Фалсафа ва равиши реализм (131)

Иллат ва маълул (13)

Матни мақола

2) Ҳар ғояте, ки мо аз феъле аз афъоли ихтиёрии худ мехоҳем, чизест, ки ӯро барои таъмини эҳтиёҷи вуҷудӣ мехоҳем: гуруснаем ва бо хӯрдани ғизо серӣ мехоҳем, ташнаем ва бо нӯшидани об сероб шудан металабем ва ҳамчунин… Яъне мо ноқисем ва бо ғояти феъл, худамонро такмил менамоем. Соддатар бигӯем: нисбати ғоят ба мо, ки фоъил ҳастем, нисбати камол аст ба нақс. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Ин қисмат марбут ба суоли дуввумӣ аст, ки қаблан дар матн тарҳ шуд, ва он ин буд: “Оё ин ҳама корҳои бешумор, ки дар ҷаҳони ҳастӣ ва дар гаҳвораи табиат анҷом мегирад, дар ҳоле, ки камтарин шуъуре дар онҳо суроғ гирифта намешавад, ғоят доранд?” Мавзӯи ин суол “асли ғоият” ё “асли иллияти ғоӣ” хонда мешавад. Ва дар ҳақиқат инсон мехоҳад бифаҳмад, ки оё табиати беҷон низ мисли худи ӯ ҳамвора дар таъқиби ҳадаф аст ё нест? Посух ба ин суол амри осоне нест, зеро аз як тараф барои инсон мушкил ба назар мерасад, ки битавонад фаъолиятҳои табиати беҷонро барои расидан ба ҳадаф ва найл ба ғояти муайян тавҷеҳ кунад. Ва аз тарафи дигар, инсон ҳамоҳангиҳо ва тавофуқҳое байни аҷзои табиат мушоҳида мекунад ва фаъолиятҳои табиатро ҳамвора таҳти интизом мебинад ба тавре, ки ҳамвора натиҷаи ин тавофуқҳо ва ҳамоҳангиҳо ҳадафҳои хоссе аст ва инсон наметавонад бипазирад, ки бидуни он ки дар табиат ҳадафгирӣ шуда бошад, ин тавофуқҳо ва ҳамоҳангиҳо ҳосил шуда бошад. Ба илова, инсон дар бархе маворид ё ҳамаи маворид, табиатро дар як хатти сайри такомулии ҷиҳатдоре мушоҳида мекунад, ва ин худ далел аст бар ин ки табиат ба нуқтаи муайяне мутаваҷҷеҳ аст ва сайри худро барои расидан ба он нуқта оғоз мекунад ва идома медиҳад.

Фалосифа дар мақоми посух ба ин суол ду даста шудаанд: бархе асли ғоиятро пазируфта, ва бархе дигар онро нафй кардаанд. Ғолиби ҳукамои илоҳӣ тарафдори асли ғоият ба шумор мераванд, вале моддигароён умуман мункири он ҳастанд.

Дар миёни фалосифаи қабл аз мелод, мутобиқи нақли қудамо, Демукротис (Democritus) ва Энбозиқлус (Empedocles) мункири асли иллати ғоӣ будаанд. Демукротис, ки зимнан дорои назарияи атомизм низ буда муддаӣ буда, ки такаввуни ҷаҳон бо ҳамаи интизоме, ки имрӯз дар он мушоҳида мешавад, дар ибтидо ба ҳасби иттифоқ сурат гирифта; ба ин тартиб, ки зарроти атомӣ, ки мабодии аслӣ ва сангҳои аввалии кохи ин ҷаҳонанд, рӯи хоссияти зотии худ, дар ҳаракати доим буда ва дар фазо пароканда будаанд ва ҳаракоте бидуни назму тартиб доштаанд ва ба ҳасби иттифоқ (бидуни ҳадафгирӣ) бархе бо бархе дигар тасодум карда ва муҷтамеъ шудаанд ва ба нисбатҳои муайян бо якдигар таркиб шудаанд ва аз инҷо мураккабот ташкил ёфтааст. Демукротис мункири иллати фоъилӣ ва зарурати иллӣ ва маълулӣ набуда, балки мункири иллати ғоӣ будааст. Мутобиқи нақли қудамо, Демукротис дар такаввуни набот ва ҳайвон қоил ба “иттифоқ” набуда ва асли ғоиятро дар мавриди ин ду қабул доштааст.

Энбозиқлус ба таври дигаре такаввуни оламро бе ғоят тавҷеҳ мекардааст. Ба ақидаи вай, аносури аввалии басити олам, об, ҳаво, хок ва оташ аст ва ҳамаи мураккабот аз таркиботи мухталифи ин чаҳор унсур, ки чаҳор табъи мухталиф доранд, ташкил ёфтаанд ва ин таркиботи гуногун ҳама аз рӯи иттифоқ яъне бидуни ҳадафгирӣ сурат гирифта ва ҳар мураккабе, ки ба ҳасби иттифоқ дорои сохтмоне муҳкам буда, боқӣ монда ва он ки чунин набуда фонӣ шуда. Ва дар миёни ин мураккабот он даста, ки ба ҳасби иттифоқ дорои хоссияти тавлиди мислу таносул шудаанд — мисли наботот ва ҳайвонот — навъашон ба ин васила маҳфуз монда. Ва он даста, ки фоқиди ин истеъдод буда ва чунин иттифоқе барои онҳо рух надода, натавонистаанд навъи худро аз ин роҳ ҳифз кунанд.

Ва чун табиат гунҷоиши ҳифз ва нигаҳдории ҳамаи ин анвоъро надошта, тазоҳум рух дода ва дар ин тазоҳум ва кашмакаш рӯи номуси “бақои аслаҳ”, он навъ, ки ба ҳасби иттифоқ дорои таҷҳизоти комилтаре буда ва барои бақо аслаҳ буда боқӣ монда ва соири анвоъ мунқариз шудаанд.

Қабул ва адами қабули асли ғоият, дар фарзияи такаввуни олам ва ҳамчунин дар фарзияҳои ҷузъии марбут ба мавҷудоти хосс, таъсири ба сазое дорад ва шояд хонандаи мӯҳтарам воқиф бошад, ки дар заминаи такаввуни олам ва пайдоиши ҷаҳон чӣ андоза назарияҳои мухталиф иброз шуда. Ва бархе аз фарзияҳои уламои ҷадид дар ин замина мушобеҳ аст бо фарзияи Демукротис ва Энбозиқлус, ва мо албатта дар мақолаи 10, ки ҷои ин матлаб аст, онҳоро тарҳ хоҳем кард, дар инҷо фақат он чиро, ки марбут ба қонуни иллият аст, таҳти ановини зайл баён мекунем ва зимнан муқаддимае барои матолиби мақолаи 10 хоҳад буд:

1) Робитаи ғоят ва шуъур ва идрок;

2) Робитаи ғоят ва феъл;

3) Иллати ғоӣ ва иллати фоъилӣ;

4) Асли танзимкунанда.

* * *

Ғоят ва шуъур ва идрок

Мункирини асли ғоият далелҳое барои муддаои худ овардаанд, аз ҷумла ин ки: ҳамон тавре, ки дар табиат барои ҳаёту сиҳҳату камол низоме ҳаст, барои нақсу фасоду мавт низ низоме муайян аст, ва агар низому интизом далел бар ин аст, ки табиат ҳадаф дорад, мебоист дар мавриди ин умур низ ҳадаф дошта бошад, ва ҳол он ки маънӣ надорад, ки табиат фано ва завол ва фасод ва билохира адамро ҳадаф қарор диҳад. Ва аз ҷумла ин ки: дар табиат беназмиҳое аҳёнан мушоҳида мешавад, ки бо ҳадафгирии табиат носозгор аст. Ва аз ҷумла ин ки: табиат дар бархе маворид ду асари мухталиф ва мутаноқиз аз худ нишон медиҳад, ки бо ҳадафдории вай носозгор аст. Ва умдаи далеле, ки мункирин ғоият овардаанд ин аст, ки: ғоият ва ҳадафдорӣ аз хоссиятҳои муайяни шуъур ва идрок ва иттилоъ аст ва дар мавҷуде, ки фоқиди шуъур ва иттилоъ аст таваҷҷӯҳ ба ҳадаф маъно надорад, ва чун табиати беҷон фоқиди шуъур аст, пас фоқиди ғоят аст, пас тамом ҳадафҳо ва ғоёте, ки аз интизоми табиат пайдо мешавад, ба ҳасби тасодуф ва иттифоқ аст.

Ин ишкол ҳамон шубҳаи ибтидоист, ки ба зеҳни ҳама кас мерасад ва фалосифаи мункири ғоят аз ду ҳазор сол пеш ин ишколро бо соири ишколоте, ки дар боло ишора шуд, дар китобҳои худ зикр кардаанд.

Акнун мо бояд дар мавриди афъоли ғоии мавҷудот бошуъур, ки ғоӣ будани онҳо мавриди иттифоқи ҳама аст сибру тақсиме ба амал оварем, то балки битавонем меъёри ҳақиқии ғоиятро ба даст оварем ва бифаҳмем, ки шуъур ва иттилоъ аз ғоят, дар меъёри ғоият дахолат дорад ё надорад.

Дар афъоле, ки инсон барои ғоятҳо ва ҳадафҳои муайян анҷом медиҳад — мисли он ки ғизо мехӯрад барои он ки сер шавад, мехобад барои он ки биёсояд, дар мусобиқот ширкат мекунад барои он ки бартарии худро собит кунад, китоб мехонад барои он ки аз мавзӯъ огоҳ шавад ва ҳазорҳо кори дигар… — чандин хусусият ҳаст:

1) Фоъил инсон аст;

2) Фоъил аз кори худ ва натиҷаи кори худ иттилоъ дорад;

3) Омили иҷрои кор ирода аст;

4) Фоъил аз расидан ба натиҷаи кор лаззат, ва аз нарасидан ба он ранҷ мебарад;

5) Фоъил мутаваҷҷеҳ ба ҳадаф аст ва дар миёни корҳое, ки аз вай сиҳҳати судур дорад, кори муайянро аз он ҷиҳат интихоб мекунад, ки маъбар ва василаи расидан ба ҳадаф аст;

6) Фоъил ба ин васила эҳтиёҷи худро рафъ ва нақси худро такмил мекунад.

Дар инсон ҳамаи ин умур бо якдигар ҷамъ аст ва ҳамаи ин умур дахолат доранд то инсон як феъли ғоиро анҷом медиҳад. Ва ҳоло бояд дид он чӣ меъёри ғоият аст чист? Ва оё ҳамаи ин умур дар меъёри ғоият дахил ҳастанд, ва ё он ки ғоият ба баъзе аз ин умур устувор аст ва бархе дигар дар ғоият дахил нестанд, балки хусусияти инсон аст, ки вуҷуди баъзе дигарро эҷоб мекунад?

Барои кашфи ин манзур ба як таҷрибаи зеҳнӣ ва хиёлӣ, ки мантиқдонон номи онро “сибру тақсим” гузоштаанд, даст мезанем:

Аввал фарз мекунем, ки фоъил инсон нест, вале соири ҷанбаҳо — аз шуъур ва ирода ва лаззат ва таваҷҷӯҳ ба ҳадаф ва истикмол — ҳама ҷамъ аст. Дар инҷо ба осонӣ мефаҳмем, ки инсон будани фоъил дар ғоӣ будани феъл дахолат надорад ва чунин феъле албатта ғоист ҳарчанд фоъили он мавҷуди дигаре ғайр аз инсон бошад.

Барои мартибаи дуввум фарз мекунем, ки фоъил лаззату ранҷ намебарад, вале соири ҷанбаҳо маҳфуз аст. Дар инҷо низ ба осонӣ мефаҳмем, ки боз феъл ғоист ва вуҷуди лаззату ранҷ дар меъёри ғоӣ будан дахил нест.

Барои мартибаи севвум фарз мекунем, ки омили иҷро ирода нест яъне он мавҷуд инсон ё ғайри инсон, ки аз ғоят ва васила огоҳ ва мутталеъ аст ва бо он ғоят истикмол мекунад, бидуни он ки ирода кунад ва тасмим бигирад бо як нерӯи дохилии табиӣ мутаваҷҷеҳи ҳадаф мешавад ва аз васила убур мекунад ва худро ба ҳадаф мерасонад. Боз мебинем, ки ғоӣ будани феъл маҳфуз аст.

Барои мартибаи чаҳорум фарз мекунем, ки таваҷҷӯҳ ба ҳадаф ва ҳаракат ба сӯи ӯ ва истикмол ҳаст, вале шуъур ва иттилоъ нест. Боз ҳам мебинем, ки ғоияти феъл маҳфуз аст ва феъл барои он ҳадаф воқеъ шуда.

Вале агар фарзро акс кунем яъне таваҷҷӯҳ ба нуқтаи муайянро, ки мунҷар ба интихоби васила мешавад ва ҳамчунин истикмоли фоъилро бигирем ва соири ҷанбаҳоро маҳфуз нигаҳ дорем, хоҳем дид, ки ғоият маҳфуз намемонад. Пас, аз инҷо мефаҳмем, ки он чӣ дар ғоият дахил аст, фақат ду ҷанбаи охирист ва чун ин ду ҷанба аз якдигар дар хориҷ мунфак намешавад, метавон гуфт, ки ҳар ду яке аст. Ва он чӣ руҳи ғоиятро ташкил медиҳад ин аст, ки мавҷуди мутаҳаввили мутакомил дар як ҷиҳати муайян, ки ҳамон ҷиҳати сайри камолии хеш аст сайр кунад ва фаъолиятҳояш ҳама муқаддимаи расидан ба он камол воқеъ шавад. Ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Ҳақиқати ғоят иборат аст аз сурати комилтари вуҷуди чизе, ки дар роҳи такомул афтода ва сурати ноқистари мавҷуд худро табдил ба вай намояд”.

Тарзи ҳадафгирӣ дар инсон яке аз масодиқи асли ғоият ва таъқиби ҳадаф дар табиат аст. Он чӣ дар табиат ҳукмфармост асли такомул аст. Ин такомул дар мавҷудоти беруҳу беҷон ба наҳве, ва дар ҳайвонот, ки дорои ғароизи бешумор ҳастанд ба наҳви дигар, ва дар инсон, ки дорои ҳушу ақлу идроки махсус аст ба наҳви дигар сурат мегирад. Он чиро, ки соири мавҷудот ба ҳукми табиат ё ба ҳукми ғариза анҷом медиҳанд, инсон муваззаф аст, ки дар партави андеша ва ақл ва ирода анҷом диҳад. Тарзи ҳадафгирии инсон ба ин наҳв аст, ки дар партави ҳушу андеша ҳадафи камолии хешро ташхис медиҳад ва майл ва иштиёқаш нисбат ба ӯ таҳрик мешавад ва он гоҳ дар андеша фурӯ меравад, ки ба чӣ васила ба он мақсуд бирасад. Беҳтарин василае, ки ба назараш расид, иродааш мутаваҷҷеҳи ӯ мешавад ва онро интихоб мекунад ва ба сӯи ҳадаф мешитобад. Дар инсон кор василаи ҳадаф аст. Васила воқеъ шудани кор дар инсон ба ин наҳв аст, ки бо тасаввур ва андеша ва майл ба ҳадаф ва тасдиқ ба васила будани васила, иродаи васила тавлид мешавад ва натиҷатан васила эҷод мешавад. Масалан, аз тасаввур ва иштиёқ ба “серӣ” ва тасдиқ ба ин ки даст дароз кардан василаи ин ҳадаф аст, иродаи даст бурдан ба сӯи ғизо пайдо мешавад. Рӯи ин ҷиҳат мо мегӯем, ки даст бурдан ба сӯи ғизо “барои” сер шудан анҷом гирифт. Ҳоло агар фарз кунем ин амал низ мисли ҳазорон-ҳазор амали дигар, ки дар вуҷуди худи инсон ва соири ҳайвонот махфӣ аз шуъур анҷом меёбад ва ҳама василаи сер шудан ё монанди он аст анҷом мегирифт ва табиат онро ба ӯҳдаи ақлу идроку иродаи инсон вогузор накарда буд, оё воқеан дар он сурат ин амал ғоӣ набуд?! Чӣ фарқ аст байни ҳаракати дасти инсон ва тарашшуҳоти ғуддаҳои бузоқ, ки барои кӯмаки ҳазм анҷом меёбад? Чӣ фарқе ҳаст байни ҷавидани ғизо ба василаи дандон, ки бо ирода ва иттилоъ анҷом мегирад, бо зеру рӯ карданҳои паёпайи меъда, ки ба ҳамин манзур сурат мегирад? Чӣ фарқе ҳаст байни ҳаракати даст ба сӯи ғизо ва ҳаракати махсуси лӯлаи марӣ барои расондани ғизо аз ҳалқ ба меъда?

* * *

Феъл ва ғоят

Феъл ва ғоят, нисбат ба якдигар, иллияти мутақобил доранд; яъне ҳам феъл иллати ғоят аст ва ҳам ғоят иллати феъл, вале ин иллияти мутақобил аз қабили “давр”, ки амре маҳол аст нест.

Чунонки қаблан таҳқиқ шуд, маънои “иллият” сирфан ин нест, ки ду чиз доиман мутаъоқиб ё муқорини якдигар пайдо шаванд. Робитаи иллият як робитаи воқеӣ аст байни вуҷуди иллат ва вуҷуди маълул, ба ин маънӣ, ки вуҷуди маълул ношӣ аз вуҷуди иллат ва муттакӣ ба иллат аст, ва қадри мутаяққан ин аст, ки дар мавриди ҳар иллату маълуле ин қазия содиқ аст, ки: “агар иллат вуҷуд намедошт, маълул вуҷуд пайдо намекард”, вале ҳаргиз содиқ нест, ки: “агар маълул вуҷуд пайдо намекард, иллат вуҷуд пайдо намекард”. Яъне маълул дар вуҷуд ва воқеияти худ вобаста ва ниёзманд ба иллат аст, вале иллат дар вуҷуд ва воқеияти худ мустақил ва бениёз аз маълул аст.

Ҳоло бояд бибинем, ки иллияти мутақобил ва ниёзмандии мутақобил, ки байни феъл ва ғоят ҳаст, чӣ гуна аст? Дар ин ки “феъл иллат ва шарти вуҷуди ғоят аст” шакку тардиде нест, зеро мусалламан агар феъл вуҷуд пайдо накунад, ғоят вуҷуд пайдо намекунад, масалан агар инсон ғизо нахӯрад сер намешавад, ва агар санге, ки аз боло ба поин ҳаракат мекунад масофати байни роҳро тай накунад, ба марказ намерасад. Пас, иллият ва дахолати феъл дар вуҷуди ғоят ба таври возеҳ муҳраз аст ва мункирини ғоят низ онро қабул доранд. Вале иллият ва дахолати ғоят дар вуҷуди феъл ба ин наҳв нест, ки вуҷуди хориҷии ғоят — ки муаххар аст аз вуҷуди феъл — иллати вуҷуди феъл бошад; зеро ин маҳол ва мумтанеъ аст, балки ба ин наҳв аст, ки вуҷуди ғоят дар мартибаи вуҷуди фоъил иллати вуҷуди феъл аст, ва ба иборати дигар, таваҷҷӯҳи фоъил ба ғоят иллати вуҷуди феъл аст, ва агар ин таваҷҷӯҳ ва майл ба ғоят дар фоъил набуд, ҳаргиз феъл вуҷуди хориҷӣ пайдо намекард. Масалан, инсоне, ки ғизо мехӯрад, барои он ки сер бишавад аввал ба ҷониби “сер шудан” мутаваҷҷеҳ мешавад ва ба тарафи сер шудан ҳаракат мекунад, ва ғизо хӯрдан аз он ҷиҳат вуҷуд пайдо мекунад, ки василаи сер шудан ва маъбари сер шудан аст. Ва ба иборати дигар, масофате аст, ки инсон бояд тай кунад, то ба сер шудан бирасад. Ва ҳамчунин санге, ки аз боло ба тарафи маркази замин меояд, мутамоил ва мутаваҷҷеҳ ба маркази замин аст (хоҳ он ки мабдаи майл дар санг бошад ё дар замин) ва масофати байни роҳро аз он ҷиҳат тай мекунад, ки ба маркази замин ҷазб шавад, ва агар ин ҷазбу инҷизоб байни санг ва маркази замин, ки натиҷааш расидани санг ба замин аст набуд, ва ба иборати дигар, агар таваҷҷӯҳи санг ба маркази замин набуд, масофати байни роҳ тай намешуд. Пас, ҳамон тавре, ки содиқ аст, ки агар тайи масофати байни роҳ набошад, расидан ба марказ муҳаққақ намешавад, ҳамчунин саҳеҳ аст, ки агар расидан ба марказ набошад, тайи масофати байни роҳ вуҷуд намеёбад, яъне байни ин ду, иллияти мутақобил барқарор аст.

* * *

Иллати ғоӣ ва иллати фоъилӣ

Мумкин аст, ки ин тасаввур барои баъзе пеш ояд, ки фарзи иллати ғоӣ бо фарзи иллати фоъилӣ мунофӣ аст (чунонки ин таваҳҳум барои бархе пеш омада), зеро иллати фоъилӣ ҳамон аст, ки вуҷуддиҳандаи маълул аст ва бадеҳист, ки як шайъ наметавонад ду иллати вуҷуддиҳанда дошта бошад, яъне ҳам вуҷудаш маълули иллати фоъилӣ бошад ва ҳам маълули иллати ғоӣ.

Посухи ин таваҳҳум аз он чӣ қаблан дар мақоми баёни робитаи феъл ва ғоят гуфтем, маълум шуд, зеро маълум шуд, ки таъсири иллати ғоӣ ва иллати фоъилӣ дар арзи якдигар нест, ки мунофӣ бо якдигар бошад, балки дар тӯли якдигар аст ва иллати ғоӣ мукаммили иллати фоъилӣ аст, яъне иллати фоъилӣ қатъи назар аз иллати ғоӣ фоъили билқувва аст на билфеъл, ва ноқис аст, на комил ва бо иллати ғоист, ки фоъили тамом ва иллати томма мешавад. Ҳукамо гуфтаанд, ки иллати ғоӣ мукаммили фоъилияти фоъил аст ва ин ду дар якдигар мундараҷанд.

Сахифтар аз ин ишкол ин аст, ки бигӯем, чун асли ғоият мусталзими интихоби васила аст, пас мусталзими ихтиёр аст, ва чун ихтиёр мунофӣ бо ҷабр ва зарурати иллӣ ва маълулӣ аст, пас асли ғоият мунофӣ бо зарурати иллӣ ва маълулӣ аст, ва аз тарафи дигар асли зарурати иллӣ ва маълулӣ пояи низоми қатъии мавҷудот аст, пас асли ғоият мунофӣ бо низоми қатъии мавҷудот аст.

Посухи ин ишкол низ аз он чӣ дар мақолаи 8 ва ин мақола гуфта шуд равшан аст ва мо собит кардем, ки ихтиёр дар инсон мунофӣ бо зарурати иллӣ ва маълулӣ нест, балки собит кардем, ки нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ мунофӣ бо ихтиёр ва озодии инсон аст, то чӣ расад ба навъи интихоб ва ихтиёре, ки табиат дар сайри такомулии хеш мекунад.

Бино бар асли ғоият, низоми қатъии иллӣ ва маълулии мавҷудот, сурати комилтаре ба худ мегирад, зеро агар мо дар қонуни иллият танҳо иллати фоъилиро дахил бидонем, яъне иллатҳои фоъилиро бе ғоят ва бе ҳадаф бидонем, ҳарчанд мавҷудот ҳама бо якдигар муртабит ва муттасил хоҳанд буд, вале равобит мунҳасир хоҳад буд ба равобите, ки байни ҳар феъл ва фоъили биловоситаи худаш ҳаст, вале бино бар асли ғоият, илова бар робитае, ки ҳамвора байни феъл ва фоъил ҳаст, як робитаи хоссе низ байни ҳар фоъил ва натиҷаи феъл ҳаст, ва мисли ин аст, ки як навъ ҷазбу инҷизобе байни ин ду барқарор аст. Ва ба иборати дигар, бино бар инкори асли иллати ғоӣ ягона чизе, ки ҳаводисро ба ҷилав мебарад, робитаест, ки байни ҳаводиси ҳозир ва ҳаводиси гузашта аст ва ин ҳаводиси гузашта аст, ки дар пушти сари ин ҳаводис воқеъ шудаанд ва онҳоро аз ақиб меронанд. Вале бино бар асли ғоият, ҳаводиси оянда низ ба наҳве дахолат доранд ва мисли ин аст, ки аз ҷилав ин ҳаводисро мекашанд. Албатта бино бар қабули асли ғоият (ки чорае аз қабулаш нест) як масъалаи дигар пайдо мешавад, ва он ин ки: “Оё силсилаи ғоятҳо мутаноҳӣ аст ё ғайримутаноҳӣ?” Ва ба иборати дигар: “Оё ҳамон тавре, ки силсилаи иллатҳо (иллатҳои фоъилӣ) мунтаҳӣ мешавад ба иллати биззот ва иллатулилал, силсилаи ғоятҳо низ мунтаҳӣ мешавад ба ғояти биззот ва ғоятулғоёт ё на?” Ва бино бар фарзи аввал, “оё ғоятулғоёт ҳамвора ҳамроҳи ҳамаи ғоятҳо мутаноҳӣ аст ё на?” Ҳал ин масъаларо аз мақолаи 14 бояд бихоҳем.

* * *

Асли танзимкунанда

Мутобиқи он чӣ қаблан гуфтем, ҳақиқати ғоият мутақаввим ба ин аст, ки иллат таваҷҷӯҳ ба ғоят дошта бошад ва барои расидан ба ғоят, роҳ ва масофатеро тай кунад ва василаро, ки ҳамон феълу кор аст ба кор бибарад, ва гуфтем, ки ғоият мутақаввим ба шуъур ва иттилои фоъил аз ғоят нест.

Дар инҷо як суол боқӣ мемонад, ва он ин аст, ки: агар фарз кунем, ки дар табиат хоссияти зотии ҳар моддае таваҷҷӯҳ ба ғояти хосс аст ва ҳамон таваҷҷӯҳ ба ғояти хосс ҳаракати он моддаро танзим ва таъйин мекунад ва онро дар ҷиҳати муайян ба ҳаракат дармеоварад ва он модда низ ҳамвора дар ҳамон ҷиҳати муайян ба ҳаракати хеш идома медиҳад, албатта матлаб тамом аст, ва ҳол он ки он чӣ дар табиат мушоҳида мешавад ғайр аз ин аст. Дар табиат интизомот ва тавофуқҳо ва ҳамоҳангиҳо байни аҷзои табиат дида мешавад, ки ҳамвора мунҷар ба ҳадафи муайян мешавад. Дар табиат мавҷудоте мушоҳида мешавад, ки аз миллиардҳо ҷузъи моддӣ таркиб ёфтаанд ва маҷмӯан як воҳидро ташкил додаанд ва дар як хатти сайри такомулӣ сайр мекунанд ва ҳамвора ба нафъи бақои худ фаъолиятҳо мекунанд ва маводди дохилӣ ва маводди хориҷиро ба тарзҳои аҷибу ҳайратоваре истихдом мекунанд, чунонки аз мутолеаи олами наботот ва ҳайвонот пайдост. Танҳо мутолеаи як барг аз баргҳои дарахтони сабз кофист, ки як дафтар аз ин ташкилот ва интизомотро ба мо нишон бидиҳад. Дар мавориде, ки табиат бо ҳазорҳо-ҳазор ақсоми фаъолият, нисбати мутасовӣ дорад, фақат он фаъолиятро ба харҷ медиҳад, ки вайро ба мақсад ва ҳадафи муайян мерасонад. Ва аз тарафе собит шуда, ки равобити физикӣ ва меконикии аҷзои модда кофӣ нест, ки ҳаракати мавҷудотеро, ки дар хатти сайри такомулӣ ҳаракат мекунанд, тавҷеҳ кунад ва ин аъмоли ҳадафӣ ғолибан дар вуҷуди ҳайвонот низ махфӣ аз шуъур ва аз иродаи онҳо анҷом меёбад. Тавофуқ ва ҳамоҳангиҳое, ки дар вуҷуди наботот ва ҳайвонот аст, бо равобити меконикӣ, ки аҷзои онҳоро ба манзилаи як дастгоҳи мошин фарз кунем, қобили тавҷеҳ нест, чунонки дар улум имрӯз собит ва мубарҳан шудааст. Бинобар ин, мабдаи ин тавофуқ ва ҳамоҳангӣ байни аҷзои мухталифи табиат чист? Ва чаро як маҷмӯа аз заррот воҳидеро ташкил медиҳанд ва он воҳид як сайри такомулиро оғоз мекунад? Ва ба иборати дигар, ин таваҷҷӯҳ ба ҳадаф байни маҷмӯаҳои мухталиф, ки мо дар табиат мебинем, аз куҷо пайдо мешавад? Ва аз чӣ роҳе қобили тавҷеҳ аст? Зеро на худи табиат шуъуркунанда аст ва на ин ҳадафҳо муқтазои зоти ҳар воҳид аз аҷзои ин маҷмӯаҳост.

Посухи ин суолро дар мақолаҳои оянда хоҳем дод. Дар инҷо ҳамин қадр ишора мекунем, ки ҳамин ҷиҳат аст, ки фалосифаро маҷбур кардааст, ки ба як “асли танзимкунанда” эътироф кунанд ва барои тамоми ҷаҳон як ҳаёти куллӣ қоил шаванд, ки ӯ ба манзилаи ҷони ҷаҳон ва ҷаҳон ҳамчун бадани ӯст ва ин ҷиҳат билохира моро мӯътариф мекунад, ки ба як тадбири омме дар саросари ҷаҳон қоил шавем. Чизе, ки ҳаст, тарзи ин тадбири омм ва танзими оммро бо тадбирҳои башарӣ дар маснуъоти худ наметавон қиёс гирифт. Баҳси куллии ин тадбири омм бо таваҷҷӯҳ ба фарзияҳо ва назарияҳое, ки моддигароён ва ғайримоддигароён дар ин замина изҳор доштаанд ва бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ мутакаллимон ё соири касоне, ки ғавре дар илми илоҳӣ надоранд изҳор дошта ва бо вазъ ва маснуъи башарӣ қиёс гирифтаанд, дар мақолаҳои оянда хоҳад омад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: