Мавозеъи давлати Тоҷикистон алайҳи Эрон; эътирозоти баҷо ё “баҳонаҳои воҳӣ”?

Таҳлиле дар хабаргузории Тасним

Вазъиятеро, ки акнун дар муносиботи Теҳрон ва Душанбе вуҷуд дорад, намешавад фақат дар чорчӯби бардошти иштибоҳ ва суитафоҳуми давлати Тоҷикистон таҳлил кард ё ин ки ҳизб ё фардеро мӯҷиби сардии равобит донист. Он чи вуҷуд дорад, тағйири масири сиёсии давлати Тоҷикистон дар натиҷаи ангезаҳои берунӣ аст…

* * *

Ин рӯзҳо муносиботи Эрон ва Тоҷикистон вориди марҳилаи камсобиқае шуда, ки мешавад гуфт, танҳо бар меҳвари “баҳонаҳо” ҳаракат мекунад. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як кишвари муҳим дар минтақаи Ховари Миёна ҳамвора бар доштани равобити дӯстона бо ҳамсоягон ва ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бар пояи эътимоди дуҷониба таъкид кардааст. Ба вежа агар бо кишваре, ки дорои забон, пешинаи таърихӣ ва фарҳангии муштарак бошад, ин равобитро бо истеҳкоми бештаре дунбол мекунад.

Ҳол, кишваре монанди Тоҷикистон, ки иштироки забонӣ ва фарҳангии густарда бо Эрон дорад, қатъан сиёсати Теҳрон дар ин кишвар дар ростои рушд ва тавсиъаи он, ҳалли мусолиматомези ихтилофоти дохилӣ ва рӯйкарде миёнҷигарона дар ин амр аст. Ин мавзӯъ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон ва миёнҷигарии Эрон барои ҳалли ихтилофоти онҳо, дар таърих сабту забт шуда ва ба ҳеч унвон қобили инкор нест.

Аммо тайи чанд соли ахир ва пас аз ҳузури раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Теҳрон ба манзури ширкат дар конфронси ваҳдати исломӣ, давлати Тоҷикистон ба ин баҳона, ки Эрон масъулони ҲНИТ ва мухолифи давлати Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, шурӯъ ба танишзоӣ дар муносиботи ду кишвар кард.

Ташреҳи ин мавзӯъ, ки то ба ҳол давлати Душанбе дар кадом заминаҳо ҳамкориҳо бо Эронро таълиқ ва чӣ иттиҳомотеро барои бадтар кардани равобит дунбол кардааст, навиштори дигареро металабад. Масъалаи аслӣ баёни ин нукта аст, ки дар ҳоли ҳозир ихтилофоти Тоҷикистон бо Эрон дар мутуни мухталифи хабарӣ ва таҳлилӣ, огоҳона ё ноогоҳона дар масири иштибоҳе қарор гирифтааст.

Вазъиятеро, ки акнун дар муносиботи Теҳрон ва Душанбе вуҷуд дорад, намешавад фақат дар чорчӯби бардошти иштибоҳ ва суитафоҳуми давлати Тоҷикистон таҳлил кард ё ин ки ҳизб ё фардеро мӯҷиби сардии равобит донист. Он чи вуҷуд дорад, тағйири масири сиёсии давлати Тоҷикистон дар натиҷаи ангезаҳои берунӣ аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, илова бар сафар ба Эрон, ба Туркия, Олмон, Утриш ва Бруксел сафар карда ва бо мақомоти онҳо дидор доштааст. Ҳатто ширкати Кабирӣ дар конфронси солонаи ҳуқуқи башари Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Урупо ва суханронӣ дар он, мавриди дигаре аз равобити Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталиф аст. Раҳбари Ҳизб наҳзати исломии Тоҷикистон ахиран ҳам ба Молезӣ сафар кард ва мавриди истиқболи мақомоти ин кишвар қарор гирифт.

Оё ин маворид барои мақомоти Тоҷикистон гузориш нашудааст?

Кабирӣ тайи мусоҳибае гуфта буд, ки “агар сабаби сардии равобити Эрон ва Тоҷикистон воқеан ҳузури ман дар Теҳрон будааст, пас раисиҷумҳури Тоҷикистон мебоист ин мавзеъро дар баробари Молезӣ ҳам иттихоз мекард ва ин кишварро ба боди интиқод мегирифт; кишваре, ки муддате пеш ба он сафар кардам”.

Бад-ин тартиб, он чи давлати Тоҷикистон муқаддимаи сард кардани равобит бо Эрон қарор дода, як баҳона аст. Ҳол, робитаи Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ба дунболи ангезаҳои молӣ ва талоши Риёз барои бадтар кардани равобити Душанбе ва Теҳрон ё робита бо ҳар кишвари дигаре, то ҳудуде метавонад дар чорчӯби суитафоҳум бошад, аммо ин маврид ҳам ҳадде дорад ва фаротар аз он қобили тасаввур нест.

Аз ин рӯ, бояд ба мавзӯъи баҳона будани бархе мавозеъ ва вуҷуди тарғибҳои хориҷӣ дар таҳлили равобити Эрон ва Тоҷикистон таваҷҷӯҳ шавад ва муқассирро як гурӯҳ ё фарди хосс надонист, то бишавад иллати аслии вазъияти феълии муносиботи ду кишварро дарк ва тафсир кард.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: