Шарҳи Маснавӣ (224)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (8)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 2

* * *

Ҷони оташ ёфт з-ӯ оташкуше,

Ҷони мурда ёфт дар худ ҷунбише.

Ҷонҳое, ки табъи оташин доранд, тавассути он нафҳа кушта мешаванд, ва ҷонҳои мурда ва пажмурда бар асари он нафҳаи илоҳӣ ба ҷунбишу ҳаракат дармеоянд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.607)

Нукта: Манзур аз “ҷони оташ” ҷони худбин аст, ва манзур аз “ҷони мурда” киноя аз он ҷону равонест, ки ба ҳукми марги ихтиёрӣ аз ӯ авсофи башарӣ ва ҳастии худмурда ва шаҳавотро забт карда бошад ва ба мақоми фанои дар Ҳақ расида бошад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.607)

Тозагиву ҷунбиши Тубост ин,

Ҳамчу ҷунбишҳои ҳайвон нест ин.

Он латофат ва ҷунбише, ки дар руҳи солик пайдо мешавад, ҳамон латофат ва ҷунбиши “Тубо” аст. Пас, он ҷунбиш монанди ҳаракату ҷунбиши олами ҳайвонот нест, яъне аз ҷунбишҳои маъмулӣ ҷудост.

Нукта: “Тубо” дар луғат ба маънии поку покиза ва беҳтару покизатар аст, муаннаси “атяб” аст ва дар сураи Раъд ояти 29 низ бад-он ишора шудааст. Бар тибқи ривоёт, “Тубо” дарахтест дар биҳишт, лекин арбоби завқ ва асҳоби сулук мегӯянд, ки мақсуд аз дарахти Тубо усул ва маориф ва ахлоқи некӯст, ки барои нуфуси қобил ва пазиро зинат аст. Зеро вақте замини он дарахт нуфуси мо бошад, зинати он ҳам ночор бояд аз ҷинси зинат улуму маорифу ахлоқи некӯ ва сифоти устувор дар нафс бошад. (Мафотиҳул-ғайб, с.1065-1072)

Гар дарафтад дар замину осмон,

Заҳраҳошон об гардад дар замон.

Он дами раҳмонӣ ва он нафҳаи раббонӣ, ки дар зоти одамӣ аст агар бар замину осмон меафтад, дар як лаҳза заҳраи ҳамаи онон об мешавад. (Инсон комилтарин мазҳари Ҳақ ва халифаи лоиқи Ӯст.)

Худ зи бими ин дами бемунтаҳо,

Бозхон: “фаъбайна ан яҳмилнаҳо”.

Аз бими ҳамин дами бениҳоят ва амонати Худо, замину осмон аз ҳамли он тан заданд.

Нукта: Ишора аст ба ояти 72 сураи Аҳзоб:

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Ҳамоно мо амонатро бар осмонҳо ва замин арза доштем, онҳо аз бардоштани он тан заданд ва ҳолати ваҷди омехта бо бим пайдо карданд. Инсон ин амонатро бардошт, ӯ ситамкору нодон аст.”

В-арна худ “ашфақна минҳо” чун будӣ?

Гарна аз бимаш дили кӯҳ хун шудӣ?

Вагарна кай замину осмон аз қабули он амонат хавфу бим доштанд? Ва қалби кӯҳ аз ин дами беинтиҳо чӣ гуна хун мешуд?

Нукта: “Ашфақна минҳо” (аз он тарсиданд) ишора дорад ба ҳамон ояте, ки дар боло омад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: