Сабабҳои гароиш ба материализм (1)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Материализм

Мавзӯи баҳс, сабабҳои гароиш ба моддигарӣ (материализм) аст. Аввал бояд моддигарӣ (материализм)-ро, ки мавзӯи баҳси имрӯзи мост, аз назари истилоҳи роиҷи кунунӣ таъриф кунем ва ҳудуди онро баён намоем, сипас вориди баҳс шавем.

Вожаи “материализм” истеъмолоти мухталифе дорад, ки ҳамаи онҳо — акнун, ки дар бораи иллатҳои гароиш ба материализм баҳс мекунем — наметавонад мавзӯи баҳси мо бошад. Масалан, гоҳе материализм мегӯянд ва мурод “мактаби асолати модда” аст, аммо ба ин маънӣ, ки модда як амри асил ва як амри воқеӣ дар ҷаҳони ҳастӣ аст, на як амри фарзӣ ва зеҳнӣ ва намоишӣ ва сохтаи зеҳн; дар муқобили идеализм, ки мункири воқеияти модда аст ва онро махлуқи зеҳни башар медонад. Агар материализмро ба ин маънӣ бигирем, бояд ҳамаи илоҳиюнро — чӣ мусалмон ва чӣ ғайримусалмон — материалист бихонем; зеро инҳо ҳама моддаро, ки воқеиятест дар бистари замону макон ва ҳақиқатест мутағайир ва мутаҳаввил ва мутакомил ва маҳсусу малмус, амре айнӣ ва моварои зеҳнӣ ва дорои асар медонанд. Моддӣ будан ва материалист будан ба ин маънӣ, бо масъалаи Худо ва тавҳид мунофоте надорад, балки олами модда ва табиат ба унвони як воҳиди “кор” ва як воҳиди “маснуъ”, беҳтарин васила барои шиносоии Худованд аст. Иродаи ҳакимонаи Худованд дар ҷараёни ҳамин таҳаввулоти моддӣ кашф мешавад. Қуръони Карим падидаҳои моддиро ба унвони “оятҳои (нишонаҳои) илоҳӣ” ёд мекунад.

Ва гоҳе ин калима истеъмол мешавад ва мурод аз он, инкори мавҷуди моварои модда аст яъне мактаби инҳисор; мактабе, ки ҳастӣ ва низоми вуҷудро дар инҳисори модда медонад ва ҳастиро дар чаҳорчӯби он чӣ дар тағйиру табдил аст ва дар бистари замону макон воқеъ аст маҳдуд ва маҳсур мекунад ва он чиро, ки аз чаҳордевории тағйиру табдил ва эҳсосу ламси башар берун аст, мункир аст ва маъдум ва нест мепиндорад.

Акнун баҳси мо перомуни иллатҳои гароиш ба ин мактаб, яъне мактаби инҳисор аст, ки чӣ тавр шуд гурӯҳе аз башар тарафдори инҳисор гаштанд ва ба мактаби нафй гароиданд ва дар садади инкори Худо баромада, берун аз ҷаҳони моддаро нест пиндоштанд.

* * *

Оё инсон фитратан илоҳӣ аст ё моддӣ?

Тарҳи ин баҳс ба ин кайфият, ки иллатҳои гароишҳои моддӣ чист, табъан намудори ин аст, ки мо муддаӣ ҳастем инсон табиатан намебоист гароиши моддӣ пайдо кунад, (балки) моддигарӣ як ҷараёни мухолифи табиат ва фитрати инсон аст, ва чун бар хилофи асл аст, бояд ба ҷустуҷӯи иллати он пардохт ва аз сабабе, ки онро бар хилофи аслу қоида ба вуҷуд оварда ковиш намуд. Ва ба иборати соддатар, эътиқод ба Худо ҳукми саломатро дорад ва гароиши моддӣ ҳукми бемориро. Ҳеч гоҳ аз сирри саломат набояд пурсид, зеро саломат бар тибқи масир ва ҷараёни табиии низоми хилқат аст. Аммо агар дидем фарде ё ҷамъияте беморанд, онҷо бояд пурсид: чаро ин афрод бемор шуданд? Чӣ мӯҷиботе сабаби бемории онҳо шудааст?

Ин назари мо, дуруст бар хилофи он аст, ки дар китобҳои “таърихи адён” маъмулан изҳори назар мекунанд. Нависандагони он китобҳо ғолибан ба дунболи ин мегарданд, ки чаро башар гароиши динӣ пайдо кард? Аз назари мо, гароиши динӣ ниёзе ба пурсиш надорад. Он, кашиши фитрат аст, балки бояд ковиш кард, ки чаро башар гароиш ба бединӣ пайдо кард? Феълан намехоҳем ин баҳсро дунбол кунем, ки оё динӣ будан як амри табиӣ аст ва бединӣ амре ғайритабиӣ ва ё баръакс аст? Зеро аз назари мавзӯи баҳси аслӣ, зарурате намебинем.

Албатта ин матлабро бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки мақсуд ин нест, ки чун гароиши тавҳидӣ як гароиши фитрӣ ва табиист, он гоҳ, ки дар сатҳи таъаққулоти илмӣ ва фалсафӣ тарҳ мешавад, ҳеч гуна суоле ба вуҷуд намеоварад. Хайр. Мақсуд ин нест. Ин масъала монанди ҳар масъалаи дигар ҳарчанд мавриди таъйиди як ғаризаи фитрӣ бошад, он гоҳ, ки дар сатҳи таъаққул тарҳ мешавад, табъан суолот ва ишколот ва шакку шубаҳоте барои мубтадӣ ба вуҷуд меоварад ва роҳи ҳаллҳои лаззатбахше ҳам дар ҳамон сатҳ дорад. Аз ин рӯ, мо намехоҳем шакку шубаҳоте, ки воқеан барои афроде пеш меояд, нодида бигирем ва ё онҳоро ношӣ аз хубси тинат ва суихулқи онҳо бидонем. Хайр. Чунин нест. Пайдоиши шакку шубаҳот дар ин замина он гоҳ, ки башар мехоҳад ҳамаи масоили марбут ба ин мавзӯъро ҳал кунад, як амри табиӣ ва оддӣ аст ва ҳамин шаккҳост, ки муҳаррики башар ба сӯи таҳқиқи бештар аст. Ва аз ин рӯ, мо ин навъ шаккҳоро, ки мунҷар ба таҳқиқи бештар мешавад, муқаддас мешуморем, зеро муқаддимаи вусул ба яқин ва имон ва итминон аст. Шак он гоҳ бад аст, ки ба сурати васвос дарояд ва одамиро ба худ саргарм кунад, он чунон, ки мебинем баъзе афрод аз ин ки метавонанд дар масоил тардид кунанд, лаззат мебаранд ва охирин манзили сайри фикрии худро, тардид ва дудилӣ медонанд. Ин ҳолат, ҳолати бисёр хатарнокест, бар хилофи ҳолати аввал, ки муқаддимаи камол аст. Аз ин рӯ ба такрор гуфтаем, ки: “шакк, гузаргоҳи хуб ва лозиме аст, аммо таваққуфгоҳ ва сарманзили баде.”

Баҳси мо акнун дар бораи афрод ё гурӯҳҳоест, ки шакро таваққуфгоҳ ва охирин манзили хеш сохтанд. Ба ақидаи мо, материализм ҳарчанд худро як мактаби ҷазмӣ муаррифӣ мекунад, вале ҷузъи макотиби шак аст. Мантиқи Қуръон низ дар бораи инҳо ҳамин аст. Қуръон мегӯяд: “Ҳаддиаксар ин аст, ки дучори бархе шакку гумонҳо ҳастанд, вале дар амал, онро ба сурати ҷазм ва илм ва яқин дармеоваранд.”

* * *

Собиқаи таърихӣ

Ин тарзи тафаккур чизи тоза ва ҷадиде нест. Набояд пиндошт, ки пайдоиши ин тарзи тафаккур аз натоиҷи таҳаввулоти илмӣ ва санъатии ҷадид аст ва дар яке ду қарни ахир барои аввалин бор ба вуҷуд омадааст, монанди бисёре аз назариёти илмӣ, ки дар давронҳои қабл набуд ва сипас башар бар онҳо даст ёфт. На, мусалламан гароиши моддии башар падидаи махсуси қарнҳои ахир нест, балки аз ҷумлаи афкори бисёр қадимӣ аст. Дар таърихи фалсафа мехонем, ки бисёре аз фалосифаи Юнони бостон, қабл аз даврони Суқрот ва наҳзати фалсафии ӯ, моддӣ буда ва моварои моддаро инкор мекарданд.

Дар миёни мардуми ҷоҳилияти муқорини замони беъсат низ гурӯҳе чунин фикре доштанд ва Қуръон дар мақоми мубориза бо онҳо баромада, суханашонро нақл ва интиқод мекунад:

وَقَالُوا مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا يُهْلِكُنَا إِلَّا الدَّهْرُ

Ва гуфтанд: ғайр аз зиндагонии дунёи мо, чизи дигаре нест; мемирем ва зинда мешавем ва моро ҷуз “даҳр” (рӯзгор) ҳалок намекунад…” (Сураи Ҷосия, ояти 24)

Ин ҷумла, ки Қуръон аз мардуме нақл мекунад, ҳам инкори Худоро дарбар дорад ва ҳам инкори маодро.

* * *

Материализм дар давраи исломӣ

Калимаи “даҳр” яъне рӯзгор. Ба муносибати ҳамин оят ва ҳамин калима, ки дар ин оят омадааст, дар давраи исломӣ афродеро, ки мункири Худо буданд, “даҳрӣ” мегуфтанд. Дар давраи исломӣ ба афроде бархӯрд мекунем, ки даҳрӣ ва моддӣ будаанд, хусусан дар даврони Аббосиён, ки фарҳангҳо ва равишҳои мухталифи фалсафӣ вориди ҷаҳони ислом шуд. Ба воситаи озодии фикрӣ, ки дар он давра барои афкори илмӣ ва фалсафӣ ва динӣ вуҷуд дошт, расман иддае ба унвони моддимаслак ва мункири Худо шинохта мешуданд. Ин идда бо мусалмонон ва соири пайравони адён ва мӯътақидон ба Худо, мубоҳиса ва муҷодила мекарданд ва далоили худро бозгӯ менамуданд ва ба далоили аҳли тавҳид эрод мегирифтанд ва билохира мегуфтанд ва мешуниданд ва озодона ақоиди худро иброз медоштанд. Таърихчаи инҳо дар матни китобҳои исломӣ сабт шудааст.

Афроде дар замони Имом Содиқ (а) дар масҷиди пайғамбар (с) ҷаласа мекарданд ва аз ин навъ суханон мегуфтанд. Китоби “Тавҳиди Муфаззал” зоидаи яке аз ин ҷараёнҳост.

Яке аз асҳоби Имом Содиқ (а) ба номи Муфаззал ибни Умар мегӯяд: дар масҷиди пайғамбар намоз хондам ва сипас дар андеша фурӯ рафтам ва дар бораи пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва азамати он ҳазрат фикр мекардам. Дар ҳамон ҳол Абдулкарим ибни Абилавҷоъ — ки ба истилоҳи он вақт зиндиқ будааст — омад ва ба фосилаи дуртаре нишаст. Сипас яке дигар аз ҳаммаслакони вай омад. Ду нафар шурӯъ карданд ба куфр гуфтан, яъне Худоро инкор карданд ва пайғамбарро фақат ба унвони як мутафаккир ва нобиғаи бузург — на ба унвони фиристодаи Худо ва мабъус аз ҷониби ӯ ва ба унвони касе, ки аз мабдаи ғайбӣ ваҳй талаққӣ мекардааст — ёд карданд. Мегуфтанд, ӯ нобиғае буд, ки афкорашро ба сурати ваҳй арза дошт, то битавонад дар мардум нуфуз кунад, вагарна на Худое ҳаст ва на ваҳйе ва на қиёмате.

Муфаззал аз шунидани суханони онҳо сахт нороҳат шуд ва ба онҳо носазо гуфт. Сипас ба маҳзари Имом Содиқ (а) омад ва ҷараёнро ба арз расонид. Ҳазрат ӯро дилдорӣ дод ва фармуд: ман туро муҷаҳҳаз мекунам ба суханоне, ки битавонӣ бо онон мувоҷеҳ шавӣ ва суханонашонро ҷавоб гӯӣ. Сипас Имом Содиқ (а) дар чанд ҷаласаи тӯлонӣ таълимоте ба Муфаззал дод, Муфаззал навишт ва ба ин тартиб китоби “Тавҳиди Муфаззал” ба вуҷуд омад.

* * *

Материализм дар қуруни ҷадид

Чунонки медонем, дар қарнҳои 18-ум ва 19-ум, материализм ба сурати як мактаб даромад, ва ҳол он ки дар гузашта инчунин набудааст ва он чӣ ба баъзе макотиби Юнони қадим нисбат медиҳанд, асоси дурусте надорад. Маъмулан, таърихи фалсафанависҳо худашон фалсафа намедонанд ва чун баъзе калимот аз бархе фалосифа дар мавриди қадими замонӣ будани модда ва ё чизе аз ин қабил мебинанд, хаёл мекунанд, ки лозимаи ин фикр, инкори Худо ва моварои табиат аст. Аз назари мо собит нест, ки қабл аз қуруни ҷадид мактабе моддӣ вуҷуд доштааст, балки қаблан фақат гароишҳои фардӣ ба сӯи моддигарӣ дар Юнон ва ғайри Юнон вуҷуд доштааст. Ва ҳамин аст, ки барои бисёре ин эҳтимолро ба вуҷуд овардааст, ки шояд пайдоиши материализм ба сурати як мактаб, робитаи мустақим бо илм ва пешрафтҳои илмӣ дорад.

Худи материалистҳо албатта бисёр мекӯшанд, ки матлабро ба ҳамин сурат ҷилва диҳанд ва дигаронро ба ин матлаб мутақоъид намоянд, ки иллати ривоҷи материализм дар қуруни 18 ва 19, тулӯи назариёти илмӣ буда ва тавсиъаи илм, башарро ба ин сӯ кашондааст. Ин матлаб ба шӯхӣ наздиктар аст то ба як ҳақиқати ҷиддӣ.

Гароиши моддӣ аз давронҳои бостон, ҳам дар табақоти донишманд буда ва ҳам дар табақоти ҷоҳил. Дар давраи ҷадид низ ҳамин тавр, дар тамоми табақот афроде моддӣ пайдо мешаванд, ҳамчунон ки дар тамоми табақот ва қишрҳо — хусусан дар табақаи донишманд — гароишҳои илоҳӣ ва маънавӣ ва мовароуттабиӣ вуҷуд дорад. Агар матлаб ба ин минвол буд, ки материалистҳо мегӯянд, бояд ба ҳамон нисбат, ки илм пешравӣ кардааст ва донишмандони бузург дар ҷаҳон пайдо шудаанд, гароишҳои моддӣ дар типи донишманд бештар бошад ва афрод ҳар чӣ донишмандтар бошанд, моддитар бошанд, ва ҳол ин ки воқеият хилофи онро нишон медиҳад.

Имрӯз мо аз як тараф афроде маъруф ва машҳурро мебинем монанди Росел, ки то ҳудуди зиёде худро материалист нишон медиҳанд. Вай мегӯяд:

Башар мавлуди омилҳоест, ки дар эҷоди ӯ тадбире ба кор нарафта ва ғояте дар назар гирифта нашудааст. Асли башар, нумӯ ва ҳатто авотифи ӯ чун орзу, тарс, ишқ ва ақида, чизе ҷуз мазҳари талфиқи тасодуфии атомҳои мухталиф нест…” (Ба нақл аз китоби “Исботи вуҷуди Худо”, с.99)

Росел ба ин тартиб вуҷуди нерӯи шуъуркунанда ва мудаббири ҳоким бар ҷаҳонро инкор мекунад, ҳарчанд гоҳе дар баъзе гуфтаҳои худ, худро шаккок ва “лоадрӣ” қаламдод мекунад. (Ирфон ва мантиқ)

Аз тарафи дигар, Эйнштейн, нобиғаи илмии қарни 20-умро мебинем, ки дуруст дар ҷиҳати хилофи назари Росел назар медиҳад ва мегӯяд:

Дар олами маҷҳул, нерӯи оқил ва қодире вуҷуд дорад, ки ҷаҳон гувоҳи вуҷуди ӯст.” (Ба нақл аз китоби “Исботи вуҷуди Худо”, с.76)

Оё метавон гуфт Росел бо мафоҳими илмии имрӯз ошност, аммо Эйнштейн ошно нест?! Ё фалон файласуфи қарни 18-ум ё 19-ум бо мафоҳими илмии замони хеш ошно буда, аммо Постур (Louis Pasteur)-и Худошинос, ошно набуда ва ҷоҳил будааст?! Ё метавонем бигӯем, Вилём Ҷеймз, марди муваҳҳид, балки орифи асри хеш, ё Бергсун ва Алексис Корл ва амсоли инҳо бо мафоҳими илмии замони худ ошно набудаанд ва бо миқёси ҳазор сол қабл фикр мекардаанд, аммо фалон ҷавон, ки якдаҳуми онҳо маълумот надорад ва ба Худо мӯътақид нест, бо мафоҳими илмии замони худ ошност?!

Гоҳе дида мешавад, ду нафар риёзидон яке мӯътақид ба Худо ва дин аст ва дигаре моддӣ аст. Ё ду нафар физикдон, ду нафар зистшинос, ду нафар ситорашинос яке моддӣ фикр мекунад ва дигаре илоҳӣ. Пас, масъала ба ин соддагӣ нест, ки бигӯем илм омадааст ва масоили моварои табиатро мансух кардааст. Ин як сухани кӯдакона аст.

* * *

Баҳсе, ки бештар бояд рӯи он такя кард ин аст, ки чӣ чиз мӯҷиб гашт дар Урупо материализм ба сурати як мактаб зуҳур кард ва гаравандагони бисёре пайдо кард, ҳарчанд қарни 20-ум бар хилофи қарнҳои 18-ум ва 19-ум аз пешравии материализм кост, балки дар ин қарн навъе шикаст насиби материализм шуд. Ин гароишҳои дастаҷамъӣ, як силсила иллатҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.

Мо дар мутолеоти худ ба иллатҳое бархӯрдаем ва ҳамонҳоро дар инҷо зикр мекунем. Шояд афроде, ки мутолеоти бештаре дар заминаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар таърихи Урупо доранд, иллатҳо ва сабабҳои дигареро бишносанд. Мо дар инҷо маҳсули мутолеоти худамонро зикр мекунем.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: