира баргузор шуд ва фаъолиятҳои он то рӯзи панҷшанбе идома хоҳад дошт.

* * *

Ҷиҳоди низомӣ ҳатто лаҳзае аз ҷиҳоди фикрӣ дар майдони фиқҳу андеша ҷудо нест

Шавқӣ Аллом, муфтии Миср, дар суханони худ дар ин конфронс гуфт: “Фатво аз вежагиҳои ислом ва дараҷае олӣ аз фаҳми динӣ ба шумор меравад ва мо ба аҳаммият ва нақши фатво дар суботи ҷомеаҳо имон дорем ва яке аз аҳдофи ин конфронс низ барҳам задани басоти гурӯҳҳои ифротӣ аст, ки аз фатво суистифода мекунанд.”

Вай афзуд: “Акнун, ки тамоми ҷаҳон барои мубориза бо теруризм иқдом кардааст, чӣ хуб аст, ки аҳли илм ва посбонони дин ва соҳибони фатво низ бапо хоста ва бидонанд, ки онҳо марзбононе ҳастанд, ки бояд марзи бузург дар исломро ҳифз кунанд. Ва он марз, тасҳеҳи мафоҳими махдушшуда ва мунҳарифшуда ва истодагӣ дар баробари афкори ифротӣ ва нашри арзишҳои саҳеҳи динӣ аст. Ва мо бар ин боварем, ки ҷиҳоди низомӣ ҳатто лаҳзае аз ҷиҳоди фикрӣ дар майдони фиқҳу андеша ҷудо нест. Ва акнун ин конфронс бино дорад ба ҳарҷу марҷи мавҷуд дар заминаи фатвоҳои инҳирофӣ расидагӣ карда ва иҷоза надиҳад тасвире иштибоҳ ва ғалат ва ба дур аз ислом, дар зеҳни мардум шакл бигирад ва зиндагии онҳоро дучори изтироб ва ноамнӣ созад. Ва барои муқобила бо ин тасвири иштибоҳ аз ислом, бар ин боварем, ки уламо ва соҳибони андешаи саҳеҳ бояд дар баробари ифротгароҳо биистанд ва афкор ва андешаҳо ва назариёти саҳеҳи диниро ироа кунанд ва ба мардум эълом кунанд, ки ислом аз ин фатвоҳои гумроҳкунанда ва теруристӣ безор аст.”

* * *

Зарурати эҷоди риштаи тахассусии фатво дар донишкадаҳои улуми исломӣ

Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар низ дар суханони худ дар ифтитоҳияи ин конфронс, аз соҳибони фатво дар ҷаҳони араб ва ислом хост, “риштаҳои илмии тахассусӣ дар донишкадаҳои улуми исломӣ ба номи фатво эҷод кунанд ва тадриси онро аз аввалин соли донишгоҳ оғоз кунанд ва мутун ва барномаи саҳеҳ ва чандҷонибае низ барои он тадвин кунанд. Ва дар ин замина фақат ба омӯзиши фиқҳ басанда накунанд ва дар канори он, улум ва донишҳои абзорӣ ва улуми нақлӣ ва ақлиро низ ба донишҷӯ биёмӯзанд. Ва дар ин замина ба мантиқ ва ҷадал низ баҳо бидиҳанд ва илми мақосиди шариатро низ бо таваҷҷӯҳ ба шароити замон омӯзиш диҳанд.”

Вай афзуд: “Ҳамла ба тамаддуни исломӣ ҳамзамон аст бо дархостҳои гурӯҳе барои озод шудани ҳамҷинсбозӣ; чаро ки ғарбиҳо онро ҳаққе аз ҳуқуқи инсон мепиндоранд ва албатта дар ғарб тарафдорони бештаре дорад ва дар фарҳанги мардони шарқӣ ҷойгоҳи камтаре дорад, зеро инсон бар асоси фитрат худ аз ин инҳирофот ва бемориҳо безор аст.

Аҳмад Тайиб гуфт: “Фатво ҳамвора ҷойгоҳи вежаи аҳли илм ва покӣ ва таҳорат буда ва уламое, ки дар ин мансаб нишастаанд, бояд ба ҷавониби мухталифи фиқҳӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва риояти амонат бикунанд, то арзишҳои исломӣ тақвият шавад.”

Вай афзуд: “Имрӯз теъдоде аз фатвоҳое, ки содир мешавад ва ба ислом нисбат дода мешаванд, фатвоҳои ноҳақ ва нодуруст ҳастанд, ки мӯҷиби зарба задан ба ислом ва бадном шудани дин мешаванд.”

Вай ҳамчунин таъкид кард: “Имрӯз ҳеч дине монанди дини ислом мавриди ҳамалоти зиддидинӣ воқеъ намешавад.”

Аҳмад Тайиб гуфт: “Ман ин шикоят ва гилояро аз уламои муфтӣ ва аҳли фатво дорам, ки иҷоза надиҳанд муддаиёни илму фиқҳ бар курсии фатво бинишинанд.“

* * *

То замоне, ки ҷоҳилон фатво медиҳанд, наметавонем дар баробари ҳамалоти зиддиисломӣ биистем

Шайх Абдуттиф Дурён, муфтии аҳли суннати Лубнон, дар суханони худ дар ин конфронс гуфт: “Ҷаҳони ислом марҳилаи ҳассосеро пушти сар мегузорад ва мо ба таври вежа дар Миёнмор шоҳиди қатли омм ва наслкушии мусалмонони Руҳингиё ҳастем ва аз сӯи дигар муқаддасоти исломии мо дар Қудс низ дар хатар аст.”

Вай афзуд: “Мо то замоне, ки гирифтори тафриқа ҳастем ва инсонҳои нодон бар курсии фатво такя задаанд, наметавонем дар баробари ҳамалоти зиддиисломӣ биистем, балки замоне метавонем дар баробари душманони ислом биистем, ки ҳама бар меҳвари Худои Мутаъол муттаҳид шавем ва дорулфатвоҳои ҷаҳони ислом тибқи вазифаи худ аз ҳуқуқи инсонҳо дифоъ кунанд ва ҳофизи сулҳу саломати шаҳрвандон бошанд. Ва ин замоне иттифоқ меафтад, ки муфтиён дар кори худ тахассус дошта бошанд ва дар ин замина омӯзиш дида бошанд, то ин ки замоне фаро бирасад, ки фақат афроди мутахассис ва омӯзишдида бар ин мансаб такя бизананд.”

* * *

Хатарноктарин фатво он аст, ки мардумро дучори тафриқа кунад

Аббос Шумон, намояндаи Алазҳар дар суханони худ дар ин конфронс гуфт: “Фатво додан яке аз муҳимтарин абзорҳои нашру таблиғи аҳкоми шаръӣ аст, ки зиндагии мардумро сомон медиҳад ва ин фатво дар табиат ва сиришти худ чизе ҷуз баёни ҳукми илоҳӣ нест.”

Вай афзуд: “Фатво, хабар додан аз Худо ва Паёмбар ва баёни ҳалолу ҳаром аст ва Худои Мутаъол ҳам дар ин замина ба мо ҳушдор дода, ки ҳар кас бидуни далел чизеро ҳалол ё ҳаром бидонад, ба Худованд дурӯғ бастааст.”

Вай афзуд: “Бархе аз касоне, ки дар асри мо бар мансаби фатво нишастаанд, боиси эҷоди тафриқа ва дудастагӣ миёни мусалмонон шудаанд, ва ҳамчунин фарҳанги хушунат ва нафратро миёни мардум тарвиҷ мекунанд. Онҳо бо фатвоҳои худ ҳамаро аз ислом хориҷ мекунанд ва ин як балои бузург дар асри мост, ки бархе афроде, ки мардум дар мушкилоти худ ба онҳо муроҷиа мекунанд, муддаии илм ҳастанд, аммо баҳрае аз илм надоранд.”

Намояндаи Алазҳар гуфт: “Хатарноктарини фатвоҳо он фатвое аст, ки ба хотири он мардум дучори тафриқа ва дудастагӣ шаванд ва ваҳдати мусалмононро аз байн бибарад ва талошҳои таблиғии уламои гузаштаро тазъиф кунад.”

Вай афзуд: “Фатво набояд бо усули дин ва мақосиди шариат мунофот дошта бошад ва касе, ки фатво медиҳад, бояд аҳволи мардум ва шароити замонро баррасӣ кунад ва ба гунае фатво диҳад, ки мӯҷиби дудастагӣ ва тафриқа ва ихтилоф ва даргирӣ нашавад.”

* * *

Сомондиҳӣ ба фатво, ниёзманди вуҷуди қонуне дар ин замина аст

Муҳаммад Абдулкарим Алъисӣ, дабири кулли Анҷумани уламои ҷаҳон дар ин конфронс гуфт: “Бояд бо касоне, ки фатвоҳои беасос ва бар хилофи назари уламо содир мекунанд бархӯрд шавад ва набояд ба гунае бошад, ки фатво абзоре барои пешбурди ҳавову ҳавас ва амёли шахсии афрод бошад. Зеро дин ва шаръи илоҳӣ ба гунае нест, ки ҳар кас ҳар чизе дар бораи дин ба зеҳнаш расид, ба сурати зинда дар моҳвораҳо мунташир кунад, балки уламо ва муфтиён бояд аҳли таҳқиқ ва пажӯҳиш ва баррасии амиқ бошанд.”

Вай афзуд: “Сомондиҳӣ ба фатво ниёзманди вуҷуди қонуне дар ин замина бошад.”

Вай пешниҳод дод Созмони ҳамкории исломӣ қонуне дар ин замина танзим кунад ва тамоми кишварҳои узв онро имзо кунанд, то аз ин пас амалкарди шабакаҳои моҳвора ё худро дар заминаи судури фатво контрол кунанд ва иҷоза надиҳанд афроди ғайримутахассис дар ин шабакаҳо фатво бидиҳанд.

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: