Мулоҳизоте бар “ренусонс”-и мавриди назари ҷаноби Фаттоҳзода

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷаноби Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси ҲХДТ (ҳизби ҳоким), ахиран дар мусоҳибае бо хабаргузории “Ховар”, бо ишора ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қабули ин қонун ва низ “ворид шудани тағйиру иловаҳо ба он”-ро як “инқилоб” қаламдод ва онро ба “давраи ренусонс дар Урупо” ташбеҳ намудааст.

Эшон дар ин мусоҳиба аз ҷумла мегӯяд: “Пешниҳоди Пешвои миллат дар зеҳну мафкураи миллати мо таҳаввулотеро ба амал овард ва мардумро ҳидоят намуд, ки аз расму одати зарароваре, ки тӯли садсолаҳо дар мағзи устухони мо ҷо гирифта буд, даст кашем. Ин мисли ҳамон таҳаввулоти давраи ренессанс аст, ки дар кишварҳои Урупо таассуби диниву хурофотиро шикаст дод ва пойгоҳи илму маърифатро дар ҷомеа устувор намуд. Натиҷаи ҳамон инқилоби маънавӣ буд, ки Урупо аз асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ раҳо ёфта, имрӯз ба яке аз манотиқи пешрафта ва пуриқтидори дунё табдил ёфтааст… Пас худ қазоват кунед, ки ин оё “инқилобе” нест дар тафаккур, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи мо?..”

Чанд мулоҳиза ба ин изҳори назари ҷаноби Фаттоҳзода ба назарамон расид, ки мехоҳем дар ин ҷустор хидмати хонандаи азизи тоҷик баён бидорем:

* * *

1) Нуктаи аввал ин ки: банда воқеан намедонам, ки одот ва русуми мардумӣ – аъам аз баргузории ҷашни арӯсиҳо ва ё маросими марбут ба майит ва ғайра, ҳатто агар онҳоро носаҳеҳ ва зиёновар ҳам бидонем — чӣ иртиботе ба “дин” дорад, то ба назм даровардани онҳоро “раҳоӣ аз таассуботи динӣ” шуморем ва бигӯем: “Ин мисли ҳамон таҳаввулоти давраи ренессанс аст, ки дар кишварҳои Урупо таассуби диниву хурофотиро шикаст дод ва пойгоҳи илму маърифатро дар ҷомеа устувор намуд”?

Ва ин дар ҳолест, ки дини мо, яъне ислом, таъкидҳои фаровоне бар сарфаҷӯӣ ва адами исроф дорад. Қуръони Карим ба сароҳат мефармояд:

وكُلُواْ وَاشْرَبُواْ وَلاَ تُسْرِفُواْ إِنَّهُ لاَ يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ

Ва бихӯред ва биёшомед, вале исроф ва зиёдаравӣ макунед, ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад.” (Сураи Аъроф, ояти 31)

Ва ҳам тасреҳ мекунад:

وَآتِ ذَا الْقُرْبَى حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَلاَ تُبَذِّرْ تَبْذِيرًا. إِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كَانُواْ إِخْوَانَ الشَّيَاطِينِ

Ва ҳаққи хешовандро бидеҳ ва мустаманд ва дарроҳмондаро дастгирӣ кун, вале исроф макун! Зеро исрофкорон бародарони шайтонҳоянд…” (Сураи Исро, оятҳои 26 ва 27)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, афроде, ки дар ҷашну маросими худ зиёдаравӣ ва исрофкорӣ мекунанд, оё ин корашон ношӣ аз ангезаи динист, то пиндошта шавад, “қонуни танзим” исрофкоронро аз “хурофоти динӣ” мераҳонад? Ё баръакс, ин афрод дуруст хилофи дастури исломӣ иқдом кардаанд ва мисдоқи “бародарони шайтонҳоянд” чунонки Қуръони Карим тасреҳ мекунад?

Воқеан, рабт додани исрофкорӣ дар ҷашну маросим ба дин аз сӯи ҷаноби Фаттоҳзода, аҷибу ғариб аст! Эшон ё динро нашинохтаанд ва ё ин корҳоро амдан ба дин муртабит месозанд.

Ин нукта ҳам шоистаи ёдоварист, ки дар даҳаи 80 ва 90-уми қарни гузашта, ҳукумати вақт — ва ҳамин афроде, ки имрӯз “қонуни танзим”-ро “инқилоб” тавсиф мекунанд — ҷавонони мусалмонро ба далели мухолифаташон бо маросими “ҷиҳилуму бистуму ғайра” муттаҳам ба “ваҳҳобият” ва мухолифат бо одот ва русуми миллӣ ва мардумӣ намуда буданд.

* * *

2) Нуктаи дуввум он ки: ташбеҳи “қонуни танзим” тавассути ҷаноби Фаттоҳзода ба “давраи ренусонс дар Урупо” ҳам аҷибу ғариб аст! Зеро, бар фарзи он ки “қонуни танзим”-ро қонуне дуруст ҳам бидонем, аммо ташбеҳи он ба “ренусонс” ва ин ки мунҷар ба раҳоӣ аз “асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ” мешавад, як иғроқ ва муболиға аст!

Ҳол, лозим аст як тавзеҳе бидиҳам аз ренусонс, то матлаб равшантар бишавад:

Ренусонс (ба фаронсавӣ: Renaissance) – ки ба тоҷикӣ ба он “давраи навзоӣ” гуфта мешавад – як ҳаракати фарҳангии муҳим дар Урупо буда, ки оғозгари давроне аз инқилоби илмӣ ва ислоҳоти динӣ ва пешрафти ҳунарӣ дар Урупо шудааст. Даврони навзоӣ, дар воқеъ, даврони гузор аз “қуруни вусто” ба “даврони ҷадид” дар Урупост. Вожаи “ренусонс”-ро барои нахустин бор фаронсавиҳо дар қарни 16 мелодӣ ба кор бурданд. Албатта, оғози ин давраро дар садаи 14 мелодӣ дар шимоли Итолиё медонанд. Ин ҷунбиш дар садаи 15 мелодӣ шимоли Урупоро низ фаро гирифт. Ренусонс як таҳаввули 300-сола аст, ки аз Флуронс (Флоренсия) дар Итолиё оғоз шуд ва ба “асри равшангарӣ” (Age of Enlightenment) дар Урупо анҷомид. Ғарби имрӯз натиҷаи ҳамин фаъолиятҳост, зеро ренусонс пояҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ ва илмии тамаддуни кунунии онро бино ниҳод. (James A. Corrick, The Renaissance, p.9)

Бар ин асос, оё ташбеҳи “қонуни танзим” дар Тоҷикистон ба ренусонс ва инқилоби фарҳангии фарогир дар Урупои пас аз қуруни вусто, як каме муболиға ва иғроқ ба назар намерасад? “Қонуне”, ки фақат ҷашну маросими роиҷ дар миёни мардумро ба тартиб дармеоварад ва дигар ҳеч. Ва бо иҷроӣ шудани “қонуни танзим”, ҳарчанд дар як муддати замони тӯлонӣ, оё дар ҷаҳонбинӣ ва дар илм ва дар дин ва дар ҳунари мо тоҷикҳо як “инқилоб” сурат хоҳад гирифт ва пешрафт дар тамоми ҳавзаҳои ҳаётро бароямон ба армуғон хоҳад овард?

Бале, ҷомеаи мо ба як “инқилоби фарҳангӣ” ва ё ҳамон ренусонс ниёз дорад, дар ин тардиде нест, аммо нуқтаи оғозини ин инқилоб кадом аст? “Қонуни танзими маросим” ё “Қонуни танзими андешаҳо”?

Ба касе пӯшида нест, ҳатто барои худи ҷаноби Фаттоҳзода, ки “ренусонсе”, ки ҷомеаи мо ба он ниёз дорад, дар дараҷаи аввал, бояд дар ҷаҳонбинӣ ва андеша ва тарзи тафаккури мақомоти тоҷик сурат бигирад. Дар андешае, ки қоил ба диктотурӣ ва худкомагӣ аст. Дар андешае, ки қоил ба “хешовандсолорӣ” аст ва ин ки касе метавонад дар ин кишвар дорои мақому мансаб гардад, ки робитае бо ҳоким дошта бошад. Дар андешае, ки бар асоси “маҳалгароӣ” ва “минтақагароӣ” (ки албатта ба ҳамагон таъаллуқ дорад) устувор аст ва ин ки ба инсон дар ин кишвар, фақат аз равзанаи маҳал ва минтақааш нигоҳ мешавад.

Нуқтаи оғозини “ренусонс” дар кишвари мо, инқилоб дар ин гуна тарзи тафаккурҳост. Ва ба сухани дигар, ниёзи ҷомеаи мо ба “қонуни танзими андешаҳо”, беш аз ниёзи он ба “қонуни танзими ҷашну маросим” аст.

Дар гоми баъдӣ, дар васати нухбаҳо ва нависандаҳо ва шоирон ва ҳунармандон ҳам ниёз ба як ренусонс дорем. Ренусонсе, ки дар даруни нухбаҳо бояд сурат бигирад ва бар мабнои он, эшон дигар тамаллуқгӯӣ, чоплусигарӣ, мадҳиясароӣ ва таърифу тамҷидгӯӣ аз ҳокимро канор гузоранд, ва ё дурусттараш, аз ин хӯйҳои зишт ва нописанд худро раҳо созанд.

Дар ҳавзаи дин ва руҳоният ҳам ниёз ба як инқилоб ва реносунс дорем. Ренусонсе, ки динамонро аз бидъатҳо ва руҳонияти моро аз лаббайкгӯй будан берун дароварад ва ин ки ҳар сиёсати ғалати ҳоким ва ҳукуматро тавҷеҳ карда ва барояш “далели динӣ” битарошанд.

* * *

3) Нуктаи севвум ин ки: сарфи назар аз “қонуни танзим”, эй кош ҷаноби Фаттоҳзода ба унвони як фаъоли сиёсӣ ва муовини аввали ҲХДТ (ҳизби ҳоким), изҳори назаре ҳам дар бораи соири қонунҳо ва сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар 25 соли ахир мефармуданд, то бидонем, оё бар мабнои ин сиёсатҳо ва қонунҳо, мо дар ҳоли раҳоӣ аз “қуруни вусто” ҳастем ё дар ҳоли бозгашт ба он асрҳоем?

Ба унвони мисол, оё қонунҳое, ки дар чанд соли ахир дар робита бо мақоми риёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон қабул шудаанд – аз тамдиди муддати замони он гирифта то қабули қонуни “Пешвои Миллат”, ки бар асоси он, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон метавонад то мурдан ба унвони раисиҷумҳур интихоб шавад – ин қонунҳо оё раҳоӣ аз суннатҳои қуруни вустост ва ё бозгашт ба равиш ва суннати ҳукумати Попҳо дар асри миёна дар Урупо? Оё қабулу тасвиби ин қонунҳо низ шабеҳи “инқилоби маънавӣ дар Урупост, ки аз асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ раҳо ёфта”?

Ва ё эҷоди маҳдудиятҳо барои дигарандешон ва аҳзоби сиёсӣ ва роҳандозии додгоҳҳои “тафтиши ақоид” дар кишварамон — ки якеро ба далели “салафӣ” будан равонаи зиндон мекунанд ва яке дигарро ҳам ба далели пайравӣ аз як ҳизби сиёсии муайян маҳкум менамоянд — оё ин рафторҳо ва сиёсатҳо низ як “ренусонс” аст шабеҳи ренусонс дар Урупо, ки урупоиҳоро аз қайду банди равишҳо ва суннатҳои ҳоким дар қуруни вустои он сарзамин раҳонид, ё баръакс эҳёи равишҳои ҳоким дар Урупои қуруни вустост?

Холӣ аз фоида нест инҷо ишорае ҳам дошта бошем ба “тафтиши ақоид” дар Урупои қуруни вусто, то бидонем оё Тоҷикистон дар ҳоли раҳоӣ аз суннатҳои роиҷ дар қуруни вустост ё дар ҳоли эҳёи онҳо?!

“Тафтиши ақоид” ба маънои бозрасӣ ва ҷустуҷӯ дар боварҳои афрод аст. Ин ном аз даврони қуруни вусто дар Урупо ба ёд мондааст ва дар баробари озодии баён ва озодии ақида ё озодии андеша аст. Ва ба гуфтаи Дебуро Бакраш (Deborah Bachrach), “тафтиши ақоид ба баёни дақиқтар иборат буд аз ҳайатҳои доварии бисёр муҷаҳҳаз, ки калисои котулик мекӯшид аз тариқи онҳо ба якпорчагии динии мавриди назари худ ноил шавад ва онро мубориза бо фирқагароии динӣ меномид.” (Deborah Bachrach, The Inquisition, p.4)

Ин ки мо як шаҳрвандро ба иттиҳоми доштани як ақидаи хосс маҳкум бикунем — масалан ба далели “салафӣ” будан – оё ин равиш ҳамон равиши роиҷ дар қуруни вусто дар Урупо нест? Ҳамин ду рӯз пеш дар расонаҳо омада буд: “Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст…” Ин гузориш меафзояд: “Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши ин қазия, дар парванда зикр шудааст, ки Абдумалик Саломов бо гурӯҳе иртибот дошт, ки ба пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” гумонбар дониста мешавад ва дар “маҳфилҳои палави” онҳо ширкат мекард.” (Радиои Озодӣ)

Оё ин рафтор бо Абдумалик Саломов шабеҳи рафтори ҳукумати калисои котулик дар қуруни вусто дар Урупо нест?

Лозим аст инҷо ин нукта ёдоварӣ бишавад, ки асосан, агар гурӯҳи теруристии “ДОЪИШ” ва ё “Алқоъида” ё “Букуҳаром” (ва ё ҳар гурӯҳе шабеҳи ин се) дар дунё теруристӣ дониста шуда ва дар бисёре аз кишварҳо мамнӯъ эълон шудаанд, ин на ба хотири ақоид ва афкорашон аст, балки ба хотири аъмоли теруристии онҳост. Яъне, агар як гурӯҳи хосс амнияти ҷомеаро баҳам бизанад ва даст ба кушту куштор биёзад — чӣ мансуб ба ислом бошад ё мансуб ба масеҳият ва ё мансуб ба чарикҳои чап ва кумунист — бояд мамнӯъ ва муҷозот шавад, дар ин ҳеч шакке нест. Аммо модоме ки инсон амнияти ҷомеаро баҳам назанад ва аз чорчӯби қонун берун наояд, гароиши ӯ ба як ақидаи хосс — ҳар дин ва ё ақидае, чӣ салафӣ бошад, ё ҳанафӣ бошад, ё будоӣ бошад, ё зартуштӣ бошад ва ғайра – ин набояд мамнӯъ бошад ва соҳибаш маҳкум гардад, зеро ақида мутаъаллиқ ба даруни инсон аст, марбут ба бовар ва қаноати ӯст. Аз ин рӯ, мамнӯъ кардани як ақидаи хосс дар Тоҷикистон (ва ё ҳар кишваре дигар мисли Эрон ё Арабистони Саудӣ, ки дар аввалӣ Баҳоят мамнӯъ аст ва дар дуввумӣ ҳам бисёре аз ҷараёнҳои фикрӣ ва динӣ мамнӯъ эълон шуда) ин кори нодуруст ва як сиёсати бисёр ғалат аст. Мамнӯъ кардани фикр асосан ва аз реша корест бемаънӣ.

* * *

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир (ва бисёр муҳим) ин ки: агар “қуруни вусто” дар назди урупоиҳо даврони бисёр торик ва зулмонӣ шумурда мешавад, ин бад-он маъно ҳам нест, ки “қуруни вусто”-и соири милал ҳам дар наздашон чунон будааст. Торик ва зулмонӣ будани даврони қуруни вусто, фақат мухтасси қорраи Урупо ва куллан даврони ҳукумати калисо дар ин сарзамин аст. Масалан, чунин нест, ки асрҳои миёнаи жопуниҳо ва ё чиниҳо низ лузуман торик ва зулмонӣ будааст. Азизон мутаваҷҷеҳи ин нукта бошанд; нуктае, ки барои бисёреҳо мағфул монда.

Ин ки ренусонс барои урупоиҳо бисёр муҳим буд, бад-ин хотир аст, ки чун онҳоро аз ҷаҳолат ва торикӣ раҳонид. Нуқтаи оғози ренусонс ҳам ин буд, ки дар охирҳои даврони қуруни вусто, шуморе аз донишмандони ғарбӣ ба бозхонии мероси илмӣ ва фалсафии Юнон ва Руми бостон пардохтанд. Ва аҷиб он аст, ки бидонем, ошноии онҳо бо осори Суқроту Афлотуну Арасту, аз тариқи тарҷумаи ин осор аз арабӣ ба забонҳои урупоӣ тавассути уламо ва фалосифаи исломӣ аз қабили Ибни Рушди Андалусӣ будааст. Ҳамин ҳаракат ба тадриҷ боис шуд, ки калисо бо нухбагони ҷомеа даргир шавад ва бисёре аз донишмандонро аз байн бибарад. Бинобар ин, нуқтаи шурӯи ренусонс, таваҷҷӯҳи нухбагони ҷомеаи урупоӣ ба мероси илмии пеш аз масеҳият буд, ки бо мабонии калисо носозгор буд.

Бо ин ҳисоб, милале, ки қуруни вустои онҳо торику зулмонӣ набуда бошад, оё онҳо низ ниёз ба “ренусонсе” шабеҳи ренусонси Урупо доштанд? Ҳаргиз!

Ба хонандаи азизи тоҷик пешниҳод мекунам, ва акидан ҳам пешниҳод мекунам, ки китоби “Торихи тамаддун”-и Вил Дуронтро бихонанд, хусусан он қисматеро, ки мутаъаллиқ ба вазъи ҷаҳони ислом аст, аз Андалус то марзҳои Чин. Он гоҳ худ доварӣ кунад, ки оё вазъи ҷаҳони ислом ва ба хусус Эронзамин бо шумули Тоҷикистони имрӯзин дар қуруни вусто, мисли вазъи қорраи Урупо дар асрҳои миёна будааст?

Мо ҳарчи дорем, мутаъаллиқ ба қуруни вустоямон аст. Тамоми машоҳири мо, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд — аз фалосифа бигир то риёзидонҳо ва ҷуғрофиёдонҳо ва донишмандони улуми табиӣ ва ғайра – ҳама мутаъаллиқ ба қуруни вустоянд. Бӯалӣ Сино мутаъаллиқ бо ин даврон аст. Абӯнасри Форобӣ мутаъаллиқ ба ин даврон аст. Хоразмӣ мутаъаллиқ ба ин даврон аст. Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ мутаъаллиқ ба ин даврон аст. Абӯрайҳони Берунӣ мутаъаллиқ ба ин даврон аст, ва садҳо дигар аз донишмандони сатҳи ҷаҳонии мо мутаъаллиқ ба ин даврон ҳастанд. Дар ҳоле, ки Урупо дар ин даврон, на чизе дошт ва на касе.

Ва аз қазо, мо ҳарчи аз бадбахтӣ ва шақоват, ки домангирамон шуд, пас аз ин даврон будааст, ба хусус аз қарнҳои 18 мелодӣ ба баъд ва то ба имрӯз; дуруст хилофи он чи Урупо шоҳиди он буд. Яъне, агар Урупо дар қарнҳои 17, 18 ва 19 мелодӣ пас аз “худоҳофизӣ” бо масеҳият, рӯ ба шукуфоӣ овард, ҷаҳони ислом аммо дар ин се аср, бо пушт кардан ба дини ислом, рӯ ба бадбахтӣ ва шақоват овард ва ақибмонда гардид. Дар ҳоле ки дар асрҳои миёна вазъияти мо комилан баръакси он будааст. Дар китоби “Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён” таълифи дуктур Муҳаммадризо Ноҷӣ менависад:

Амирони Сомонӣ ба хусус Амир Исмоили Сомонӣ, фарде бисёр мутадайин ва пойбанд ба усули исломӣ буд. Ҷонишинони вай низ чунин рӯйкарде доштанд, аммо ин амр боиси он нашуд, то дар давраи аморати онҳо сахтгирии мазҳабӣ ривоҷ дошта бошад. Онҳо бо тасоҳул ва тасомуҳи мазҳабӣ дар қаламрави худ бисёре аз пайравони адён ва фирақро пазиро буданд ва ҷиҳати пешрафти илм, ҳунар ва тиҷорат саъй мекарданд ин шеваро ҳамеша тадовум диҳанд… Будоиён, яҳудиён, масеҳиён, зартуштиён, пайравони Монӣ ва ғайра аз пайравони адён ва фирақи ғайриисломӣ зиндагии мусоламатомезе доштанд. Мусалмонон низ, бо шӯъбаҳои мутаъаддиде монанди аҳли суннат (бо тамоми фирақ ва мазоҳибаш), шиъа, исмоилия, карромия, хавориҷ, ҷуҳамия ва ғайра низ ҳузур доштанд.”

Сипас дар бахше дигар аз ин китоб меафзояд: “Дар қаламрави Сомониён амри омӯзиш ва илмандӯзӣ толибони бисёре дошт. Теъдоди бисёре аз донишмандони он аср монанди Ибни Сино, Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва … дар қаламрави Сомониён мезистанд ва ё даврони ҷавонии худро дар китобхонаҳои ғании Самарқанду Бухоро ва соири шаҳрҳои қаламрави Сомониён сипарӣ карда буданд. Вуҷуди мадориси мухталиф ва ҳамчунин масоҷиде, ки дар он, улуми гуногун тадрис мешуд ба ҳамроҳи вуфури муаллимон, боиси афзоиши сатҳи огоҳиҳои умумӣ дар он давра шуд. Мақдисӣ дар мавриди каромат ва ҷойгоҳи шоирон ва нависандагон назди умарои сомонӣ мегӯяд: “Аз русуми онон ин ки донишмандонро водор ба заминбӯсӣ намекунанд. Умарои сомонӣ бар ҷанозаи донишмандон ва фақеҳони худ намоз мехонданд, ва аз ҳамин боб аст, ки бидуни иғроқ пояи бисёре аз улум дар қаламрави ҷомеаи исломӣ аз қаламрави Сомониён берун омадааст.”

Ҳаминҷо навиштори худро ба поён мерасонам.

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Пароканда, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Худшиносӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: