Инҳоро бихонед, то бидонед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз нишонаҳои донишманд будан ин аст, ки донишманд бояд саъй кунад, ҳақоиқро ҳамон тавр, ки ҳаст ба тасвир бикашад ва дар қазоватҳо ва довариҳояш ағрози шахсии худро дахолат надиҳад. Гоҳе дида мешавад, афроде қазоватҳои бисёр нодуруст дар хусуси даврони 1400-солаи исломӣ мекунанд; қазоватҳое, ки ношӣ аз ағроз ва душманиҳои онон бо асли ислом аст. Онҳо саъй мекунанд, ҳақоиқро воруна ва чунон нишон бидиҳанд, ки даврони исломӣ ҷуз торикӣ ва зулумот ва ҷаҳолат набудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки ҳақиқат ғайр аз он аст, ки ин ғаразварзон ба тасвир мекашанд. Дар ин ҷустор, порае аз гуфтаҳо ва эътирофоти донишмандони боинсофи ғарбиро дар хусуси тамаддуни исломӣ меоварам, то бибинем, ҳақиқат кадом аст.

Густов Лебун (Gustave Le Bon), файласуф, ҷомеашинос ва муаррихи маъруфи фаронсавӣ (1841-1931), дар китоби арзишманди “Тамаддуни ислом ва араб”-и худ менависад:

Баъзе (аз урупоиён) ор доранд иқрор кунанд, ки як қавми кофир ва мулҳиде (яъне мусалмонон) сабаб шуда Урупои масеҳӣ аз ҳолати ваҳшоният ва ҷаҳолат хориҷ гардад ва аз ин рӯ онро пинҳон нигоҳ медоранд… Нуфузи ахлоқии ҳамин (мусалмонон), он ақвоми ваҳшии Урупоро, ки салтанати Румро зеру забар намуданд, дохил дар тариқи башарият намуд ва низ нуфузи ақлонии мусалмонон дарвозаи улуму фунуну фалсафаро, ки аз он ба куллӣ бехабар буданд, ба рӯи онон боз кард ва мусалмонон то 600 сол устоди мо урупоиён буданд...” (Тамаддуни ислом ва араб, муқаддима)

Вил Дурон (Will Durant), файласуф ва торихнигори машҳури омрикоӣ (1885-1981), дар китоби “Таърихи тамаддун”-и худ менависад:

Пайдоиш ва измиҳлоли тамаддуни исломӣ, аз ҳаводиси бузурги таърих аст. Ислом тайи панҷ қарн (қарни 7 то 12 мелодӣ) аз лиҳози нерӯ ва назм ва густариши қаламрав ва ахлоқи нек ва такомули сатҳи зиндагӣ ва қонунҳои мунсифонаи инсонӣ ва эҳтиром ба ақоид ва афкори дигарон ва адабиёт ва таҳқиқи илмӣ, пешоҳанги ҷаҳон буд…” (Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.433)

Ва ҳам ӯ менависад:

Дунёи ислом дар ҷаҳони масеҳӣ нуфузҳои гуногун дошт. Урупо аз диёри ислом ғизоҳо ва шарбатҳо, дору ва дармон, аслиҳа ва усули хонадорӣ (мисли ҳаммом ва ғайра), салиқа ва завқи ҳунарӣ, абзор ва русуми санъат ва тиҷорат, қонунҳо ва русуми дарёнавардиро фаро гирифт. Ва ғолибан луғоти онро низ аз мусалмонон иқтибос кард… Уламои мусалмон — аъамм аз форсу арабу турку соири қавмиятҳо — риёзиёт ва табииёт ва шимӣ (химия) ва ҳайат (геометрия)-ро ҳифз карданд ва ба камол расониданд ва ба Урупо мунтақил карданд… Ибни Сино ва Ибни Рушд ду файласуф ва табиби бузурги исломӣ, аз Машриқ бар фалосифаи мадрасии Урупо (яъне Scholasticism) партав афканданд ва салоҳияташон чун юнониён мавриди эътимод буд…. Ин нуфузи исломӣ аз роҳи бозаргонӣ ва ҷангҳои салибӣ ва тарҷумаи ҳазорон китоб аз арабӣ ба лотин, ва мусофирати донишвароне аз қабили Герберт (Gerbert) ва Мойкл Скот (Michael Scot) ва ғайра… ба Андалус анҷом мигирифт…” (Ҳамон манбаъ, с.426 ва 433)

Колин Ренон (Kalin Renan), пажӯҳишгар ва нависандаи чанд китоб дар бораи таърихи илм ва аз нависандагони Донишномаи Britannica, дар китоби “Таърихи илми Кембриҷ” (The History of Cambridge Science) менависад:

Пизишкони исломӣ 500 соли тамом аламдори тиб дар ҷаҳон буданд. Файласуфони исломӣ асарҳои бисёр арзишмандеро барои пешрафти илми тиб ба кор гирифтаанд ва таъсиси бемористонҳо ва марокизи дармонӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳрҳои мухталиф ва муроқибат аз беморон ва додани доруи ройгон ба онҳо ва анҷоми аъмоли ҷарроҳӣ барои бемориҳои мухталиф, аз ҷумлаи корҳое буд, ки тараққӣ ва пешрафти ҷомеаҳои исломиро ба рухи ҷаҳониён мекашонданд…” (Таърихи илми Кембриҷ, тарҷумаи Ҳасани Афшор, с.300, 326 ва 327)

Вил Дурон менависад:

Масеҳиён қарнҳо шоҳид буданд, ки мусалмонон пайваста вилоятҳои масеҳиро яке пас аз дигаре мигирифтанд ва ақвоми масеҳиро паёпай ба қаламрави нуфузи худ мебурданд… Натиҷаи ин тасодум, комилан ба суди ҷаҳони ғарб буд; чун мағрибзамин дар ҷангҳои салибӣ шикаст хӯрд, вале дар ҷанги фарҳангӣ пирӯз шуд ва улуми мусалмононро фаро гирифт ва вориси илму санъат шуд. Дар иваз, ҷаҳони ислом пас аз он ки офаринандаи ин ҳама улум ва мубтакири он буд, бо ҳуҷуми муғул ва даргириҳои дохилӣ ва инқирози тамаддунҳо, дар торикии нодонӣ ва надорӣ гирифтор шуд, дар сурате, ки мағрибзамини шикастхӯрда, ки аз кӯшишҳои мудовим таҷриба омӯхта ва шикастҳоро аз ёд бурда буд, ъаташи (ташнагии) илм ва алоқа ба тараққиро аз душманон (яъне аз мусалмонон) фаро гирифт ва майдонҳои ақлро паймуд… ва бо сарбаландӣ ба даврони ренусонс қадам ниҳод…” (Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.435)

Колин Ренон менависад:

Тамаддуни ислом ва ҷавомеи исломӣ аз қарни 7 то 12 мелодӣ дорои авҷи пешрафт ва тараққӣ дар анвои улуму фунун буд. Улуми таҷрибӣ — аъамм аз пизишкӣ, шимӣ, физик, заминшиносӣ, зистшиносӣ ва гиёҳшиносӣ — дар авҷи худ буд ва бузургтарин донишмандон ва мубдеъони ин илм дар густараи ҷаҳони ислом ба тадрис ва таълиф ва таҳқиқ дар ин улум иштиғол доштанд ва осори бузургеро ба арсаи тамаддун арза медоштанд ва ин донишҳоро ба тамоми ҳамсоягон ва ҷӯяндагони дониш, ки аз ҳар сарзамине ба ҳузури онҳо мерасиданд меомӯхтанд…” (Таърихи илми Кембриҷ, тарҷумаи Ҳасани Афшор, с.317 ва 323)

Аз кишварҳои урупоӣ донишҷӯёни зиёде дар Андалуси исломӣ ва Бағдод ва Рай ва ғайра… ба таҳсили улуму фунуни мухталиф иштиғол доштанд. Ҷаҳони ғарб дар ин давраи дурахшони исломӣ гирифтори андешаи қуруни вусто ва таваҳҳуш ва ҷазмандешии калисо ва комилан орӣ аз таъаққул ва тафаннун буд; баръакс дар ҷаҳони ислом донишмандони камназире чун Ибни Сино, Хоразмӣ, Форобӣ, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳаким Умари Хайём, Ибни Халдун ва Кендӣ… бидуни ҳеч маҳдудияте ба тарвиҷи дониш дар ҷаҳон иштиғол доштанд…” (Ҳамон манбаъ, с.326)

(Донишмандон) аз сӯи ҳокимони исломӣ ташвиқ мешуданд. Дар улуме назири улуми инсонӣ дар шохаҳои ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, адабиёт, фиқҳ, таърих, ҷуғрофиё ва ғайра… беҳтарин донишмандон зуҳур карданд; Идрисӣ ва Ёқути Ҳамавӣ ва Берунӣ аз ҷуғрофиёдонони бузург ва дорои таълифоти зиёде дар улуми мухталиф будаанд…” (Ҳамон манбаъ, с.320)

Вил Дурон менависад:

Аз лиҳози иқтисодӣ ва кишоварзӣ ва домдорӣ низ ҷавомеи исломӣ тавлидкунанда ва содиркунандаи маҳсулоти фаровоне буданд ва текнулужии кишоварзӣ ва фанновариро аз тариқи Испониё ба Урупои шарқӣ ва ғарбӣ ва Урупои марказӣ интиқол медоданд. Испониёи исломӣ кишти биринҷ, гандуми сиёҳ, найшакар, анор, пахта, исфаноҷ, морчӯба, муз, гелос, пуртуқол, лиму, беҳ, ҳулу, хурмо, анҷир ва занҷабилро ба Урупои масеҳӣ омӯхт. Боғдорӣ ва эҷоди токистонҳо ва гулкорӣ ва парвариши дом дар тамоми ҷаҳони ислом аз равнақи чашмгире бархӯрдор буд, ки иқтисоди кишварҳои исломиро дар болотарин дараҷаи рушд нишон медод…” (Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.380)

Истихроҷи маодини тилло ва нуқра, руй, мис, оҳан ва сурб, зоҷ, гӯгирд ва ҷива низ дар равнақи иқтисодӣ бисёр муассир буд. Бофти қолиҳо, пардаҳо, порчаҳои абрешимӣ, шол ва анвои порчаҳои нахӣ ва пашмӣ ва либосҳои рангоранг дар корхонаҳои ҷаҳони ислом ривоҷ дошт ва Урупои масеҳӣ аз ин ҷиҳат комилан вобаста ба ҷаҳони ислом буд…” (Ҳамон манбаъ, с.379)

Санъати коғазсозиро аввалин бор ҷавомеъи исломӣ оғоз карданд. Нахустин коргоҳи коғазсозӣ, дар қаламрави ислом, ба соли 794 мелодӣ дар Бағдод ба дасти Фазл ибни Яҳё, вазири Ҳорунаррашид гушуда шуд, он гоҳ мусалмонон онро ба Сисил (Ситсилия) ва Испониё бурданд ва аз онҷо ба Итолиё ва Фаронса расид. Ин ихтироъ ба ҳар ҷо расид, таълифи китобро осон кард ва дар мондагорӣ ва омӯзиши улум таҳаввуле бузург падид овард ва истинсохи китобҳо низ пас аз ривоҷи коғаз равнақ ёфт. Дар бештари шаҳрҳо низ китобхонаҳои умумӣ таъсис шуда буд, ки теъдоди зиёде китоб дошт ва дарҳои он ба сӯи толибони улум боз буд. Дар китобхонаҳо коғаз низ барои мутолеакунандагон муҳайё буд, ки ёддошт мекарданд…” (Ҳамон манбаъ, с.304)

Ба тасреҳи Вил Дурон, ҷаҳони ислом ҳамаи ин пешрафтҳоро марҳуни оятҳои Қуръон ва каломи Паёмбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи) аст. (Таърихи тамаддун, ҷ.4, с.815 ва 821)

Реклама


Рубрики:Ислом, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , ,

2 replies

  1. Акаи Саидюнус, ана ҳами хели чизҳои илмиву таърихӣ бнавис беҳтарин мешавад. Фақат ба сиёсат кор нагир тамом, ба Шумо намезебад ҳамчун олим ва донандаи фиқҳи исломӣ.

    Нравится

    • чи фоида аз он фахридан ки дар асри 5 йо 7 йо 12 донишмандони олами ислом ба бузурги бехамтон буданд? хакикат он аст ки чомеаи гарби (урупои) тавонист ки аз чахолату зулми дин рахо шуда ба фикри пешравию бехбудии зиндагии мардум кушиданд — ва озодиро ба мардуми худ доданд — ки худ бояд максаду мароми хар дин бошад — зеро ки хар инсон озод офарида шудааст, на ин ки гуломи шайху оятуллову муллову президенту дигару дигар…

      Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: