Фалсафа ва равиши реализм (130)

Иллат ва маълул (12)

Матни мақола

Иллати моддӣ

Баёнеро, ки дар иллати фоъилӣ эрод кардем, дар муаррифии иллати моддӣ феълан кофист ва бештар аз онро аз лобалои мақолаи 10 бояд ҷустуҷӯ намуд. Танҳо дар инҷо ду нуктаи зерро набояд аз назар дур дошт:

а) Дар баҳсҳои мо миёни “модда” ва “иллати моддӣ” фарқ аст, ва он ин аст, ки мураккабе, ки аз “модда” ва “сурат” таркиб ёфта, ҷузъи моддии он нисбат ба ҷузъи дигари сурӣ “модда” аст, ки суратро мепазирад ва нисбат ба маҷмӯи мураккаб (модда ва сурат) “иллати моддӣ” аст, ки мураккаб дар вуҷудаш ниёзманди ӯст, вале дар сурати аввалӣ “сурат” ниёзманди “модда” нест, балки моддаи бесурат наметавонад вуҷуд дошта бошад;

б) Дар айни ҳол — чунонки машҳуд аст — ки мо гуфтугӯи фалсафии худро бо таслими асли мусаллами улуми моддӣ, ки “аҷсом мураккаб аз зарроти бисёр кучаке ба номи моддаи аҷсом мебошад” идома медиҳем, чун улуми моддӣ барои ин моддаи умумӣ феълиятҳое чанде исбот кардаанд, мо низ ночорем аз рӯи қонуни иллият ва маълулияти умумӣ — чунонки дар “иллати фоъилӣ” гуфтем — моддае баситтар аз ин моддаи мафруз, ки мо дар баҳсҳои худ ба ин модда номи “моддатул-маводд” ва “ҳаюло” медиҳем исбот намоем. (1)

* * *

Иллати сурӣ

Дар ҳақиқат, вай ҳамон феълияти шайъ аст, ки номи навъии худро ба воситаи ӯ бардошта монанди инсон, гӯсфанд, гунҷишк, дарахти бед, оксижен, ҳидружен ва…

Ва фарқ миёни “сурат” ва “иллати сурӣ” назири фарқ миёни “модда” ва “иллати моддӣ” мебошад чунонки гуфта шуд.

Ва пӯшида намонад, ки ихтилофоти ашё ва хоссиятҳо ва осори онҳо марҳуни суратҳои мухталифи онҳост ва мо чун то андозае дар атрофи ин баҳс дар мақолаи 5-ум ба гуфтугӯ пардохтаем, дигар аз такрор худдорӣ менамоем.

* * *

Иллати ғоӣ

Чунонки гуфта шуд, мо дар афъоли ихтиёрии худамон, ки маъмулан бо тафаккур ва тараввӣ барои рафъи эҳтиёҷоти вуҷудӣ анҷом медиҳем, ғоят ва ғараз дорем, ки бо вай нақси худро такмил менамоем: мехӯрем барои ин ки “серӣ”-ро ба ҷои “гуруснагӣ” бигузорем, мехобем барои ин ки биёсоем, роҳ меравем барои ин ки ба мақсад бирасем ва…

Вале оё (2) ҳамаи корҳои ихтиёрии мо ҳамин хоссаро доранд ё ин ки корҳои ихтиёрии бисёре дорем, ки аз роҳи газоф анҷом мегирад ва дар дунболаи онҳо ғояте ёфт намешавад монанд бозиҳо ва ҳаракоти беҳудаи кӯдакон ва монанди бозиҳое, ки аз рӯи одат бо сару сурату даст мекунем ва монанди нафасҳое, ки бе фикр мекашем ва ҷуз онҳо? Ва оё дар ғайри мавриди афъоли ихтиёрӣ, ин ҳама корҳои бешумор, ки дар ҷаҳони ҳастӣ ва дар гаҳвораи табиат анҷом мегирад дар ҳоле, ки камтарин шуъуре дар онҳо суроғ гирифта нашуда боз ҳам ғоят доранд? Ва оё Худои ҷаҳониён дар офариниши ҷаҳон ғоят дошта ва дорад? Посухи ин пурсишҳои сегона мусбат аст ва инак тавзеҳ медиҳем:

1) Дар мавриди корҳои беҳуда ва газоф, бо таъаммули каме метавон ба ғоят ва ормон пай бурд, зеро лузум надорад, ки ҳар ғоят, ғояти иҷтимоӣ ва бо фикри тафсилӣ, ки уқалои иҷтимоъ ба кор мебанданд буда бошад. Бачча ва кӯдак аз роҳи зиёдатии энержӣ, ҳаракати зиёд хоста ва аз шакли ҳаракат як илтизози хиёлӣ дорад, ва ин худ ғоятест. Ва ҳамчунин мо дар мавориди одийёти (корҳои оддии) худамон ба воситаи русухи сурати феъл дар “мутахайила” аз сурати ҳаракат ва кори махсус лаззат мебарем, ва ин худ ғоятест. Ва ҳамчунин дар амсоли нафас задан ва чашмак задан осоиши табиӣ меёбем, ва ин худ як ғоятӣ аст. Ва албатта кори ихтиёрӣ танҳо шуъур ва ирода лозим дорад, на фикри тафсилӣ чунонки мо бо ихтиёр сухан мегӯем дар ҳоле, ки нисбат ба чидани ҳарф паҳлӯи ҳарф дар калимот ва ҷумлаҳо эъмол фикр намекунем. Пас ҳамаи афъоли ихтиёрӣ ғоят доранд.

* * *

Таълиқот:

(1) Аз он чӣ қаблан баён шуд маълум шуд, ки “модда” дар истилоҳоти фалсафӣ ба он чизе гуфта мешавад, ки сурат ва феълиятеро бипазирад. Дар истилоҳоти урфӣ низ ба маънои мушобеҳ бо истилоҳи фалсафӣ ба кор бурда мешавад ва маъмулан инсон агар ба як амри маснуӣ ё табиӣ барбихӯрад, ки дорои фоида ва хоссияти муайян аст, фавран мепурсад, ки “модаи ин чиз чист?” яъне ин чиз аз чӣ сохта шуда ва ба ин сурат даромадааст? Масалан, инсон мепурсад, ки моддаи намаки таом ё моддаи дандон ё устухон чист? Ё он ки мепурсад, моддаи коғаз ё лостик ё нойлун чист? Дар ҳамаи ин суолот мақсуд ин аст, ки он чизҳо, ки устухон ё коғаз ё лостик аз онҳо сохта шуда ва ба иборати дигар, он чизҳое, ки дар шароити муайян ҳолат ва сурати устухонӣ ё коғазӣ пайдо карда чист?

Дар посухи ин гуна суолоти урфӣ, инсон маъмулан ба зикри ҳамон умуре, ки аз таркиби онҳо ҷисми мавриди суол сохта шуда қаноат мекунад, масалан мегӯяд, “намаки таом аз ду унсур яке ба номи “клур” ва яке ба номи “судиюм” сохта шуда”, ва ё мегӯяд, “устухон аз як ҷузъи оҳакӣ ва як ҷузъи дигар ба номи усиъин сохта шуда”, ва тараф ҳам ба ҳамин миқдор қонеъ мешавад. Вале мумкин аст, ки он чизҳое, ки дар мавриди суоли мо нисбат ба шайъи мафрузи мо модда ва моя фарз шуда худ низ ба навбаи худ маҷмӯи мураккабе аз модда ва сурат буда бошанд, яъне мумкин аст, ки онҳо низ аз иҷтимои чандин моддаи баситтар ва соддатар, ки сурат ва феълияти хоссеро пазируфтаанд ба вуҷуд омада бошанд, ва он маводд низ мумкин аст аз модаҳое баситтар ва соддатар ба вуҷуд омада бошанд. Чун мумкин нест, ки то бениҳоят ин фарз пеш биравад, билохира бояд мунтаҳӣ шавад ба чизе, ки ӯ аз иҷтимои чандин модда дуруст нашуда. Дар истилоҳи фалсафӣ (на илмӣ) чунин чизеро “унсур” мегӯянд, вале оё унсур, басит аст ё мураккаб? Агар басит аст пас ҳамаи аносур бояд якнавохт ва дорои як хоссият буда бошанд, ва ҳол он ки ин тавр нест. Пас, маълум мешавад, ки ҳар унсур низ аз моддаи муштарак ва сурати махсус ба худ, ки маншаи ихтилофи асар шуда ба вуҷуд омадааст ва он моддаи муштарак ё худ моддаи ҳақиқӣ аст ва ё он ки маҷмӯе аз модда ва сурат аст ва билохира мунтаҳӣ ба моддаи ҳақиқӣ аст. Моддаи ҳақиқӣ чизест, ки фақат модда аст, яъне ӯ чизест, ки феълият ва воқеияте ҷуз модда будан ва моя будан надорад. Ва аммо соири маротиб, моддаи ҳақиқӣ нестанд, балки моддаи нисбӣ ҳастанд, яъне нисбат ба умуре, ки аз онҳо сохта шудаанд модда ҳастанд, вале худашон маҷмӯе аз модда ва сурате ҳастанд.

Масъалаи ғомиз ва муҳимме, ки аз оғози таърихи тафаккури фалсафӣ, башарро ба худ мутаваҷҷеҳ сохта ин аст, ки моддаи аввалӣ ё моддатул-маводди олам чист? Яъне, он чизе, ки ҳамаи ин нақшҳо ва суратҳо ва феълиятҳоро ба худ гирифта ва пазируфтааст чист? Ин суол, суол аз иллати моддии олам аст, ҳамон тавре, ки суол аз вуҷуди воҷибулвуҷуд ва сонеъи кулл, суол аз иллати фоъилии олам аст. Қисмате, ки дар пеш филҷумла мавриди баҳс қарор гирифт доир бар ин ки “оё мумкин аст иллати фоъилӣ айни иллати моддӣ бошад?” марбут ба ҳамин матлаб аст, зеро манзури фалсафӣ аз тарҳи он масъала ин аст, ки оё ҳамон чизе, ки ин нақшҳо ва суратҳо ва феълиятҳоро пазируфта ва ба худ гирифта ҳамон аст, ки ин суратҳо ва нақшҳо ва феълиятҳоро додааст, ё он ки диҳандаи ин нақшҳо ва суратҳо ғайр аз пазирандаи ин нақшҳо ва суратҳост? Ба ҳар ҳол, таҳқиқ дар ин ки “моддатул-маводд — яъне моддаи аслии олам — чист?” аз қадимтарин масоили фалсафист, ки дар он баҳс шуда ва назарияҳое дар бораи он иброз шуда.

Аз давраи Юнониён қабл аз Суқрот то асри ҳозир назарияҳои мухталифе дар баёни моддатул-мавод иброз шуда, ки бисёре аз онҳо чандон қобили таваҷҷӯҳ нест ва дар мақолаи 10, ки таърихи татаввури ин масъаларо баён мекунем, нақл хоҳем кард. Дар миён назарияҳои қабл аз Суқрот танҳо назарияе, ки назари фалосифаи ахирро ҷалб карда назарияи Демукротис аст, ки моддаи аслии ҷаҳонро зарроти кучак ва номаҳсус ва ғайриқобили шикаст медонист. Назарияи Демукротис шомили ду қисмат буд: физикӣ ва фалсафӣ. Қисмати физикии назарияи вай ин буд, ки аҷсоме, ки дар назари мо ба сурати муттасили воҳид меоянд, муттасили воҳид нестанд, балки маҷмӯе аз аҷсоми кучактар ҳастанд, ки ба чашм дида намешаванд. Қисмати фалсафии назарияи вай иборат аст аз ин ки он аҷсоми кучак чун таҷзиянопазир ҳастанд ва қобили шикаста шудан нестанд, пас маҷмӯе аз моддаи қобил ва сурати ҷисмӣ имтидодӣ нестанд, балки худ модда ҳастанд ва моддатул-маводди олам ҳамон заррот аст. Ҳукамо аз дерзамоне ба назарияи вай эътирозоте ворид оварданд ва махсусан ҷанбаи фалсафии назарияи вайро ботил шинохтанд. Ва чун ҷанбаи фалсафии назарияи вайро ботил шинохтанд, ба ҷанбаи физикӣ ва илмии назарияи вай низ чандон таваҷҷӯҳе накарданд, то он ки дар қарни 19-ум дар асари кашфиёти ҷадид ҷанбаи физикии назарияи вай ба таҳқиқ пайваст ва маълум шуд, ки ҳамон тавре, ки Демукротис назар дода аҷсоми маҳсуси мо як воҳиди муттасил нестанд, балки маҷмӯе аз зарроти кучаки буъддор ҳастанд, ки воҳиди ҷисм, онҳо ҳастанд. Тақвияти ҷанбаи табиии назарияи Демукротис мӯҷиб шуд, ки ҷанбаи фалсафии назарияи вай низ тарафдороне пайдо кунад ва муддаӣ шаванд, ки зарроти демукротисӣ таҷзиянопазиранд ва моддатул-маводди олам ҳамонҳо ҳастанд, чунонки Моксул зарроти демукротисиро “сангҳои аввали кохи ҷаҳон” номид. Вале тӯле накашид, ки маълум шуд он заррот низ ба навбаи худ аз зарроти кучактар ташкил ёфтаанд ва ҳанӯз ин суол боқист, ки “моддатул-маводди олам чист?” ва ҳанӯз ҳам касоне, ки мӯътақиданд, ки моддатул-маводди ҷаҳонро фақат фалсафа бояд муаррифӣ кунад ва аз ӯҳдаи илм хориҷ аст, муддаӣ ҳастанд, ки зарроти ташкилдиҳандаи атом низ моддаи аввалӣ нестанд ва моддатул-мавод чизи дигаре бояд буда бошад.

Дар миёни назарияҳои маъруф роҷеъ ба “моддатул-маводд” назарияи мутакаллимин низ ба навбаи худ ҷалби таваҷҷӯҳ карда. Мутакаллимин ҷисмро мураккаб аз ҷавоҳири фард ва ҷузъи лоятаҷаззои ҳақиқӣ мепиндоранд. Ба ақидаи мутакаллимин, аҷзои аввалии ташкилдиҳандаи ҷисм ба шакли “нуқтаи ҷавҳарӣ” ҳастанд, яъне тӯлу арзу умқ надоранд ва ҳатто зеҳн низ наметавонад онҳоро мунқасим фарз кунад ва дар айни ҳол он зарроти холӣ аз буъд шоғили макон ҳастанд. Пас, ба ақидаи мутакаллимин, моддаи аввалии олам зарротест ғайримунқасим, ки на танҳо дар хориҷ ғайриқобили таҷзия ҳастанд, дар зеҳн низ қобили таҷзия нестанд. Тафсили комили ин назарияҳо дар мақолаи 10 хоҳад омад.

* * *

(2) Қаблан гуфтем, ки мавзӯи тақсими иллат ба иллатҳои чаҳоргонаи маъруф, аввалин бор аз тарафи Арасту баён шуда ва гуфтем, ки қадри мутаяққан ин аст, ки агар фоъилро инсон ё мавҷуде шабеҳ ба инсон бидонем, ки дорои ҳолоте шабеҳ ба ҳолоти инсон буда бошад ва феълро низ аз навъи тасарруф дар моддаи хориҷӣ бидонем, мавзӯи иллатҳои чаҳоргона қобили тасдиқ аст. Дар инҷо се суоли муҳим роҷеъ ба иллати ғоӣ пеш меояд: яке роҷеъ ба худи инсон, ва дигаре роҷеъ ба табиати беруҳ, ва дигаре роҷеъ ба мабдаи кулл ва сонеъи кулл. Суоли аввал ин аст, ки инсон бисёре аз афъоли иродӣ ва ихтиёрии худро анҷом медиҳад, ки абас ва лағв аст — монанди бозӣ бо реш ва ангуштон, ки ҳеч суд ва ғоятеро дарбар надорад — пас чӣ гуна метавон гуфт ҷамиъи афъоли иродӣ ва ихтиёрии инсон ба хотири ғояте анҷом мегирад? Суоли дуввум ин аст, ки дар табиати беҷон — яъне маводде, ки эҳсос ва идрок надоранд — монанд ҷамодот ва наботот, фарзи иллати ғоӣ чӣ гуна қобили тасаввур аст? Суоли севвум ин аст, ки (оё) мабдаи кулл ва сонеъи кулл, ки феълаш аз навъи тасарруф дар модда нест, балки тамоми мосаво аз модда ва ғайримодда бо низоми маҳфуз ва мураттабе, ки доранд феъли ӯ ба шумор мераванд ғояте дорад? Дар матн ба ҳар се суол машрӯҳан посух дода шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: