Ду коре, ки нухбаҳои ҷомеа бояд онҳоро ҷиддӣ бигиранд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду кор ҳаст, ки нухбаҳои ҷомеа агар ҷиддӣ бигиранд, он вақт ҳамаи мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Яке, “амал ба таклиф бидуни дар назар гирифтани натиҷа”, ва дигар, худро “одами муҳим” надонистан. Ҳоло як каме тавзеҳ бидиҳам ин дуро.

Вазъияти номатлуб дар як ҷомеа ва барои як миллат, гоҳе ба ҳадде мерасад, ки дигар тағйир додани он бисёр душвор ва сахт ба назар мерасад ва нухбаҳо аз талош барои тағйири он ноумед мешаванд ва он гоҳ даст рӯи даст мегузоранд ва тарҷеҳ медиҳанд, ки беҳтар аст бо он шароит бисозанд.

Дар инчунин шароите, аз дасти як нависанда ва ё як шоир (масалан) бармеояд, ки бо нигориши як матлаб ва сурудани як шеър, коре дар ростои тағйири вазъ анҷом бидиҳад, вале чун фикр мекунад, ки бо кори ночизи ӯ, вазъ чандон тағйир нахоҳад кард, аз ин рӯ тарҷеҳ медиҳад, ки беҳтар аст даст ба кор нашавад. Зеро, мо фикр мекунем, танҳо замоне бояд даст ба кор шуд, ки бидонем оё корамон натиҷа хоҳад дошт ё на? Агар дурнамое барои корамон набинем, тарҷеҳ медиҳем даст ба кор нашавем.

Ва гоҳе ҳам, даст ба кор намешавем ба ин далел, ки худамонро “одами муҳим” медонем. Яъне, агар анҷоми як кор, хатаре бароямон ба дунбол дошта бошад, ба он иқдом намекунем ва “эҳтиёт” мекунем. “Эҳтиёт” ҳам ба ин хотир, ки фикр мекунем, “одами бисёр муҳим ва муфиде барои ҷомеа” ҳастем, ки бояд худашро барои корҳои бузургтаре нигаҳ дорад.

* * *

Ва ин дар ҳолест, ки аз як сӯй, агар нухбаҳои ҷомеа ҳамон кори ночизе, ки аз дасташон бармеояд анҷом бидиҳанд, ин қатраҳо “ҷамъ гардад в-онгаҳе дарё шавад”. Ва аз сӯйи дигар, қарор нест натиҷаи кори худро бибинем, балки дар муфид будани як кор, ҳамин кофист, ки дар дарозмуддат натиҷа бидиҳад ва фарзандонамон меваҳои онро бичинанд.

Ва ҳамчунин, “одами муҳим ва муфид” ҳамон касест, ки дар замоне, ки лозим аст, даст ба кор мешавад ва ба таклиф ва вазифааш амал мекунад. Он касе, ки фикр мекунад, бояд “эҳтиёт” кунад ва худашро барои “оянда” нигаҳ дорад, ӯ муфид нест, балки ба як маъно музирр аст.

Ба ҳар ҳол, мо дар ҳар сурат бояд ба таклифамон амал кунем. Достони зебое ҳаст, ки дар бархе китобҳо нақл шудааст. Гӯянд, замоне ки Намруд оташ афрӯхт ва ҳазрати Иброҳим (а)-ро ба он афканд, занбӯри асале дар атрофи оташ парвоз мекард. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ӯ пурсид: занбӯр! Дар атрофи оташ чӣ мекунӣ? Оё наметарсӣ, ки сӯхта шавӣ? Занбӯр гуфт: эй Иброҳим! Омадаам, то оташро хомӯш кунам!

Ҳазрати Иброҳим (а) бо ханда гуфт: ту магар намефаҳмӣ, оби даҳони кучаки ту ҳеч таъсире бар ин оташ надорад?

Занбӯр гуфт: эй Иброҳим! Ман ба хомӯш шудан ё нашудани оташ намеандешам, балки ба ин меандешам, ки агар рӯзе аз ман бипурсанд вақте Иброҳим дар оташ буд, ту чӣ мекардӣ, битавонам бигӯям, ки ман низ дар кори хомӯш кардани оташ саҳим будам.

Ва дар нақле дигар омадааст, ки занбӯр дар посух гуфт: ман фақат ба вазифа ва таклифам амал мекунам ва ба миқдори ҳаҷми даҳонам об мебарам ва бар рӯи оташ мерезам. Дигар коре надорам, Худо онро хомӯш мекунад ё намекунад!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: