Назаре бар сенориюҳои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон

Пас аз солҳои тӯлонии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, замони он фаро расида, ки ин кишвар дар мавриди он чи, ки дар соли 2020 (замоне, ки охирин давраи 7-солаи ҳукумати Раҳмон ба поён мерасад) таъаммул кунад.

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон дар гузориши ҷадиди худ дар мавриди ин ки ҳар ду сенорию: ҳифзи қудрат ва ё интиқоли қудрат ба ҷонишини вай, мавзӯъоти хатарноке ҳастанд, ба тозагӣ гузорише мунташир кардааст.

Бино бар гузориши Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон, Тоҷикистон дар 25 соли истиқлол бо фақр, фасоди давлатӣ ва тамаркузи қудрати сиёсӣ дар дастони як хонавода, хадшадор шудааст. Раисиҷумҳури 65-солае, ки раҳбарии кишварро аз соли 1992 бар ӯҳда дорад ва дар соли 2020 68-сола хоҳад шуд, дар раъси ин хонавода ва кишвар қарор дорад.

Бисёре аз нозирон бар ин боваранд, ки вай қасд дорад, то он замон қудратро ба яке аз аъзои хонавода – эҳтимолан Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 33-сола хоҳад шуд – мунтақил кунад. Бо ин ҳол, ин тарҳи интиқол барои кишваре, ки дорои заъфи дохилӣ буда ва аз хориҷ осебпазир аст, хатаротеро ба дунбол дорад. Агарчи ҷаҳони хориҷ аҳрумҳои зиёде барои фишор дар ин кишвари кучак надорад, аммо мавқеияти марказии Тоҷикистон дар минтақа ва доштани марзи муштарак бо Афғонистон ва Чин, бозигарони хориҷӣ ба вежа Русияро ба фикри чигунагии ҷилавгирӣ аз беназмиҳо ва шӯришҳо бармеангезад.

Дар тайи ду соли гузашта, Эмомалӣ Раҳмон фазои сиёсиро аз тамоми гурӯҳҳо ва шахсиятҳое, ки як таҳдиди билқувва ҳастанд, пок кардааст. Ин мавзӯъ баҳонаи муносибе барои вай шуда, то бо ҳар гуна мудохилаи сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ ё дархости тағйирот, мухолифат намояд. Дар кишвар, дар канори раисиҷумҳур ва хонаводааш, ҳеч нерӯи сиёсии созмонёфта ва ё коромади дигаре боқӣ намонда ва дар ҳоли ҳозир, манофеи худи Раҳмон дар садри дастури кор қарор доранд.

* * *

Билотаклифиҳои дохилӣ, ихтилофоти хонаводагӣ

Дар инҷо ин суол матраҳ мешавад: оё президент Раҳмон дар соли 2020 аз қудрат канорагирӣ хоҳад кард, ва агар чунин бошад, вай чӣ касеро ба унвони ҷонишин интихоб хоҳад кард? Бар асоси ислоҳоти қонуни асосии мусавваби соли 2016, ки ба воситаи онҳо ҳаддиақалли синни номзадӣ коҳиш ёфтааст, писари Раҳмон, Рустами Эмомалӣ фарди мавриди назар хоҳад буд. Рустам ба мансабҳои бонуфузи бузурге мансуб шудааст. Вай дар ҳоли ҳозир шаҳрдори пойтахт аст. Агар ӯ дар моҳи декабри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси Сено гардад, тибқи қонуни асосӣ, агар иттифоқе барои падараш биуфтад, ҳаққи раҳбарии кишварро хоҳад дошт.

Бо ин ҳол, ин сенорию ҳанӯз ниҳоӣ нест. Рустам бо рақобати дохилӣ мувоҷеҳ буда ва надоштани маҳоратҳои мудирияти давлатӣ, монеъи вай мешавад. Аммо вай дар ҳоли тақвияти тасаллут ва қудрати ғайрирасмии худ бар созмонҳои амниятӣ аст, ки тасмими ниҳоиро хоҳанд гирифт. Илова бар ин, агарчи нозирон Рустамро фарде бепарво, таҳоҷумӣ ва маҳрум аз кайфиятҳои раҳбарӣ тавсиф мекунанд, аммо ҷонишинони билқувва кам ҳастанд. Ин ҷонишинон ҳамон аъзои хонаводаи раисиҷумҳур мебошанд.

Расонаҳо низ ағлаб аз Озода, хоҳари 39-солаи Рустам, ки идораи ниҳоди риёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дорад, ёд мекунанд. Маъмулан аз ӯ ва ҳамсараш, Ҷамолуддин Нуралиев, бонкдор ва тоҷир, ба унвони мудирони гурӯҳӣ ёд мешавад.

Мунозиъоти дарунхонаводагии онҳо метавонанд бесуботиро дар заминаи интиқоли қудрат барангезанд. Рустам дар ҳоли ҳозир бо доияш Ҳасани Асадуллозода перомуни контроли даромади ҳосил аз ширкати олуминиюми тоҷик, ки то 70 дарсади даромади арзии хориҷии Тоҷикистонро таъмин мекунад, ихтилоф дорад. Соири аъзои хонавода даргири ихтилофоти маҳаллӣ перомуни контроли манобеи давлатӣ ҳастанд. Бидуни назорати муносиб, ин даргириҳои хонаводагии дохилӣ метавонанд вазъиятро бесубот созанд.

* * *

Рақобати дохилӣ

Пойгоҳи минтақаии раисиҷумҳур, ки ҳукумат дар тамоми ин муддат ба он такя доштааст, нишонаҳои норизоятиро нишон медиҳад. Кӯлоб, ки дар марзи ҷанубӣ бо Афғонистон қарор дошта ва пас аз ҷанги дохилӣ нақши муҳиммеро ифо мекунад, ин пойгоҳи минтақаӣ маҳсуб мешавад. Бумиёни ин минтақа дар ҳоли ҳозир, дар судовартарин ширкатҳо ҳузур дошта ва муҳимтарин мавқеиятҳоро дар сохторҳои амниятӣ доранд. Бо ин ҳол, ин доираи қудрат дар натиҷаи коҳиши ҷараёни пул ва манобеъ, тангтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир, бумиёни минтақаи кучаки Данғара, ки сарзамини раисиҷумҳур аст, нақши муҳиммеро ифо мекунанд.

Ҳар гуна ишора ба ин ки қудрати Раҳмон дар ҳоли тазъиф аст, метавонад ба ошуфтагӣ дар манотиқи шарқӣ монанди Рашт ва минтақаи Бадахшон, ки ба дунболи истиқлоли бештар ҳастанд, мунҷар шавад. Дар ин ду минтақа даргириҳои низомии зиёде рух дода буд.

* * *

Мушкилоти иқтисодӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодии низомманди Тоҷикистон, манобеи давлатӣ коҳиш ёфтаанд. Давлат ба бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ба унвони иллати аслии мушкилоти худ истинод мекунад, аммо суимудирият ва сиёсати иқтисодии ваҳшиёна дар тайи даҳаи ахир низ бетаъсир набудаанд. Сахтии аслии ин мушкилоти иқтисодӣ барои мардум аст. Як севвуми мардуми Тоҷикистон гурусна ҳастанд ва ин суитағзия далели аслии як севвуми мавориди маргу мири кӯдакон аст.

Бӯҳрони иқтисодӣ ҳамчунин бар шабакаҳои фасод таъсир мегузорад. Шаҳрвандон ва ширкатҳои хусусӣ ағлаб қодир нестанд ба мақомоти давлатӣ ришва бидиҳанд. Ин мақомот, ба навбаи худ, таҳоҷумитар шудаанд, чаро ки саъй доранд бо тамоми қудрат ин нуқсонро ҷуброн кунанд.

* * *

Муҳоҷират

Муҳоҷират роҳи аслӣ барои раҳоии тоҷикҳо аз танишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Беш аз як милюн тоҷик дар Русия зиндагӣ ва кор мекунанд, ки ба хунсосозии манбаи билқувваи бесуботӣ кӯмак мекунад, чаро ки муҳоҷират боис мешавад афроде, ки тавоноии анҷоми кор доранд, машғул ба кор шаванд. Маскав аз тариқи муҳоҷирон аҳрумҳои муҳимме барои таъсир бар раисиҷумҳури Тоҷикистон дошта ва ин масъала равобит бо Русияро бисёр печида месозад. Авлавияти Маскав, мушорикати қобили эътимод ва ҳузури доимии низомӣ дар Тоҷикистон аст.

Тоҷикҳо ба Иттиҳодияи Урупо низ муҳоҷират мекунанд ва теъдоди паноҳҷуён рӯ ба афзоиш аст. Дар соли 2016 3230 тоҷик хостори паноҳандагӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо шуданд, ҳол он ки ин теъдод дар соли 2015 1160 ва дар соли 2014 605 нафар буд.

* * *

Таҳдиди гурӯҳҳои теруристӣ

Зуҳури “Давлати Исломӣ” дар Хуросон, ҳам мақомоти русӣ ва ҳам мақомоти омрикоиро таҳдид мекунад. Ҳузури шибҳинизомиёни Осиёи Марказӣ дар саффи ДОЪИШ, бар тарси онҳо меафзояд. Дар шимоли шарқии Афғонистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон низ вазъият бисёр вахим аст.

Бо ин ҳол, ҳанӯз мушаххас нест, ки ин таҳдид то чӣ андоза мустақим аст. Агарчи вазъият дар шимоли Афғонистон рӯ ба вахомат аст, аммо ағлаби ҳаводис дар имтидоди марзи Тоҷикистон-Афғонистон бо қочоқи маводди мухаддир ва на талош барои ҳамла ба Тоҷикистон дар иртиботанд. ДОЪИШ ҳамчунон дар сояи ҷунбиши Толибон, ки ҳанӯз бузургтарин гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ буда ва раҳбаронаш алоқае ба сарзаминҳои марзии Афғонистон надоранд, гум мешавад. Илова бар ин, ҳастаи ДОЪИШ дар вилоятҳои шарқии наздик ба Покистон боқӣ мемонад.

Бо ин ҳол, амнияти нокофӣ ва марзҳои нисбатан ноороми Тоҷикистонро осебпазир месозанд. Қочоқчиён дар тайи беш аз ду даҳа, маводди мухаддирро аз тариқи марзи Афғонистон интиқол дода ва даромади персонали амниятиро, ки ба навбаи худ, ҳомии Раҳмон ва ҳалқаи дарунии вай ҳастанд, таъмин мекунанд. Нухбагони ҳоким метавонанд аз тариқи қочоқи маводди мухаддир марзро ба таври ғайрирасмӣ контрол кунанд, аммо дар дарозмуддат, амнияти онро ба хатар меандозанд. То замоне, ки мақомоти фосид ба ҳифзи марз алоқа дошта бошанд, ин хатар вуҷуд дорад, ки на танҳо маводди мухаддир, балки шибҳинизомиён аз Афғонистон ба Тоҷикистон мунтақил шаванд.

* * *

Ифротгароӣ

Мақомоти Душанбе саъй доранд таҳти пӯшиши мубориза бо “ҷиҳодгароён”, одобу русуми исломиро маҳдуд кунанд. Сервисҳои амниятӣ исломгароии Тоҷикистонро бо ҷиҳодгароӣ дар хориҷ аз кишвар муртабит медонанд. Дар айни ҳол, як коршиноси барҷастаи тоҷикӣ мегӯяд: “Дар воқеъ, ҳама чиз баръакс аст. Аксарияти афроди ин лист кумунистҳои даврони ҷанг ҳастанд. Бисёре аз ӯзбакҳо ва кӯлобиҳо низ ҷузъи ин лист ҳастанд.”

Адами тамоюли давлат ба марзбандӣ байни ҷиҳодгарони родикол ва афроди мазҳабии ғайриродикол, ки ё диндор ҳастанд ё дорои дидгоҳҳои зиддидавлатӣ ҳастанд, ҳамаи онҳоро ба душман табдил карда ва танҳо мӯҷиби ноумедӣ мешавад, ки дар шароити хосс метавонад ба эътирозоти хиёбонӣ ва соири ашколи муқовимат ё ҳатто хушунат мунҷар шавад.

* * *

Натиҷагирӣ

Дар шароити оянда, ҳам фарзияи ҳифз ва ҳам мавзӯи интиқоли қудрат, ҳар ду метавонанд ба нооромӣ мунҷар шаванд.

Масири феълии тавсиъаи Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Раисиҷумҳури кишвар маҷбур аст дар камтар аз се сол ба интиқоли қудрат бипардозад. Ҳадафи вай мушаххас нест, аммо ҳам ҳифз ва ҳам интиқоли қудрат, ҳар ду метавонанд ба нооромӣ мунҷар шаванд. Ба далели мушкилоти иқтисодӣ, нокоромадии созмонӣ ва бесуботии рӯ ба рушд дар Афғонистон, арса барои ҳаракат тангтар шудааст ва раисиҷумҳури баъдӣ як кишвари тикка-тиккашуда бо сатҳи поини эътимод ба давлатро ба ирс мебарад.

Бозигарони хориҷӣ аҳрумҳои каме барои нуфуз дар давлати Раҳмон, ки рӯйкарде хасмона нисбат ба ҳар гуна интиқоди хориҷӣ дорад, дар ихтиёр доранд. Ба назар мерасад, ки қудратҳои ғарбӣ тамоюли зиёде ба сармоягузорӣ надоранд. Русия ва Чин дорои аҳрумҳои бештаре ҳастанд, аммо ҳанӯз аз онҳо истифода намекунанд.

Русия ба унвони нерӯи хориҷии аслии фаъол дар Тоҷикистон, ба таъмини амният алоқаманд аст. Чин ҳам мухолифи ифротгароии исломӣ, ҷудоиталабӣ ё теруризм дар минтақаи худмухтори Синкёнг (ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва дар он ақаллияти кучаке аз тоҷикҳо зиндагӣ мекунад) аст. Бо таваҷҷӯҳ ба маҳдудияти аҳрумҳои қудратҳои хориҷӣ, Иттиҳодияи Урупо ва Иёлоти Муттаҳида бояд аз истидлолҳои маҳрумияти сиёсӣ истифода карда ва Душанберо ба ҷилавгирӣ аз иқдомоти саркӯбгаронае, ки метавонанд суботи тағйири қудратро ба хатар андохта ва бесуботӣ ва эҳтимоли даргириҳои хушунатомезро афзоиш диҳанд, фаро хонанд.

Easterniran

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: