Сабабҳои гароиш ба материализм (3)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Хушунатҳои калисо

То инҷо нақши калисоро дар гароиш ба моддигарӣ аз назари норасоии мафоҳими илоҳии калисоӣ баён кардем. Калисо аз назари дигар низ нақши муҳимме дар савқ додани мардум ба зиддихудоӣ дорад, ки аз норасоии мафоҳими илоҳии калисоӣ басе муассиртар будааст. Ва он, таҳмили ақоид ва назариёти хосси мазҳабӣ ва илмии калисо ба сурати иҷбор ва салби ҳар гуна озодии ақида дар ин ду қисмат аст.

Калисо, илова бар ақоиди хосси мазҳабӣ, як силсила усули илмии марбут ба ҷаҳон ва инсонро, ки ғолибан решаҳои фалсафии юнонӣ ва ғайриюнонӣ дошт ва тадриҷан мавриди қабули уламои бузурги мазҳаби Масеҳ қарор гирифта буд, дар радифи усули ақоиди мазҳабӣ қарор дод ва мухолифат бо он “улуми расмӣ”-ро ҷоиз намешумурд, балки ба шиддат бо мухолифони он ақоид мубориза мекард.

Мо феълан ба масъалаи озодии мазҳаб ва ақоиди мазҳабӣ ва ин ки усули ақоиди мазҳабӣ бояд озодона мавриди таҳқиқ воқеъ шавад вагарна бо руҳи мазҳаб, ки ҳидоят ва роҳнамоист мунофот дорад, коре надорем. Ин ки усули дин бояд таҳқиқӣ бошад на тақлидӣ ва ё таҳмилӣ, тезе аст, ки ислом тарафдори он аст; бар хилофи масеҳият, ки усули динро барои ақл “минтақаи мамнӯъа” эълом кардааст.

Хатои умдаи калисо дар ду ҷиҳати дигар буд: яке ин ки калисо порае мӯътақадоти илмии башарии ба мерос монда аз фалосифаи пешин ва уламои каломи масеҳиро дар радифи усули мазҳабӣ қарор дод ва мухолифат бо онҳоро мӯҷиби иртидод донист. Дигар ин ки: ҳозир набуд сирфан ба зуҳури иртидод иктифо кунад ва ҳар кас, ки собит ва муҳаққақ шуд муртад аст, ӯро аз ҷомеаи масеҳият тард кунад, балки бо навъе режими пулисии хашин дар ҷустуҷӯи ақоид ва он чи дар замири афрод аст буд ва кӯшиш мекард кучактарин нишонае аз мухолифат бо ақоиди мазҳабӣ дар фарде ё ҷамъе пайдо кунад ва бо хушунате васфношуданӣ он фард ё ҷамъро мавриди озор қарор диҳад.

Ин буд, ки донишмандон ва муҳаққиқон ҷуръат надоштанд бар хилофи он чӣ калисо онро илм медонад, биандешанд. Яъне маҷбур буданд ончунон биандешанд, ки калисо меандешад. Ин фишори шадид бар андешаҳо, ки аз қарни 12 то 19 дар кишварҳои Фаронса, Ангилистон, Олмон, Ҳуланд, Пуртуғол, Лаҳистон ва Испониё маъмул буд, табиатан аксуламали бисёр баде нисбат ба дину мазҳаб ба таври куллӣ эҷод кард.

Калисо маҳкамаҳое ба номи “Тафтиши ақоид” (Inquisition = Святая инквизиция) ба вуҷуд овард, ки номи ин маҳкамаҳо аз вазифае, ки ба ӯҳдаи онҳо гузошта шуда буд, ҳикоят мекунад.

Вил Дуронт (Will Durant) менависад:

Маҳкамаи тафтиши ақоид қонунҳо ва ойини додрасии хосси худ дошт. Пеш аз он ки девони муҳокимоти он дар шаҳре ташкил шавад, аз фарози минбари калисоҳо фармони имонро ба гӯш мерасонид ва аз мардум мехост, ки ҳар кадом, аз мулҳид ва бедин ва бидъатгузоре суроғ доранд, ба самъи аъзои маҳкамаи тафтиш бирасонанд. Онҳоро ба хабарчинӣ, ба муттаҳам сохтани ҳамсоягон, дӯстон ва хешовандон таҳризу ташвиқ мекарданд… Ба хабарчинон қавли розпӯшии комил ва ҳимоят дода мешуд ва он кас, ки мулҳидеро мешинохт ва расво намесохт ё дар хонаи хеш пинҳон медошт, ба лаъну такфиру нафрин гирифтор мегашт… Туруқи шиканҷа дар ҷоҳо ва замонҳои мухталиф мутафовит буд. Гоҳ мешуд, ки дасти муттаҳамро ба пушташ мебастанд ва сипас бо онҳо меовехтандаш. Мумкин буд, ки ӯро бибанданд чунонки натавонад ҳаракат кунад ва он гоҳ чандон об дар гулӯяш бичаконанд, ки ба хафагӣ афтад. Мумкин буд, ки танобе чанд бар атрофи бозувон ва соқҳояш бибанданд ва чандон муҳкам кунанд, ки дар гӯштҳои танаш фурӯ равад ва ба устухон бирасад…” (Таърихи тамаддун, с.349-351)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Шумораи қурбониён… аз соли 1480 то 1488 (яъне дар муддати 8 сол) болиғ бар 8800 тан сӯхта ва 96494 тан маҳкум ба муҷозотҳои дигар, ва аз соли 1480 то 1808 болиғ бар 31912 тан сӯхта ва 291450 тан маҳкум ба муҷозотҳои сангин тахмин зада шудааст…” (Ҳамон манбаъ, с.360)

Ҷорҷ Сортун (George Sarton), мутахассис ва қаҳрамони маъруфи таърихи илм, дар китоби “Шаш боли илм” баҳсе таҳти унвони “Ҷодугарӣ” боз кардааст ва нишон медиҳад, ки калисо ба номи мубориза бо ҷодугарӣ чӣ ҷиноёте муртакиб шудааст. Менависад:

… Уламои илоҳӣ ва дин, огоҳона ё ноогоҳ, зандақаро бо ҷодугарӣ яке тасаввур мекарданд. Одамӣ зуд ба ин натиҷа мерасад, ки касоне, ки бо ӯ тавофуқ надоранд, мардуми баде ҳастанд. Ҷодугарон мардон ё заноне буданд, ки руҳи худро ба шайтон фурӯхта буданд. Бо фарзи ин ки зиндиқон ва баддинон низ робитае бо шайтон доранд, танбеҳ кардан ва азоб додан ба онҳо ба суҳулат ҷоиз шумурда мешуд ва мардуме, ки дар дини худ мустақим буданд, мумкин буд бо худ бигӯянд, ки ин моҷароҷӯён ва ошӯбгарон ҷодугаранд ва бояд ба ҳамин сурат бо эшон муомила шавад; на шоистаи онанд, ки имони саҳеҳ дошта бошанд ва на он ки мавриди афв қарор гиранд…

Ҷорҷ Сортун аз китобе ба номи “Чаккуши соҳирон” ном мебарад, ки тавассути ду нафар кашиши доминикӣ ба ишораи Поп Инусенти 8 (Pope Innocent VIII, поп дар солҳои 1484-1492 мелодӣ) навишта шуд ва дар ҳақиқат, дастуруламали тафтиши ақоиди муттаҳамон ба зандақа ва ҷодугарӣ буд. Мегӯяд:

Китоби “Чаккуш” дастуруламале барои роҳнамоии бозрасони ақоиди мардум буд ва ҷузъиёти тарзи кашф ва маҳкум кардан ва ба муҷозот расондани соҳирон дар он дида мешавад… Тарс аз ҷодугарон иллати аслии куштани эшон буд ва худи ин куштан сабаби зиёд шудани тарс мешуд. Дар он замон як бемории равонии тӯдаӣ пайдо шуда буд, ки назири он то асри мунаввари ҳозир (асри рӯшангарӣ) дида нашуд. Сурати маҷлиси баъзе аз он муҳокимот ба диққат сабт шуда ва барои мо боқӣ мондааст. Бозрасони ақида мардуми баде набуданд; худро лоақалл аз ҳадди васати мардум беҳтар мепиндоштанд. Магар на ин аст, ки лоянқатеъ барои эълои калимаи ҳақ ва номи Худо мекӯшиданд ва кор мекарданд?! Никуло Румӣ, бозраси ақидаи “Лурен” сабаби он шуд, ки 900 ҷодугарро дар зарфи муддати 15 сол (1575-1590) ба оташ бисӯзонанд. Вай марди бовиҷдоне буд! Ва дар охири умр аз он ҷиҳат, ки аз куштани чанд кӯдак чашм пӯшида буд, худро гуноҳкор эҳсос мекард: магар касе ҳақ дорад аз куштани баччаи афъӣ худдорӣ кунад?! Усқуф Бинзфалд фармони марги 6500 нафарро содир карда буд…”

Он гоҳ менависад:

Ҳангоме, ки бозрасони ақида ба ноҳияи тозае дармеомаданд, эълон мекарданд, ки ҳар кас нисбат ба соҳире мазнун аст иттилооти худро бидиҳад. Агар касе иттилооти худро махфӣ мекард, дар маърази он қарор мегирифт, ки вайро табъид кунанд ва маблағе ба унвони ҷарима аз вай биситонанд. Додани иттилоъ дар ин замина унвони таклиф ва вазифа дошт ва касоне, ки хабар медоданд, номашон ифшо намешуд. Ашхоси муттаҳамро — ки мумкин буд дар миёни онон касоне буда бошанд, ки душманони шахсӣ беҷиҳат дар ҳаққи эшон хабарчинӣ кардаанд — аз ҷурме, ки ба эшон нисбат дода шуда ва аз далоили он ҷурм бехабар мегузоштанд. Чунон фарз ва қабул мешуд, ки ин мардум гуноҳкор ва базаҳкоранд ва бар эшон буд, ки гуноҳкории худро собит кунанд. Доварон ҳар гуна василаи фикрӣ ва баданиро барои водор кардани эшон ба эътироф ба гуноҳ ва шиносондани ҳамдастони худ ба кор мебурданд. Барои ташвиқи муттаҳамин ба эътироф, ваъдаи бахшиш ё тахфиф ба эшон медоданд. Вале он доварон чунон мепиндоштанд, ки барои вафо кардан ба аҳде, ки бо ҷодугарон ва баддинон бастаанд, ҳеч илзоми ахлоқӣ надоранд ва ин ваъдаро барои муддати мухтасаре, ки дар он фосила муттаҳам он чӣ гуфтанӣ аст бигӯяд, муроъот мекарданд. Ҳар амали хориҷ аз ҳудуди шарофатмандиро, ки нисбат ба он муттаҳамон анҷом мешуд, чун ба манзури муқаддасе медонистанд, раво медоштанд. Ҳар чӣ бештар мардумро азобу шиканҷа медоданд, ин корро заруритар тасаввур мекарданд. Инҳо, ки гуфтем, мумкин аст ба осонӣ бо муроҷиа ба “Чаккуш” ва китобҳои дигар ва низ ба сурати муҷассамтар бо мутолеаи сурати маҷлисҳои муҳокимот, ки ададашон фаровон аст, таъйид шавад…” (Шаш боли илм, с.296-297)

Ҷорҷ Сортун пас аз се чаҳор сафҳа баҳс дар ин замина, мегӯяд:

Эътиқод ба ҷодугарӣ ба ростӣ як бемории димоғӣ буд, ки аз сифлис хатарноктар буд ва сабаби марги ваҳшатангези ҳазорон марду зани бегуноҳ шуд. Аз он гузашта, таваҷҷӯҳ ба ин амр ҷанбаи торике аз ренусонсро нишон медиҳад, ки маъмулан фиребандагии он аз чизҳои дигаре, ки маъмулан дар бораи ин давра гуфта мешавад камтар аст, вале донистани он барои фаҳми саҳеҳи ҳаводиси ин давра зарурат дорад. Ренусонс давраи тиллоии ҳунар ва адабиёт буд, вале дар айни ҳол, давраи адами тасомуҳи динӣ ва қасоват ва бераҳмӣ низ буд. Номардумии он давра ба андозае аст, ки ҷуз дар замони ҳозир дар ҳеч даврае чунин набудааст…” (Ҳамон манбаъ, с.303)

Мазҳаб, ки мебоист далели ҳидоят ва паёмовари муҳаббат бошад, дар Урупо ба ин сурат даромад, ки мушоҳида мекунем. Тасаввури ҳар кас аз дину Худову мазҳаб, хушунат буду ихтиноқу истибдод. Бадеҳист, ки аксуламали мардум дар муқобили чунин равише ҷуз нафйи мазҳаб аз асос ва нафйи он чизе, ки пояи аввалии мазҳаб аст, яъне Худо, наметавонист бошад. Ҳар вақт ва ҳар замон, ки пешвоёни мазҳабии мардум — ки мардум дар ҳар ҳол онҳоро намояндаи воқеии мазҳаб тасаввур мекунанд — пӯсти паланг мепӯшанд ва дандони бабр нишон медиҳанд ва мутавассил ба такфиру тафсиқ мешаванд, махсусан ҳангоме, ки ағрози хусусӣ ба ин сурат дармеояд, бузургтарин зарбат бар пайкари дину мазҳаб ба суди моддигарӣ ворид мешавад.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: