Эъломи омодагии Ато Муҳаммад Нур барои номзадии интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон

Раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва аз аъзои аслии опозисиюни давлати Ашраф Ғанӣ, барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ояндаи ин кишвар эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши Tasnimnews, Ато Муҳаммад Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, барои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2019 эъломи омодагӣ кард.

Ато Муҳаммад Нур зимни ибрози омодагӣ барои номзадӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ояндаи Афғонистон, бар мубориза бо фасод таъкид кард.

Вай раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллиро низ ба “ғафлат” барои таъмини амният дар Афғонистон муттаҳам кард.

Ин дар ҳолест, ки волии Балх пеш аз ин низ дар аввалҳои соли ҷорӣ гуфта буд, ки барои дастёбӣ ба аҳдофи бузургтаре аз ҷумла номзадӣ барои риёсати ҷумҳурӣ эҳтимолан аз мақоми вилояти Балх дар ояндаи наздик истеъфо медиҳад.

Вай изҳор карда буд, ки барои гирифтани ҳаққи мардум ва таҳаққуқи ваъдҳҳое, ки додааст, ба майдони рақобатҳои бузурги сиёсӣ қадам хоҳад гузошт.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: