Перейти к содержимому

Ҳамаи дағдағаи Омрико “Исроил” асту бас; чаро сарони араб дарс намегиранд?

Таҳлиле дар нашрияи Раъюл-явм

Ағлаби ҷангҳои кунунӣ дар минтақа, ба шакли мустақим ё ғайримустақим, байни ду ҷабҳаи аслӣ аст; Русия ва меҳвари Эрон, Сурия ва Ироқ аз як сӯ, ва Омрико ва муттаҳидонаш дар Исроил ва бархе кишварҳои арабии ҳошияи халиҷ (-и Форс) аз сӯи дигар. Бинобар ин, лозим аст ба мавзеъи ахири Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, мабнӣ бар таъйид накардани тавофуқи ҳастаии Эрон ва муттаҳам кардани ин кишвар ба теруризм ва бесуботии минтақа нигоҳе андохт ва ҳамчунин дар таҳаввулоти кунунии Курдистони Ироқ низ аз ҳамин манзар нигарист.

Омрико хасоратҳои роҳбурдии сангине дар Сурия ва Ироқ мутаҳаммил шуда, дар ҳоле, ки Эрон ва Русия ба дастовардҳое расиданд, ки набояд онро нодида гирифт. Шикасти тарҳи таҷзияталабонаи курдҳо дар шимоли Ироқ ва эҳёи нерӯҳои ироқӣ бо пуштибонии “Ҳашди Шаъбӣ”, шикасте барои Омрико ва Исроил аст, дар ҳоле, ки Исроил танҳо тарафе буд, ки аз баргузории ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқ хушҳол шуда ва онро аланан таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол, Эрон дар фароҳам сохтани заминаи пирӯзии нерӯҳои муштараки ироқӣ барои бозпасгирии шаҳри мавриди муноқишаи Каркук, он ҳам бидуни ҳеч даргирии низомӣ ва ба бор омадани талафот, нақши муҳимме дар пушти парда дошт.

Эътимод ба нафсе, ки Эрон дар натиҷаи ин пирӯзиҳо ба даст овард, пуштвонаи изҳороти муҳками дирӯзи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи донишҷӯёни ин кишвар буд. Вай таъкид кард, ки агар давлати Тромп бихоҳад Барҷомро пора кунад, Эрон онро рез-рез хоҳад кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дуруст гуфт вақте гуфт: “Чун Теҳрон нақшаҳои Омрикоро дар Лубнон, Сурия ва Ироқ ноком гузошт, Вошингтун хашмгин шудааст”. Вай афзуд, кишвараш метавонад дар сояи таҳримҳои Омрико қавӣ ва пешрафта шавад. Вай ҳамчунин бархе гуфтаҳо дар бораи ин ки пайравӣ аз Ғарб танҳо роҳи пешрафт аст, ба масхара гирифт ва гуфт: “Мо, ки дар замони Шоҳ вобаста ба Ғарб будем, ба чӣ чизе ва ба куҷо расидем?!

Мушкили Омрико ва идомаи сериёли шикастҳои он дар минтақа ва ҷаҳон, ба як омили аслӣ бозмегардад: ин ки Омрико ба Ховари Миёна ва ҳамаи дунё, аз манзари манофеи Исроил ва на Омрико менигарад, аз ҳамин рӯ Вошингтун ва ҳамчунин ҳамаи муттаҳидони араб ва урупоии он мутаҳаммили шикастҳои паёпай мешаванд.

Эрон санъати низомии мушакии пешрафтаи худро тавсиъа дода, ба ташкили эътилофҳои санҷида рӯй оварда, барномаи ҳастаии пешрафтае дар ихтиёр дорад ва ба таҷрибае қавӣ дар музокира даст ёфтааст, аммо кишварҳои арабӣ дар мақоми муттаҳидони Омрико, ба чӣ чизе расидаанд, дастовардҳои онҳо чист?

Мо дар инҷо бар асоси воқеиятҳои мавҷуд ҳарф мезанем, на орзуҳоямон. Пешрафтҳои Эрон дар заминаҳои мутаъаддид дар ҳоле сурат гирифта, ки кишварҳои арабӣ на як тарҳи мушаххасе доранд ва на аз раҳбарони ҳушёр бархӯрдоранд. Эрониҳо бар асоси асли демукротики машварат амал мекунанд ва ҳеч гоҳ дар тасмимгириҳои худ насанҷида амал намекунанд. Онҳо манофеи уммати исломиро аз ҳама чиз болотар мебинанд ва ба ин ақида устувор имон доранд, ки Омрико ба муттаҳидони худаш ҳам эҳтиром намегузорад ва онҳоро дар ростои манофеи Исроил қурбонӣ мекунад.

Ҳамаи дағдағаи Омрико истифода аз кишварҳои арабӣ ва пули онҳо дар ростои амалӣ кардани нақшаҳоест, ки Исроил онҳоро эъмол кардааст ва наметавон вазъияти шикофи мавҷуд байни кишварҳои арабиро нодида гирифт, ки мутаассифона аз давлатҳо ба миллатҳо ҳам мунтақил шуда ва оташи хусумат байни онҳо шӯълавар шудааст.

Омрико хонаводаи Боризонӣ ва тарҳи таҷзияталабонаи онҳо дар шимоли Ироқро раҳо кард ва пушти ононро холӣ кард. Ин иттифоқ бояд барои раҳбарони араб, ки муттаҳиди Омрико ҳастанд дарс шавад, то шояд дар сиёсатҳои худ дар қиболи минтақа ва ҷаҳон таҷдиди назар кунанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: