Ислом ва Эронзамин (84)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (47)

Завқу санъат

Он чӣ дар бахши илму фарҳанг баён кардем, мазоҳири хадамоти фикрии эрониён ба ислом буд; нишон дод, ки эрониён то чӣ андоза фикру андешаи худро дар роҳи ислом ва тамаддуни исломӣ ба кор андохтанд. Он чӣ дар ин бахш бад-он ишора мекунем, марбут аст ба мазоҳири хадамоти завқӣ ва эҳсосӣ ва ҳунарӣ ва фаннии эрониён.

Хадамоти завқӣ ва эҳсосӣ беш аз хадамоти фарҳангӣ метавонад нишондиҳандаи эҳсосоти пок ва холисонаи эрониён буда бошад; зеро беш аз онҳо сару кораш бо ишқу имон аст. Ба таври куллӣ, шоҳкорҳо мавлуди ишқҳо ва имонҳост. Зару зӯр ҳаргиз қодир нест шоҳкор халқ кунад, танҳо ишқу имон аст, ки шоҳкор меофаринад. Ин қоида дар бораи шоҳкорҳои фикрӣ ҳам содиқ аст ва бисёре аз осори эрониён дар бахши улуму фарҳанги исломӣ шоҳкор аст, аммо дар бораи шоҳкорҳои завқӣ ва эҳсосӣ хеле равшантар ва возеҳтар аст.

Шоҳкорҳои санъатии Эрон дар давраи исломӣ — аъамм аз меъмориҳо, наққошиҳо, хушнависиҳо, тазҳибкориҳо, хотамкориҳо, кошикориҳо ва муъаррақсозиҳо ва ғайра — бештар дар заминаҳои динии исломӣ будааст.

Ин банда ба ҳеч ваҷҳ дар салоҳияти худ намедонад, ки вориди ин мақула бишавад. Афроди зисалоҳият бояд дар ин бора доди сухан бидиҳанд ва худ мавзӯи як китоби мустақил аст.

Он чӣ бар ҳама возеҳ аст ин аст, ки шоҳкорҳои фавқ, ҳама дар масоҷид ва машоҳид ва мадорис ва Қуръонҳо ва китобҳои адъия таҷаллӣ кардааст. Меъморҳо ҳунари худро дар масоҷид ва машоҳид ва мадориси исломӣ буруз додаанд, ҳамчунин кошикорҳо, хотамкорҳо ва катибанависҳо. Ганҷинаҳои Қуръон, ки дар музейҳои мухталифи кишварҳои исломӣ ва аҳёнан кишварҳои ғайриисломӣ ҳаст, арҷи ҳунари эрониро дар заминаҳои исломӣ ва дар ҳақиқат ҷӯшиши руҳи исломиро дар завқи эронӣ мерасонад.

Эрониён на танҳо дар Эрон, дар ғайри Эрон низ осори ҳунарӣ ва фаннии исломии зиёде ба вуҷуд овардаанд. Дар бархе кишварҳои ғайри исломӣ, ки мусалмонон дар ақаллиятанд монанди Ҳинд ва Чин, осори исломии зиёде ҳаст, ки бо дасти эрониён ба вуҷуд омада ва санади ихлоси эрониён нисбат ба ислом аст. Мо дар инҷо ба ҳамин ишора қаноат мекунем ва таҳқиқу тафсили онро бар ӯҳдаи аҳли фанн мегузорем.

Яке аз мазоҳири хадамоти завқӣ ва эҳсосии эрониён ба ислом, хадамоте аст, ки аз роҳи забони форсӣ ба ислом кардаанд. Удабо ва урафо ва суханварони эронӣ, ҳақоиқи исломиро бо ҷомаи зебои форсӣ ба наҳви аҳсан ороиш додаанд; ҳақоиқи исломиро бо тамсилоти латиф муҷассам карда ва маъонии латифи қуръониро дар қолаби ҳикоёти ширин берун овардаанд. Маснавии Мавлоно беҳтарин шоҳиди ин муддаъост.

Хадамоти забони форсӣ-дарӣ ба ислом, худ мавзӯи баҳсу таҳқиқи ҷудогонае аст. Агар касе дар ин мавзӯъ мутолеа кунад, мебинад ин забон дар тӯли умри тақрибан 1200-солаи худ дар давраи ислом, беш аз ҳар чизи дигар, дар хидмати ислом будааст. Агар касе танҳо дар садади ҷамъоварии ашъори олии форсӣ дар бораи тавҳиди ислом, тавсифи Қуръон, мадҳи Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва мадҳи Аҳли байт алайҳимус-салом барояд, чанд ҷилд китоб хоҳад шуд, то чӣ расад ба ашъоре, ки дар либоси ғазал ё қисса ё панду андарз, ҳақоиқи исломиро баён кардааст.

Шеъри форсӣ ва насри форсӣ дар тӯли 12 қарн, аз мазомини Қуръон ва ҳадис ба шиддат мутаассир будааст. Ағлаби мазомини олии ирфонӣ ва мавъизаии форсӣ решаи қуръонӣ ё ҳадисӣ дорад ва таҳти таъсири Қуръон ва суннат роҳи таъолиро тай кардааст.

Душмании бархе аносур бо забони форсӣ-дарӣ — ки гоҳе бо пешниҳоди берун кардани луғоти арабӣ ва гоҳе пешниҳоди тағйири хатт иброз мешавад — ҳама барои ин аст, ки ин забон беш аз ҳар чизи дигар як забони исломӣ аст ва намоёнгари фарҳанги исломӣ аст. Мубориза бо ислом бидуни мубориза бо ин забон — албатта дар лифофаи мубориза бо луғоти бегона ва ё хатти маъмули имрӯз — муяссар нест.

Мо дар баҳс аз хадамоти арзандаи забони форсӣ ба ислом низ ба ҳамин ишора қаноат мекунем ва баҳси тафсилии онро бар ӯҳдаи донишмандоне мегузорем, ки аз мо салоҳияти бештаре доранд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: