Сабабҳои гароиш ба материализм (4)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Норасоии мафоҳими фалсафии Ғарб

Дуввумин иллате, ки дар мавриди гароишҳои моддии дастаҷамъӣ дар ҷаҳони Ғарб бисёр қобили аҳаммият аст, норасоии мафоҳими фалсафии Ғарб аст.

Ҳақиқат ин аст, ки Ғарб дар он чӣ ҳикмати илоҳӣ номида мешавад, бисёр ақиб аст. Ва шояд иддае натавонанд бипазиранд, ки Ғарб ба фалсафаи илоҳии Машриқ ва хусусан фалсафаи исломӣ нарасидааст. Бисёре аз мафоҳими фалсафӣ, ки дар Урупо сару садои зиёде бапо мекунад, аз ҷумлаи масоили пеши по уфтодаи фалсафаи исломӣ аст. Дар тарҷумаҳои фалсафаи ғарбӣ ба матолиби музҳике бармехӯрем, ки ба унвони матолиби фалсафӣ аз файласуфони бисёр бузурги Урупо нақл шудааст, ва ҳам ба матолибе бармехӯрем, ки мебинем файласуфон дучори бархе мушкилот дар масоили илоҳӣ будаанд ва натавонистаанд онҳоро ҳал кунанд. Яъне меъёрҳои фалсафиашон норасо будааст. Бадеҳист, ки ин норасоиҳо заминаи фикриро ба нафъи материализм омода мекардааст.

* * *

Мушкили “иллати нахустин”

Яке аз масоиле, ки хуб аст ба унвони намуна зикр кунем, достони фалсафии “иллати нахустин” дар фалсафаи Ғарб аст. Ҳарчанд матлаб қадре душвор аст, аммо умедворам хонандагон қадре таҳаммул дошта бошанд.

Ҳегел аз файласуфони бузург ва маъруфи ҷаҳон аст, ки ҳаққан бузургиашро набояд инкор кард ва дар суханони вай матолиби саҳеҳ бисёр аст. Матлабе аз ин файласуфи бузург дар бораи яке аз муҳимтарин масоили илоҳиёт нақл мекунем ва сипас онро бо он чӣ дар фалсафаи исломӣ омада муқоиса мекунем. Он матлаб дар бораи иллати нахустин, яъне дар бораи зоти “воҷибулвуҷуд” аст аз он ҷиҳат, ки нахустин иллати мавҷудот аст. Ҳегел мегӯяд:

Дар ҳалли муаммои ҷаҳони офариниш, ба дунболи иллати фоъилӣ набояд биравем; зеро аз тарафе зеҳн ба тасалсул розӣ намегардад ва ночор иллати нахустин мехоҳад, ва аз тарафе, чун иллати нахустинро дар назар гирифтем, муаммо ҳал нагашта ва табъ қонеъ намегардад ва ин мушкил боз боқист, ки иллати нахустин чаро иллати нахустин шудааст? Барои ин ки муаммо гушуда шавад, бояд ғоят ё ваҷҳ ва далели вуҷудро дарёбем; зеро агар донистем барои чӣ мавҷуд шудааст, ва ба иборати дигар, чун маълум шуд, ки амре маъқул аст, табъ қонеъ мешавад ва иллати дигаре намеҷӯяд, ва равшан аст, ки ҳар чиз тавҷеҳ лозим дорад, аммо худи ваҷҳ, тавҷеҳ намехоҳад.”

Шореҳини каломи ӯ натавонистаанд муроди ӯро тавҷеҳ кунанд, вале шояд битавон бо диққат донист, ки дарди ин мард чӣ будааст.

Агар бихоҳем матлабро ба забони фалсафаи худамон тавре тақрир кунем, ки бо назари Ҳегел мунтабиқ шавад ва лоақал наздик гардад, бояд бигӯем, Худоро ба сурати амре, ки мустақиман мавриди қабули зеҳн аст — на ба сурати амре, ки зеҳн бо навъе иҷбор мулзам гардад онро бипазирад — бояд пазируфт. Фарқ аст миёни матлабе, ки зеҳн мустақиман лиммият (чароӣ)-и онро дарк мекунад ва пазиришаш як пазириши табиӣ аст ва миёни ин ки матлаберо аз он ҷиҳат бипазирад, ки бутлони нуқтаи муқобили он матлаб ӯро мулзам мекунад; ва дар ҳақиқат, аз он ҷиҳат мепазирад, ки ҷавобе надорад ба далеле, ки бар бутлони нуқтаи муқобили он иқома шудааст бидиҳад. Ва аз тарафе, вақте, ки нуқтаи муқобили як матлаб ба ҳукми бурҳон ботил шинохта шуд, табъан ва иҷборан худи он матлабро бояд пазируфт. Чун мумкин нест ҳам нуқтаи муқобили як матлаб нодуруст бошад ва ҳам худи он матлаб, балки аз ду нақиз якеро бояд пазируфт. Бутлони яке аз ду нақиз, далели сиҳҳат ва дурустии нақизи дигар аст.

Пазируфтани матлабе ба далели бутлони нақизи он матлаб, навъе илзом ва иҷбор барои зеҳн ба вуҷуд меоварад, вале қаноат намеоварад. Ва фарқ аст миёни иҷбор ва илзоми зеҳн бо иқноъ ва ирзои он. Бисёр иттифоқ меафтад, ки инсон дар муқобили як далел сокит мешавад, аммо дар умқи виҷдони худ навъе шакку тардид нисбат ба муддао эҳсос мекунад.

Ин тафовутро миёни “бурҳони мустақим” ва “бурҳони хулф” мебинем. (Бурҳони хулф яъне ин аст, ки барои он ки собит кунем қазия дуруст аст, собит мекунем, ки хилофи он қазия, яъне нақизи он, нодуруст аст. С.И.) Гоҳе зеҳн аз “муқаддима” ва “ҳадди васат” ба таври табиӣ ва оддӣ ва огоҳона убур мекунад ва ба “натиҷа” мерасад. (Ҳадди васат яъне ҳадди муштарак миёни муқаддимоти қиёс, ки дар ҳар ду муқаддима такрор мешавад ва ду ҳадди дигари қиёс (суғро ва кубро)-ро дар натиҷа ба ҳам пайванд медиҳад. С.И.) “Натиҷа” мавлуди мустақими “ҳадди васат” аст, ончунон ки дар бурҳонҳои “лиммӣ” мушоҳида мешавад. Дар ин гуна бурҳонҳо зеҳн ба таври табиӣ натиҷаро аз муқаддимот истинтоҷ мекунад. Натиҷа барои зеҳн ҳукми фарзандеро дорад, ки ба таври табиӣ аз падару модар мутаваллид мешавад. Аммо “бурҳони хулф” чунин нест, ҳатто “бурҳон иннӣ” низ чунин нест. Дар “бурҳони хулф”, зеҳн ба ҳукми иҷбор натиҷаро қабул мекунад. Ҳолати зеҳн ҳолати касест, ки дар муқобили як қувваи қаҳрия қарор гирифта ва наметавонад сарпечӣ кунад; аз он ҷиҳат мепазирад, ки наметавонад рад кунад.

Дар ин гуна бурҳонҳо чун аз ду тарафи эҳтимол, як тараф бо далел ботил мешавад, зеҳн маҷбур аст тарафи дигарро бипазирад. Он тарафи дигар, ки мавриди қабули зеҳн воқеъ шудааст, аз ин ҷиҳат мавриди қабули зеҳн аст, ки тарафи мухолиф рад шуда ва аз ду тараф яке бояд мақбул бошад ва мумкин нест ҳар ду тараф мардуд бошад, зеро мусталзими иртифоъи нақизайн аст; пас, ин тарафро илзоман ва иҷборан қабул мекунад, пас, пазириши ин тараф як пазириши иҷборӣ аст, на табиӣ.

Ҳегел мехоҳад бигӯяд, ин ки ба дунболи иллати нахустин меравем ва онро қабул мекунем, аз навъи дуввум аст. Зеҳн мустақиман иллати нахустинро дарк намекунад, балки барои парҳез аз тасалсул онро мепазирад. Ва аз он тараф мебинад, ки ҳарчанд аз ҳукми “имтиноъи тасалсул” (маҳол будани тасалсул) наметавон сарпечӣ кард, аммо наметавон дарк кард, ки фарқи иллати нахустин бо соири иллатҳо чист, ки онҳо ниёзманд ба иллатанд ва ӯ бениёз аз иллат аст?! Ё ба иборати худи Ҳегел, наметавон фаҳмид, ки чаро иллати нахустин иллати нахустин шудааст?! Вале агар ба дунболи ваҷҳ ва ғоят биравем, мерасем ба ваҷҳ ва ғояте, ки ваҷҳ ва ғоят будани он айни зоти ӯст ва эҳтиёҷе ба ваҷҳ ва ғояти дигар надорад.

Назири он чӣ Ҳегел дар боби иллати нахустин гуфтааст Конт (Immanuel Kant) ва Спенсер (Herbert Spencer) низ гуфтаанд. Спенсер мегӯяд:

Мушкил ин ҷост, ки ақли башар аз як тараф барои ҳар амре иллат меҷӯяд, ва аз тарафи дигар аз давру тасалсул имтиноъ дорад. Иллати беиллатро ҳам на меёбад ва на фаҳм мекунад, чунонки кашиш чун ба кӯдак мегӯяд дунёро Худо халқ кардааст, кӯдак мепурсад Худоро кӣ халқ кардааст?

Ва ҳамчунин назири инҳо ва балки бепоятар аз инҳост он чӣ Жан Пол Сартр (Jean-Paul Sartre) дар ин бора гуфтааст. Вай ба нақли Поул Фулкие (Paul Foulquié) дар бораи иллати нахустин мегӯяд:

Таноқуз аст ин ки вуҷуди худаш иллати худаш бошад.”

Поул Фулкие дар тавзеҳи гуфтаи Сартр чунин мегӯяд: “Бурҳони мазбур, ки Сартр онро ташреҳ намекунад, маъмулан инчунин арза мегардад: агар иддао кунем, ки худ вуҷуди хешро поя гузордаем, бояд инро низ бовар дошт, ки пеш аз вуҷуди худ вуҷуд доштаем, ва ин ҳамон таноқузи ошкорест, ки рух мегушояд.” (Пол Фулкия, Экзистенциализм, с.96)

* * *

Акнун бояд бибинем тасвири воқеии назарияи “иллати нахустин” аз назари фалсафӣ чӣ гуна аст? Оё ба ин шакл аст, ки Жан Пол Сартр ва гурӯҳе дигар фарз кардаанд, ки як шайъ ба вуҷудоварандаи худ бошад ва ба истилоҳ, поягузори вуҷуди худ бошад, ки лозимааш ин аст як шайъ худаш иллати худаш ва маълули худаш бошад? Ва ё маънии иллати нахустин он аст, ки Конт ва Ҳегел ва Спенсер тасаввур кардаанд, яъне мавҷуде, ки дар бораи ӯ истисное дар қонуни иллият сурат гирифтааст; яъне бо он ки ҳар чизе ниёзманд ба иллат аст ва мумкин нест бидуни иллат бошад, истисноан иллати нахустин чунин нест? Ва оё имтиноъи тасалсул, ки моро мулзам мекунад ба қабули иллати нахустин, мулзам мекунад ба ин ки қабул кунем як чизе худаш иллати худаш аст? Оё зеҳни мо барои фирор аз як маҳол, мулзам мегардад ба қабули як маҳоли дигар? Чаро? Агар биност зеҳн маҳолро напазирад, ҳеч маҳолеро намепазирад. Чаро истисно қоил шавад?!

Мутобиқи тасвири Сартр, иллати нахустин низ монанди ҳамаи ашё ниёзманд ба иллат аст, вале ин ниёзро худаш барои худаш бармеоварад. Аммо мутобиқи тасвири Конт ва Ҳегел ва Спенсер, дар миёни ашёе, ки ҳама аз назари ақл монанди ҳам ҳастанд, якеро илзоман ва барои фирор аз имтиноъи тасалсул, бояд истисно кунем ва бигӯем, ҳамаи ашё ниёзманд ба иллатанд ҷуз яке, ва он яке ҳамон иллати нахустин аст. Аммо ин ки чӣ фарқе миёни иллати нахустин ва соири ашё аст, ки ҳамаи онҳо ниёзманд ба иллатанд ва он яке мавриди истисно воқеъ шудааст, ҷавоб ин аст, ки аз назари ақл ҳеч фарқе нест; танҳо барои фирор аз тасалсули мумтанеъ маҷбурем якеро бениёз аз иллат фарз кунем.

Дар ин тасвир фарз нашуда, ки иллати нахустин ниёзманд ба иллат аст, вале худаш ниёзи худашро баровардааст (чунонки дар тасвири Сартр инчунин буд), балки фарз шуда, ки иллати нахустин ниёз ба иллате, ки ӯро ба вуҷуд оварад надорад; яъне иллати нахустин, аз ин қоида мустасност. Аммо ин ки чаро ниёз надорад, чаро мустасно аст, маълум нест.

Тасвири аввал бисёр кӯдакона аст. Ҳеч файласуф ва нимафайласуф ва ҳатто аксари инсонҳои оммӣ чунон тасвире аз Худо надорад. Андаке дар бораи тасвири дуввум баҳс мекунем ва зимнан тасвири саҳеҳи онро ба даст медиҳем.

* * *

Аз назари мо, тардиду шакки амсоли Конт ва Ҳегел ва Спенсер дар бораи “иллати нахустин”, ба ду матлаби асосии фалсафӣ бастагӣ дорад, ки ҳеч кадом аз онҳо дар фалсафаи Ғарб ҳал нашуда будааст. Он ду масъалаи асосӣ, яке масъалаи “асолати вуҷуд” аст ва дигар масъалаи “маноти (меъёри) эҳтиёҷ ба иллат” аст.

Акнун ҷои баҳсу тавзеҳ дар бораи “асолати моҳият” ва ё “асолати вуҷуд” — ки нуқтаи муқобили он аст — нест; аммо ҳамин андоза тавзеҳ медиҳем, ки бино бар асолати моҳият — он ҳам бо як назари ибтидоӣ ва ғайриамиқ, яъне бо ин фарз, ки Худо низ монанди дигар зотҳо дорои моҳияте ва вуҷуде аст (ки албатта ҳатто ба назари тарафдорони асолати моҳият низ сухане мардуд аст ва онҳо низ зоти Худоро вуҷуди маҳз медонанд) — ҷои ин пурсиш ҳаст, ки чаро ҳар зоте иллат мехоҳад ва зоти Худо иллат намехоҳад? Чаро як зот “воҷибулвуҷуд” аст ва зотҳои дигар “мумкинулвуҷуд”? Магар на ин ки ҳамаи зотҳо моҳиятҳое ҳастанд, ки вуҷуд бар онҳо ориз гаштааст? Лекин бино бар “асолати вуҷуд” — ки қаҳрамони он, аз назари исботи фалсафӣ ва иқомаи бурҳонҳо, Садрулмутааллиҳини Шерозӣ аст — тарзи тафаккур иваз мешавад.

Бино бар назарияи аввал (асолати моҳият), тасвири мо дар бораи ашё чунин хоҳад буд, ки зоти онҳо чизе аст, ки ба худии худ ғайри “ҳастӣ” аст ва “ҳастӣ”-ро як мавҷуди дигар бояд ба ӯ ифоза намояд. Мо он мавҷуди дигарро “иллат” меномем. Аммо бино бар асолати вуҷуд, зоти ҳақиқии ашё ҳамон баҳраи онҳо аз ҳастӣ аст ва ҳастӣ зоте нест, ки як мавҷуди дигар бихоҳад ба он ҳастӣ бидиҳад. Пас, агар лозим бошад, ки иллати хориҷӣ чизеро ба ашё ифоза намояд, он чиз ҳамон зоти ашё аст, ки айни ҳастӣ аст, на як амри ориз ва илова бар зоти ашё.

Он гоҳ матлаби дигаре матраҳ мешавад, ва он ин ки: оё ҳастӣ аз он ҷиҳат, ки ҳастӣ аст — яъне дар ҳар либос ва дар ҳар мазҳар ва дар ҳар мартиба бошад — лозим аст, ки аз ноҳияи як мавҷуди дигар ифоза шавад? Ва лозимаи ин матлаб ин аст, ки вуҷуд аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст, айни ифоза ва айни файз ва айни вобастагӣ ва таъаллуқ ва айни асар будан ва муаххар будан аст ва қаҳран айни маҳдудият аст, ё ҷиҳати дигаре дар кор аст?

Посух ин аст, ки ҳақиқати ҳастӣ — ки дар айни доро будани маротиб ва мазоҳири мухталиф, як ҳақиқат беш нест — ҳаргиз эҷоб намекунад эҳтиёҷ ба шайъи дигарро; зеро маънии эҳтиёҷ дар ҳастӣ (бар хилофи эҳтиёҷе, ки қаблан дар моҳиятҳо фарз мешуд) ин аст, ки ҳастӣ айни эҳтиёҷ бошад, ва агар ҳақиқати ҳастӣ айни эҳтиёҷ бошад, лозим меояд таъаллуқ ва вобастагӣ дошта бошад ба ҳақиқате дигар ғайри худ, ва ҳол он ки барои ҳастӣ ғайр ва моварое тасаввур надорад. Ғайри ҳастӣ нестӣ аст ва моҳият аст, ки он низ бар ин фарз “эътиборӣ” аст ва баробари нестӣ. Пас, ҳақиқати ҳастӣ аз он ҷиҳат, ки ҳақиқати ҳастист, эҷоб мекунад истиқлол ва ғино ва бениёзӣ ва адами вобастагӣ ба ғайри худро ва ҳам эҷоб мекунад итлоқ ва раҳоӣ ва ломаҳдудиятро. Яъне эҷоб мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ адам ва салб дар ӯ роҳ надошта бошад. Ниёз ва фақр ва вобастагӣ ва ҳамчунин маҳдудият ва тавъам бо нестӣ будан, аз эътиборе дигар ғайр аз сирофати ҳастӣ ношӣ мешавад; ношӣ аз тааххур ва маълулият аст. Яъне ҳастӣ аз он ҷиҳат, ки ҳастӣ аст — қатъи назар аз ҳар эътибори дигар — эҷоб мекунад истиғно ва истиқлол аз иллиятро. Аммо ниёзмандӣ ба иллат, ва ба иборати дигар, ин ки ҳастӣ дар марҳила ва мартибае ниёзманд ба иллат бошад, аз он ношӣ мешавад, ки айни ҳақиқати ҳастӣ набошад то аз зоти Ҳақ ба сурати як файз судур ёбад. Лозимаи файз будан, тааххур ва ниёзмандӣ аст, балки ба ҳақиқат, чизе ҷуз он нест.

Аз инҷо мефаҳмем, ки бино бар “асолати вуҷуд” агар назари ақлро ба ҳақиқати ҳастӣ бидӯзем, дар онҷо бениёзӣ ва истиғно ва аввалият мебинем, ва ба иборати дигар, ҳақиқати ҳастӣ мусовӣ аст бо вуҷуби зотӣ, ва ба таъбире, ки Ҳегелро писанд ояд, ваҷҳи маъқули ҳақиқати ҳастӣ бениёзӣ аз иллат аст. Ниёз ба иллат аз эътиборе илова бар ҳақиқати ҳастӣ пайдо мешавад, ки ҳамон тааххур ва маҳдудият аст, ва ба таъбире дигар, ниёз ба иллат айни тааххури мартибаи ҳастӣ аз ҳақиқати ҳастист, ва ба таъбире мутаносиб бо таъбири Ҳегел, ниёз ба иллат ваҷҳи ғайримаъқули ҳастӣ аст.

Ин аст маънии ин ки мегӯянд (ва ба таъбири Ибни Сино), сиддиқин чун ба ҳақиқати вуҷуд менигаранд ва ҳастиро қатъи назар аз ҳар қайду изофае таҳти мутолеа қарор медиҳанд, аввалин чизе, ки кашф мекунанд, зоти воҷибулвуҷуд ва иллати нахустин аст; сипас аз зоти воҷибулвуҷуд ба осор ва маълулоташ, ки ҳастии маҳз нестанд ва ҳастиҳои маҳдуд ва тавъам бо адаманд, истидлол мекунанд. Ва ин аст маънии ин, ки дар ин мантиқ ҳеч чизе воситаи исботи зоти Ҳақ нест; зоти Худо худ гувоҳ бар вуҷуди хеш аст:

شَهِدَ اللّهُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ وَالْمَلاَئِكَةُ وَأُوْلُواْ الْعِلْمِ

(“Худо гувоҳӣ медиҳад, ки ҷуз Ӯ ҳеч маъбуде нест ва фариштагони ӯ ва донишварон низ…” (Сураи Оли Имрон, ояти 18)

Офтоб омад далели офтоб,

Гар далелат бояд, аз вай рух матоб.

Аз вай ар соя нишоне медиҳад,

Шамс ҳар дам нури ҷоне медиҳад.

(Мавлоно)

Аз инҷо маълум мешавад, ки чӣ қадр пуч аст сухани касе, ки мегӯяд: фарзи иллати нахустин мусталзими таноқуз аст, зеро мусталзими ин аст, ки як шайъ худаш поягузори вуҷуди худаш бошад ва худаш қабл аз худаш вуҷуд дошта бошад! Ва ҳамчунин сухани касе, ки мегӯяд: фаразан бо далел исбот кунем, ки ҳама чизро иллати нахустин ба вуҷуд овардааст, ин суол боқист, ки худи иллати нахустинро чӣ чиз ба вуҷуд овардааст? Ва иллати нахустин як истиснои бидуни далел аст.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Матлабе, ки дар бораи «асолати вуҷуд» гуфта шуда ва бино бар асолати вуҷуд, дигар ин суол, ки иллати «иллати нахустин» кадом аст, бемаънист, ниёз ба тавзеҳ дорад, ки дар зайл менависам.
    Барои фаҳми ин матлаб, ки чаро суол аз ин ки иллати “иллати нахустин” кадом аст ва ё ба иборате, Худоро кӣ офаридааст, бемаънист, ба матолиби зерин таваҷҷӯҳ бифармоед:

    1) Матлаби аввал ин ки: аз назари фалсафӣ, адам (нестӣ) воқеият надорад, адам сохтаи зеҳни инсон аст, яъне фақат дар зеҳни мо вуҷуд дорад, дар олами воқеият чизе ба номи адам (нестӣ) таҳаққуқ надорад. Инсон вақте як шаъйро бо як шайъи дигар муқоиса мекунад, дар инҷо мафҳуми адам пайдо мешавад. Масалан, мо мегӯем, Саъдӣ дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад. Ин мафҳум аз муқоисаи худамон дар зарфи замонии худамон, бо Саъдӣ ва зарфи замонии ӯ дар зеҳни мо пайдо мешавад. Вагарна, Саъдӣ дар зарфи замонии худаш ҳаст; мунтаҳо он замон чун сипарӣ шудааст, мо аз муқоисаи замони худамон бо замони Саъдӣ, мегӯем, ки Саъдӣ вуҷуд надорад. Вагарна ҳар чизе дар зарфи замонӣ ва маконии худаш ҳаст ва маҳол аст, ки адам (нестӣ) бар он ориз шавад.

    2) Касоне, ки ин суол барояшон пеш меояд, ки: “Иллати вуҷуди Худо кадом аст?”, ва ё “Худоро чӣ касе офарида?”, ношӣ аз ин аст, ки онҳо фикр кардаанд, ки “зоти ашё” як чиз аст ва “ҳастии ашё” чизе дигар, яъне ҳастӣ ва вуҷуд бар онҳо ориз шуда. Дар ҳоле ки дар олами воқеият ҳарчи ҳаст, вуҷуд ва ҳастӣ аст. Асосан, ҳақиқати ҳастӣ (вуҷуд) зоташ ҳастӣ аст, ҳарчи дар ҷаҳони воқеият ҳаст, ҳастӣ аст, чизе ба номи “адам” (нестӣ) надорем, ки дар канори “ҳастӣ” таҳаққуқ дошта бошад. Ҳаминки касе бигӯяд, “нестӣ” ҳаст, ӯ нохудогоҳ нестиро “ҳаст” тасаввур кардааст. Яъне пиндоштааст, “нестӣ ҳаст”. (Диққат кунед!)

    3) Бӯалӣ Сино мегӯяд, вақте мо худи ҳақиқати ҳастиро – қатъи назар аз ин ки инсон бошад, ҳайвон бошад, ҷамод бошад, Худо бошад ва хулоса ҳарчи онро “ҳаст” фарз мекунем – дар назар мегирем, мебинем, ки ҳастӣ ва вуҷуд, зоташ “будан” аст, зоташ бениёз аз иллат аст ва ба вуҷуд омаданаш ниёз ба ғайр надорад, зеро зоти вуҷуд вуҷуд аст, на чизе дигар. Бӯалӣ мегӯяд, аз ҳамин назар, нахустин чизе, ки мо аз ҳастӣ метавонем бифаҳмем, ин зоти воҷибулвуҷуд аст, яъне зоте, ки аз азал буда ва ҳаст ва то абад ҳаст, маҳол аст адам бар вай ориз шавад.

    4) Дар ин сурат, ғайри Худо аз ҳастҳо чӣ? Оё онҳо низ воҷибулвуҷуданд? Ҷавоб ин ки: ғайри Худо ҳама вуҷуданд, вале вуҷудҳое ноқис ва маҳдуд ва вобаста; вобаста ба ғайри худ, ки ҳамон воҷибулвуҷуд бошад. Бо ин ки фаҳми ин матлаб каме душвор аст, вале агар инсон хуб таъаммул кунад, мефаҳмад онро. Ин бурҳонро Ибни Сино номашро “Бурҳони сиддиқин” ном гузошта.
    Аз ин рӯ, ин суол, ки “Худоро кӣ офарида?” бисёр бепоя аст. Зеро зоти Худо вуҷуд ва ҳастии мутлақ ва номаҳдуд аст. Магар метавон зоти шаъйро аз шайъ салб кард? Мо вақте мегӯем, Худо, яъне гуфтаем “зоте, ки ҳақиқаташ вуҷуд аст”, “зоте, ки маҳол аст адам бар вай ориз шавад”. Ӯ буда ва ҳаст, оё барои якчунин зоте маъқул аст пурсида шавад, ки вайро кӣ офарида?
    Ин ки арз кардам, “салби зотии шаъй аз шаъй маҳол аст” мисли ин аст, ки бигӯем, “инсон дар айни он ки инсон аст, инсон нест”. Оё ин маъқул аст? Инсон будан зотии инсон аст, маҳол аст аз вай салб шавад. Вуҷуд зотии Худо аст, маҳол аст вуҷуд аз зоти ӯ салб шавад.
    Ин буд хулосаи он чи дар матн гуфта шуда.

    Он чи дар 4 матлаб арз кардем, тавзеҳи ин матлаб аст: » Ин аст маънии ин ки мегӯянд (ва ба таъбири Ибни Сино), сиддиқин чун ба ҳақиқати вуҷуд менигаранд ва ҳастиро қатъи назар аз ҳар қайду изофае таҳти мутолеа қарор медиҳанд, аввалин чизе, ки кашф мекунанд, зоти воҷибулвуҷуд ва иллати нахустин аст; сипас аз зоти воҷибулвуҷуд ба осор ва маълулоташ, ки ҳастии маҳз нестанд ва ҳастиҳои маҳдуд ва тавъам бо адаманд, истидлол мекунанд. Ва ин аст маънии ин, ки дар ин мантиқ ҳеч чизе воситаи исботи зоти Ҳақ нест; зоти Худо худ гувоҳ бар вуҷуди хеш аст:

    شَهِدَ اللّهُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ وَالْمَلاَئِكَةُ وَأُوْلُواْ الْعِلْمِ

    (“Худо гувоҳӣ медиҳад, ки ҷуз Ӯ ҳеч маъбуде нест ва фариштагони ӯ ва донишварон низ…” (Сураи Оли Имрон, ояти 18)

    Офтоб омад далели офтоб,
    Гар далелат бояд, аз вай рух матоб.
    Аз вай ар соя нишоне медиҳад,
    Шамс ҳар дам нури ҷоне медиҳад.

    (Мавлоно)»

    С.И.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: