Перейти к содержимому

Номи Кабирӣ аз феҳристи афроти таҳти таъқиби Интерпол ҳазф шудааст

Ба гузориши сойти Ахбор (Салимпур), номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз феҳристи афроди таҳти таъқиб дар сойти Интерпол ҳазф шудааст. Ҳамчунин номи Кабирӣ дар феҳристи афроди таҳти таъқиб дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ мавҷуд нест.

Бар пояи ин гузориш, пулиси байналмилал (Интерпол) исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро аз феҳристи афроди таҳти таъқиб дар сойти расмиаш бардоштааст.

Далели ин тасмим ҳанӯз равшан нест ва маълум нест, ки оё бардоштани исми Кабирӣ аз ин феҳрист дар сойти Интерпол ба маънои таваққуфи таъқиби ӯ аз сӯи ин ниҳоди байналмилалӣ аст ё мулоҳизоти дигаре дар ин миён матраҳ аст?

Вале қаблан гуфта мешуд, ки Интерпол дар пайи интиқодҳои фазояндаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, тасмим гирифта то афродеро, ки дар кишваре ба сурати расмӣ паноҳандагӣ дарёфт мекунанд, дигар таъқиб накунад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Интерпол интиқод мекарданд, ки барои кишварҳои узваш, ба хусус кишварҳои худкома, ба як абзори таъқиби мухолифони сиёсии ин режимҳо табдил ёфтааст ва режимҳои худкома ба хусус аз рӯйхати доғ (Red Notice)-и Интерпол барои таъқибу боздошти раҳбарон ва фаъолони опозисиюни сиёсии худ суистифода мекунанд.

Сойти Ахбор моҳи гузашта хабар дода буд, ки дар феҳристи афроди таҳти таъқиб дар сойти Интерпол исми ҳамаи онҳое, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таъқиб мешаванд, бардошта шуда, танҳо номи Кабирӣ боқӣ мондааст.

Гуфтанист, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2016 раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Кабирӣ, ки аз соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, соли 2016 дар яке аз кишварҳои Урупо мақоми паноҳандагии сиёсиро дарёфт кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи женерол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), фаъолияти ҲНИТ-ро манъ ва ин ҳизби мухолифро ба феҳристи гурӯҳҳои ифротӣ ва теруристӣ ворид карда буд. Мақомоти ҲНИТ, аз ҷумла худи Кабирӣ ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб барои ҳукумати Тоҷикистон танҳо як баҳона барои ҳазфи умдатарин ташаккули мухолифаш аз арсаи сиёсӣ шуд.

Тибқи гузориши сойти Ахбор, вуҷуди исми Кабирӣ дар феҳристи Интерпол чандон монеае барои сафарҳои ӯ нашудааст. Ӯ тобистони соли ҷорӣ барои ширкат дар як анҷумани исломӣ ба Молезӣ сафар карда, дар миёнаҳои моҳи сентябр дар анҷумани солонаи САҲА дар Варшав низ ширкат кард.

То кунун баландпоятарин узви ҲНИТ, ки бо дастури Интерпол дастгир шуд, Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим), раҳбари бахши дороиҳои ҲНИТ мебошад. Шоҳнаими Карим шаби 9 октябр дар фурудгоҳи Отен (Афина), пойтахти Юнон дастгир шуд.

Дар ҳоле, ки исми Шоҳнаими Карим дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол набуд, мақомоти Юнон аммо гуфтанд, ки ӯро бо дастури Интерпол ва бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Сойти Ахбор дар гузориши худ менависад, исми Муҳиддин Кабириро дар феҳристи афроди таҳти таъқиб дар сойти расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ пайдо накардааст.

2 Comments »

  1. Кабири ту хурсанд машав! Дар руйхати интерпол будану набудани ту маъное надоад. Ту рубоҳи лаъин ҳатман рузе ба даст меафти ва ҷазои хиенатҳои кардаатро мебини ба монанди дигар хаммаслакони хиенаткорат.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: