Ватандӯстӣ ва ватандорӣ

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашинос

Сӯи бесӯӣ равонем, эйдареғ аз сӯи мо,

Кӯи некӯе надорем, эй дареғ аз кӯи мо!

(Лоиқ)

Ватандӯстӣ қувваи бузург аст, агар воқеан бошад ва аз дурӯғ сохта нашуда бошад. Идеологҳое, ки аз ватандӯстӣ идеология сохтанианд боясти бохабар бошанд, ки ин фазо ва ҳолатест, ки дар як раванди созанда шакл мегирад. Тоҷик новобаста ба идеология ватани худро дӯст медорад. Ва ин ҷо бояд дарк кард ки ватан як мафҳуми хушку холӣ нест, балки маънии дар як вақт воқеӣ – моддӣ — маънавӣ – абстрактӣ – равониест, ки болои таркибҳое шакл гирифтааст.

Ба фикри ман, таркибҳои муҳимме, ки ҳисси ватанро бар вуҷуди як инсон шакл медиҳанд ин муҳити табии зист, муҳити таърихии фарҳангӣ ва маънавии зист ва инчунин муҳити давлатдорӣ — сиёсии мардум мебошанд ки дар якҷоягӣ мафҳуми ватан ва “дар хона будан”-ро шакл медиҳанд. Ин ҳолатест, ки Рӯдакӣ дар иборатҳое мисли: “Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст пирӯзи он ҷост”, “Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме…” ва дигар гуфтаҳои худ ба сурати оддӣ ва олӣ баён кардааст. Ин идеология бозӣ нест, балки худ нишони тантанаи ҳаёти як мардуми сарбаланд ва озод аст ки дар як қаламраве бо номи Хуросон мезистанд. Аслан дар вуҷуди ҳар як Тоҷик рӯҳи Хуросони Бузург ҳанӯз ҳам зинда аст ва худро бе “бӯи ҷӯи Мулиён”, бе Бухорову Самарқанд, бе Балху Ҳирот ва бе ин қаламрави бузурги забону фарҳанги Тоҷикӣ (Форсӣ, Дарӣ) тасаввур кардан наметавонад.

Имрӯз мебояд , ки ҳар як Тоҷик дар ин муҳитҳои зикр карда яъне муҳити табии ягона, муҳити таърихӣ — фарҳангии ягона ва муҳити ягонаи сиёсӣ-давлатдорӣ ҳаққу ҳуқуқи ягонаи зист дошта бошанд. Ин ҳар се муҳит бо якдигар боясти тофтаву бофта бошанд, ки ҳосили он будани давлату миллат аст, ки аз фардҳои огоҳ ва фиркунанда иборат аст. Ин ватан аст.

Имрӯз бозингари асосӣ давлат аст, ки метавонад чунин фазоро ташкил кунад, то мардуми Тоҷикистон “дар хона будан” ва “дар ватан будан”-и худро ҳис карда тавонанд. Воқеан, Тоҷик ватанро дӯст медорад ва дар куҷо, ки набошад, боз мехоҳад ба ватан баргардад, зеро аз қадим боз мардуме ҳастанд, ки дар фарқият аз қавму қабилаҳои кӯчии атроф, ба фазосозӣ, шаҳрсозӣ ва давлатсозӣ одат кардаанд.

Бубинед, ки дар Шӯравии собиқ чанд насл дар якҷоягӣ бо ҷомеа ва давлат дар як раванд шакл гирифта ва сабзида буданд ва новобаста ба ин ки ин диктатураи як шахс ва як ҳизб буд, новобаста ба ин ки болои террор сохта шуда буд ва ҳазорон нафарро беватан сохта буд, тавонистанд “фазои нави ватандориро” ташкил кунанд. Чанд насли Тоҷик ва аз ҷумла онҳое, ки мехоҳанд ватандӯстӣ идеологияи ин мамлакат бошад, бо шеъри “Ватанам СССР, Гулшанам СССР…” сабзида зистаанд.

Имрӯз зиёд мардум ба “зиндагии осоишта ва ороми худ”, ки дар солҳои рукуди Брежневи паси пардаи оҳанин давом дошт, як настолҷӣ доранд. Ёди хуше аз он рӯзгор доранд, вале зери сиёсат ва давлатдории ғайр роҳбарони вақт натавонистанд мардумро воқеан дар як ватан ҷамъ кардан. Яъне натавонистанд воқеияти ягонаи моддӣ-иҷтимоӣ-равониро дар Тоҷикистон ташкил кунанд. Ин буд, ки ватандорон ба таври ваҳшиёна якдигарро нобуд карданд ва то ҳанӯз дар камини якдигаранд. Бо вуҷуди он чӣ гузашт давраи рукуди брежневиро ёд мекунанд, ва аз он ёд мекунанд, ки имрӯз зиндагии хароб доранд ва аз ояндаи худ ноумеданд, ки чӣ мешавад.

Имрӯз сиёсат ва фарҳанги аз сатҳи миллӣ ба сатҳи музофот, маҳал ва авлод кашида шуда аз ӯҳдаи ин рисолати таърихӣ дигар наметавонанд бароянд. Фасод, бесалоҳиятӣ, набудани шоистасолорӣ ва маризиҳои дигар имкони ҳис кардани ватанро дар вуҷуди зиёд мардум надода истодааст.

Ватандорӣ лоф, ва ҳисси ватан доштан, ҳисси бебунёд нест, балки шароит ва фазои “будани он”-ро сохтан даркор, то дар вуҷуди мардум кор кардан тавонад.

Дигар ин ки ватан наметавонад “муҳити зисти” гурӯҳе бошад ва аксарият ғарибу овора. Ва ё ватансозӣ раванде нест, ки танҳо барои қисмате ватан сохта шавад ва дигарон аз он бенасиб. Аз ин муҳити зисти як гурӯҳ барои ҳама дар ин сарзамин ватан бояд сохт. Ин фазоро аввал бояд сохт ва баъд дар борааш рубоӣ сароид. Ҳарфҳои “хору залил бошему дар ватан бошем”, “гадо бошему дар ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд, ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар ватани худ бечора ва хору залил аст, дар берун бадтар аз ин аст.

Гузашта аз ин вазифа ва масъулияти давлатмардон аст, ки тавонанд он ҳолати номаълумиро, ки абаршоир Лоиқ “бесӯи” ва “бекӯи” тасвир карда дарк кунанд. Ин ҳолатест, ки дар яке аз мақолаҳои Фройд бо унвони “The Uncanny” хуб таҳлил шудааст. Ин мафҳумро дар забони Тоҷикӣ бо маънии ҳолати пурасрор (фавқулодда, ғариб), ки ҳолати бад ва пурдаҳшатеро дар пай дорад, ки мардум интизораш нестанд, метавон фаҳмид. Яъне торикӣ. Ин эҳсоси бозгашти фоҷиаҳоест, ки ин мардум аз сар гузаронидаанд. Ин тарси бозгашти турктозиҳо, террори солҳои сиюм ва душмантарошиҳо ва кушторҳоест, ки мардумро сахт хаста кардаанд.

Мутассифона, онҳое, ки аз ватандӯстӣ идеология сохтанианд таркибҳои ватансозро нашинохтаанд ва аз воқеияти равонии мардум ҳам бехабаранд. Аз соддагист ё аз ҷаҳл мардумро бо он гунаҳгор ҳам мекунанд, ки ватанро партофта гурехтаанд. Ин аз як сӯ дар маҳдудаи маҳаллу музофоти худ мондан ва дигаронро ҳис накардан аст, ва аз дигар сӯ, нашинохтани қадри ҳаёти инсон аст, ки мақсад аз ватан доштан ин ҳаёти осудаи инсонӣ доштан аст. Чун ҳаёт зери фишори зиндагии сахт аст, чун дар ватан террори як гурӯҳ болои дигарон аст ва ба будани ҳаёт хатар таҳдид мекунад табиист, ки мардум ватанро ҳам фаромӯш мекунанд. Яъне ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳисси ватан доштанро дар вуҷуди инсон мешикананд ва баръакс ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳисси ватан дар вуҷуди инсон шакл мегирад. Чи гунае, ки ҳазрати Саъди мегӯяд “Чунон хушксоли шуд андар Димишқ, ки ёрон фаромӯш кардан ишқ.” Инчунин одат шудааст “ватани биҳиштосоро” бо Афғонистон ва дигар давлатҳои ҷангзада муқоиса кардан. Хуб мешуд ин ватанро бо давлатҳои воқеан обод муқоиса мекарданд. Ҳукумронии фасод, клептократия (дуздӣ) ва роҳ надодани мардуми дигар минтақаҳо дар давлатдорӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва маризиҳои дигари таърихи имкон намедиҳанд, ки ҳазорҳо ҳаёти осуда дошта бошанд.

Хуб мешуд, ки идеолог-стратегҳо аз ҳарфҳои умумӣ ва шоирона гузашта, воқеиятро бо далелҳо таҳлил мекарданд ва ба қудрат ҳарфи ростро мегуфтанд то аз ин таркибҳои муҳим мисли табиат, таърих ва давлат воқеан Ватан сохта шавад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: