Шарҳи Маснавӣ (222)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (6)

* * *

Хоҳ аз нури пасин бистон тавон,

Ҳеч фарқе нест, хоҳ аз шамъи ҷон.

Хоҳ ту он нурро аз чароғи охирӣ бигирӣ ва хоҳ аз шамъи ҷон бигирӣ, ҳеч фарқе намекунад.

Нукта: Мурод аз “шамъи ҷон” ҳазрати Ҳақ Таъолост, ва низ метавонад ҳазрати Хатмимартибат (с) ва авлиёуллоҳ бошад. Нури ҳидоят ва вилоятро ҳам метавон мустақим аз ҳазрати Ҳақ гирифт ва ҳам ба воситаи анбиё ва авлиё. Ва ҳеч фарқе миёни онҳо нест, зеро ҷумлагӣ аз як шӯъла фурӯзон шудаанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.604)

Хоҳ бин нур аз чароғи охирин,

Хоҳ бин нураш зи шамъи ғобирин.

Агар хостӣ он нурро аз чароғи охирӣ бигир ва ё аз шамъи авлиё ва анбиёи пешин, ҳеч фарқе надорад.

Ғобир: гузашта.

Нукта: Ҳам метавонӣ нури ҳидоят ва вилоятро аз валийи ҳозир бигирӣ ва ҳам аз авлиёи гузашта, боз фарқе намекунад, муҳим равшан шудан ба анвори латифи онон аст.

Зимнан дар абёти фасле, ки хотима ёфт, Мавлоно нақши муассир ва мӯъҷизаосои мусиқӣ ва алҳони осмониро мутазаккир шудааст, чунонки худи ӯ низ дар ин боб маҳорати хоссе доштааст. Албатта мусиқӣ ва нағамоте, ки Мавлоно аз он тамҷид карда, он лаҳнест, ки руҳро сайқал медиҳад ва аз зангорҳои дунё ва палидҳои ҳавову ҳавас мезудояд. Ва ин ҳамон тавсифе аст, ки дар “Расоили Ихвонус-сафо” омадааст:

Бидон, ки санъати мусиқиро фарзонагон падид овардаанд ва мардум аз эшон фаро гирифтаанд. Ва ин санъат дар воқеъ мероси фарзонагон аст барои оммаи мардум. Ва Худошиносон онро дар маъобид ва парастишгоҳҳои худ менавозанд ва ба гоҳи ниёиш ва тазарруъ аз он баҳра мебаранд, чунонки Довуди Набӣ (а) ба ҳангоми хондани “Мазомир”, аз мусиқӣ истифода мекард. Низ насоро ва мусалмонон низ дар канисаҳо ва масоҷиди худ бо мусиқӣ тараннум мекунанд. Инҳо ҳама барои эҷоди риққати қалб ва зиллати нафс ва инқиёд нисбат ба авомири худовандӣ аст. Ва василае аст ҷиҳати тавба ва иноба.” (Расили Ихвонус-сафо, рисолаи панҷум, ҷ.1, с.186)

Абӯнасри Форобӣ низ миёни фитрати инсон ва мусиқӣ пайванд қоил аст ва пайдоиши мусиқиро маълули сиришти одамӣ мешиносад. (Китоби “Алмусиқӣ ал-қабир”, с.70)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: