Таназзул ё тараққӣ? (2)

Давлат, фарҳанг ва инкишоф

Нақде бар “Инқилоби Фаттоҳзода”

Ба қалами: Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик

Бахши дуввум

Масъалаи калидие, ки дар санъати “ҳукмронӣ кардан” бояд баррасӣ шавад, ин масъалаи иқтисод ва истеҳсол аст. Давлатмардон дар дунёи имрӯз дар рақобат дар бозори ҷаҳонӣ бояд технологияи иқтисод ва истеҳсоли муваффақ ва рақобатпазирро ташкил карда, истиқлоли худро ба исбот расонанд. Ин корест, ки давлатҳои шарқии осиёӣ бо номи “Палангҳои Осиё” чун Сингапур, Индонезиё, Молойзиё ва Тойлонд бо ташкили имкониятҳои нави иқтисодӣ ва фазои иҷтимоӣ-сиёсӣ тавонистанд ба субут бирасонанд ва ба давлатаҳои пешрафтаи дунё табдил биёбанд.

Ва яке аз унсурҳои калидӣ, ки дар муваффақ шудани ин давлатҳо ба кор рафта ин истифодаи дурусти арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои фарҳангии мардуми ин давлатҳост. Онҳо дар фурсати муносиб фаҳмиданд, ки пурра ба донишу таҷрибаи ғайр такя наметавон кард ва бевосита ба фарҳанги худ такя карда ҷомеаи худро сохтаанд. Ли Квон Ю аз ибтидои кори худ дар Сингапур мегуфт, ки равиши демокрусии ғарбӣ барои ҷомеаҳои Осиё муносиб нест ва таълимоти Конфутсий дар ин мамлакат дар ташкили низоми беҳтари иҷтимоӣ, назар ба назарияи “озодии фардии ғарбӣ”, метавонад нақши бориз дошта бошад.

Воқеан, дар минтақаи Осиё давлатҳое, ки ба доираи фарҳанги конфутсиёӣ таъаллуқ доранд, мисли Сингапур, Чин, Кореиёи Ҷанубӣ исбот карданд, ки инкишофи баланди иқтисодӣ сабаби будани ҷомеаи демукросист. Ҳамчунин давлатҳои мусалмони ин минтақа мисли Молойзиё ва Индонезиё аз арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои исломӣ дар роҳи рушди ҷомеаҳояшон истифода кардаанд. Собиқ сарвазири Молойзиё Маҳосир Муҳаммад эълом дошта буд, ки: “Ислом пайравони худро худкифо, мустақил ва пешрафта мехоҳад” ва аз арзишҳо, ормонҳо ва қоидаҳои исломӣ дар тарбияи соҳибкорон, мутахассисон ва умуман қишри миёнаи мамлакат ва нухбагон истифода карда мешавад. (Нигаред ба мақолаи кӯтоҳе аз Aihwa Ong, Graduated Sovereignty in South – East Asia, 2000).

Бо вуҷуди ин ки ҳазорон донишҷӯёни молойзиёӣ дар донишгоҳҳои Амрико, Аврупо ва Австролиё таҳсил мекунанд, арзишҳои исломии мардум барои онҳо бунёдианд. Қишри миёна ва нухбагон аз тарафи давлат пурра дастгирӣ меёбанд ва ин аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ муваффақанд.

Мутассифона, дар Тоҷикистон санъати “ҳукмронӣ кардан” сахт заъиф аст ва давлатмардон танҳо ба назорат кардан иктифо кардаанд ва чун ин назорат дар ҷои холист, яъне муҳимтарин чиз технологияи иқтисод ва истеҳсол ба роҳ монда нашудааст, боиси инкишофи фасод ва маризиҳои дигар дар ҷомеа гардидааст.

Санъати “ҳукмронӣ кардан” чунон, ки дар боло қайд кардем, аслан бояд масъалаҳои инкишофи иқтисодии кишварро баррасӣ мекард, ки он худ боиси баланд шудани сатҳи фарҳанг ва ҳаёти мардум мегардид. Дар мисоли “Палангҳои Осиё” дидан мумкин аст, ки инкишофи баланди иқтисодӣ ба будани ҷомеаи демукросӣ баробар аст. Дар ин раванд фазои солими фарҳангӣ муҳим аст, ки дар фарқият аз “Палангҳои Осиё”, давлатмардони мо фазои сиёсии фарҳангро сиёсӣ ва идеулужизада кардаанд. Мушкили Тоҷикон на дар набудани фазои илмӣ ва набудани фазои фарҳангӣ буд. Масалан, дар солҳои сиюми асри гузашта мутаффакирони аврупоӣ дар бӯҳрони фарогирӣ аврупоӣ, ки ба бӯҳрони ҳуввият, ташкили режимҳои тоталитарӣ ва ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оварда расонид, гурӯҳе (махсусан намояндагони Мактаби Франкфурт) ақлгароии ғарбӣ ва қисме (Швейтсер, Кассирер ва дигарон) фарҳанги бесуботро дар ғарб муқассир медонистанд. Фикри ман ин аст, ки мушкили аслии Тоҷикон ин буд, ки дар солҳои Шӯравӣ бо вуҷуди доштани давлати мустақилли Тоҷикон, фазои ягонаи моддӣ–иҷтимоӣ–равонӣ-сиёсии тоҷикӣ шакл нагирифта буд. Баъди поёни ҷанги шаҳрвандӣ, давлатмардон имкон ва зарфияти баҳои дуруст додан ба он чи аз сари онҳо гузашт надоштанд ва худро на дар муҳити давлати миллӣ-ҷаҳонӣ, балки дар муҳити фарҳангии музофотӣ нигаҳ доштанд. Албатта, ин фикр ва фарҳанги истеъморист, ки дар мардуми мо таъсиргузор аст ва моро аз сиёсат ва ҳукуматдорӣ дур кардааст.

Гузашта дар ин муҳити пасошӯравӣ, ки мо зист доштем ва дорем, ҳанӯз фарҳанги атеистӣ-марксистӣ дар вуҷуди зиёии Тоҷик қудратмандтар аз дигар арзишҳост, ки ба онҳо имкон намедиҳад ояндаи нави мардумро дидан тавонанд ва дар доираи китобҳои хондаи худ мондаанд. Бубинед, ки давлатмардон на ҷомеаро тавонистанд ҷамъ ва солим нигаҳ доранд ва на фарҳангро, ва натавонистанд аз қудрати созандаи ин ду истифода кунанд. Ин аст, ки имрӯз идеологҳои давлатӣ бо гунаҳгор кардани фарҳанги худӣ, аслан заифӣ, безарфиятӣ ва бесалоҳиятии худро рӯпӯш мекунанд.

Аслан Тоҷикон дар ин минтақа исбот намудаанд, ки мардуми фарҳангсолоранд ва ҳамаи таркибҳои дигар, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд, болои фарҳанг устувор мешаванд. Он чи Ҳаким Фирдавсӣ дар бораи дониш мегуфт, ки “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан” ё “Тавоно бувад ҳар ки доно бувад”, танҳо ба хотири шеърнависӣ набуд, балки ҳикоят аз ин мекунад, ки ин мардум аз технологияҳои инсонсозӣ, ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ огоҳ буданд. Ва ин ки Тоҷикон дар иморат (давлатсозӣ) ва тиҷорат дар минтақа ва атроф пешрав буданд, дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳам зикр шудааст. Мақсуд ин аст, ки ин мардум аз субъективияти худ огоҳӣ доштанд, ки ин арзишро Ҳегел садсолаҳои баъдтар (яъне худшиносиро) заминаи мустаҳками (Terra Firma) дунёи нав (Modernity) номида буд. Ин гуна худогоҳӣ бунёди воқеии фарҳангсолорӣ буд.

Мутмаиннам, ки имрӯз бештари сиёсатмардони Тоҷик ва устодони онҳо аз ин маънӣ ҳатто аз рӯи осори имрӯзи машҳури Мишел Фуко, Ҳабермас, Арендт, Агамбен, Чомски ва дигарон, ки осори онҳо бунёди фикрии сиёсати ҷаҳони имрӯзро ташкил медиҳанд, хабар надоранд. Машваратчиёни давлатӣ бештар дар бораи ҳосили картошка ва ҷашни Наврӯзу Меҳргон хабар доранд, вале мутассифона дар бораи унсурҳои калидӣ (мисли ҳақиқат, қудрат ва ғайра) дониши зарурӣ надоранд. Воқеияти мардум худ далели ин гуфтаҳост, вале боз агар касе дар ин шак дорад, онҳоро имтиҳон бояд кард. Ҳанӯз “ҷой”-ро аз “фазо” ва “мансаб”-ро аз қудрат фарқ намекунанд, чӣ гуна метавонанд дар ин ҷомеа дигаргунӣ оваранд.

Воқеан дар ин замина давлатмардон мебоист аз арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои исломии мардум ва инчунин аз дониш ва таҷрибаи онҳо дар солҳои Шӯравӣ барои мустаҳкам кардани сатҳи фарҳангии ҷомеа истифода мекарданд. Бояд дар таркиби технологияи субъектсозии Тоҷикӣ як ҳамоҳангиро ба вуҷуд меоварданд. Вале зери таъсири манфиатҳои сиёсии музофотӣ-маҳаллӣ ва сиёсати ҷаҳонии “бархӯрди тамаддунҳо” ва афсонаи “хавфи исломӣ”, ба ҷои шинохтани маризиҳову уқдаҳо ва шикастану буридану аз нав сохтан, давлатмардон ин бархӯрдро ба дунёи фарҳангии худ кашониданд. Дар натиҷа ин давлатмардон, ки мехоҳанд чизи набударо дар ҷомеа ихтироъ кунанд, эътироф кардан намехоҳанд, ки дар ҷомеа ба хусус дар сатҳи давлатдорӣ ва сиёсат, воқеан арзишҳои фарҳанги музофотӣ-маҳаллӣ-авлодӣ ҷойнишини арзишҳои миллӣ, ҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ гаштаанд.

Дар ин муҳити маҳдуди фарҳангӣ-сиёсӣ он чи дар тасмигириҳо калидист, ин нафси аз фарҳанги воло дурмондаи давлатмардон аст, ки воқеан ба тарбияту камол ниёз дорад. Тозакорӣ, ислоҳот ва танзим дар ҳамин фазо, ки мардум “боло”-яш номгузоштаанд бояд амалӣ шавад ва нуқтаи бунёдии ин ислоҳоту танзим худшиносӣ ва огоҳист. Мардуми дар боло ба мансаб расида як чизро дарк накардаанд, ки ҳанӯз ҳам ин ҷомеа, ки онҳо ба ҷомеаи иллюзияҳо ва намоишҳо табдил додаанд, ҳанӯз ҳам чун киштии Тайтаник дар раванди ба қаър рафтан аст ва ин раванди ба қаър рафтанро бо санъати ҳукмронии солим бояд нигоҳ медоштанд. Мутассифона ба ҷои ин кори савоб ба ғорати моликияти мардуми киштии ба қаър раванда машғуланд. Ҳоло ҳам, ки фурсат аст ин равандро бояд дарк кард ва ҷомеаро аз ба қаър рафтан наҷот дод…

Боз баргардем ба ихтироъи “инқилоби фарҳангӣ-маънавӣ” дар ҷомеа, ки як иллюзияи навбатии идеологист. Воқеан ихтироъ ва истеҳсол дар ҷомеа заруранд, вале ин ихтироъ бояд асолат дошта бошад, то тавонад ашё, падидаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳои хуб ва созандаро ба вуҷуд ва ба ҳаракат биёрад, то тавонад ҳаёти мардумро сифатан дигар кунад.

Дар ғарб ҳамеша ин нуктаро қайд мекунанд, ки тамаддуни имрӯзаи онҳо болои ду шоҳсутун аст: яке таммадуни яҳудӣ-масеҳӣ, ва дигаре тамаддуни юнонӣ–румӣ. Тамаддуни аслии тоҷикӣ дар таркиби худ аз арзишҳои ориёӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, русӣ ва ғайра бархӯрдор буд ва ҳаст, вале фарҳанги қуръонӣ алорағми ин, ки гурӯҳе дар ин сарзамин онро қабул надоранд, чанд садсола боз бунёди аслии фарҳанги ин мардум аст. Ислом барои ин мардум роҳи зиндагист ва дар он арзиши аслӣ дунявӣ будан ва ё динӣ будан нест, балки арзиши аслӣ тақводор яъне парҳезгор будан аст. Парҳезгор будан ва исроф накардан аз арзишҳои бунёдии Қуръонанд ва дар ин фарҳанг ҳам бунёдианд ва ҳанӯз ҳам дар хоҷагидорӣ ва умуман дар зиндагии бештари мардуми ин сарзамин даркоранд. Мутассифона, идеологҳои мо дар ин масъала, арзишҳои созандаро намебинанд ва аз рӯи китобҳои хондаи худ тамаддуни ғарбӣ ва ё чиниро мисол меоранд, ки “бубинед мардуми дигар тавонистанд зиндагии худро сохтан ва пеш рафтан, вале мо ҳанӯз дар ҷаҳлу хурофотем ва қафомондаем”.

Чи хеле, ки дар боло қайд кардаем, ин безарфиятӣ, беқобилиятӣ ва бесалоҳиятии худро болои дигарон партофтан аст, зеро намояндагони ҳизби ҳоким бо арзишҳои либералӣ-демократӣ ҳам дар ҷанганд ва инро дар ҳарфу амалӣ хеш исбот кардаанд, вале ин мавзуи баҳси дигар аст…

Бубинед, дар ин ҷомеа онҳое, ки исроф мекунанд, ҳалолро аз ҳаром намешиносанд, тарозуро нашинохтаанд ва парҳезгор нестанд, бештар онҳое ҳастанд, ки худ намояндагони мақомот ва ҳизби ҳокиманд. Ва ин ҳама арзишҳо, ки ёд шуданд, арзишҳои бунёдии исломианд ва дар ҳама гуна ҷомеа ба кор мераванд ва бунёди ҷомеаи солиманд. Қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон, ки мусалмонанд, аз ин арзишҳо бохабаранд ва аз ҳудудҳои муайянкардаи китоби илоҳӣ берун қадам намегузоштанд ва намегузоранд. Чун Қуръон бунёди шариат буд ва шариат ҳамчун номус (қонун) шинохта мешуд, он дар зиндагии шахсӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналхалқии мардум ҳарфи бунёдӣ ба ҳисоб меёфт. Ва чӣ гуна истифода шудани ин арзишҳо аз санъати “ҳукмронӣ кардан” вобаста аст. Ин арзишҳо, ки имрӯз ҳам дар ҳастии Тоҷикон амалкунандаанд, на камтар балки олитар аз арзишҳои динии Протестантианд, ки аз рӯи таҳқиқоти ҷомеашинос М. Вебер (1864-1920), дар таррақиёти ҷомеаи нави (Modern) сармоядории Ғарб нақши ҳалкунанда бозида буданд. Вебер бар риши Маркс хандида исбот мекунад, ки дин – маънавиётест, ки офаридаи манфиатҳои иқтисодӣ нест, вале ба ҷомеаи сармоядорӣ имкони буданро дод. Аслан, демократияи Тоҷикӣ агар метавонад бошад, болои ин арзишҳои фарҳангии Тоҷикон шакл хоҳад гирифт…

* * *

Бахши аввал

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: