Забони паёмбарон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз азизони корбар суоле дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бад-ин шарҳ матраҳ фармудааст:

* * *

Фаҳмидан мехоҳам. Ростӣ, аз синфи 3–4-умӣ бо Қуръони азимушшаън ошноям, пайваста ҳам набошад, такрор мекунам, бо забонҳои арабӣ, тоҷикӣ, русӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ борҳо шукри Худо хатмаш кардаам. Тафсирҳои зиёдеро низ варақ задаам, шурӯъ аз Ҳусайнӣ ва ахиран Тафсири Замахшарӣ (Кашшоф). Сари фаҳмиши ояте зиёд андеша кардам, вале натавонистам ба умқи маънияш сарфаҳм раваму аз шумо муллобачаҳои фейсбукӣ мадад мехаҳам. Оят: “Ва мо арсално мин расулин илло билисони қавмиҳи” (сураи Иброҳим, ояти 4). “Ҳеч пайғомбареро нафиристодем магар ба забони қавми ӯ». Ман дуруст фаҳмидам, ки Худованд мегӯяд, ки Паямбарони Шуморо аз қавми худатон фиристодам, то дар қиёмат нагӯед, ки забонашро нафаҳмидем? Агар чунин бошад, мо Ориё–Тоҷику Муҳаммад(с) Араб-ку? Чун Расули Акрам Хотамуланбиёст, пас, Паямбари дигаре нахоҳад омад. Ё шояд барои мо низ Паямбаре фиристода бошаду ҳамон Зардушт аст? Ҳарчанд Шумо мункиред, ки аз 124 000 Паямбар ягон тоаш Тоҷик ё Форс нест. Хоҳишмандам назари худро баён кунед, вале (ин одати аксари шумо ҳаст) бе ҳақорату тавҳин. — Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР –

* * *

Ва аммо посух:

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон.

Пеш аз он ки ба посухи ин шубҳа бипардозам, лозим аст ба ду матлаб ишора кунам:

Матлаби аввал ин ки: азизе, ки шубҳаи фавқро матраҳ фармудааст, ҳамон тавре ки мебинем ёдовар шуда, ки дар ин мавзӯъ эшон чанд тафсир аз ҷумла тафсири “Кашшоф”-и Замахшариро варақ задаанд. Дар ҳоле, ки Аллома Замахшарӣ дар тафсири гаронмояи худ, зайли ҳамин оят, баҳси нисбатан мабсуте дар ин мавзӯъ ба амал овардааст. Яъне, ибтидо асли шубҳаро матраҳ, сипас ба посухи он пардохта. Ин азизамон ё посухи Замахшариро нахонда ва ё ҳатто агар хонда, онро нафаҳмидааст. Албатта, ба ҷуз Замахшарӣ, соири муфассирон ҳам дар ин мавзӯъ баҳс ба амал овардаанд, ба хусус баҳси Имом Фахри Розӣ ва Имом Қуртубӣ ва Аллома Таботабоӣ дар ин мавзӯъ бисёр дақиқ аст.

Матлаби дигар он ки: ин шубҳа як шубаҳои бисёр қадимист, ки барои нахустин бор тавассути иддае аз яҳуд матраҳ шуда, ва албатта уламои исломӣ посухҳои равшане ба он додаанд. Имом Фахри Розӣ дар тафсири худ овардааст:

زعم طائفة من اليهود يقال لهم العيسوية أن محمداً رسول الله لكن إلى العرب لا إلى سائر الطوائف، وتمسكوا بهذه الآية من وجهين: الأول: أن القرآن لما كان نازلاً بلغة العرب لم يعرف كونه معجزة بسبب ما فيه من الفصاحة إلا العرب وحينئذ لا يكون القرآن حجة إلا على العرب، ومن لا يكون عربياً لم يكن القرآن حجة عليه. الثاني: قالوا: إن قوله : « وَمَا أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلاَّ بِلِسَانِ قَوْمِهِ » (إبراهيم: 4) المراد بذلك اللسان لسان العرب، وذلك يقتضي أن يقال: إنه ليس له قوم سوى العرب، وذلك يدل على أنه مبعوث إلى العرب فقط

Гурӯҳе аз яҳуд — ки ба исавия маъруфанд – пиндоштаанд, ки: Муҳаммад паёмбари Худост, аммо фақат барои арабҳо, на соири ақвом ва милал. Ва дар ин иддаои худ, бар ин оят (ояти 4 сураи Иброҳим (а)) чанг задаанд аз ду ҷиҳат: аввалан, мегӯянд: Қуръон чун ба луғати араб нозил шуда, аз ин рӯ мӯъҷиза будани онро танҳо арабҳо мефаҳманд, ва дар ин сурат, Қуръон фақат бар араб ҳуҷҷат аст ва касе ҳам, ки араб нест, Қуръон бар ӯ ҳуҷҷат намебошад. Ва гуфтаанд: ояти “Мо ҳеч паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем…” (Сураи Иброҳим, ояти 4), мурод забони арабӣ аст, ва ин муқтазист, ки бигӯем: Муҳаммад қавме ба ҷуз араб надорад, ва ин худ далел бар ин аст, ки ӯ фақат ба сӯи арабҳо мабъус гардида…” (Тафсири Имом Фахри Розӣ, 9/206, Ашшомила)

* * *

Ҳол, ба посухи ин шубҳа мепардозем. Посух ба ин шубҳа, бо таваҷҷӯҳ ба нукоте, ки дар зайл ёдовар мешавам, равшан хоҳад шуд:

1) Нуктаи аввал ин ки: ҳар ояте аз Қуръони Карим, дар сояи оятҳои дигар фаҳмида мешавад, на ин ки ба сурати ҷудо ва мустақил фаҳм шавад. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд:

القرآن يشبه بعضه بعضاً، ويرد بعضه إلى بعض

Қуръон баъзеи он шабеҳи баъзеи дигари он аст; фаҳми баъзеи он бо руҷӯъ ба баъзеи дигар имконпазир аст.” (Тафсири Аддурр-ул-мансур, 8/445, Ашшомила)

Бинобар ин, доварӣ дар бораи ояти 4 сураи Иброҳим (а), ки манзур аз он чист, бояд дар сояи оятҳои дигари Қуръони Карим сурат бигирад, на ин ки бо мадди назар қарор додани танҳо ҳамин оят, натиҷа гирифта шавад, ки: “Агар чунин бошад, мо Ориё–Тоҷику Муҳаммад(с) Араб-ку?..” Зеро, дар Қуръони Карим оятҳои зерин низ вуҷуд доранд:

قل يا أَيُّهَا النَّاس إِنّى رَسُولُ الله إِلَيْكُمْ جَمِيعًا

Бигӯ (эй Муҳаммад!): эй инсонҳо! Ман фиристодаи Худо ба сӯи ҷамиъи шумоён ҳастам…” (Сураи Аъроф, ояти 158)

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا

Ва мо туро (эй Муҳаммад!) нафиристодем магар ба сӯи ҳамаи инсонҳо ба унвони башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда…” (Сураи Сабаъ, ояти 28)

Ва ҳамчунин ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд:

إنّ الله فَضَّلَنِي على الأَنْبِياءِ بأَرْبَعٍ: أرْسَلَنِي إِلَى النَّاس كافّةً

Худованд маро бар соири анбиё ба чаҳор вежагӣ бартарӣ бахшид: яке он ки ман ба сӯи ҷамиъи инсонҳо фиристода шудам…(то охири ҳадис) (Саҳеҳ ул-ҷомеъ, ҳ.1780)

Оятҳои фавқ ва низ ҳадиси мазкур, ба сароҳат эълом медоранд, ки рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) ҷаҳонӣ аст ва ӯ паёмбари ҳамаи инсонҳои рӯи замин аст ва ихтисосе ба арабҳо надорад.

Бинобар ин, агар дар Қуръон ва аҳодис тасреҳ шуда бошад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари ҳамаи инсонҳост, на танҳо арабҳо, ва аз сӯи дигар, дар ҷое аз Қуръон омада бошад, ки:

وَمَا أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلاَّ بِلِسَانِ قَوْمِهِ

Мо ҳеч паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем…” (Сураи Иброҳим, ояти 4), ин худ қатъан мерасонад, ки ин ду қобили ҷамъ будаанд. Яъне, ин ки паёми илоҳӣ ба як забони хосс буда ва дар айни ҳол, ҷаҳонӣ ва ҳамагонӣ ҳам буда бошад, ин ду қобили ҷамъанд. Ва ба сухани дигар, агар паёми илоҳӣ ба як забони хосс (арабӣ, ибрӣ, форсӣ, лотинӣ ва ғайра…) бошад, ин бо ҷаҳонӣ будан ва ин ки ба ҳамаи милал ва ақвом таъаллуқ дорад, мунофоте надоштааст.

Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) — дар ривояте, ки Қуртубӣ дар тафсири худ нақл мекунад – фармудаанд:

أَرْسَلَ كُلَّ نَبِيٍّ إِلَى أُمَّتِهِ بِلِسَانِهَا، وَأَرْسَلَنِي إِلَى كُلِّ أَحْمَرَ وَأَسْوَدَ

Худованд ҳар паёмбареро ба сӯи уммати ӯ ба забони ҳамон уммат фиристодааст, ва маро ба сӯи сурхпӯсту сиёҳпӯст мабъус карда…” (Тафсири Қуртубӣ, 9/290, Ашшомила) Яъне, маро ба сӯи ҳамаи инсонҳо, бо ҳар рангу забоне, фиристода. Дар ин ҳадис ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар айни он ки мегӯянд, ҳар паёмбаре ба забони қавмаш мабъус мешавад, мефармоянд, ман ба сӯи тамоми башар фиристода шудаам.

Пас, ин бардошт, ки: ҳазрати Муҳаммад (с) ба далели он ки забонаш арабӣ буда ва ҳар паёмбаре ба забони қавмаш фиристода мешавад, пас ӯ фақат паёмбари арабҳо буда — ва масалан ба форсҳо ва ё соири милал ихтисосе надорад – бардошти дурусте набудааст.

Хулоса, ояти мазкур дар мақоми баёни ин нест, ки ҳар паёмбаре мухтасси қавми худаш буда ва вазифа надорад ғайри қавми худро ба динаш давъат бикунад ва ғайри қавмаш ҳам вазифа надоранд ба ӯ имон оваранд. Ин оят дар мақоми баёни ин матлаб нест. Ва асосан, наметавон аз ин оят инчунин бардошт ва истинтоҷе намуд. Балки маъно ва мафҳуми ояти мазкур он аст, ки ҳеч як аз паёмбаронро аз осмон нафиристодем, балки аз миёни мардуми рӯи замин барангехтем ва бо ҳеч як низ ба забони ҷинну малак ё мавҷуди ношинохтае сухан нагуфтем, балки ба ҳамон забони худаш ва забони қавмаш, ки аз миёни онон барангехта шудааст сухан гуфтем, то мардум бифаҳманд чӣ мегӯем! Ҳазрати Мӯсо (а) ҳамроҳи бародараш Ҳорун ба забони қавмашон барангехта шуданд ва бо онҳо ба ҳамон забон сухан мегуфтанд, аммо дар айни ҳол, маъмур ба давъати Фиръавне шуданд, ки аз қавме дигар ва забонаш қибтӣ буд:

اذْهَبَا إِلَى فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَى. فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَّيِّنًا لَّعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَى

Ба сӯи Фиръавн биравед, ки ӯ ба саркашӣ бархоста ва бо ӯ сухане нарм гӯед, шояд, ки панд пазирад ё битарсад.” (Сураи Тоҳо, оятҳои 43-44) Вақте Худованд ҳазрати Мӯсо ва Ҳорунро маъмур ба ин вазифа намуд, Мӯсо нагуфт, Худоё! Мо, ки ибризабон ва аз қавми Банӣ Исроилем, моро чӣ кор ба Фиръавни қибтӣ, барои вай ва қавмаш як паёмбари қибтизамон мабъус намо!

Билохира ҳар паёмбаре аз як минтақае бармехезад ва табиист, ки ҳидоятгариашро бояд аз мардуми ҳамон минтақа шурӯъ кунад. Магар ҳазрати Масеҳ (а) даъвати худро аввал дар миёни қавми худаш ва ба забони ҳамон қавм шурӯъ накард? Аммо дар айни ҳол, имрӯза миллатҳои гуногун пайрави ӯ ҳастанд. Оё бояд ин “бегонаҳо” ба ин баҳона, ки Масеҳ ибрӣ буда, аз пайравии ӯ худро маҳрум кунанд?

Ҳамчунин мо форсизабонҳо оё имрӯз маорифи олии тавҳид ва яктопарастӣ ва ахлоқи инсонӣ ва дастуруламалҳои ҳаётбахши қуръониро чун ба забони арабӣ нозил шудаанд, бояд канор ниҳем?

Асосан, чаро дар умури маънавӣ забону ватану маконро дахолат медиҳем? Магар маънавиёт тобеъи замону макону луғату ин ҷур чизҳо ҳастанд? Оё Худопарастӣ ва яктопарастӣ рабте ба форсӣ ва арабӣ будан дорад?

Ин тарзи тафаккури носиюнолистӣ ва нажодпарастонаро бояд дур рехт ва фақат тобеъи ҳақ буд; ва ҳақ низ арабу аҷам ва замону макон ва луғату ин ҷур чизҳоро намешиносад.

Дар нуктаи дуввум, гуфтори Аллома Замахшариро дар ин мавзӯъ меоварем:

* * *

2) Аллома Замахшарӣ дар тафсири худ дар зайли ҳамин оят (ояти 4 сураи Иброҳим (а)), пас аз тарҳи асли шубҳа, ба он чунин посух менависад:

قلت: لا يخلو إمّا أن ينزل بجميع الألسنة أو بواحد منها، فلا حاجة إلى نزوله بجميع الألسنة، لأن الترجمة تنوب عن ذلك وتكفي التطويل فبقي أن ينزل بلسان واحد، فكان أولى الألسنة لسان قوم الرسول؛ لأنهم أقرب إليه، فإذا فهموا عنه وتبينوه وتنوقل عنهم وانتشر، قامت التراجم ببيانه وتفهيمه، كما ترى الحال وتشاهدها من نيابة التراجم في كل أمّة من أمم العجم، مع ما في ذلك من اتفاق أهل البلاد المتباعدة، والأقطار المتنازحة والأمم المختلفة والأجيال المتفاوتة، على كتاب واحد، واجتهادهم في تعلم لفظه وتعلم معانيه

Гӯем: Масъала аз ду эҳтимол хориҷ нест: ё ин ки ба ҳамаи забонҳои дунё нозил шавад, ва ё ин ки ба яке аз забонҳо нозил гардад. (Ва равшан аст, ки) ниёзе ба ин ки ба ҳамаи забонҳои дунё нозил шавад вуҷуд надорад; зеро тарҷума ҷонишини он шуда ва моро аз ин кор бениёз мекунад. Пас, фақат ин эҳтимол боқӣ мемонад, ки ба як забони хосс нозил шавад. Ҳол, дар ин сурат, сазовортарини забонҳо, забони қавми паёмбаре аст, ки ӯ ба сӯи онҳо мабъус шуда; зеро ки эшон ба ӯ наздиктаранд; ки агар онҳо паёми илоҳиро аз паёмбар фаҳм кунанд ва онро нек дарк намоянд ва тавассути онҳо ба дигар ақвом мунтақил ва мунташир гардад, дар ин сурат, тарҷумаҳо ба баён ва тафҳими паёми илоҳӣ хоҳанд пардохт, чунонки худат инро мебинӣ ва мушоҳида мекунӣ, ки тарҷумаҳо имрӯз дар назди ҳар қавме аз аҷам (ғайри араб) ҷонишини ин кор гардида. Ба илова, ин ҳуснро низ дорад, ки кишварҳо ва мамолики аз ҳам дур ва миллатҳои гуногун ва наслҳои мухталиф, ҳама, бар меҳвари як китоби воҳид иттифоқ кардаанд ва дар омӯхтани алфоз ва маъонии он кӯшиш ба харҷ дода ва медиҳанд…” (Тафсири Кашшоф, 3/264, Ашшмила)

* * *

3) Ин ки аз ояти 4 сураи Иброҳим (а) истинтоҷ шуда, ки: “Ё шояд барои мо низ Паямбаре фиристода бошаду ҳамон Зардушт аст? Ҳарчанд Шумо мункиред, ки аз 124 000 Паямбар ягон тоаш Тоҷик ё Форс нест…” истинтоҷи дурусте нест. Зеро ҳатто агар бар фарз Зартуштро паёмбар ҳам бидонем, аммо паёмбаре буда, ки бо омадани дини ҷадид, дини вай мансух гардидааст. Яъне, бо омадани ойин ва шариати ислом, ойини Зартушт ва низ ойини ҳазрати Исо (а) ва ҳазрати Мӯсо (а) дигар мансух шудаанд.

Сониян, ҳеч кас бо қотеият гуфта наметавонад, ки дар миёни 124 ҳазор паёмбар ҳеч тоҷик (масалан) ва эроние набудааст?! Шояд буда, вале иттилоъе аз онҳо вуҷуд надорад.

Саломат бошед

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Фалсафаи ғарб

Метки:

1 reply

  1. Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух!
    Зулкарнайн(а) аз насли форс буд, ки ба акидаи уламо ба Куруши Кабиир рост меояд.
    Сураи 18
    83 Ва аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд. Бигӯ: «Бар эй шумо аз ӯ чизе мехонам»,
    84 Мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро ба ӯ нишон додем.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: