Масъуд Боризонӣ расман аз риёсати Иқлими Курдистон канорагирӣ кард

Масъуд Боризонӣ, раиси Иқлими Курдистони Ироқ, эълом кард, ки бо поёни давраи риёсаташ, аз мақоми худ канорагирӣ мекунад. Номаи канорагирии ӯ имрӯз дар ҷаласаи ғайриаланӣ ва муташанниҷи порлумони Курдистони Ироқ баррасӣ шуд.

Ба гузориши Fararu, Маҷлиси (порлумони) Иқлими Курдистони Ироқ барои баррасии номаи канорагирии Масъуд Боризонӣ, ҷаласаи ғайриаланӣ баргузор кард.

Масъуд Боризонӣ, раиси Иқлими Курдистони Ироқ, эълом кард, ки бо поёни давраи риёсаташ, аз мақоми худ канорагирӣ мекунад. Номаи канорагирии ӯ имрӯз дар ҷаласаи ғайриаланӣ ва муташанниҷи порлумони Курдистони Ироқ баррасӣ шуд.

Имрӯз (29.10.2017) ҷаласаи ғайриалании Маҷлиси Иқлими Курдистони Ироқ барои баррасии номаи канорагирии Масъуд Боризонӣ аз қудрат ба далели бурузи таниш бо вақфае яксоата рӯбарӯ шуд.

Давраи риёсати Масъуд Боризонӣ рӯзи чаҳоршанбе (31 октябр) ба поён мерасад, аммо интихоботи риёсати Иқлим ба далели бӯҳроне, ки баъд аз баргузории ҳамапурсии истиқлоли Курдистон аз Ироқ пеш омад, ба таъвиқ афтод.

Шеваи тақсими қудрати риёсати Иқлими Курдистон баъд аз канорагирии оқои Боризонӣ, раиси Иқлим, муҳимтарин мавзӯи дастури ҷаласаи имрӯзи порлумони Курдистони Ироқ дар рӯзи якшанбе (29 октябр) буд.

Дар ин ҷаласа намояндагони Ҷунбиши Тағйир (Гӯрон) ба тарҳе, ки барои тақсими қудрат пешниҳод шуда буд, эътироз доштанд.

Боризонӣ дирӯз (шанбе 28 октябр) дар номае ба порлумон тасмими худро барои канорагирӣ аз қудрат эълом кард. Ӯ баъд аз ҳамапурсӣ ва танишҳое, ки бо давлати марказии Ироқ пеш омад, барои канорагирӣ таҳти фишори байналмилалӣ ва дохилӣ буд.

Боризонӣ дар номааш ба Маҷлиси Иқлими Курдистони Ироқ пешниҳод карда, ки ихтиёроти ӯ ба нахуствазири иқлим ва ҳайате аз мақомҳои сиёсӣ вогузор шавад ва ба порлумон ихтиёроти бештаре дода шавад, то музокирот бо Бағдод идома ёбад.

Матни комили номаи Боризонӣ ба шарҳи зер аст:

Риёсати мӯҳтарами порлумони Иқлими Курдистон

Бо салом

Бар асоси фармони иқлимии шумораи 128 дар 12/07/2017, дархости баргузории интихоботи порлумонӣ ва риёсати Иқлимро дар 01/11/2017 матраҳ кардем, аммо ба далоили сиёсӣ, амниятӣ, фаннӣ ва набуди номзад, Кумисиюни олии интихобот ва ҳамапурсии Иқлим фаъолиятҳои худро бо ҳадафи заминасозии баргузории интихобот ба ҳолати таълиқ даровард.

Порлумон ҳам дар 24/10/2017 давраи фаъолияти ҳукумат ва порлумонро тамдид кард.

Дар хусуси ояндаи мақоми риёсати Иқлими Курдистон пас аз 01/11/2017, фаъолияти худро дар ин мансаб рад карда ва набояд ҳеч гуна таъдили қонуни риёсати Иқлим ё тамдиди давраи он сурат гирад ва лозим аст дар зудтарин вақт бо ҳадафи рафъи мушкил аз ноҳияи вазоиф ва ихтиёроти риёсати Иқлим, ҷаласаи порлумон баргузор шавад.

Инҷониб низ ба номи Масъуд Боризонии пешмарг, дар миёни миллат ва пешмаргони азиз дар ростои найл ба аҳдоф ва ҳиросат аз дастовардҳои онон хоҳам монд.

Масъуд Боризонӣ

28/10/017

* * *

Бар тибқи гузоришҳои мунташиршуда вай аз симати худ ба унвони риёсати Иқлим канорагирӣ карда ва унвон карда, ки ба унвони як шаҳрванди оддӣ зиндагии худро идома хоҳад дод.

Бар асоси ин гузориш, ихтиёроти вай байни қувваҳои муқанина, муҷрия ва қазоияи ин минтақа тақсим мешавад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: