Номаи хоҳари Шарофуддин Гадоев ба мақомоти туркӣ

Ба гузориши сойти Ахбор (Салимпур), Ҳафизамо Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик дар номае ба раҳбарони аввали Туркия, аз ҷумла ба президент Раҷаб Эрдуғон шикоят кардааст, ки масъули консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул шиносномаи ӯро мусодира кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Ҳафизамо Гадоева, хоҳари 34-солаи Шарофиддин Гадоев дар номааш ба раҳбарони аввали Туркия – раисиҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон, вазири дохила Сулаймон Совлу, вазири хориҷа Мавлуд Човушуғлу ва фармондеҳи ситоди артиши Туркия Хулусӣ Акар навиштааст, ки аз давлати Туркия дар қаламрави ин кишвар аз таъқибот ва таҳдид ба озодиаш, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон эҳсос мекунад, ҳимоят ва пуштибонӣ мехоҳад.

Ҳафизамо Гадоева навиштааст, ки баъди ба мухолифин пайвастани бародараш Шарофиддин Гадоев зиндагии онҳо дар зодгоҳашон – ноҳияи Фархори Тоҷикистон ба далели таъқиботи пайваста тоқатфарсо шуд. Шавҳаронашон ба ин таъқибот тоб наоварда, аз Ҳафизамо Гадоева ва ҳамин тавр аз се хоҳари ӯ ҷудо шуданд. Бародаронаш ҳама тарки Тоҷикистон карданд ва ӯ ҳам рӯзи 4 апрел бо ду кӯдакаш ба Туркия омад. Гадоева менависад, ду кӯдаки дигарашро оварда натавонист ва инак 7 моҳ боз фарзандонашро надидааст.

Ба навиштаи Ҳафизамо Гадоева, рӯзи 10 июл ӯро ба консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул даъват карданд ва бо баҳонаи тафтиши аснодаш шиносномаи ӯро аз дасташ гирифтанд: «Худи ҳамон рӯз консули Тоҷикистон дар Истамбул Мирзобиддин Сафаров аз ман талаб кард, то ба ӯ бигӯям, ки кӣ ба ман дар роҳи фирор аз Тоҷикистон кумак кардааст. Ӯ талаб мекард, ки ман бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргардам. Дар сурати ғайр, таҳдид кард ӯ ба ман, вай бо истифода аз «робитаҳои хубаш бо мақомоти интизомии Туркия ва робитаҳояш бо давлати Туркия” истирдоди ман аз Туркия ба Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард ва дар онҷо маро алакай парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми тӯлонии зиндон интизор аст.”

Ҳафизамо Гадоева дар ин байн чандин бор барои гирифтани шиносномааш ба консулгарӣ муроҷиат кардааст, вале бефоида. Бори охир, рӯзи 26 октябр, ба навиштаи Гадоева, консул боз аз вай талаб кардааст, ки ихтиёран ба Тоҷикистон баргардад ва худро ба мақомот бисупорад.

Бар пояи ин гузориш, Консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул ҳанӯз иддаоҳои омада дар номаи Ҳафизамо Гадоева ба раҳбарони аввали Туркияро шарҳ надодааст.

Шарофиддин Гадоев, аз шарикони соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов буд, ки дар соли 2012 ҳарду тарки Тоҷикистон карда, «Гурӯҳи 24” – як созмони мухолифи ҳукумати кунуниро таъсис доданд. Мақомоти Тоҷикистон ба дунбол ҳардуро ба аз худ кардани 6 миллион сомонӣ пули ширкати «Фароз”, ки ҳоло ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, айбдор карданд ва дар соли 2014 «Гурӯҳи 24”-ро ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ ворид карданд.

Умаралӣ Қувватов соли 2015 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Шарофиддин Гадоев ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Моҳи феврали соли равон мақомоти ноҳияи Фархор аз хешовандони Гадоев талаб карданд, ки дӯконҳои худро дар бозори ин ноҳия бисупоранд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: