Перейти к содержимому

Бар хилофи иддаои Тромп ва давлати Омрико, дар Эрон демукросӣ вуҷуд дорад

Ба қалами Рис Дубин (Rhys Dubin) дар Foreign Policy

Ба назар мерасад, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва бисёре аз қонунгузорони ин кишвар, Эронро ба унвони як демукросии дурӯғин бо ҷамъияте хашмгин ва саркӯбшуда мебинанд, ки қасд доранд аз шарри раҳбарони худкома ва мустабидди худ халос шаванд. Ахиран Тромп шахсан эълом кардааст, ки мардуми Эрон орзу доранд, “аз дасти як низоми тафриқаангез ба таърихи ғурурофарини кишвар худ, фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи худ бозгарданд.”

Бо ин ки Эрон қатъан як намуна аз ҳукумати демукротики ғарбӣ нест, аммо ҳукумати он, лузуман он гуна ки Омрико тасаввур мекунад, як демукротики саросар дурӯғ ва ҷаълӣ нест. Назарсанҷии ҷадиде, ки аз сӯи як ҷомеашиноси Донишгоҳи Калифурниё ба анҷом расидааст, Эронро ба сурати як ҷомеаи сиёсӣ ва мадании маҳдуд аммо фаъол бо раъйдиҳандагоне фаъол ва пазиро дар арсаи муборизаи интихоботӣ, ва вуҷуди ҳассосият ба тағйир дар афкори умумӣ нишон дод.

Назарсанҷии иҷтимоии Эрон, ки дар декабри 2016 гирифта шуд ва қарор аст ҳафтаи оянда мунташир шавад, рӯи 5005 эронӣ анҷом гирифт. Ин назарсанҷӣ бо ҳадафи пайгирии афкори умумӣ ва пайдо кардани иртиботи сиёсӣ байни гурӯҳҳои мухталиф, қавмиятҳо ва аҳзоби сиёсӣ тарроҳӣ шуда буд.

Кивон Ҳарис (Kevan Harris), раҳбари гурӯҳи таҳқиқот гуфт: “Ман қасд надорам моҳияти давлати инқилобии Эронро инкор кунам, аммо бо ин назарсанҷӣ мехостам нишон диҳам, ки низоми исломии Эрон аз тариқҳои мухталифе бо иҷмоъи миллат талфиқ шудааст.”

Борборо Словин (Barbara Slavin), мудири пружаи “Ояндаи Эрон” дар Шӯрои Отлонтик гуфт: “Дар Омрико барои сиёсати дохилии Эрон эҳтироми зиёде вуҷуд надорад. Дар инҷо бо як мафҳуми бисёр калишаӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба воситаи он, ҳукумати Эрон се ё чаҳор номзадро интихоб мекунад ва онҳоро дар муқобили мардум қарор медиҳад ва ҳамин! Мардум дар воқеъ интихоби зиёде надоранд.”

Аммо Ҳарис мегӯяд, сиёсатҳои баданаи Эрон бисёр печидатар аз он аст, ки фикр мекунем. Дар Иёлоти Муттаҳида бештар ин тавр истидлол мешавад, ки раъйдиҳандагони эронӣ аз созмонҳои рафоҳ ҳимоят шуда тавассути давлат имтиёз мегиранд. Дар ин дидгоҳ, бовар бар он аст, ки системҳои сиёсӣ барои пирӯз шудан дар интихобот, аз маҳалли даромадҳои нафтӣ дар миёни тӯдаи мардум пул тавзеъ мекунад; монанди он чи дар замони Ҳугу Човез дар даврони авҷи иқтисодии Венезуэло шоҳиди он будем ва ҳамчунин он чи ҳукуматҳои салтанатӣ дар халиҷи Форс анҷом медиҳанд.

Аммо ба назар мерасад дар мавриди Эрон ин дидгоҳ дуруст нест. Ҳарис мегӯяд, ҳеч иртиботе байни дарёфти хадамоти рафоҳӣ ва мушорикат дар интихобот ё маҳбубияти аҳзоб, вуҷуд надорад. Ӯ гуфт: “Мардум дар фаъолиятҳои шаҳрӣ мушорикат мекунанд. Байни чигунагии иртиботи мардум бо давлат ва наҳваи мушорикати онҳо тамоюзе вуҷуд надорад.”

Масъалаи ҷолиби таваҷҷӯҳи дигар, мизони мушорикати маданӣ дар муборизоти сиёсӣ аст. Ҳарис саҳнаҳоеро дар интихоботи шӯрои шаҳр дар Табрез тавсиф кард, ки номзадҳо кортҳои таблиғотӣ дар сатҳи шаҳр пахш мекарданд ва талош мекарданд ҳомиёни худро дар рӯзҳои қабл аз интихобот, ба анҷоми роҳпаймоии умумӣ ташвиқ кунанд. Ба гуфтаи Ҳарис, “ин достонҳоро хориҷ аз Эрон намешавад шунид. Талошҳои бузурге барои басиҷи мардум барои раъй додан вуҷуд дорад, ки бисёр ҳам рақобатӣ аст.”

Мутмаиннан муҳофизакорони мазҳабӣ ағлаб бар асоси қавонини сиёсатҳои интихоботӣ бозӣ намекунанд: Шӯрои нигаҳбон номзадҳои билқувваро таҳти баррасиҳои дақиқ қарор медиҳад, ва давлат бо мухолифон даст ба гиребон мешавад. Бо ин вуҷуд, Ҳарис гуфт, ки гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳоли барӯзрасонии паёмҳои худ ҳастанд; онҳо ба гунае бо фарҳанги мардум ва расонаҳои иҷтимоӣ иртибот барқарор мекунанд, ки то кунун чунин коре анҷом надодаанд. Вай афзуд: “Ин амр чизи баде нест. Ман фикр мекунам, баръакс, нишонае аз истиқрори рақобати сиёсӣ дар Эрон аст.”

Ҳарис тавзеҳ дод, барои ин ки муҳофизакорон барои вогузории қудрат эҳсоси роҳатӣ кунанд, бояд мутмаин шаванд, ки дар сиёсати Эрон, ҷойгоҳи боаҳаммияте барои аҳзоби шикастхӯрда вуҷуд дорад. Ва “дар Эроне, ки як низоми демукротик дорад, ҷиноҳи рост ба якбора нопадид намешавад. Агар битавонад интиқоли қудрат ба гунае танзим шавад, ки дар он чашмпӯшӣ аз қудрат осон бошад, гоми муҳимме ба ҳисоб меояд.”

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: