Шарҳи Маснавӣ (223)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (7)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 1

* * *

Гуфт пайғамбар, ки нафҳатҳои Ҳақ

Андар ин айём меорад сабақ.

Паёмбар (с) фармуд: нафҳаҳои Ҳақ Таъоло дар ин айём бештар шуда ва пуштопушти ҳам меояд. Яъне дар тамоми вақтҳо ва дар ҳамаи соатҳои шабонарӯз нафаҳоти илоҳӣ дармерасад ва бар дигар насимҳо ва нафҳаҳо пешӣ мегирад.

Нафҳа: бӯи хуш, мурод иноятҳо ва раҳматҳо ва дами мубораки худовандӣ аст.

Нукта: Мавлоно худ “нафаҳот”-ро ин гуна тафсир мекунад: “Назди муҳаққиқон ин нафаҳот, анфоси бародарони динӣ аст, ки сабқ ёфтаанд бар бародарони дигар, анфоси эшон ва назарҳои эшон ва омезгорӣ бо эшон, нафаҳот ва мавоҳиб ва атоё ва хилъати Ҳақ аст, ғанимат доштанӣ аст ва ғайри онро саҳл доштан айни онро ғанимат доштан аст.” (Мактуботи Мавлоно, с.7)

Матлаби дигар он ки: ҳадиси мазкурро Имом Табаронӣ дар “Алмуъҷамул-авсат” аз Муҳаммад ибни Муслима ривоят кардааст. Тамоми ҳадис ба ин сурат аст:

إِنَّ لِرَبِّكُمْ عَزَّ وَجَلَّ فِي أَيَّامِ دَهْرِكُمْ نَفَحَاتٍ، فَتَعَرَّضُوا لَهَا، لَعَلَّ أَحَدَكُمْ أَنْ تُصِيبَهُ مِنْهَا نَفْحَةٌ لا يَشْقَى بَعْدَهَا أَبَدًا

Ҳамоно парвардигори шумо дар айёми рӯзгори шумо нафаҳоте дорад, пас, худро дар маърази онҳо қарор бидиҳед (яъне онҳоро дарёбед); шояд нафҳае аз он нафаҳот ба яке аз шумо бирасад, ки дар ин сурат, ҳаргиз баъд аз он рӯи бадтахтиро нахоҳад дид.” (Алмуъҷамул-авсат, ҳадиси 2940)

Аллома Суютӣ ин ҳадисро заъиф дониста ва ҳамчунин Албонӣ, ҳадиспажӯҳи муосир низ онро заъиф шумурдааст. Имом Ғаззолӣ дар “Эҳё”, Тирмизӣ дар “Наводир”, Ибни Абиддунё ва Ибни Ҳаҷар низ ҳадиси мазкурро нақл кардаанд.

Ба ҳар сурат, маъно ва мазмуни ин ҳадисро метавон дар аҳодиси дигар низ ёфт.

Гӯшу ҳуш доред ин авқотро,

Даррубоед инчунин нафҳотро.

Эй касоне, ки нафаҳоти илоҳиро толиб ҳастед! Ин авқотро, ки нафҳаи Ҳақ ба шумо мерасад, бо гӯши ҳуш муғтанам шумуред ва инчунин нафаҳоти латиф ва шарифро даррубоед. Яъне омодаи дарёфт ва истифода аз он бошед ва талабаш кунед! (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.778)

Нукта: Аз чанд байти пешин ва ин байт ва низ чанд байти баъдӣ, чунин маълум мешавад, ки мазоҳири вилоят ва ҳидоят ҳаргиз ва дар ҳеч даврае қатъ намешавад ва миёни мардони Ҳақ ва авлиё ҳеч тафовуте нест. Ҳадиси набавӣ, ки фармуд, файзи Ҳақ мудом мерасад ва ҳаргиз аз ҳам намегсалад, ин маъноро таъкид кардааст. Ва усулан ваҷҳи иртиботи ин байт бо абёти пешин, баёни ҳамин матлаб будааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.606)

Нафҳа омад, мар шуморо диду рафт,

Ҳар киро мехост, ҷон бахшиду рафт.

Дар ҳар рӯз аз рӯзгорон нафаҳоти илоҳӣ бар шумо ворид мешавад ва шуморо мебинад ва меравад, ва ҳар киро бихоҳад ҷон мебахшад ва меравад.

Нукта: Манзур ин аст, ки дар ҳар даврае комилон ва авлиё ва нафаҳоти калимоти тайибаи онон бардавом мерасанд ва ҳаргиз ин нафҳаҳо ва калимоти пок қатъ намешавад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.133) Пас, файзи илоҳӣ ҳамвора дармерасад.

Нафҳаи дигар расид, огоҳ бош!

То аз ин ҳам вонамонӣ, хоҷатош!

Нафҳаҳои ҷоннавози Ҳақ Таъоло тамомшуданӣ нест, балки нафҳаи дигаре дармерасад. Огоҳ бош, ки ин якеро дарёбӣ эй хоҷатош! Яъне эй бандаи Худо! Мувозиби файзи илоҳӣ бош!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: