Мирзо Улуғбек

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Мирзо Улуғбек

Мирзо Муҳаммад Ториқ ибни Шоҳрух, ё Мирзо Муҳаммад Тароғой ибни Шоҳрух машҳур ба номи Мирзо Улуғбек (1393-1449) фарзанди Шоҳрух ва наваи Темур, аз подшоҳони темурӣ буд. Ӯ подшоҳе ситорашинос, риёзидон ва аҳли илму адаб буд. Ӯ аз аҷоиби таърихи башар аст, ки дар айни ин ки подшоҳ буда, китобаш ба номи “Зиҷи Улуғбек” дақиқтарин тақвими исломӣ аст.

Улуғбек дар 22 марти 1394 мелодӣ дар Султония дар Озарбойҷон ба дунё омад. Модараш Гавҳаршод аз шоҳзодагони туркзабон буд, ки биноҳое чун “Масҷиди Гавҳаршод”-ро дар Машҳад дар канори қабри мутаҳҳари Имом Ризо сохт ва падараш Шоҳрух, дар таҳкими ҳукумати темурӣ ва рушди ҳунар дар он даврон ва шакл гирифтани мактаби Ҳирот бисёр муассир буд.

Шоҳрух дар замони подшоҳӣ, ҳукумати Самарқандро ба Улуғбек дод. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкиратуш-шуаро”-и худ менависад: “Фузало ва ҳукамо муттафиқанд, ки ба рӯзгори ислом, балки аз аҳди Зулқарнайн то ин дам, подшоҳе ба ҳикмат ва илми Мирзо Улуғбек бар мустақарри салтанат қарор наёфта.” (с.354-356)

Улуғбек дар Самарқанд расадхонаи азим ва муҷаҳҳазе ба номи “Расадхонаи Улуғбек”-ро барпо кард ва ҳамроҳ бо донишмандони бузурги он замон монанди Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ машғули расад ва таҳқиқоти илмӣ шуд ва бо ҳамкории онҳо зиҷеро, ки шомили дақиқтарин ҷадвалҳои ситорашинохтии он аср буд падид овард, ки ба “Зиҷи султонӣ” ҳам маъруф аст. Мадрасае низ барои омӯзиши улум ва фунун таъсис кард ва беҳтарин устодонро дар онҷо ба кори тадрис гуморд. Ёддоштҳо ва номаҳое, ки Кошонӣ барои падараш дар Кошон мефиристод, аз сатҳи болои фаҳму дониши Улуғбек ҳикоят мекунад. (Ғуломризо Мухторӣ, Фарҳанги риёзиёти поя)

Ӯ дар Самарқанд бо бародаронаш — Бойсунқур дар Ҳирот ва Иброҳим дар Шероз, ки ҷумлагӣ ҳунарманд буданд — дар бораи шеъри форсӣ мукотиба мекард. Ӯ ашъори Низомии Ганҷавиро бар ашъори Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки Бойсунқур меписандид, тарҷеҳ медод. (Донишномаи ҷаҳони ислом, с.196) Улуғбек аз кӯдакӣ ба омӯхтани хушнависӣ пардохт, аммо ҳамчун бародаронаш дар ин ҳунар номовар нашуд.

Улуғбек, пас аз ду соли даргирӣ бо писараш Абдуллатиф, оқибат дар 27 октябри соли 1449 мелодӣ ба дасти писараш кушта шуд. (Донишномаи ҷаҳони ислом, зайли унвони Темуриён)

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: