Сабабҳои гароиш ба материализм (2)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Нақши калисо дар гароишҳои моддӣ

Калисо, чӣ аз назари мафоҳими норасое, ки дар илоҳиёт арза дошт ва чӣ аз назари рафтори ғайриинсониаш бо тӯдаи мардум, хусусан табақаи донишмандон ва озодфикрон, аз иллатҳои умдаи гароиши ҷаҳони масеҳӣ — ва ба таври ғайримустақим ҷаҳони ғайримасеҳӣ — ба моддигарӣ аст.

Мо ин омилро дар ду бахш баррасӣ мекунем:

1) Норасоии мафоҳими калисоӣ дар мавриди Худо ва мовароуттабиа;

2) Хушунатҳои калисо.

Аммо бахши аввал:

Дар қуруни вусто, ки масъалаи Худо ба дасти кашишҳо афтод, як силсила мафоҳими кӯдакона ва норасо дар бораи Худо ба вуҷуд омад, ки ба ҳеч ваҷҳ бо ҳақиқат вифқ намедод ва табъан афроди боҳуш ва равшанфикрро на танҳо қонеъ намекард, балки мутанаффир месохт ва бар зидди мактаби илоҳӣ бармеангехт.

* * *

Тасвири инсонии Худо

Калисо ба Худо тасвири инсонӣ дод ва Худоро дар қолаби башарӣ ба афрод муаррифӣ намуд. Афрод таҳти таъсири нуфузи мазҳабии калисо, аз кӯдакӣ Худоро бо ҳамин қолабҳои инсонӣ ва моддӣ талаққӣ карданд ва пас аз рушди илмӣ, дарёфтанд, ки ин матлаб бо меъёрҳои илмӣ ва воқеӣ ва ақли саҳеҳ созгор нест. Ва аз тарафи дигар, тӯдаи мардум табъан ин миқдор қудрати наққодӣ надоранд, ки фикр кунанд мумкин аст масоили марбут ба моварои табиат мафоҳими маъқуле дошта бошад ва калисо иштибоҳ карда бошад. Чун диданд мафоҳими калисоӣ бо миқёсҳои илмӣ татбиқ намекунад, матлабро аз асос инкор карданд.

Китобе ҳаст ба номи “Исботи вуҷуди Худо”, ки маҷмӯаест аз 40 мақола аз 40 нафар аз донишмандони мутахассис дар риштаҳои гуногун, ки ҳар кадом аз роҳи мутолеоти тахассусии худ, барои исботи Худо истидлол кардаанд. Ин китоб ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Аз ҷумла, яке аз он донишмандон ба номи Волтер Ускор Ландбург (Walter Oscar Landborg) баҳсе илмӣ дар бораи Худошиносӣ мекунад ва дар зимни баҳс, таҳқиқе дорад дар ин замина, ки чаро иддае, ҳатто аз донишмандон, гароиши моддӣ пайдо кардаанд. Вай ду иллат зикр мекунад, ки як иллаташ ҳамин аст, ки мо зикр кардем. Яъне норасоии мафоҳиме, ки ба ин ному унвон дар хона ё дар калисо ба афрод ёд медодаанд.

Ин ки фақат номи калисоро мебарем, ба ин маънӣ нест, ки дар манобир ва масоҷиди мо ҳамеша афроди мутталеъ ва босалоҳият мафоҳими диниро таълим медиҳанд ва медонанд чӣ таълим диҳанд ва бо умқи таълимоти исломӣ ошно ҳастанд. Ин ки фақат номи калисоро мебарем, яке бад-он ҷиҳат аст, ки баҳс дар иллатҳои гароишҳои моддӣ аст ва ин гароишҳо дар муҳитҳои масеҳӣ буда, на дар муҳитҳои исломӣ — дар муҳитҳои исломӣ ҳар чӣ пайдо шуда нусха ва тақлиде буда ва ҳаст аз Урупо – ва дигар ин ки дар муҳити исломӣ дар сатҳи фалосифа ва ҳукамои илоҳӣ мактабе вуҷуд доштааст, ки посухгӯи аҳли таҳқиқ буда ва монеъ буда, ки кори донишмандон бад-онҷо бикашад, ки дар Урупо кашида шуд, вале дар муҳитҳои калисоӣ чунин мактабе вуҷуд надоштааст.

Ба ҳар ҳол, оқои Волтер Ускор Ландбург чунин мегӯяд:

Ин ки таваҷҷӯҳи баъзе донишмандон дар мутолеоти илмӣ, мутаваҷҷеҳи дарки вуҷуди Худо намешавад, иллатҳои мутаъаддиде дорад, ки аз он ҷумла ду иллатро зикр мекунем: нахуст он ки ғолибан шароити сиёсии истибдодӣ ё кайфияти иҷтимоӣ ва ё ташкилоти мамлакатӣ, инкори вуҷуди сонеъро эҷоб мекунад. Дуввум он ки фикри инсонӣ ҳамеша таҳти таъсири баъзе авҳом (пиндорҳо) қарор дорад ва бо он ки шахс ҳеч азоби руҳӣ ва ҷисмӣ ҳам надошта бошад, боз фикри ӯ дар интихоб ва ихтиёри роҳи дуруст комилан озод нест. Дар хонаводаҳои масеҳӣ ағлаби атфол дар аввалҳои умр ба вуҷуди Худое шабеҳи инсон имон меоваранд; мисли ин ки башар ба шакли Худо офарида шудааст. Ин афрод ҳангоме, ки вориди муҳити илмӣ мешаванд ва ба фаро гирифтан ва тамрини масоили илмӣ иштиғол меварзанд, ин мафҳуми инсонгуна ва заъиф аз Худо наметавонад бо далоили мантиқӣ ва мафоҳими илмӣ ҷур дарбиёяд ва натиҷатан баъд аз муддате, ки умеди ҳар гуна созиш аз байн меравад, мафҳуми Худо низ ба куллӣ матрук ва аз саҳнаи фикр хориҷ мешавад. Иллати муҳимми ин кор он аст, ки далоили мантиқӣ ва таърифоти илмӣ, виҷдониёт ё мӯътақадоти пешини ин афродро иваз намекунад ва эҳсоси ин, ки дар имон ба Худо қаблан иштибоҳ шуда ва ҳамчунин омилҳои дигари равонӣ боис мешаванд, ки шахс аз норасоии ин мафҳум бимнок шавад ва аз Худошиносӣ эъроз ва инсироф ҳосил кунад.” (Исботи вуҷуди Худо, с.51)

Хулосаи сухан: чизе, ки дар бархе таълимоти динӣ ва мазҳабӣ мушоҳида мешавад ва мутаассифона каму беш дар миёни худи мо ҳам ҳаст ин аст, ки дар айёми кӯдакӣ мафҳуме бо мушаххасоти хоссе бо ному унвони Худо ба хӯрди кӯдак медиҳанд. Кӯдак вақте бузург мешавад ва донишманд мегардад, мебинад чунин чизе маъқул нест ва наметавонад мавҷуд бошад, то Худо бошад ё ғайри Худо. Кӯдак пас аз он ки бузург шуд, бидуни ин ки фикр кунад ё интиқод кунад, ки мумкин аст мафҳуми саҳеҳе барои он тасаввур кард, яксара улуҳиятро инкор мекунад. Ӯ хаёл мекунад Худоеро, ки инкор мекунад, ҳамон аст, ки Худошиносон қабул доранд. Пас, чун ин сохташудаи зеҳни худро — ки авҳоми омиёна барояш сохтаанд — қабул надорад, Худоро қабул надорад, дигар фикр намекунад Худой ба он мафҳумро, ки ӯ инкор мекунад, Худошиносон низ инкор доранд ва инкори ӯ инкори Худо нест, балки инкори ҳамон аст, ки бояд инкор кард. Фломорюн (Flammarion) дар китоби “Худо дар табиат” мегӯяд: “Калисо ба ин шакл Худоро муаррифӣ кард, ки: чашми росташ то чашми чапаш шаш ҳазор фарсах фосила дорад”. Бадеҳист афроде, ки аз дониш баҳрае дошта бошанд – ҳарчанд бисёр мухтасар — ба чунин мавҷуде наметавонанд мӯътақид шаванд.

* * *

Худо аз айнаки Огуст Кант

Фломорюн аз Огуст Кант, ки поягузори “позитивизм” аст матлабе нақл мекунад, ки дурнамои хубест барои нишон додани ин ки тасвире, ки донишмандоне монанди Огуст Кант дар муҳити калисоии он рӯз аз Худо доштаанд, чӣ гуна тасвире будааст. Фломорюн мегӯяд, Огуст Кант гуфтааст: “Илм падари табиат ва коинотро аз шуғли худ мунфасил (ҷудо кард) ва ӯро ба маҳалли инзиво савқ дод ва дар ҳоле, ки аз хадамоти муваққати ӯ изҳори қадрдонӣ кард, ӯро то сарҳадди азаматаш ҳидоят намуд.”

Мақсудаш ин аст, ки қаблан ҳар ҳодисае дар ҷаҳон пайдо мешуд, бо истинод ба Худо таълил мешуд. Масалан, касе таб мекард ва ин пурсиш ба вуҷуд меомад, ки чаро таб кардааст? Таб аз куҷо пайдо шуд? Ҷавоб ин буд, ки Худо табро оварда. Мафҳуми умумӣ аз ин ҷумла ин набуд, ки гардонандаи чархи коинот Худост ва ин ки мегӯем Худо табро овард яъне Худованд гардонандаи аслӣ ва куллии ҷаҳон аст, балки мафҳуми ин ҷумла ин буд, ки Худо монанди мавҷуди мармузе ва монанди ҷодугаре, ки ҷоду мекунад, якмартиба тасмим гирифт бидуни муқаддима таб биёфаринад ва офарид. Баъд, илм омад иллати онро кашф кард. Диданд, табро Худо наёвардааст, балки фалон навъ микроб мӯҷиби таб шудааст. Дар инҷо Худо як қадам ақибнишинӣ кард. Баъд, Худошинос маҷбур буд бигӯяд баҳсро ба микроб мунтақил мекунем. Микробро кӣ овард? Илм иллати микробро ҳам кашф кард, ки дар чӣ шароите микроб ба вуҷуд меояд. Боз дар инҷо Худо қадаме ақибтар рафт. Боз аз иллати он иллат баҳс мешуд. Ва ҳамчунин ақибнишинии Худо идома ёфт то он ҷо, ки билохира илм тавсиъа ёфт ва умумият пайдо кард ва иллати бисёре аз падидаҳо кашф шуд ва он падидаҳое ҳам, ки иллати онҳо маҷҳул монд, яқин ҳосил шуд, ки иллате аз навъи иллатҳои шинохташуда дорад. Инҷо буд, ки башар барои ҳамеша узри Худоро хост, зеро ҷое ва мақоме барояш боқӣ намонда буд. Ҳолати Худо дар ин вақт, ҳолати корманде аст дар як муассиса, ки шуғли муҳимме ба ӯ вогузор шуда ва он гоҳ афроди шоистатаре пайдо мешаванд ва тадриҷан корҳои ӯро аз ӯ мегиранд то ҷое, ки мақоми ӯ ва машоғили ӯ якҷо гирифта мешавад ва мақоме ва ҷое барояш боқӣ намемонад. Дар ин вақт мудири муассиса меояд ва зимни қадрдонӣ аз хадамоти гузаштаи ӯ барои ҳамеша узрашро мехоҳад; иблоғи хотимаи хидматро ба дасташ медиҳад ва барои ҳамеша мураххасаш менамояд.

Огуст Кант аз Худо ба “падари табиат” таъбир кардааст. Ин таъбир дар бораи Худо нишондиҳандаи тарзи тафаккури калисои ӯст. Кант бо таълимоти калисо мухолиф аст, аммо тафаккураш дар бораи Худо, тафаккури калисоӣ буда ва натавонистааст худро аз ин тарзи тафаккур озод кунад.

Маҷмӯи гуфтаи Огуст Кант нишон медиҳад, ки Худо дар назари ӯ яъне чизе монанди ҷузъе аз ҷаҳон ва омиле дар арзи соири омилҳои ҷаҳон, вале омиле маҷҳул ва мармуз. Аз тарафи дигар, падидаҳои ҷаҳон низ бар ду қисм аст: маълум ва маҷҳул. Ҳар падидаи маҷҳулеро бояд ба он омили мармуз ва маҷҳул нисбат дод. Табъан ҳар чӣ падидаҳо дар асари илм макшуф ва маълум мегарданд, аз ҳавзаи таъсири он омили маҷҳул коста мегардад.

Ин тарзи тафаккур, тафаккури танҳо ӯ набудааст; тафаккури муҳит ва асру замони ӯ будааст.

* * *

Мақоми худоӣ

Пас, умда ин аст, ки ба истилоҳ, мақоми улуҳиятро ташхис диҳем ва ҷо ва мақоми худоиро бишносем. Оё ҷои Худо дар ҳастӣ ва мақоми улуҳият дар олами вуҷуд ин аст, ки ӯро дар радифи яке аз мавҷудоти олам ва ҷузъе аз олам бидонем ва дар миёни корҳои ҷаҳон кореро ба ӯ ихтисос диҳем ва ба истилоҳ, тақсими кор ба амал оварем, он гоҳ дар ташхиси кори махсуси Худо, ки чист ва чӣ гуна аст, биравем бибинем дар миёни осор ва маълулот кадом асар аст, ки иллат ва сабаби он бар мо маҷҳул аст ва ҳар ҷо иллат ва сабаб маҷҳул буд, бигӯем ин яке дигар кори Худост?! Натиҷаи ин тарзи тафаккур ин аст, ки Худоро дар миёни маҷҳулоти худ ҷустуҷӯ кунем. Табъан, ҳар чӣ бар маълумоти мо афзуда мегардад ва аз маҷҳулоти мо коста мешавад, минтақаи Худошиносии мо маҳдудтар мегардад, то ҷое, ки агар фарз кунем ҷамиъи маҷҳулоти башар як рӯз ҳал шавад, дигар ҷое барои Худо ва Худошиносӣ боқӣ намемонад.

Тибқи ин тарзи тафаккур, танҳо бархе мавҷудоти ҷаҳон оят ва ҳикоят ва оинаи вуҷуди Худованд мебошанд, ва онҳо, ҳамон мавҷудоте ҳастанд, ки иллатҳои онҳо маҷҳул аст; аммо мавҷудоти шинохташуда аз назари асбобу иллатҳо, аз қаламрави оят (нишонӣ) ва муарриф будани зоти Парвардигор хориҷанд.

Субҳоналлоҳ! Чӣ қадр ин тарзи тафаккур ғалат аст ва ин чӣ қадр гумроҳӣ аст ва чӣ қадр ноошноӣ ба мақом ва ҷойгоҳи улуҳият аст! Дар инҷо бояд таъбири Қуръонро зикр кунем, ки мефармояд:

وَمَا قَدَرُواْ اللّهَ حَقَّ قَدْرِهِ

Худоро ончунон, ки шоиста аст, тасаввур накардаанд…” (Сураи Анъом, ояти 91)

Алифбои Худошиносӣ ин аст, ки ӯ Худои ҳамаи олам аст ва бо ҳамаи ашё нисбати баробар дорад. Ҳамаи ашё бидуни истисно мазҳари қудрат ва илм ва ҳикмат ва ирода ва машияти ӯянд ва оят ва ҳикояти камол ва ҷамол ва ҷалоли ӯ мебошанд. Фарқе миёни падидаҳои иллаташон маълум ва иллаташон маҷҳул дар ин ҷиҳат нест. Ҷаҳон бо ҳамаи низомот ва иллатҳо ва асбобаш якҷо қоим ба зоти ӯст. Ӯ бар замону макон тақаддум дорад. Замону замониёт ва макону макониёт, аъамм аз он ки поёндор бошанд ё бепоён, яъне аъамм аз он ки риштаи замон маҳдуд бошад ё аз азал то абад кашида шуда бошад, ва абъоди маконӣ ва фазоии ҷаҳон низ аъамм аз ин ки ба ҷое мунтаҳӣ шавад ё нашавад ва билохира доманаи мавҷудот, аъамм аз он ки дар замону макон бепоён бошад ё поёндор, мутааххир аз зот ва ҳастии ӯст ва файзе аз файзҳои ӯ ба шумор меравад.

Пас, ғояти ҷаҳолат аст, ки “калисоӣ” фикр кунем ва монанди Огуст Кант интизор дошта бошем, ки дар як гӯшаи олам зимни ҷустуҷӯ аз иллати як шайъи хосс, якмартиба вуҷуди Худоро дар он гӯша кашф кунем ва он гоҳ ҷашн бигирем ва шодмонӣ кунем, ки Худоро дар фалон ҷо пайдо кардем! Ва агар муваффақ нашудем ва пайдо накардем, бадбин шавем ва яксара вуҷуди Худовандро инкор намоем. Баръакс, танҳо дар ин сурат аст, ки бояд мункири Худо бишавем. Яъне он Худое, ки монанди яке аз аҷзои олам аст ва зимни ҷустуҷӯҳое, ки аз падидаҳо мешавад, ӯ ҳам монанди як падида кашф мешавад, ӯ қатъан Худо нест ва бояд мункираш шуд.

Агар ба забони соддатар бихоҳем бигӯем, бояд бигӯем, ки ин гуна ҷустуҷӯ аз Худо дар олам, шабеҳи ин аст, ки соатро ба касе нишон диҳем ва бигӯем ин соат созандае дорад. Ӯ бихоҳад соатсозро дар лобалои чархҳои соат ва аҷзои он биёбад ва пас аз он ки муддате дар лобалои чархҳо ҷустуҷӯ кард ва ғайр аз аҷзои соат чизе наёфт, бигӯяд, ман соатсозро наёфтам, пас ин далели ин аст, ки соатсозе вуҷуд надорад.

Ё мисли ин аст, ки либоси дӯхтаи зебоеро ба касе нишон бидиҳанд ва бигӯянд, ин либос дӯзанда ва хайёте дорад, ва ӯ бигӯяд ман агар хайётро дар ҷайбҳои он либос пайдо кардам, вуҷудашро қабул мекунам вагарна на.

Ин тарзи тафаккур аз назари таълимоти исломӣ сад дар сад ғалат аст. Худо аз назари маорифи исломӣ дар радифи иллатҳои табиӣ нест, ки мо бигӯем ин мавҷуди хориҷиро Худо дуруст карда ё фалон иллати табиӣ? Ин тардид (яъне, ё гуфтан) ғалат ва бемаъност. Миёни Худо ва иллатҳои табиӣ тардид ва “ё” мутахаллил намешавад то суолро бад-ин гуна матраҳ кунем. Ин наҳви тафаккур, тафаккури зидди худоӣ аст.

Худошиносӣ ба ин маънист, ки тамоми маҷмӯаи табиат аз аввал то ба охир, як воҳиди кор аст ва ҳама маҷмӯан кори Худост; на ин ки ҷузъе аз ин корро бигӯем оё Худо карда ё табиат, он гоҳ агар иллати онро хуб нашнохтем, бигӯем Худо карда. Ва агар иллати табиии онро шинохтем, бигӯем марбут ба табиат аст ва дигар рабте ба Худо надорад.

* * *

Давраҳои сегонаи Огуст Кант

Огуст Кант дар мавриди давраҳои зиндагии башар тақсиме дорад, ки бо камоли таассуф камубеш пазируфта шудааст, дар сурате, ки аз назари ошноён ба фалсафаи исломӣ, сухане комилан баччагона аст. Кант мегӯяд, башар се давраро гузарондааст:

1) Давраи раббонӣ. Дар он давра башар ҳаводисро бо қувваҳои мовароуттабиа тавҷеҳ мекард ва иллати ҳар чизро Худо ё Худоён медонист;

2) Давраи фалсафӣ, ки дар он давра башар ба асли иллият пай бурда буд, аммо ҳанӯз ба тафсил иллатҳои ашёро намедонист. Чун ба асли иллият пай бурда буд, дар бораи ҳар ҳодисае ҳукм мекард, ки иҷмолан иллате дар худи табиат дорад. Дар ин давра башар ба вуҷуди қувва дар табиат пай бурда буд ва сарбаста ҳукм мекард, ки дар табиат як силсила қувваҳо вуҷуд дорад, ки дар ҳаводис нақши аслиро бар ӯҳда дорад. Дар ин давра назар ба ин ки башар куллӣ ва фалсафӣ фикр мекард, ҷуз ин наметавонист изҳори назар кунад, ки фалон ҳодиса иллате дорад, аммо ин ки он иллат чист ва чӣ мушаххасоте дорад, посухе надошт;

3) Давраи илмӣ, ки дар ин давра башар ба тафсил иллатҳои ашёро дар табиат шинохтааст. Дар ин давра башар аз тафаккури куллӣ ва фалсафӣ рӯй гардонид ва равиши таҷрибӣ ва падидашиносиро пеша сохт ва падидаҳоро бо якдигар таълил кард. Барояш комилан равшан шуд, ки як робитаи занҷирӣ падидаҳоро ба якдигар марбут мекунад. Илми имрӯз ин равишро саҳеҳ медонад ва аз ин рӯ ин давраро “давраи илмӣ” мехонем.

Ин се давра, ки Огуст Кант баён кардааст, аз назари омма ва тӯдаи мардум мумкин аст саҳеҳ бошад, ба ин маънӣ, ки дар як давра мардум иллати як ҳодиса — масалан беморӣ — ро мавҷудоте номаръӣ аз қабили деву ҷин медонистанд, ҳамчунон ки алъон ҳам ҳатто дар миёни таҳсилкардаҳои урупоӣ чунин афрод ва табақоте вуҷуд доранд. Ва дар як давраи дигар, ба низомоти табиӣ пай бурда буданд ва иллати бемориро дар иллатҳое, ки бар бемор иҳота кардааст медонистанд ва иҷмолан медонистанд таъсироте аз ноҳияи табиат сабаби беморӣ шудааст, ҳамчунон ки ҳамаи касоне, ки тиб нахондаанд ва иттилооти тиббӣ надоранд, вале ба низомоти табиӣ имон доранд, табъан тасаввурашон ба ҳамин шакл аст. Ва дар давраи дигар, робитаи худи падидаҳоро аз роҳи таҷрибиёти илмӣ кашф кардаанд, ки ин ҳам тозагӣ надорад, ҳам дар қадим буда ҳам дар ҷадид, ва албатта дар давраи ҷадид, гароиши башар ба падидашиносӣ ва таълили падидаҳо ба якдигар бештар аст.

Вале тақсимбандии фикри башар ба ин наҳв ғалат аст. Агар бихоҳем давраҳои тафаккури башарро тақсимбандӣ кунем, бояд афкори мутафаккирони башарро — на тӯда ва оммаро — миқёси давраҳо қарор диҳем ва ба истилоҳ, ҷаҳонбинии афроди барҷастаи башарро дар назар бигирем. Дар инҷост, ки мебинем тақсимбандии Огуст Кант сар то по ғалат аст. Ҳаргиз андешаи башарӣ, ки мутафаккирони ҳар даврае намояндагони он ҳастанд, инчунин се давра тай накардааст.

Яке аз адвори тафаккур ва ё ҳалқаҳои тафаккур, давра ва ҳалқаи тафаккури исломӣ аст. Аз назари методи исломӣ, ҳамаи ин тафаккурот дар як шакли хосс бо ҳам имкони иҷтимоъ доранд. Яъне дар як тарзи тафаккури хосс — ки мо онро исломӣ меномем — ҳамаи он се навъи тафаккур бо якдигар қобили ҷамъ аст. Ба иборати дигар, як фард дар они воҳид метавонад тарзи тафаккуре дошта бошад, ки ҳам илоҳӣ бошад, ҳам фалсафӣ ва ҳам илмӣ. Аз назари як мутафаккири ошно ба тафаккури исломӣ, ин матлаб матраҳ нест, ки оё иллати ҳодиса он аст, ки илм нишон медиҳад ё он аст, ки фалсафа ба сурати қувва нишон медиҳад ё иллати ҳодиса он аст, ки ба номи Худо номида мешавад.

Пас, дар инҷо ба амсоли оқои Огуст Кант бояд ёдовар шуд, ки тарзи тафаккури чаҳоруме дар ҷаҳон буда, ки шумо аз он бехабаред.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: