Убомо ба арсаи сиёсӣ бозмегардад

Раисиҷумҳури собиқи Омрико баъд аз 9 моҳи ҳузури камранг, барои аввалин бор ба арсаи сиёсӣ бозмегардад ва дар роҳпаймоии интихоботи фармондории ду аёлати Нюҷерсӣ ва Вирҷиниё ба нафъи номзадҳои демукрот ҳузур пайдо мекунад.

Борок Убомо, раисиҷумҳури собиқи Омрико барои аввалин бор баъд аз чандин моҳи ҳузури камранг дар анзори умумӣ ва дурӣ аз тақобули мустақим бо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури феълии Омрико, ба арсаи сиёсӣ бозмагардад.

Раисиҷумҳури собиқи 56-солаи Омрико қарор аст имрӯз (панҷшанбе, 19.10.2017) дар роҳпаймоиҳои интихоботӣ дар Нюҷерсӣ ва Вирҷиниё ширкат кунад, то аз номзадҳои Ҳизби демукрот барои симати фармондорӣ ҳимоят кунад.

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса, раъйдиҳандагони ду аёлати номбурда, қарор аст дар таърихи 7 ноябри соли ҷорӣ дар интихоботи фармондорӣ ширкат кунанд.

Ин рақобатҳо дар воқеъ меъёри шинохти назари раъйдиҳандагон қабл аз интихоботи миёндавраии 2018 аст, ки озмуни бузурги Тромп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошад.

Мушаххас нест, ки Убомо қарор аст дар ин роҳпаймоии интихоботӣ чӣ паёмеро иблоғ кунад. Дар бозаи замонии 9-моҳа аз аввали соли ҷорӣ то кунун, Тромп аз дур будани Убомо аз арсаи сиёсӣ истифода карда то мероси раисиҷумҳури собиқи Омрикоро нобуд кунад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: