“Фариштаи демукросӣ” ё илоҳаи марг? Авҷи бӯҳрони инсонӣ дар Миёнмор

Афзоиши оворагони руҳингиёӣ ба манотиқи марзии Банглодеш вазъияти бӯҳрони инсониро ба интиҳои худ расонда ва ҳамаи ин фоҷеаҳо ба таъйиди касе сурат мегирад, ки рӯзе аз вай ба унвони “фариштаи демукросӣ” тамҷид шуда буд.

Миёнмор кишварест дар ҷануби шарқи Осиё, ки аз шимоли шарқӣ бо Чин, аз шарқ бо Лоус, аз ҷануби шарқӣ бо Тойланд, аз ғарб бо Банглодеш ва аз шимоли ғарбӣ бо Ҳинд марзи муштарак дорад ва аз ҷануби ғарбӣ бо халиҷи Бангол ва аз ҷануб ба дарёи Ондомон маҳсур аст. Ин кишвар бо масоҳати 678500 километри мураббаъ дуввумин кишвари бузурги Осиёи ҷануби шарқӣ аст.

Тибқи охирин омори ба дастомада Миёнмор ҷамъияте болиғ бар 55 милюн нафар дорад ва 70 дарсади мардуми Миёнмор будоӣ ҳастанд. Дар соли 1982 қонуни ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба тасвиб расид, ки ба воситаи ин қонун, аз миёни 144 ақаллияти мавҷуд дар Миёнмор, 135 ақаллият ҳаққи шаҳрвандӣ дарёфт карданд ва 9 даста аз ақвоми ақаллият аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шуданд.

Бузургтарини ин ақаллиятҳо қавми Руҳингиё аст ва бештари онон дар вилояти Рохин дар савоҳили ғарбии Миёнмор сокин ҳастанд. Омори расмии ҷамъияти Руҳингиё 6 милюн нафар аст, аммо тибқи омори ғайрирасмӣ ҷамъияти ин қавм, ки сад дар сади онҳо мусалмон ҳастанд, ба 8 милюн нафар мерасад.

Акнун ин ақаллияти мусалмон тавассути артиши Миёнмор ба кӯмаки будоиҳои тундрав дар маърази наслкушӣ ва кӯчи иҷборӣ ҳастанд.

Артиши Миёнмор занону кӯдакони руҳингиёиро зинда-зинда месӯзонад, манозил ва мазореъи мусалмононро оташ мезанад, ононро аз сарзамини обо ва аҷдодии худ берун меронад, ба занону духтаронашон таҷовузи дастаҷамъӣ мекунад, аммо ҳама чиз дар Миёнмор тавре рақам мехӯрад, ки гӯӣ ҳеч иттифоқе науфтодааст.

Дар идомаи интишори гузоришҳо дар бораи вазъияти ногувори мусалмонони Руҳингиё, рӯзи гузашта Созмони Милал омори тоза аз теъдоди оворагони руҳингиёии мустақар дар Банглодеш мунташир кард; мусалмононе, ки дар Миёнмор ҳатто аз ҳаққи тобеият ва доштани шаҳрвандӣ бархӯрдор нестанд.

Тибқи эъломи Созмони Милал, теъдоди оворагони руҳингиёӣ, ки аз 25 август ба Банглодеш паноҳ бурдаанд, ба рақами 582 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Бо оғози мавҷи тозаи вуруди мусалмонони Руҳингиё ва камбуди манобеъ, хатари вуқӯъи бӯҳрони инсонӣ бештар аз гузашта шудааст.

Бино бар гузориши Ройтерз, нерӯҳои имдодӣ, ки дар минтақаи “Кокс бозор”-и Банглодеш дар ҳоли кӯмакрасонӣ ба мусалмонони Руҳингиё ҳастанд, аз камбуди шадиди имконот аз ҷумла паноҳгоҳҳои изтирорӣ, оби солим ва маводди ғизоӣ хабар медиҳанд.

Бо вуруди ҳудуди 60 ҳазор мусалмони Руҳингиё ба ин минтақа, вазъияти кӯмакрасонӣ бадтар аз қабл шудааст.

Беш аз 10 ҳазор мусалмони Руҳингиё низ дар марзи ду кишвар гирифтор шудаанд. Пешбинӣ мешавад бо вуруди теъдоди бештаре аз мусалмонони Руҳингиё ба Банглодеш, вазъияти бӯҳрони инсонӣ дар манотиқи марзӣ бадтар аз гузашта хоҳад шуд.

Дар байни тозаворидҳо, ҳудуди 16 ҳазор кӯдак, ки дар синни мадраса ҳастанд, вуҷуд доранд ва беш аз 5 ҳазор кӯдак низ зери 5 сол ҳастанд, ки ниёз ба пӯшишҳои воксан доранд.

Имконоти омӯзишии феълӣ танҳо барои пӯшиш додани 5 ҳазор кӯдак кофӣ аст ва ба беш аз 500 маркази омӯзишии дигар ниёз хоҳад буд.

Барои ҷилавгирӣ аз суистифода аз кӯдакон, озору азияти ҷинсии онҳо ва гирифтор шудан дар доми гурӯҳҳои табаҳкори қочоқи инсон, хонаводаҳои мусалмонони Руҳингиё ниёз ба омӯзиш ва огоҳиҳои бештаре доранд.

Нигарониҳо нисбат ба адами дастрасӣ ба оби солим ва беҳдоштӣ бештар аз гузашта шудааст.

Дар ин миён аммо артиши Миёнмор иддао кардааст, ки амалиёти поксозии минтақа аз шибҳинизомиён ва теруристҳоро оғоз карда ва ба нерӯҳои амниятӣ низ дастур дода шудааст, то муроқиби ғайринизомиён бошанд.

Вале мусалмонони Руҳингиё, ки ба Банглодеш фирор кардаанд, аз оташсӯзӣ ва куштори васеъи мусалмонон тавассути нерӯҳои амниятии Миёнмор хабар медиҳанд, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдомот, маҷбур кардани мусалмонон барои тарки вилояти Рохин будааст.

Ҷолиб ин ҷост, ки ҳамаи ин ҷиноятҳои фаҷеъ акнун ба таъйиди касе сурат мегирад, ки аз сӯи намояндагони “ҷаҳони мутамаддин” ҷоизаи сулҳи Нубел гирифта ва Борок Убомо, раисиҷумҳури пешини Омрико аз вай ба унвони “фариштаи демукросӣ” тамҷид карда буд. “Фариштаи демукросӣ” аммо инак ба илоҳаи марги ҳазорон руҳингиёии бепаноҳ бадал шудааст; танҳо ба ин далел, ки онҳо мусалмонанд ва аз ойини будоиҳо пайравӣ намекунанд.

Дар ин миён аммо сукути сиёҳу сангини расонаии дунёи мудерн ва хомӯшии маргбор ва маънодори сарони ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва ба вежа созмонҳои ҳуқуқи башарии шарқу ғарб дар баробари ҳаҷми мусибати ҷорӣ дар Миёнмор, танҳо аз як ҳақиқати амиқан талху дарднок парда бармедорд, ва он дурӯғгӯии инсони мудерн ва мутамаддини кунунӣ аст.

Mehrnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: