Наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори муҷозоти Шокирҷон Холдоров шуданд

1923 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо интишори номае саргушуда ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, хостори муҷозоти Шокирҷон Холдоров, коршиноси Кумитаи дин ва танзими рустои Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд.

Дар ин нома, ки Муҳаммадиқболи Садруддин, фаъоли исломии тоҷик, дар сафҳаи худ мунташир кардааст, омада: “Мо, шаҳрвандони давлати демукротик ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, аз Президенти кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон қотеона дархост мекунем, то сармутахассиси фаҳҳошу бевиҷдони бахши Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ, Шокирҷон Холдоров бидуни ҳеч қайду шарте муҷозот шавад.”

Нависандагони ин нома, бо баёни ин ки “ҷинояти бисёр сангине, ки ба шаъну шараф ва ҳайсияти мардуми минтақаи Чоряккорон аз тарафи Шокир Холдоров сурат гирифт, нобахшиданист” изҳор доштаанд: “Ин амал дар хонаи Худо, масҷид сурат гирифтааст. Агарчи мақоми масҷид дар Ҳукумати имрӯзаи шумо ҳеч ҷойгоҳ ва мақоме надошта бошад (зеро ҳар рӯз масҷидҳоро бо ҳар баҳона мебандед ва табдил ба чойхона ва макони фароғативу фарҳангӣ мекунед), вале дар назди ҳамаи мо тоҷикони мусалмон ҷойгоҳе воло дорад, ба ин беэҳтиромӣ наметавонем бетараф бошем ва сукут кунем.”

Гуфтанист, ҳафтае пеш наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки Шокирҷон Холдоров, коршиноси бахши танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳолати мастӣ вориди масҷид шуда ва бо бадтарин алфоз ва калимот мутасаддиёни масҷид ва намозгузоронро саббу дашном мекунад, ки агар масҷидро набанданд, фалону фалон хоҳад кард. Ин навор вокунишҳои бисёр тундеро миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард.

Дар номаи саргушуда ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омадааст: “Чаро барои таҳқири ҷаноби раисиҷумҳур қонунгузории кишвар барои шаҳрвандон муҷозоти маҳрумият аз озодӣ то 12 сол ва аз ҳаққи кор барои солҳои тулонӣ дар мақомоти давлатиро пешбинӣ карда, вале барои як корманди давлатӣ, ки аз ҳамин марзу бум аст ва ба миллату муқаддасоташ тавҳин мекунад, ҷазое муқарар намекунед?

Нависандагони нома ёдовар шудаанд: “Мо ба он бахшишпурсиҳои мармуз ва ҷаримабандиҳои 500 сомониатон ҳаргиз розӣ нестем. Тибқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бояд кашида шавад. Охир ин миллат ғуломи кормандони давлатӣ нестанд, то ба чунин таҳқиру фишор аз ҷониби мақомот онҳоро тарсонид ва ё таҳдидашон кард!

Дар идома изҳор доштаанд: “Қонунгузории кишвар барои тавҳин ва барангехтани кинаву адоват миёни мардум ҷазо таъин намудааст. Тавре ки шумо мӯҳтарам мақомоти қудратӣ ҳар касе, ки бароятон хуш наояд бо он модда онҳоро барои солиёни зиёд равонаи зиндон мекунед; дар ҳоле ки аслан 99 дарсади онҳо зери ин банд қарор надоранд, вале шумо боз ҳам онҳоро равонаи зиндон кардаед. Ба Шокир Холдоров ҷазои муносибро зери ин банд муайян намуда, равонаи зиндон намоед.”

Дар ин нома афзудаанд: “Инҷо он таҳдидҳое, ки Шокир Холдоров мардуми оддиро кардааст, ки ман шуморо бо ҷурми “салафигарӣ” равонаи зиндон мекунам, ман амниятро мефиристам ва монанди ин… аввалан, як лаккаи сиёҳ барои КДАМ мебошад, ки гӯё онҳо барои озори мардум бошанд. Дигараш, тӯҳмат ба як шаҳрванди бегуноҳи кишвар аст, ки барои ҳифзи шарафаш бо ин фаҳҳош даъво кардааст.”

Нависандаҳои нома ёдовар шудаанд, ки нахуст ба худи раисиҷумҳури кишвар муроҷиа карданд, то ба ин кор расидагӣ намояд, аммо агар расидагӣ нашуд ва ба таваҷҷӯҳе ба дархости онон ба амал наёмад, онҳо чорае ҷуз байналмилалӣ кардани ин қазия ва муроҷиа ба созмонҳои ҷаҳонӣ надоранд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: