“Касоне чун Холдоров муҷозот шаванд, ки миллатро таҳқир кардааст, на Абдумалик Саломов, ки як пизишки қалб аст”

Ба гузориши хабаргузории Sputnik (тоҷикӣ), дуктур Абдулло Давлатов дар вокуниш ба боздошти Абдумалик Саломов, коршиноси маъруфи ҷарроҳии қалб дар Хуҷанд, мегӯяд, як тавҳинкунанда ба миллат чун Шокир Холдоров бояд боздошту зиндонӣ шавад, на пизишке, ки садҳо касро аз марг наҷот додааст.

Дуктур Абдулло Давлатов дар вокуниш ба боздошти Абдумалик Саломов дар паёме, ки дар сафҳааш дар Фейсбук мунташир кардааст, мегӯяд, ки ӯро хуб мешиносад ва ҳаргиз бовар намекунад, ки пизишки чирадасте чун ӯ бо салафиҳо иртибот дошта бошад.

Бар пояи ин гузориш, Абдумалик Саломов як моҳ пеш аз ин дар Хуҷанд ба иттиҳоми иртибот бо салафиҳо боздошт шуда буд. Гуфта шуда, ки вай ҳамвора дар “маҳфили палав”, ки салафиҳо баргузор мекардаанд, ширкат мекардааст.

Абдулло Давлатов мегӯяд, Абдумалик Саломовро хуб мешиносад ва дар ҷаласаи дифоъ аз рисолаи номзади улумаш дар Маскав ширкат кардаву ӯро пизишке «вориси Сино» шинохтааст.

Ӯ хотирнишон кардааст: “Вақте, ки вай аз рисолаи номзадиаш бисёр хуб дифоъ кард, академику профессорҳои рус болотарин баҳоро барояш сазовор донистанд ва пешниҳодаш доданд, ки дар Русия монаду ба кору пажӯҳиш машғул шавад. Аммо Саломов мегуфт, Тоҷикистон бар мегардам ва ба Ватанам хидмат мекунам.”

Ба гуфтаи ӯ, дуктур Абдумалик Саломов пас аз ҳимоя чанд сол дар Маскав кор кардаву сипас ба Тоҷикистон бар гаштааст.

Давлатов мегӯяд: “Вақте ки гуфт Тоҷикистон меравам, ҳушдораш додам, ки дар Тоҷикистон эҳтиёт кунад то гирифтори макру дасисаи ҳасудон нашавад ва ҳамин тавр ҳам шуд.”

Вай мегӯяд, Абдумалик Саломовро хуб мешиносад ва замоне, ки дар Русия иқомат дошт, рафту омаду гапу гуфт доштанд, аммо ҳаргиз дар миёнашон дар мавзуъҳои диниву мазҳабӣ баҳсе сар назадааст.

Давлатов афзудааст: “Мо дар мавзӯъҳои ҳирфаии пизишкӣ соатҳо гуфтугӯ мекардем. Лекин ҳаргиз гуфтугӯямон ба баҳси динӣ накашидааст. Ман бар ин боварам, ки ҳар касе, ки чун Абдумалик воқеан коршиноси хуб бошад, медонад, ки ҳар соҳае мутахассиси худро дорад ва соҳаи дин бисёр нозук аст.”

Ӯ мегӯяд, ки ба кадом далел мамнӯъ будани бархе аз равияҳои ислом дар Тоҷикистонро дарк карда наметавонад. Ба фикри вай, ҳар равия бояд озод бошад ва танҳо ҷинояткорон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Давлатов хотирнишон кардааст: “Бояд ин нуктаро ёдоварӣ кунам, ки ҳеҷ намефаҳмам, чаро салафия, ваҳҳобия ё дигар равияву шохаҳои ислом, ки бо мазҳаби ҳанафӣ тафовут доранд, бояд ҳатман маҳкум шаванд. Чаро дар дигар кишварҳо ҳамҷинсгароёну масеҳиёну атеистҳову буддоиҳо — ҳама иҷозат дорад, ки ҳизбу ҳаракати худро ташкил кунад, аммо дар Тоҷикистон надоранд? Ман инро намефаҳмам. Шояд ин масъаларо наомӯхта бошам ва даркаш накунам.”

Давлатов бар ин назар аст, ки набояд касеро ба далели пайрави равияе будан маҳкум кард ва бояд пеш аз ҳама қонуни кишварро риоя намуд. Вай мӯътақид аст, ки касоне чун Шокир Холдоров бояд муҷозот шаванд, ки миллатро таҳқир кардааст, на Абдумалик Саломов, ки пизишки қалбҳост.

Ӯ афзудааст: “Агар ман мебудам, ҳама равияҳоро иҷоза медодам, ки фаъолият кунанд, вале қонуни давлатро ҳурмату риоя кунанд. Ҳар касе, ки қонуни давлатро риоя намекунад, ӯро бояд маҳкум кард. Ба монанди ҳайвоне, ки дар масҷид ҳақорат кард, ӯро бояд бигиранду зиндон баранду ба маҳкама кашанд, на ҷарроҳеро, ки даҳҳо ҳамватани моро дар Тоҷикистон аз марг наҷот додааст.”

Дуктур Абдулло Давлатов Абдумалик Саломовро инсони нармхӯву хушгап мехонад ва мегӯяд ҳеч нишоне аз ифротгароиро дар рафтору гуфтораш надидааст.

Вай боздошти ин пизишкро падидае нигаронкунанда ва гувоҳ бар вуҷуди бухлу ҳасад дар сохторҳои кишварӣ медонад, ки коршиносони ҳирфаиро ба коми худ мекашад.

Бар пояи гузориши Sputnik, Абдумалик Саломов 41 сол дорад ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай аз соли 2015 дар Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд кор мекард.

Фаъолияти ҷараёни “Салафия” дар Тоҷикистон ба ҳукми Додгоҳи олии ҶТ дар соли 2009 мамнӯъ шуда буд. Соли 2014 ин ҷараён расман ифротгаро эълон шуд.

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: