Поёни ДОЪИШ ба чӣ маъност?

Таҳлиле аз Стефен Волт (Stephen M. Walt) дар Foreign Policy

Агар бо сар буридан ва хушунат барои пешбурди аҳдофи динӣ ва сиёсӣ мухолифед, пас ҳатман шикасти ДОЪИШ хабари хубе бароятон будааст. Аммо бояд аз истифодаи зудҳангом аз иборати “поёни маъмурият” худдорӣ кунем ва муроқиби натиҷаҳо ва паёмадҳои ногувор бошем.

Дар инҷо дар қолаби панҷ суол, ба арзёбии маънои шикасти ДОЪИШ мепардозем:

1) Оё ДОЪИШ як “давлати инқилобӣ” буд?

Дар соли 2015 мақолае дар бораи шабоҳатҳои ДОЪИШ бо дигар ҷунбишҳои инқилобӣ навиштам (монанди болшевикҳо, хмерҳои сурх ва ғайра). Ва аз он вақойеи таърихӣ дарсҳо ва натоиҷи нисбатан возеҳе гирифтам. Ҳар як аз ин ҷунбишҳои ифротӣ дорои чашмандозе мутмаин ва устувор барои тағйири ҷомеа буданд ва бовар доштанд, ки нерӯҳои таърих (ё машиати илоҳӣ) бо онҳост ва муваффақияташонро тазмин мекунад. Ҳамаи онҳо барои расидан ба аҳдофашон, аз хушунати шадид истифода мекарданд ва дар илҳом бахшидан ба мардуми сарзаминҳои дур истеъдод доштанд. Бо ин ҳол навиштам, ки ДОЪИШ он қадр, ки ҳама тасаввур мекунанд, хатарнок нест, зеро аксари ҷунбишҳои инқилобӣ на тавонистанд намуна ва улгуи худро зиёд кунанд ва на тавонистанд муддати зиёде зинда бимонанд, магар он ки муваффақ шуда бошанд контроли як кишвари қудратмандро дар даст бигиранд. Хушбахтона, бо ин ки ДОЪИШ аз аксари гурӯҳҳои теруристӣ пулдортар буд, аммо боз ҳам як давлати бисёр заъиф буд.

2) Чаро ДОЪИШ шикаст хӯрд?

Ба далоили бисёре. Шикасти ДОЪИШ аз пеш таъйин шуда буд ва набояд моро мутааҷҷиб кунад. ДОЪИШ алорағми рафтори тарснок ва дастрасӣ ба даромади ночизи нафтӣ, бисёр заъифтар аз болшевикҳои Русия буд. Дар воқеъ ДОЪИШ ба далели халаи қудрате, ки аз ҳамлаи Омрико ба Ироқ эҷод шуда буд истифода кард ва бисёре аз биёбонҳои холии Ироқ ва дар пайи он Сурияро таҳти контрол гирифт. Замоне, ки ДОЪИШ дар Риққа ва манотиқи атроф мустақар шуд, идеулужӣ ва нафратпароканияш мушкилотеро дар манотиқи атроф эҷод кард. Аммо заъф ва нотавонии зотӣ қобилияти интишори густардаи паёмашро маҳдуд кард. Гоҳе вақтҳо ҷунбишҳои инқилобӣ пирӯз мешаванд, зеро аз омили “ғофилгирӣ” истифода мекунанд; ҳамон коре, ки ДОЪИШ дар ибтидои зуҳураш кард. Аммо замоне, ки кишварҳои қудратманд аз хатари ҳузурашон огоҳ мешаванд ва ба муқобила бо он мепардозанд, густариш ва идомаи фаъолиятҳо барояшон душвортар мешавад. ДОЪИШ ҳам аз ин қоида мустасно нест.

Ба илова, идеулужии ифротии ДОЪИШ ва иқдомоти ваҳшиёнааш (сар буридан, бардагии ҷинсӣ ва ғайра) тақрибан ҳамаро аз атрофаш пароканда мекунад. ДОЪИШ мусалмононеро, ки бо нигаришҳои ифротиаш мувофиқ набошанд муртад медонад, ки ин ҳам далели дигаре барои фосила гирифтани мусалмонон аз он аст. Муттаҳид кардани Омрико, Русия, Ироқ, давлати Башшор Асад дар Сурия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Иттиҳодия Урупо, Ӯрдун, курдҳо ва дигар кишварҳо ва гурӯҳҳо барои мубориза дар як ҷабҳа кори душворе аст. Аммо назарияпардозони фавқулъодаи ДОЪИШ муваффақ ба анҷоми ин кори тақрибан ғайримумкин шуданд. Ва замоне, ки ин корро карданд, хилофати золимонаи худро бохтанд.

Дар ниҳоят иттиҳоди зидди ДОЪИШ муваффақ шуд, ва яке аз далоили муваффақият ин буд, ки Омрико ба муборизони маҳаллӣ иҷоза дод ҳидоят ва раҳбарии набардҳоро дар даст бигиранд ва саъй накард худ ба танҳоӣ ДОЪИШ-ро нобуд кунад. Нерӯи ҳавоии Омрико нақши муҳимме дошт, ҳамчунин мушовира ва омӯзишҳои воҳидҳои омрикоӣ низ бисёр муфид буданд. Аммо нерӯҳои маҳаллӣ буданд, ки сарсахтона ҷангиданд, зеро нобудии ДОЪИШ дар зиндагии онҳо таъсири мустақимтар ва наздиктаре дошт. Истифодаи оқилона аз қудрати Омрико сабаб шуд, ки ДОЪИШ натавонад муборизотро як “ҳамлаи хориҷӣ ба Ислом” биномад, ба хусус, ки аксари қурбониёни набард мусалмон буданд.

3) Оё иттиҳод алайҳи ДОЪИШ як иттифоқи нодир дар сиёсати хориҷаи Омрикост?

Қатъан ҳамин тавр аст. Аммо интиқодҳое ҳам вуҷуд дорад. Ҳамон тавр, ки ҳама медонанд, ман аз раванди ахири сиёсати хориҷа дар Омрико интиқодҳои шадиде кардам, аз ҷумла тамоюли Омрико барои ширкат дар ҷангҳое, ки қодир ба пирӯзӣ дар онҳо нест. Аммо бояд қабул кард, ки иттиҳод алайҳи ДОЪИШ як муваффақияти низомии бузург аст.

Ҳамзамон, омрикоиҳо набояд хеле ба худ мағрур шаванд. Беҳтар аст фаромӯш накунем, ки агар давлати Буш дар соли 2003 ба Ироқ ҳамла накарда буд, ДОЪИШ ба вуҷуд намеомад. Омрико дар кӯмак ба шикасти ДОЪИШ сирфан мушкилеро ҳал кард, ки худ нохоста онро эҷод карда буд.

Шароит барои шикаст додани ДОЪИШ муҳайё буд. Ҳамон тавр, ки дар боло гуфтам, ДОЪИШ ба унвони гурӯҳи фоқиди манобеъ, қудрати низомии мунсаҷим ё муттаҳидони тавоно, ҳарифи чандон қадаре маҳсуб намешуд. Иқдомоташ эътилоферо эҷод кард, ки ҳамагӣ эътиқод доштанд ДОЪИШ бояд нобуд шавад. Эътилофи зидди ДОЪИШ ҳам ҳадафи низомии сареҳ ва равшане дошт: пас гирифтани контроли сарзаминҳо аз дасти ДОЪИШ, ҳазфи ҳар теъдоди мумкин аз тарафдоронаш, хунсо кардани иддаояш мабнӣ бар ироаи “Исломи воқеъӣ” ва ҷилавгирӣ аз имкони намунабардориҳои дигар гурӯҳҳо дар оянда.

Бояд муроқиб буд, ки ин муваффақияти хосс ба намунае барои даргириҳои оянда табдил нашавад. Шароите, ки сабаби шикасти ДОЪИШ шуд, дар кишварҳое монанди Афғонистон, Яман ё Либӣ вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел аст, ки талошҳои мутаъаддиди Омрико дар ин кишварҳо шикаст хӯрдааст.

Ба илова, шикасти ДОЪИШ аз мушкилоти ҷадиде рӯнамоӣ мекунад. Аз ҷумла сарнавишти курдҳо, хостаҳои давлати Асад, нақши Эрон ва Туркия ва эҳтимоли зуҳури гурӯҳҳои теруристии ҷадид. Шикасти ДОЪИШ як пирӯзии возеҳ аст, аммо аҳаммияти он набояд бузургнамоӣ шавад.

4) Оё Дунолд Тромп сазовори дарёфти андаке эътибор дар ин пирӯзӣ аст?

Бале, аммо хеле камтар аз он чи иддао мекунад. Тромп борҳо дар муборизоти интихоботӣ аз сиёсатҳои Убомо дар қиболи ДОЪИШ интиқод кард ва қавл дод дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, ДОЪИШ “хеле хеле зуд” нобуд шавад. Аммо суқути Мавсил ва Риққа ва нобудии қарибулвуқӯъи ДОЪИШ хилофашро ба ӯ собит кард, зеро эътилофе, ки ДОЪИШ-ро шикаст дод, тавассути давлати Убомо тарроҳӣ ва эҷод шуда буд ва Тромп ҳам тағйири чандоне дар он эҷод накард. Ӯ ба фармондеҳони низомӣ қудрати бештаре барои амалкард дод, аммо тағйири қобили таваҷҷӯҳе дар мизони манобеъ ва нерӯҳо ё беҳбуди истротежии Убомо накард. Бояд барои идомаи рӯйкарди қаблӣ ба ӯ офарин гуфт. Шояд Тромп каме суръати амалиётро боло бурда бошад, аммо агар фарди боинсофе бошад, ки нест, бояд аз истротежии Убомо тақдир кунад.

5) Оё суқути Риққа нуқтаи атфи бузурге дар мубориза алайҳи ифротгароӣ аст?

Барои назар додан дар ин бора ҳанӯз хеле зуд аст. Дар ибтидои зуҳури ДОЪИШ, аслитарин нигаронӣ тавоноии ин гурӯҳ дар эҷоди тафриқаи шадид буд, ки бо истифода аз манобеъаш идеулужии ифротиро густариш диҳад ва мардуми кишварҳои дигарро ба ҳамалоти теруристии гурӯҳӣ ё “гурги танҳо” ташвиқ кунад. Агар ДОЪИШ ҳамчунон боқӣ мемонд, муваффақиятҳояш машрӯъияти ҷадиде маҳсуб мешуд, ки маҷмӯае аз ормонҳо ва фикрҳои ҷадид ва хатарнокро ба вуҷуд меовард. Албатта мумкин буд ДОЪИШ дар масири дигар ҷунбишҳои инқилобӣ ҳаракат кунад ва бо гузари замон рафтор ва дидгоҳҳояшро мӯътадилтар кунад.

Ҳаргиз ҷавоби ин суолро нахоҳем донист. Шикасти ДОЪИШ ҳисси иштиёқе, ки бархе афродро ба парчами хунинаш ҷазб мекард, аз байн мебарад ва сабаб мешавад аз равишҳои хушунатомези ДОЪИШ ва Алқоъида интиқод кунанд. Ҳаддиақал дар кӯтоҳмуддат тарҳрезӣ ва иҷрои ҳамалот дар кишварҳои дигарро душвортар мекунад.

Албатта ҳеч кас тасаввур намекунад, ки нобудии ДОЪИШ хатарро комилан аз байн мебарад. Ҳамон тавр, ки Ню-йорк Тоймз чанд рӯз пеш навишт, “ин гурӯҳ то шикаст фосилаи зиёде дорад”. Мушкили аслии Ховари Миёна набудани муассисоти сиёсии муассир аст, ки даргири ихтилофоти мукаррар ва гоҳ хушунатомез тавассути қудратҳои мухталифи хориҷӣ ҳастанд. Ин мушкил дар Миср, Либӣ, Ироқ, Сурия, Яман, Сумолӣ, Афғонистон ва бахше аз манотиқи ҷанубии саҳрои Офриқо низ вуҷуд дорад. Шароити сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам хашми мардумро алайҳи ҳукком ва қудратҳои хориҷии муттаҳид бо онҳо, бармеангезад. Дар бархе маворид ин хашм мардумро ба узвият дар ҷунбишҳои ифротӣ мекашонад. То замоне, ки муассисоти муассиртаре дар минтақа ҳузур надошта бошанд, хатари ифротгароӣ аз байн намеравад. Сохти созмонҳо ва ниҳодҳои маҳаллии машрӯъ корест, ки Омрико ё дигар кишварҳои бегона анҷом диҳанд. Хориҷиҳо метавонанд дар сохти чорчӯби усулӣ кӯмак кунанд, аммо фақат мардуми ин кишварҳо ҳастанд, ки метавонанд ин корро анҷом диҳанд.

Дар охир, шикасти ДОЪИШ пирӯзии бузурге аст, аммо ба мо намегӯяд оё хатарро дуруст арзёбӣ кардаем ё бояд дар қиболи масъалаи теруризми ҷаҳонӣ рӯйкарди густардатаре иттихоз кунем?! Беш аз ду даҳа аст, ки вокуниши аввалияи Омрико ба ин мавзӯъ ба садо даровардани занги хатар ва посухгӯӣ бо ҷанг будааст. Ин рӯйкард на танҳо сабаби даргириҳои бепоёни Омрико дар бисёре манотиқ буда, балки сиёсатҳои моро масмум карда ва моро аз таваҷҷӯҳ ба хатарҳои ҷиддитар боздоштааст.

Аз шикасти ДОЪИШ хеле хушҳолам. Аммо ҳанӯз ҳам Омрико ва дигар кишварҳо бояд ба фикри равишҳое барои муборизоти оянда бошанд.

Foreign Policy

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: