Фалсафа ва равиши реализм (128)

Иллат ва маълул (10)

Матни мақола

9) Ду иллати мустақил ва ҷудо аз ҳам дар як маълул наметавонад таъсир кунад, чунонки як иллат бо як иллат ва таъсир наметавонад дар ду маълул таъсир кунад, зеро робита ва синхияти вуҷудии иллату маълул муқтазӣ аст, ки вуҷуди маълул мартибаи заъифи вуҷуди иллат буда бошад. Бинобар ин, табоюни вуҷудии ду иллати мутабойин маълулро ду мартибаи заъифи мутабойин қарор хоҳад дод, ва ҳамчунин табоюни вуҷудии ду маълули мутабойин мусталзими ду иллати мутабойин хоҳад буд.

Ва бояд донист, ки нисбат ба ин ду назария низ ба назари сатҳӣ мавориди нақзи зиёде мавҷуд аст, чӣ, дар хориҷ бисёр иттифоқ меафтад чандин фоъил даст ба ҳам дода ва феълеро анҷом диҳанд, ва ё як фоъил чандин феъл ба вуҷуд оварад, вале бояд борикбинӣ намуда ва фаҳмид, ки дар сурати аввалӣ, маҷмӯи чандин фоъил як фоъилро ташкил медиҳанд, ва дар сурати дуввумӣ як фоъил бо шароити мухталиф чандин фоъил мешавад ва ё чандин феъл ба воситаи тараттуб, як феъл мебошад.

* * *

Иллатҳои чаҳоргона

Агар яке аз корҳои худро, ки “ихтиёрӣ” меномем — масалан дӯхтани як пероҳанеро — мавриди мутолеа қарор диҳем, хоҳем дид ба вуҷуд омадани як пероҳан, ки маълул аст (мусомаҳатан) мавқуф аст ба миқдоре порча, ки пероҳандӯз барои пӯшидан, бо абзори вежаи худ онро ба шакли махсус дармеоварад ва вуҷуди пероҳан ба ҳамаи ин атроф баста мебошад:

1) Фоъил, ки пероҳандӯз аст;

2) Ғоят ва ормон, ки пӯшидан мебошад;

3) Модда, ки порча аст;

4) Сурат, ки шакли пероҳан буда бошад.

Агар яке аз инҳо дар миён набуд, пероҳане ба вуҷуд намеомад.

Мо дар мавриди афъоли ихтиёрии худ ин иллатҳои чаҳоргонаро бовар дорем ва чунин меангорем, ки корҳое, ки бо тараввӣ ва фикр анҷом медиҳем, рӯйи ин пояҳои чаҳоргона истода, дар ҳастии худ аз онҳо сарчашма мегиранд. Вале оё ин андешаи мо дуруст аст ё пиндоресту бас, ки бо воқеияти хориҷ вифқ намедиҳад ва асосан иллияте ва маълулияте дар кор набуда ва ҳеч падида ва ҳодисае ниёзманд ба иллат нест? Ва ё қонуни иллату маълул дуруст буда, вале чаҳорто будани онҳо дар ҳар мавриде — монанд модда ва сурат дар ҳар мавҷуд ё ғоят дар ғайри афъоли ихтиёрии мо — ё дар ҳеч мавриде (ҳатто дар афъоли ихтиёрии мо) лузум надошта, балки илҳомест носавоб? Посухи фалсафа ба пурсиши аввалӣ мусбат ва чунон аст, ки дар оғози ин мақола тазаккур дода шуд. Вале посухи пурсиши дуввумӣ мухталиф ва ба тафсилест, ки гуфта мешавад.

* * *

Иллати фоъилӣ

Мо дар рӯзҳои нахустини зиндагӣ, ки ба қонуни иллату маълул пай мебарем, агарчи дар оғози кор ҳамин андоза иҷмолан таъсири иллат дар маълулро мефаҳмем, ки: “ҳар мавҷуде дар вуҷуди худ ниёзманд ба вуҷуди дигар аст ва вуҷуди маълул ношӣ аз иллат мебошад”, вале кам-кам, ки ба воситаи мушоҳидаҳои бешумор ба маънии иллату маълул ошно мешавем, хоссиятҳои гуногуни иллияту маълулият пеши чашми мо ҷилвагар мешавад.

Луқмаеро, ки бо дасту даҳон мехӯрем, ҷомаеро, ки дӯзанда бо абзор аз порча бурида ва медӯзад, ва дареро, ки дуредгар аз чӯб месозад (мисолҳоест мусомаҳӣ), дуруст аст, ки суратҳои вуҷудӣ ва шаклҳои тоза, ки пайдо мешаванд, вобаста ва марҳуни ҳамаи атрофи қазия ва аҷзои амал мебошанд, вале нисбати онҳо ба ҳамаи атроф яксон нест. Масалан, нисбати “сурати пероҳан” ба “дӯзанда” ҷуз нисбате аст, ки ба “порча” дорад, зеро дӯзанда монанди ин аст, ки чизеро аз худ берун медиҳад (кор ва куниш ва феъл), ва порча монанди ин аст, ки чизеро аз беруни худ мегирад (пазириш ва қабул ва инфиъол), ва албатта равшан аст, ки ин ду нисбати мухталиф, ду хоссаи мухталиф доранд:

Хоссияти нисбате, ки бо фоъил ва кунанда пайдо мешавад ин аст, ки фоъил доро ва воҷиди асаре аст, ки берун медиҳад (албатта мақсуд на ин аст, ки шакли пероҳан масалан дар дасту наху сӯзани дӯзанда аст ва ба чашм дида мешавад ва пас аз он ҳаракат карда ва ба сӯи порча меояд), ва хоссияти нисбате, ки бо қобил ва пазиранда пайдо мешавад ин аст, ки қобил доро ва воҷиди феълияти асар нест, агарчи қабули вайро дорост; аз ин рӯй бо ихтилофи қобилҳо осор мухталиф мешавад. Ва ҳар чӣ ин озмоишро дар маводд ва мавориди мухталиф пайгирӣ карда идома бидиҳем, ихтилофи ин ду нисбат (феъл ва инфиъол — кардан ва пазируфтан) ва хоссияти вежаи ҳар як аз онҳо равшантар ва устувортар мешавад, ва аз ин ҷост, ки ҳукм мекунем, ки: “ҳар феъл як фоъиле мехоҳад”, ва соддатар бигӯем: “ҳар асаре муассире мехоҳад”.

Вуҷуди ҳеч мавҷуди ниёзманд ба иллат, бе иллати фоъилӣ дуруст нахоҳад шуд, агарчи соири иллатҳоро монанди иллати моддӣ ва ҷуз он дошта бошад.

* * *

Ишкол

Озмоише, ки эътиқод ба лузуми иллати фоъилиро ба вуҷуд меоварад, дар мавориде аст, ки табиат кори худро аз роҳи феълу инфиъолӣ, ва бо таъбири имрӯзӣ, ба тариқи амал ва аксуламал (куниш ва вокуниш) анҷом медиҳад ва албатта натиҷаи озмоишро ба ғайри мавриди худаш сироят наметавон дод.

Мо мавориди зиёде дорем, ки модда ё мавзӯи асар асарро ба наҳви лузум пайваста ҳамроҳи худ дорад бе ин ки ниёзе ба иллати фоъилӣ дошта бошад, чунонки масалан нур ҳаракате муъодили 300 ҳазор километр дар сония (тақрибан) дорад, ва ин ҳаракатест, ки маълули мавзӯи худаш буда ва фоъили бавуҷудоваранда намехоҳад. Соддатар бигӯем: ҳаракатест, ки мутаҳаррик мехоҳад на муҳаррик. Ва ҳамчунин дар асли модда ҳаракати доимӣ исбот шуда, ки пайваста ба воситаи он дар ҷунбу ҷӯш аст бе ин ки далеле ба субути фоъили муҳаррик, ки бавуҷудоварандаи ҳаракат буда бошад дошта бошем, балки ҳамин моддаи қобил, ки мутаҳаррик аст кофист. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Мавзӯи тақсими иллат ба иллатҳои чаҳоргона — фоъилӣ, ғоӣ, моддӣ, сурӣ — аз тақсимоти арастуӣ аст. Агар фоъилро “инсон” фарз кунем ва он силсила афъоли инсонро дар назар бигирем, ки аз навъи тасарруф дар моддаи хориҷист (на афъоли нафсонӣ аз қабили тасаввур ва тасдиқ ва шавқ ва ирода ва ғайра), ин тақсими арастуӣ бисёр возеҳ аст: тасарруфоте, ки инсон дар моддаи хориҷӣ мекунад, қоим ба чаҳор рукн аст: фоъил, ғоят, модда, сурат.

“Фоъил” худи инсон аст, ки иллати вуҷуддиҳандаи феъл аст.

“Ғоят” ё “иллати ғоӣ” ҳамон чизе аст, ки инсон феълро ба хотири расидан ба ӯ анҷом медиҳад, ва албатта ғоят аз он ҷиҳат иллат шумурда мешавад, ки мукаммил ва мутаммими иллати фоъилист; зеро тасаввури ғоят аст, ки иродаи инсонро бармеангезад ва инсонро, ки дар ҳадди фоъили билқувва аст, ба ҳадди фоъили билфеъл мерасонад. Пас, иллати ғоӣ мундараҷ дар иллати фоъилӣ, ва иллати фоъилӣ мундараҷ дар иллати ғоӣ аст.

“Сурат” ҳамон феълият ва ҳолате аст, ки инсон ба моддаи хориҷӣ медиҳад, ва он ҳамон аст, ки маълули воқеии иллати фоъилӣ аст.

“Модда” иборат аст аз он чизе, ки суратро қабул мекунад ва феълиятро мепазирад.

Дар мисоли пероҳан, ки қаблан дар матн баён шуд, ин чаҳор иллат ҷамъ аст. Ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда иллати ин ки ба модда ва сурат “иллат” гуфта мешавад ин аст, ки ҳақиқати ҳар шайъи моддӣ дар хориҷ, мураккаб аст аз маҷмӯи модда ва сурат, ва ин маҷмӯъ, дар таҳаққуқи худ мӯҳтоҷ ба ин ду мебошад ва қаблан гуфтем, ки маъмулан дар мафҳуми “иллат” тавсиъа дода мешавад ва ба мутлақи ду чизе, ки яке аз онҳо дар воқеияти худ мӯҳтоҷ ба дигарӣ аст “иллату маълул” гуфта мешавад. Ва аз ин рӯ ҳар як аз модда ва сурат иллати маҷмӯи мураккаб ба шумор мераванд ва ба онҳо “иллати моддӣ” ва “иллати сурӣ” итлоқ мешавад. Ва иллати ин ки ба ғоят “иллат” итлоқ мешавад ҳамон аст, ки гуфтем, ки иллати ғоӣ мутаммим ва мукаммили иллати фоъилӣ аст. Ва аммо агар дар мафҳуми иллият тавсиъа надиҳем ва иллатро ба ҳамон маънои “вуҷуддиҳанда” ва “воқеиятдиҳанда” бигирем, танҳо чизе, ки шоиста аст ба ӯ иллат гуфта шавад, ҳамоно “фоъил” аст, ва маълули ин иллат ҳам ҳамон чизе аст, ки мо онро “сурат” хондем.

Ҳамон тавре, ки қаблан тазаккур додем, агар фоъилро “инсон” фарз кунем ва феълро “тасарруфоти инсон дар моддаи хориҷӣ” фарз кунем, ҳам тасаввур ва ҳам тасдиқи ин аркони чаҳоргона бисёр возеҳ аст ва ҳеч як аз ин аркони чаҳоргонаро наметавон айни дигарӣ гирифт. Вале агар фарзро тағйир диҳем — мисли ин ки фоъилро инсон ё чизе шабеҳ ба инсон фарз накунем, балки фоъилро табиати беҷон фарз кунем — албатта вуҷуди иллати ғоӣ қобили ташкик хоҳад буд (ба тафсиле, ки баъд хоҳад омад). Ва ё ин ки феълро аз қабили тасарруф дар модда фарз накунем — мисли он ки худи моддаро феъл бидонем ва ё он ки мавзӯи сухани худро “мубдаъот” қарор диҳем — албатта вуҷуди иллати моддӣ маъно надорад.

Дар инҷо як суол ё ташкики асосӣ ҳаст, ва он ин аст, ки оё дар мавориде, ки феъл қоим ба модда ва ба истилоҳ, тасарруф дар модда аст, асосан лозим аст, ки иллати фоъилӣ ғайр аз иллати моддӣ бошад? Ва бинобар ин, оё лозим аст, ки барои ҳаракот ва тағйирот ва табдилоте, ки доиман дар модда воқеъ мешавад, фоъиле ғайр аз худи модда, ки моддӣ аст бишносем? Ё он ки монеъе надорад, ки иллати фоъилӣ айни иллати моддӣ буда бошад? Ин ки мегӯем, “иллати фоъилӣ айни иллати моддӣ буда бошад” ё ба ин маънист, ки танҳо иллати моддӣ кофист ва ниёзе ба иллати фоъилӣ нест, ва ё ба ин маънист, ки айни ҳамон чизе, ки иллати моддист, иллати фоъилӣ аст.

Яке аз нуқоти нисбатан ҳассоси баҳси илоҳӣ ва моддӣ ҳамин ҷост. Чунонки медонем, сарчашмаи назарияи илоҳии худи Арасту низ ҳамин ҷост. Арасту ба кӯмаки се муқаддима, вуҷуди “муҳаррики аввал”-ро исбот мекунад: яке ин ки “мумтанеъ аст мутаҳаррик айни муҳаррик бошад”, ва ба иборати дигар, “мумтанеъ аст, ки иллати фоъилӣ айни иллати қобилӣ буда бошад”. Дигар он ки “бояд муҳаррик ҳамвора ба ҳамроҳи мутаҳаррик вуҷуд дошта бошад”, яъне ҳаракат модоме идома дорад, ки омили таҳрик боқӣ бошад, ва агар омили таҳрик аз байн биравад, ҳаракат ҳам билофосила қатъ мешавад. Дигар ин ки “агар муҳаррик низ ба навбаи худ мутаҳаррик бошад, ниёзманд ба муҳаррики дигаре хоҳад буд, ва он муҳаррики дигар на метавонад ҳамон мутаҳаррики аввалӣ бошад ва на метавонад то бениҳоят пеш биравад, пас силсилаи муҳаррикот бояд мунтаҳӣ шавад ба муҳаррике, ки мутаҳаррик нест, ва ӯ иборат аст аз мавҷуде муҷаррад ва мовароуттабиӣ”.

Муқаддимаи аввали Арасту ҳамин масъалаи мавриди назари мост. Муқаддимаи дуввум ҳамон аст, ки Голилей ва Нютон бар хилофаш қиём карданд ва дар мақолаи 8 муфассалан дар атрофаш баҳсу интиқод кардем. Муқаддимаи севвум мубтанӣ бар имтинои давру тасалсул аст. Ва агар касе дар яке аз муқаддимоти сегона хадша ворид сохт ва масалан назар дод, ки лузуме надорад муҳаррик ғайр аз мутаҳаррик бошад, ё он ки мӯътақид шуд бақои омили ҳаракат ба ҳамроҳи ҳаракат лозим нест, ва ё он ки давр ё тасалсул мумтанеъ нест, ва ё ин ки фарзи Арасту мисдоқи давру тасалсул нест, албатта бурҳони Арасту барои исботи “муҳаррики аввал” ноқис хоҳад монд. Мо дар мақолаи 14, ки бурҳонҳои фалосифаро роҷеъ ба исботи сонеъ нақлу интиқод мекунем, дар атрофи ин бурҳон низ баҳс хоҳем кард ва ба ҳар ҳол мавзӯи ваҳдати муҳаррик ва мутаҳаррик аз бузургтарин масоили фалсафист ва ба ҳасби назари моддигароён монеъе надорад, ки мутаҳаррик айнан ҳамон муҳаррик бошад, вале ба ҳасби назари мо, мумтанеъ аст, ки муҳаррик айнан ҳамон мутаҳаррик бошад. Дар матн нукоти лозим ба таври ишора баён шуда ва чун таҳқиқи комили ин матлаб мавқуф бар ин аст, ки аз тарафе модда ва аз тарафе дигар ҳаракатро комилан бишносем, мо дар инҷо ба ҳамон андоза, ки дар матн баён шуда қаноат мекунем ва боқиро ба ӯҳдаи мақолаи 10 мегузорем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: