Таназзул ё тараққӣ? (1)

Нақде бар “Инқилоби Фаттоҳзода”

Ба қалами: Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик

Бахши аввал

Ҳамчу кӯзаи дӯлоб ҳар чи зери гардун аст,

Ё тараққи оҳанг аст ё таназзуле дорад…

(Бедил)

* * *

Инқилоб дар ҷои холӣ…

Падидае, ки имрӯз боиси нигаронист ин заиф шудани қудрати шинохти мардум дар ҷомеа аст, ки баъзан муаллифон, ба хусус касоне, ки ба қудрат наздиканд воқеаҳо, рӯйдодҳо ва падидаҳоро ба таври чаппа тасвир мекунанд ва принсипи машҳури “ба қудрат ҳақиқатро бигӯ”–ро вайрон мекунанд.

Гуфтугӯи Саидмурод Фаттоҳзода, муовини раиси ҲХДТ, дар хусуси ба инқилоби фарҳангӣ–маънавӣ расонидани қонуни танзим дар ин мамлакат, бо вуҷуди бардоштани масъалаҳои муҳими ҷомеа, дар умум натавонистааст вазъи имрӯзаи ҷомеаро ба тамом чунон ки ҳаст фаро бигирад. Муаллиф худ дар равандест, ки дарк накардааст, ки ӯ намояндаи ҳизб ва ҳукуматест, ки чунин шароити бӯҳрониро ба вуҷуд оварда ва наметавонанд дуруст вазъиятро ташхис ва роҳҳои баромадан аз бӯҳронро пайдо кунанд. Ин воқеиятро дарк намекунад, ки он низоми марказии фаҳмиш ва фалсафӣ, ки шароитҳо ва имконитяҳои будани ҳама гуна донишҳоро ва амалҳоро дар ин сарзамин муайян мекунад, аз тарафи намояндагони ҳизби ҳоким, ки муаллиф яке аз идеологҳои он аст, идора карда мешавад. Ин маркази фаҳмиш ва фалсафии маҳдуди ҳизби ҳоким, ки аз ҳама гуна фалсафаи созанда ва дигаргунӣ бехабар мондаанд, сабаби асосии бӯҳрони ҳоким дар Тоҷикистон аст. Ин марказест, ки қалби ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ё “боло”-ро ташкил медиҳад ва ҳанӯз дар сарҳадҳои епистемулужии маҳдуд ва манфиатҳои музофотӣ, маҳаллӣ ва авлодии худ мондаанд. Намояндагони ин марказ шакл ва равиши сиёсиро дар ҷомеа муайян мекунанд ва тасмимгирандагони аслӣ дар ҳукумат ба ҳарфи онҳо гӯш медиҳанд.

Дар ин раванд хонандаи мӯҳтарам бояд хоҳишҳо, манфиатҳо ва ҷаҳонбинии маҳдуди намояндагони ин марказро, ки шакл ва равиши сиёсиро дар мамлакат муайян мекунанд, аз назарияҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, ки онҳо ҳарф мезананд, вале танҳо чун шиор хидмат мекунанд, ҷудо кардан ва шинохтан тавонанд. На шиорҳо балки шакл ва равиши сиёсии ҳукумат худ муайянкунандаи он аст, ки дар ин сарзамин чӣ мегузарад ва чӣ гуна ҷомеаи дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ сохта истодаем.

Воқеан баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ва ба хусус баъди ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми Тоҷикистонро дар як ҷаҳони солим муттаҳид кардан натавонистанд, ки он инкишофи иқтисодӣ ва либерализстсияи сиёсиро талаб мекард.

Фурсат ва имкони ташкили ҷаҳони мардум буд, вале давлатмардон ин фурсатро аз даст доданд. Шояд ин имкон ҳанӯз ҳам бошад, вале корро бояд давлатмардон аз ислоҳи худ оғоз кунанд, на аз ”танзими зиндагии мардум”. “Кор карданист на гуфтанӣ…”, мегӯяд Мавлоно ва имрӯз шарт нест гузаштаро, ки ҳаӯз дуруст нашинохтаанд зиёд мисол овардан, лофи фарҳангсолори задан, вале дар асл ба дуздӣ машғул шудан. Аслан мардуме, ки инсон, ҷомеа ва давлат метавонанд сохтан, болотар аз онанд, ки дар бораи китоб, шарқу ғарб, назарияҳо ва равишҳо баҳс карда бошанд. Онҳо месозанд. Агар ҳизби ҳоким дар роҳи дигаргун кардан ва созандагӣ мебуд ва бошад, ҳама унсурҳои зарурии ин кор вуҷуд доштанд ва доранд. Ба ҳар ҳол барои онҳое, ки воқеан дар роҳи дигаргунӣ кардан ҳастанд, китоб ва маводҳои дигар дар бораи таҷрибаи мардуми дунё дар бораи таҳаввул, сохтан ва дигаргун кардани инсон, ҷомеа ва фарҳанг дар ҳамаи забонҳо вуҷуд доранд. Масалан, агар мӯътақиди роҳҳои созандаи ғарбанд, ки аз он зиёд ёд мекунанд ва аз тарзи зиндагии ғарбӣ ҳамчун намуна мисол меоранд, китобҳои Вико, Поланий, Маркс, Арендт, Агамбен ва дигарҳоро дар бораи сохтан ва дигаргун кардани ҷомеа ва инсон ҳама ҷо метавон пайдо кардан. Вале ин кӯшиш дар давлатмардони мо нест ва натавонистаанд нуфузи илмро дар ҷомеа барқарор кунанд.

Бояд гуфт, ки улуми иҷтимоӣ, инсонӣ ва умуман илм имрӯз дар ин ҷомеа нуфуз надоранд ва рақобатпазир нестанд. Зеро фасод дар доираҳои академикӣ ҳукмрон аст ва ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба дастгоҳҳои идеулужии ҳизби ҳоким табдил ёфтаанд. Имрӯз касоне, ки дар бораи шуъур менависанд, аз инқилоби коперникии Фройд хабар надоранд ва касоне, ки дар бораи забон менависанд ва худро масъули забон дар ин мамлакат мегиранд, инқилоби коперникиро дар лингвистика ҳанӯз дарк накардаанд. Чун метавон дар бораи инқилоби фарҳангӣ-маънавӣ ҳарф зад, ки аз будани инқилобҳои илмии дунёро дигар карда ҳатто аз рӯи китобҳо ҳам хабар надоранд.

Маълум аст, ки дар ин қарина тарзи зиндагии тоҷикиро, ки решаҳои таърихи фарҳангии худро дорад ва дар муҳити дигартаре шакл гирифта бояд, шинохт ва барқарор кард. Тоҷикон инқилобҳои фарҳангӣ ва илмии ба худ хоссро доштанд ва инчунин турктозиҳо ва давраҳои истеъморро аз сар гузаронида, ки ин ҳамаро бояд шинохт. Хусусан туркозиҳо ва давраҳои истеъмор инқилобҳое буданд, ки дар шикасти маънавии ин мардум нақше бориз доштаанд. Ба ҷуз дониш ва таҷрибаи мардуми дунё дар бораи ҷаҳонсозӣ, боз мардум таҷрубаи созандагиро аз замони Шӯравӣ боз дар ёд доранд, ки он ба фоидаи ҳукумат ҳаст агар дар пайи сохтан бошанд.

Чӣ гунае, ки зикр кардем, ин мардум арзишҳо, назарияҳо ва идеалҳои худро доранд, ки дар сохтани инсон, ҷомеа ва фарҳанги Тоҷик нақши калидӣ доранд ва нашинохтан ва эътироф накардани онҳо сабаби номуваффақии ҳама гуна сиёсат дар ин сарзамин метавонад бошад.

Мутассифона, ҳамин шуд, ки гуфтем. Ин ҳама таҷрибаҳои худӣ ва ҷаҳонӣ истифода нашуданд ва арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои худӣ дуруст шинохта нашудаанд ва ҳатто бо онҳо ҷанг эълон шудааст. Хуб мешуд барои дарки ин масъала муаллиф ба ин қарина (контекст) ва ба ин ҳолат аз берун, аз мавқеи воқеан миллӣ ва ҷаҳонӣ, назар мекард, ки шояд маризиҳои ҷомеаро, давлатмардони вақтро ва худро медид ва онҳоро ба чолиш мекашид. Фазои ташкилкардаи давлатмардони мо аз сатҳи фарҳанг ва интеллекти онҳо дарак медиҳад.

Ин қонуни танзимро бо ягон инқилоби фарҳангие, ки мардуми дунё аз сар гузаронидаанд, ҳатто бо инқилоби фарҳангии болшевикии Шӯравӣ ва ё коммунистони Чин, наметавон муқоиса кард, чӣ расад ба Эҳё (Renaissance), Рушангароии Аврупо (Enlightenment) ё Рушангарие, ки дар аҳди Сомониён гузашт. Даъвии муаллиф дар ин масъала бебунёд аст. Гузашта аз ин, ин амалҳои танзимкунанда худ қисмате аз раванди бефарҳангсозӣ ва аз маънавиёт дур кардани мардум аст.

Аз як тараф, маълум аст, ки масъалаи ин гуна танзим карданро, ки муаллиф онро “қонуни нодир ва бесобиқа” мехонад, пеш аз намояндагони ҳизби ҳоким дар солҳои 90-уми асри гузашта донишмандоне, ки ба зиндагии мардум наздиктар буданд бардошта буданд, ки ба онҳо тамғаи “ваҳҳобӣ”-ро зада буданд ва инчунин соли 2006 Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар китоби “Шариат ва ҷомеа” ин масъаларо ба таври оддӣ ва илмӣ матраҳ карда буд, ки аз тарафи баъзе аз намояндагони ҳизби ҳоким ба “бунёдгароӣ” ва “қудратталабӣ” гунаҳгор карда шуда буд.

Аз тарафи дигар, дар бораи “инқилоби фарҳангиву маънавӣ” ҳарф задан дар ҷойи холӣ ва дар воқеияте, ки фасод ва дуздӣ (клептократия) ба система табдил ёфта ҳама ниҳодҳои ҷомеаро фаро гирифтааст, ҷуз афсонабофии навбатӣ чизи дигар нест. Инқилоби фарҳангӣ ва маънавӣ ба воқеияти имрузаи Тоҷикистон бегона аст ва нашояд чизеро, ки дар ҷомеа, дар фарҳанг ва дар муносибати мардум реша надорад, ихтироъ кардан. Фазо, вақт ва ҳодисаву рӯйдодҳо дар ин қарина дигар чиз қисса мекунанд. Ин ҳолат на инқилоби фарҳанги маънавӣ, балки метавонад инқилоби иҷтимои сиёсиро ба бор оварад. Инқилоби иҷтимоӣ-сиёсӣ ҳам дар мамлакатҳое рӯй медиҳад, ки фарҳанги солими сиёсӣ доранд, дар мо бо ин сатҳи пасти фикр, фаҳмиш ва фаросат, ки дорем, боз ҷанги шаҳрвандӣ рӯй доданаш мумкин аст…

* * *

Танзим дар ҳоли ҷон кандан

Бубинед, нашинохтаанд, ки мушкили мардум на дар ин аст, ки онҳо зиёд харҷ мекунанд, балки дар он аст, ки аслан қисмати зиёди мардум аз камбағалӣ, тангдастӣ ва бечорагӣ имкони ташкили маъракаҳои худро надоранд, ба маъракаҳои дӯстон ва хешу табор рафтан наметавонанд ва дуруст харҷ кардан наметавонанд. Тангдастӣ ва муҳтоҷӣ мардумро беғурур, беномус ва аз арзишҳои волои инсонӣ дур кардааст. Ҳамин ҳолат аст, ки боиси қонуншиканӣ, ҳалолро аз ҳаром фарқ накардан ва аз ҳудудҳои муайянкардаи қонуни асосӣ гузаштани мардум ба хусус амалдорони давлатӣ гаштааст, ки ин рӯйдодро дар забони Тоҷикӣ маъмулан беномусӣ мегуфтанд. Зиёд амалдорон, ки ба ҳизби ҳоким таъаллуқ доранд, дар ин ҳолат “барои зиндагии худро ёфтан” ба қонуни асосӣ, арзишҳои тоҷикӣ ва умумиинсонии худ хиёнат кардаанд. Он чи Фаттоҳзода “нангу номуси дурӯғин ва сунъӣ” мегӯяд, ин аслан нангу номуси он амалдорон ва аъзоёни ҳизби ҳоким аст, ки ҳамин шабу рӯз бо гуноҳи фасод ва дуздӣ ба даст меафтанд. Паси ин ниқоб, ки дар ин сарзамин “давлат” ном дорад, давлатмардон қонун ва ҳақиқати дигар доранд.

Дар фарҳанги мардуми Тоҷик номус маъние буд, ки бо маъниҳои қуръонӣ ва бо ҳикмати Форобӣ, Ибни Сино, Тӯсӣ ва дигарон пояи худӣ (шахсият), истиқлол, сиёсат гашта ва дар ҷомеа ҳукумронии қонун болои он устувор буд. Ин ҳамон арзиши калидист, ки ғарбиҳо дар давраи нав (modernity) аз он ҳамчун ҳукумронии қонун (rule of law) ёд мекунанд. Дар ин фарҳанг воқеан ҳисси қонун зери мафҳуми номус садсолаҳо боз дар вуҷуди мардум ҷойгир шудааст ва ҳанӯз ҳам касоне, ки аз ин фарҳанг огаҳӣ доранд, арзишҳои калидии ин фарҳангро дар вуҷуди худ, дар оила ва дар ҷомеа иҷро мекунанд. Ин масъала ба як баҳси мустақил ниёз дорад ва баҳси мо сари ин нуқта меравад, ки чаро давлат масъалаи бунёдии ҷомеа, ки он инкишофи иқтисодӣ ва либерализатсияи сиёсӣ аст, дар ҷомеа амалӣ накарда ба танзими сармоя (иқтисодӣ ва фарҳангӣ) ва харҷи он машғул аст, ки бештари мардум онро надоранд ва дар ҳоли касодианд?

Масъалаи асосӣ дар ин ҳолат ва дар ин мавқеъ ва дар ин муҳит, беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст, на назорат кардан ва ҳисоб кардани пули мардум, ки аз муҳоҷирати иҷборӣ ва ё дар дохил бо азоб ҷамъ кардаанд. Роҳи ҳалл на назорат аз болои мардуми бечора ва қашшоқ аст, балки мудирият ва ташкили шароит барои зиндагӣ, ташкили ҷои кор, баланд бардоштани маош аст. Зеро имрӯз ҳар як инсон худ метавонад хоҷагии худро идора кардан ва муносибатҳои худро ба ашё, мардум ва рӯйдодҳо муайян кардан. Ҳар як инсон мавҷуди фикркунанда ва соҳибақл аст ва бо будани шароити мувофиқ ҳамчун фарде огоҳ метавонад фазои солимеро барои зиндагии худ ташкил кардан. Ҷое, ки шароит барои ташкили фазои будан ва кор нест, имкони маоши дуруст гирифтан нест, чӣ зарурат аст харҷи мардумро назорат кардан? Дар чунин ҳолат табиист, ки ҳукумат ба ғайр аз назорат ва идора кардан, бояд функсияҳои дигари худро ҳам иҷро кунад. Мутассифона, ин кор нест ва зиндагии мардум, фазои будан ва кори онҳо манбаъи сармоя ҷамъ кардани амалдорони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва бюрократияи камсавод гаштааст. Ин танҳо назорат нест, балки дар ин раванд таркибҳои ҳаётан муҳимми фарҳангӣ шикаста мешаванд ва ин кор пеш аз он, ки амалӣ шавад, ба як таҳқиқи фарогири фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, антропологӣ, равонковӣ ва ғайра ниёз дошта ва дорад.

Қонуни танзим ҳам, чунон ки шоҳидем, ба ҷои мушкили мардумро ҳал кардан, худ ба як сарчашмаи дигари фасод табдил ёфтааст. Ин ҳолат боиси зиёдтар шудани сафи муҳоҷирони иҷборӣ ва бефарҳангтар шудани мардум шуда. Аслан харҷ кардан тавонистан ва сармоя доштан, аз пешравӣ ва рифоҳи мардум дарак медиҳад, ки он бо сифат ва сатҳи баланди фарҳанг ва муносибат тавъам аст. Яъне дар раванди солими иҷтимои ин ҳар ду ҳамзоданд.

* * *

Зодани ғулом

Падидаи дигар, шикаста шудани фардияти мардум аст; дар ин раванд мардум ҳамчун фард (шахсият)-и мустақил шикаста шуда ва мешаванд. Аслан ин давлат ва ҳизби ҳоким дар ин муддат бояд як технологияи солими инсонсозиро, ки дар ҳама ҷомеаҳои солими дунё вуҷуд дорад роҳандозӣ мекард, вале чун таркибҳои дигари ҷомеа шикастаанд, ин гуна технология, ки дар Шӯравии собиқ ҳам заиф буд, боз ҳам заифтар гардид. Аслан чунин раванди субъектсоз вақте солим амал мекунад, ки дар ҷомеа равандҳои ё технологияҳои иқтисодӣ-истеҳсолӣ ва технологияи ҳукумат кардан солим бошанд. Имрӯз дар ин сарзамин раванди субъектсозӣ (тарбияи шахс) ё ба таъбири машҳури Фуко “технологияи худӣ” ба технологияи ҳукумронии ҳизби ҳоким зич алоқаманд аст. Аз сабаби фарҳанги пасти сиёсатмадорон, шароите ба вуҷуд омада, ки онро метавон бо таъбири ҷомеашиноси маъруф Гидденс “шароити дебиликунонӣ ё ноқисулақлкунонӣ” (debilitating circumstances) номид. Чӣ гуна инқилоби фарҳангӣ ва маънавӣ метавонад буд, вақте ки зиндагии мардумро амалдорони давлатие “ба танзим медароранд”, ки аз як тараф худ маоши дуруст надорад ва дар инҳисори иқтисодианд, ва аз дигар тараф, фарҳанг, дониш ва таҷрибаи зарурии вақтро надоранд. Албатта чунин амалдорон раванди ба танзимдароиро ба раванди сармоя андӯхтан ва “зиндагии худро ёфтан” табдил медиҳанд.

Воқеан оила, мактаб, донишгоҳҳо, касалхонаҳо, ҳабсхонаҳо, масҷидҳо, корхонаҳои мавҷуда муҳити сарбастаеанд, ки дар он пропоганда ва назорат бурда мешавад, ки худ ҷомеаи Тоҷикро ба як системаи сарбастаи бузурги назорати табдил додааст. Аслан чунин системаи назорат дар ҳама давлатҳои дунё вуҷуд дорад, вале дар ҷомеаи Тоҷикистон аз сабаби он, ки солҳо боз намояндагони як музофот ва маҳал тасмим мегиранд дар роҳбарии ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ба роҳбари намояндагони як музофот ва маҳал ва ё ба таври истисно, агар пора дода бошанд намояндагони дигар музофотҳои Тоҷикистон ҳам таъин мешаванд. Асли масъала ин аст, ки ҳар ки ба роҳбарии вазорат, ниҳодҳои илми таҳқиқотӣ, ноҳияҳо, вилоятҳо, корхонаҳо ва умуман ба роҳбарии кадом зарфияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки нарасад ин ниҳодро ба манбаи сармоя ҷамъ кардани худ табдил медиҳад. Ин аст асли фасод дар Тоҷикистон, ки дар кам давлатҳои дунё ин ҳолатро дучор шудан мумкин аст.

Дар давлатҳое, ки аз демократия ҳарф мезананд, будани фардият ва инчунин истиқлоли ниҳодҳо ва мардум дар амал кардан дар ҷомеа зарур аст. Зарурат нест дар ҳама кор ба боло нигоҳ кардан, балки фард, роҳбарони ниҳодҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо худ дар тасмимгири ва амалӣ худ бояд истиқлол дошта бошанд, ки ин имкон медиҳад ниҳодҳо сарбаста набошанд ва ҷомеа дар ҳаракат бошад. Мутассифона, ниҳодҳо ва бюрократияи мавҷудаи Тоҷик зарфият ва истиқлоли мустақиллона тасмим гирифтан ва амал карданро надоранд. Ва ҳосили назорат ва пропогандаи идеологҳои давлатӣ ва имом-хатибон дар ниҳодҳои сарбаста ва дахолати зиёд ба зиндагии хусусии мардум боиси шаклгирии мавҷуде шуда, ки дигар ба масъалаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ коре надорад.

Дар мо қишри мобайнии ҷомеа қариб, ки аз байн рафтааст ва акнун дорад мавҷуди ғайри иҷтимоие шакл мегирад, ки дигар қудрати муқовимат кардан ба ягон шакли беадолатӣ, фасод ва бефарҳангиро дар ҷомеа надорад. Бубинед як намояндаи кумитаи дин дар масҷид рӯи рост бо бешармӣ ва беномусие, ки тамоман ба фарҳанги инсонӣ ва Тоҷикӣ муқобил аст мардуми маҳалла, муллои маҳаларо бо овози баланд “ме..яд”, ва касе аз арзишҳои худ, аз охирин муқадассоти худ, ҳимоят кардан наметавонад. Ин яке аз нишонаҳои “инқилоби фарҳангӣ-маънавист”, ки Фаттоҳзода дар назар дорад. Ин мавҷудест, ки аз Равшану Ҷамшуд ҳам поинтар. Сахт бетараф аст, аз худ ҳимоят кардан наметавонад ва орзуву умед ҳам дар вуҷуди ӯ кушта шудаанд. Ин мавҷудест, ки дар адабиёти имрӯзаи ғарб бо номи “муселеман” (Muselmann) ёд мешавад. Ин намуди мардумест, ки аслан ба Ислом ва мусалмон ягон рабте надорад ва ин мафҳум аз забони фашистоне гирифта шуда, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон мардуми яҳудии ҷисман ва руҳан хаста ва шикастаро меномиданд. Фошистон ҳама гуна хоҳиш ва орзуро дар вуҷуди ин маҳбусон мекуштанд. Ин маҳбусҳо дар лагерҳои фошистӣ дар ҳоле хомӯш ва беҳаракат меистоданд, ки чун як мусалмон, ки дар намоз ҳама чизро фаромӯш мекунад ва ба зикр машғул аст. Шояд афсарони фошистӣ ба ин хотир ин номро ба маҳбусони яҳудӣ монда бошанд. Нишони зиндагӣ дар ин маҳбусон набуд ва бо гуфти Примо Леви, нависандаи яҳудитабори итолиё, онҳо дар чунин ҳолати харобии ҷисмонӣ ва инкори вуҷудӣ буданд, ки “кас шарм мекард онҳоро зинда гуфтан: кас шарм мекард марги онҳоро марг гуфтан”. Ин падидаро аввал Примо Леви, ки худ таҷрубаи будан дар логерҳои фошистиро дошт дар китоби худ “Агар ҳамин одам бошад” (If This Is a Man) тавсиф кардааст ва баъдан файласуфи итолиёӣ Агамбен пайдо шудани чунин намуди одамҳоро натиҷаи био-сиёсати қисмате аз давлатҳои дунё медонад…

* * *

Давлат, фарҳанг ва инкишоф

Боиси таассуф аст, ки намояндаи ҳизби ҳоким ҳолати имрӯзаи мардуми худ зарфият ва имконияти онҳоро барои сохтани зиндагиашон намешиносад ва танҳо фол мебинад, ки байни ғарб ва шарқ мондаем ва агар “… арзишҳои миллии худро ҳифз кунему ба самти Ғарб рӯ орем аз илму технологияи муосир бархурдор хоҳем гашт. Вале агар ба самти Шарқ рӯ орем, боз побанди ҳамон урфу одатҳои асримиёнагӣ, хурофоту ҷаҳолат хоҳем буд”. Шояд бо ин ҳарфҳо муаллиф мавқеи шахсии худ ва ё гурӯҳеро дар назар дошта бошанд. Ин на мавқеъ ва ҳолати Тоҷик аст, ки воқеан қудрати созандаеро дар вуҷуд доранд ва онро аз нав бояд бедор кард ва ташкил кард. Мақсад агар баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти мардум аст, ба ягон самт набояд рӯй овард, зеро ҳамаи унсурҳои барои барқарор кардани ҳаёти мардум заруриро дар ҳамин муҳит, дар ҳамин вақт ва дар ҳамин фарҳанг доштем ва дорем. Бубинед, воқеан дар Тоҷикистон беҳтарин донишгоҳҳо, ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва умуман заминаҳои мусоид барои инкишофи илми бунёдӣ ва инчунин улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ ташкил ёфта буд ва ҳанӯз ҳам имкони онҳоро пурқувват кардан ҳаст. Ин мардум худ имконият ва зарфияти саҳм гузоштан дар илму технологияи ҷаҳониро дорад ва шарт нест чунин масъалагузори кардан, ки ба ғарб ё ба шарқ рӯй оварда бошем! Масалан, Донишгоҳи Хоҷагии Қишлоқи Тоҷикистон, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тиббӣ ва ё Донишгоҳи Милли Тоҷикистон чиро наметавонанд дар сатҳи донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ба илм ва ба таёр кардани мутахасиссон машғул будан. Чиро Академияи Уллуми Тоҷикистон наметавонад як маркази инқилобии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа бошад. Метавонанд вале, мушкил ин аст, ки дар ин ниҳодҳои илмӣ ва донишгоҳҳо сармояи даркорӣ барои илм сарф намешавад ва он чи сарф мешавад дуздида мешавад ва инчунин қонуни меритократия ё шоистасолорӣ дар интихоби роҳбарони ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо, ки ҷузъи фарҳангӣ суннатии Тоҷик ва демукросӣ аст риоя намешавад. Албатта ин як мисоли ҷузъист ва мақсад шинохтани мушкили аслии фалаҷ шудани кори ҳама ниҳодҳо ва сохторҳо дар ҷомеа ҳаст ва он набудани мудирият ва ташкили кор аст, ки мутассифона давлтмардони мо чунин фарҳангро надоранд.

Он чи зарур аст, ин доштани санъати ҳукумронӣ кардан аст. Чи гунае, ки медонем, дар ин мамлакат ҳукуматдорон “шоҳигарӣ” доранд, вале ҳукумронӣ надоранд. Ин маъниест, ки дар осори Шмитт, Агамбен ва дигарон бо забони фаронсавӣ зиёд ёд мешавад, Le Roi reigne mail il ne gouverne pas, ки тарҷумааш “шоҳ шоҳигарӣ дорад, вале ҳукумронӣ надорад” аст. Албатта, дар ин қарина шоҳигарӣ доштан маънии “дуздӣ доштанро” дорад ва ба ин кор аслан касоне машғуланд, ки дар давлатанд ва ё наздик ба давлатанд ва бешак зиёдашон аъзои Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистонанд…

* * *

Бахши дуввум

 

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: