Фалсафа ва равиши реализм (129)

Иллат ва маълул (11)

Матни мақола:

(Идомаи ишколи ишколкунанда:) Балки донишмандони моддӣ такаввуни бадвӣ (ибтидоӣ) ва пайдоиши нахустини ҷаҳонро маълули бархӯрди ҳаракатҳои сарзадаи гурӯҳи атом медонанд, ки дар фазо саргарми шиноварӣ буда ва ба воситаи тасодум ҳамдигарро нигоҳ дошта ва курроте ба вуҷуд оварда ва бо таркиботи гуногун, хоссиятҳо ва осоре роҳ андохтаанд, дар ҳоле, ки барои пайдоиши ин суратҳо ба ҷуз модда иллате дар кор набуда. Ва аммо мавориде, ки иллати фоъилӣ ва моддӣ ҳар ду вуҷуд доранд (мавориди амал ва аксуламал) дар онҳо низ ба ҳасби ҳақиқат, чун ҳар ду — яъне фоъил ва мунфаъил — дорои асар ҳастанд, монанди падару модар, ҳар ду иллати моддӣ мебошанд, агарчи фарқе дар роҳи ҷазбу инҷизоб доранд. Ва ҳам метавон гуфт, ки инқисоми иллат ба иллати фоъилӣ ва моддӣ дар ин маворид, ба муҷарради иттифоқ буда ва монанди ҳусули таворус ва қобилияти бақо худ ба худ ба вуҷуд омадааст.

* * *

Посух

Мо як бор монанди касоне, ки эътиқод ба иллату маълулро баста ба тадоъии маъонӣ ва танҳо одати зеҳнӣ медонанд, дар мавриди иллату маълул танҳо ба номгузорӣ қаноат карда бидуни исботи робитаи ҳақиқӣ дар ҳар ҷое, ки мавҷуде дунболи мавҷуде пайдо шавад, пешинро “иллат” ва пасинро “маълул” меномем. (1) Албатта дар ин сурат ҳақиқатан мункири ин қонун буда ва ба ин қонун арзише бештар аз тасмия надода хатти бутлон ба гирдогирди ҳамаи улум ва афкори худ хоҳем кашид. Ва як бор ҳақиқатан миёни ашё робитаи воқеии иллияту маълулият — яъне робитаи ниёзмандии вуҷудӣ — мустақар месозем ва дар ин сурат дар ҷоҳое, ки фоъил аз модда ҷудост, робитаи маълулро бо модда ҷудо аз робитае, ки маълул бо фоъил дорад мушоҳида намуда мефаҳмем, ки робитаи маълул бо модда робитаи пазируфтан ва ба худ гирифтани асар мебошад, ва низ ба даст овардаем, ки пазируфтан ва ба худ гирифтани асар бо вуҷуди қаблии асар намесозад. Намешавад тасаввур кард, ки обе, ки даҳ дараҷа ҳарорат дорад, даҳ дараҷаро дубора қабул карда ва тоза дорои даҳ дараҷа ҳарорат бишавад, ва инсоне, ки инсон аст инсон шавад ва моддае, ки феълан сурати себро дорад, сурати себро бо вуҷуди доштани он, ба худ бигирад. Ва дар натиҷа ба таври куллӣ мефаҳмем, ки пазиранда ва ба худгирандаи асаре бояд он асарро аз пеши худ надошта ва фоқид буда бошад ва ба истилоҳи фалсафӣ, “ҳайсияти қабул ҳайсияти фуқдон аст”. Ва назири ҳамин баён дар робитаи маълул бо фоъил, исбот мекунад, ки кунандаи кор бояд асареро, ки ба модда медиҳад, аз пеши худ дошта ва воҷид буда бошад ва ба истилоҳи фалсафӣ, “ҳайсияти фоъилият ҳайсияти виҷдон аст”. Ва аз ин баён ин натиҷаи равшан гирифта мешавад: “Ҳаргиз қобил ва пазирандаи асаре айни фоъили он асар нахоҳад буд”.

Ва бо пуштгармии ин натиҷа мегӯем, дар ҷоҳое, ки мавзӯи асаре асари лозимеро ба худ гирифта ва дорост ё вуҷудаш маҷмӯае аз ду вуҷуди қобил ва фоъил аст, ки бо яке медиҳад ва бо яке мегирад ва ё (агар басит аст) танҳо қобил аст ва фоъили асар ҷудо аз ӯст.

Ва бо дар назар гирифтани баёни гузашта дар мавриди ҳаракати сареъи нур ва ҳамчунин дар мавриди зарроти атоми ҷаҳон, ки ҳаракати доимӣ доранд, агар сурат ва феълияте доранд, ки ҳаракатро ба онҳо медиҳад, ва аз сӯи дигар низ ҳаракатро пазируфта ва ба худ мегиранд, ночор вуҷуди онҳо маҷмӯаи ду вуҷуди фоъил ва қобил мебошад, ва агар танҳо мутаҳаррик ҳастанд ва ҳеч гуна сурате надоранд ҷуз ин ки суратҳои баъдиро пазируфта ва ба худ мегиранд, ночор фоъил ва муҳаррике моварои модда доранд, ки ҳаракатро аз вай мепазиранд. Ва аз ин ҷост, ки фалосифаи илоҳӣ фоъиле моварои модда исбот менамоянд. Гузашта аз инҳо, моддаи якнавохт ҳаракатҳои мухталиф дорад ва ночор барои ҳар як аз онҳо иллате берун аз модда хоҳад буд. Пас, дар ҳар ҳол дар мавриди ҳар маълуле аз исботи иллати фоъилӣ чора ва гузире нест.

Ва ин ки дар охири ишкол гуфта шудааст, ки “дар ҳақиқат иллати фоъилӣ низ иллати моддӣ аст”, иштибоҳест, ки посухаш низ аз баёни гузашта равшан аст.

Ва ин ки дар ишкол гуфта шуда, ки “мумкин аст пайдоиши иллати фоъилӣ дар мавориде, ки ҳаст иттифоқӣ буда бошад”, суханест мутаноқиз ва мафҳумаш ин аст, ки иллате, ки робитаи вуҷудии воқеӣ бо маълул дорад, ба муҷарради иттифоқ ва бе робитаи вуҷудӣ, воқеӣ аст.

* * *

Таълиқот:

(1) Барои тасдиқ ва изъони саҳеҳи ҳар масъала ва қонуни илмӣ, аввалин шарт ин аст, ки он қонун ва масъаларо хуб тасаввур кунем. Баъд аз он ки хуб тасаввур кардем, ҳақ дорем, ки дар мақоми рад ё исботи он баройем. Ва ин матлаб дар ҳамаи масоили назарӣ ҷорист ва ихтисосе ба фалсафа надорад. Бисёр дида мешавад, ки ашхос аз як масъалае дифоъ мекунанд ва ё ба он ҳамла мекунанд, вале пас аз баррасӣ, маълум мешавад тасаввури саҳеҳе аз он масъала надоранд. Албатта ишколе надорад, ки як нафар ё як даста, аз як таъбири махсус, як истилоҳи муайян ва махсус ба худ дошта бошанд. Дар “истилоҳ” наметавон муноқиша кард ва мо ҳам ба касоне, ки як истилоҳи равшан ва санҷида доранд, эрод ва баҳсе надорем. Эроди мо ба касонест, ки мафҳуми мавриди назарашон ҳатто пеши худашон чандон мушаххас нест ва чун мафҳуми мушаххасе аз як масъалаи ба хусус надоранд дучори изҳори назарҳои зидду нақизе мешаванд. Иллати ин ки аз қадимтарини замонҳо мантиқдонон исрор доштаанд, ки “таърифот” ҳамвора бояд мушаххас ва муайян ва возеҳ бошад, ҳамин аст.

Масъалаи иллият аз масоилест, ки дучори ҳамин сарнавишти шум шуда ва бисёр дида мешавад, ки касоне, ки аз он дифоъ мекунанд ё ба он ҳамла мекунанд, мафҳуми мушаххасе аз он надоранд. Ва рӯи ҳамин ҷиҳат аст, ки дида мешавад бархе аз муддаиёни фалсафа дар як ҷо муддаӣ мешаванд, ки мафҳуми “иллият” ғайр аз мафҳуми “таъоқуб” аст ва ба воқеӣ будани он низ эътироф мекунанд, ва дар ҷои дигар, ки ба ҷои луғати “иллият” луғати “хилқат” ба кор меравад, онро амре маҳол ва мавҳум ҷилва медиҳанд. Робитаи иллиятро ду наҳв метавон таъриф кард:

а) Робитаи иллият чизе ҷуз таъоқуби ду ҳодиса нест. Мо аз ду ҳодисае, ки ба ҳасби таҷриба ҳамвора якеро баъд аз дигаре мушоҳида кардаем, мафҳуми “иллият”-ро интизоъ мекунем ва идроки мо ҳам аз иллият чизе ҷуз идроки таъоқуб нест. Яъне ин ки мегӯем, “фалон шайъ иллати фалон шайъ аст”, маънояш ин аст, ки ин шайъ ҳамвора ба дунболи он шайъ пайдо мешавад. Ва маншаи куллияти ин ҳукм дар зеҳн, “тадоъии маъонӣ” аст, ки як навъ одат аст. Яъне баъд аз он ки ба таври мукаррар ҳодисаеро баъд аз ҳодисае мушоҳида кардем, одат мекунем, ки пас аз шуҳуди ҳодисаи аввал, ҳодисаи сониро тасаввур кунем. Пас, он чӣ дар воқеъ ҳаст ва мо аз он иттилоъ дорем, таъоқуби доимии (то он ҷо, ки мушоҳида кардаем) ду ҳодиса аст ва ҳукми куллии мо ба ин ки ҳамвора фалон ҳодиса дар дунболи фалон ҳодиса пайдо мешавад, иборат аст аз тадоъии зеҳнӣ ва талозуме, ки байни тасаввури ҳодисаи аввал ва тасаввури ҳодисаи дуввум ба ҳасби одат ва такрор дар зеҳни мо пайдо шудааст. Ин назария мутаъаллиқ ба “ҳиссгароён” аст.

Посухи ин назария ин аст, ки аввалан, тасаввури мо аз “иллият” ғайр аз тасаввури “таъоқуб” аст ва ин тасаввур маншаи саҳеҳ дорад (руҷӯъ шавад ба мақолаи 5). Ва сониян, биззарура дар мавориде, ки башар ҳукм ба иллият мекунад, вуҷуди ду амрро ба якдигар муртабит медонад ба тавре, ки медонад агар ҳодисае, ки номашро “иллат” гузошта набуд, қатъан он ҳодисаи дигар, ки номаш “маълул” аст вуҷуд пайдо намекард, ва ҳол он ки агар иллият ҳамон таъоқуб буд, маънӣ надошт, ки зеҳн ҳукм кунад, ки бо набуди иллат, маълул низ нобуд мешавад. Ва солисан, мо дар бархе маворид дар айни ин ки ду чиз тақоруни замонӣ доранд (на таъоқуб), ҳукм ба иллият мекунем, масалан ҳангоме, ки асоеро ба даст гирифта ва онро бо дасти худ ҳаракат медиҳем, ҳаракати дастро иллати ҳаракати асо медонем, ва ҳол он ки ин ду ҳаракат ҳамзамон ҳастанд. Пас, иллият ғайр аз таъоқуб аст. Ва робеъан, дар бархе маворид мо таъоқуби доимиро дарк мекунем ва ҳукм ба иллият намекунем, мисли таъоқуби рӯзу шаб. Ва хомисан, асоси назарияи ҳиссгароён, ки тасдиқ ва ҳукмро ҷуз тадоъии ду тасаввур чизе намедонанд ботил аст, ва равоншиносӣ низ бутлони онро эълом намудааст. Мо дар поварақиҳои мақолаи 5 назари худро дар ин бора баён кардем.

б) Иллият ва маълулият иборат аст аз робитаи воқеӣ байни ду воқеият, ки яке вобаста ба дигаре аст ва бо набудани воқеияти иллат воқеияти маълул маҳол аст. Ин ҳамон назарияест, ки ҳамаи файласуфоне, ки ғавре дар фалсафа доранд, онро мепазиранд ва мо мукарраран робитаи иллиятро ба ҳамин наҳв таъриф кардем ва таҳлилҳое, ки дар боби кайфияти робитаи маълул бо иллат мекардем, рӯи ҳамин тарзи идрок аз иллият ва маълулият аст.

Ин тарзи идрок аз иллият воқеӣ аст. Ҳаддиақали он чӣ дар мақоми исботи воқеӣ будани он метавонем бигӯем ин аст, ки мавҷудоте, ки дар як замон нестанд ва дар замони баъд ҳодис мешаванд, ба таври қатъ воқеияти онҳо вобаста ва ношӣ шуда аз воқеияти дигарест ва “судфа” маҳол ва мумтанеъ аст.

Дар инҷо як шубҳа ҳаст, ва он ин аст, ки мумкин аст мо тарзи идроки зеҳни худро аз иллият такзиб кунем ва иддаъо кунем, ки ҳеч воқеияте мустанад ба воқеияти дигаре нест ва дар айни ҳол вуҷуди умуреро, ки дар замоне набуда ва баъд буд шудаанд мунтабиқ бо судфа надонем; аз ин роҳ, ки ҳангоме вуҷуди ҳаводис (бе иллат) мунтабиқ бо судфа аст, ки мо ҳаводиси ояндаро маъдуми мутлақ бипиндорем, ва ҳол он ки тибқи бархе фарзияҳо на гузашта маъдум аст ва на оянда. Ҳар як аз гузашта ва оянда аз мо пинҳонанд, зеро мо аз гузашта убур кардаем ва ба оянда ҳанӯз нарасидаем, ва бинобар ин, пас ҷамиъи ҳаводис азалан ва абадан мавҷуданд ва ҳеч гоҳ маъдум набудаанд, ки вуҷудашон мӯҳтоҷ ба иллат буда бошад ва агар онҳоро бе иллат фарз кунем, бо судфа мунтабиқ шавад.

Қисмате аз он чӣ марбут ба посухи ин шубҳа аст, дар поварақиҳои пеш гузашт ва қисмати дигараш мавқуф ба матолибест, ки дар мақолаи 10 хоҳад омад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: