Достони мухолифи сиёсӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тамоми хушбахтӣ ва саодат, дар ишқ аст; дар ишқ ба Худо, дар ишқ ба одамон, дар ишқ ба зан, дар ишқ ба кор… ҳатто дар ишқ ба касе, ки ту бо ӯ мухолифӣ; мухолиф дар андеша ва ё дар сиёсат. Ба ин маъно, ки ангезаи мухолифати ту бо вай, ишқ ба ӯ бошад.

Ҷойи таассуф дорад, ки сиёсатмадорон — ба хусус соҳибони қудрат — мухолифони худро душман медонанд; душмане, ки бояд ё кушташ ё ба зиндонаш бурд. Дар ҳоле ки агар оқил ва хирадманд мебуданд, бояд мухолифони худро беш аз дигарон дӯст медоштанд ва онҳоро гиромӣ медоштанд. Зеро ин мухолифи ӯ дар сиёсат аст, ки ӯро ба камол вомедорад, ӯро ба ислоҳи худаш ва атрофиёнаш таҳрик мекунад.

Бо як мисол ин нуктаро бароятон тавзеҳ бидиҳам:

Як мухолифи сиёсӣ, барои шумо мисли ҳамсояе мемонад, ки ҳар рӯз ба шумо тазаккур медиҳад, ки фалон корат хато ва иштибоҳ аст. Фарз кунед, шумо ҳар рӯз субҳ аз хона, ки берун меойӣ, кисаи зубола (мусор)-ро аз рӯйи танбалӣ ба ҷойи он ки дар зуболадон бигузорӣ, сари хиёбон мерезӣ ва ҳамсоят ба ту мегӯяд: лутфан, кисаи зуболаро дар хиёбон нарез, ки бо ин корат муҳитро хароб кардаӣ, балки онро бардор ва ба зуболадон биандоз.

Шояд дар ибтидо аз дахолати вай нороҳат шавӣ, вале агар оқил бошӣ, мебинӣ, ки ӯ хайри туро хостааст. Ӯ бо ин кораш, ҳам туро ислоҳ кардааст ва ҳам ҷилави олуда шудани фазои муҳитеро, ки дар он зиндагӣ мекунӣ, гирифтааст.

Ёдам ҳаст, дар хурдсолӣ, мо ҳамсояе доштем ба номи амаки Назархӯҷа, баччаҳои кӯча ҳамеша аз дасти ин марди бузургвор асабонӣ будем, зеро ҳамеша бароямон тазаккур медод, ки ин коратон нодуруст ва ё он коратон зишт аст! Албатта тазаккурҳои ӯ бо хушунат буданд; хушунате омехта бо дилсӯзӣ, ки фақат ҷанбаи хушунати он ба назарамон меомад, аммо ҷанбаи дилсӯзияш ба назарамон намерасид ва намефаҳмидем, зеро ҳанӯз кӯдак будем. Аз ӯ бадамон меомад, агар як рӯз ин мард набошад, он рӯз бароямон мисли ид буд, зеро касе набуд, ки бароямон тазаккур бидиҳад. Аммо баъдҳо фаҳмидам, ки тазаккурҳои ин марди бузургвор будааст, ки моро барои ислоҳи худ вомедоштааст.

Мухолифи сиёсӣ ҳам барои ҳар сиёсатмадоре, мисли ҳамин амаки Назархӯҷа аст, ки бо вуҷуди он ки аз тазаккурҳо ва аҳёнан бархӯрдҳои хушунатомезаш хушаш намеояд ва ӯро дар назараш ба унвони як душман месозад, аммо дар воқеъ чунин ҳамсоя хайри ӯро хостааст.

Албатта, чун имрӯзҳо ва дар ин асру замон, мухолифи сиёсӣ доштан барои ҳар ҳукумате як эътибор (бренд) ба шумор меояд, ҳукуматҳои худкома ва диктотур барои худ мухолиф месозанд; мухолифе, ки вазифааш, ба ҷойи ин ки тазаккур бошад, таҳсин хондан ва таъйиди ҳар рафторест, ки аз ту сар мезанад. Ва ин мисли онро мемонад, ки вақте ту кисаи зуболаро дар хиёбон рехтӣ, ҳамсояи ту ба ҷойи тазаккур, ба ту бигӯяд, аҳсант, офарин, чӣ кори хубе кардӣ! Мухолифи дурӯғин дақиқан мисли ҳамин ҳамсояро монад.

Эй кош асҳоби қудрат медонистанд, ки мухолифи сиёсии воқеӣ доштан чӣ неъмати бузурге барои онҳост, вале намефаҳманд!

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Нақду назар, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: