Перейти к содержимому

Вақте аз “ботили мурдарафта” безорӣ меҷӯем…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо, одамҳо мавҷудоти аҷибу ғарибе ҳастем. Зеро, бо ин ки фитратан ва дар сиришти худ толиб ва дӯстдори ҳаққу адолату ростиву дурустӣ ҳастем, вале дар амал, бештар дар канори ботилу зулму дурӯғем, то дар канори ҳаққу ростиву адолат. Медонед чаро?

Зеро, дар канори ҳақ будан ва дар канори адолат будан ва дар канори ростӣ будан, бисёр талх аст ва дарди сарҳои фаровоне бароямон эҷод мекунад. Аммо ботил, ба хусус он ҷо, ки соҳиби қудрату сарвату савлат бошад, канор омадан бо вай, ҳеч дарди саре бароямон дуруст намекунад ва музоҳими зиндагӣ ва ҳаёти осудаамон намешавад.

Аммо шигифтӣ ин ҷост: мо, ки бо ботил канор омадаем, аз онҷо, ки фитрат ва сириштамон мутамойил ба ҳақ ва адолат ва ростӣ ва аз ботил мутанаффир аст, виҷдонамон ба мо мегӯяд, бояд дар канори ҳаққу ростӣ бошӣ ва аз ботилу дурӯғ эъломи бароат ва безорӣ биҷӯӣ!

Хуб, инҷо чӣ кор мекунем, то азоби виҷдон накашем?! Ва ба сухани дигар, чӣ гуна посухи виҷдони худро медиҳем?!

Дар ин ҳолат, ғолибан ба дунболи роҳе мешавем, ки ҳам эълом кунем, ки дар канори ҳаққу ростӣ ҳастем ва ҳам ин мавзеъгирии мо, бароямон дарди сарсоз ва талх ва ногувор набошад. Ба ин сурат, ки: “ҳаққу ростиву адолатҳои гузашта”-ро ба ёдҳо меоварем ва бо онҳо эъломи ҳамроҳӣ мекунем, “ботилу дурӯғу зулмҳои мурда”-ро ба ёдҳо меоварем ва бароат ва безории худро аз онҳо эълом мекунем.

Ба унвони мисол: агар имрӯз мо, тоҷикҳо, аз Темурмалик бисёр ёд мекунем ва дар китобҳо дар борааш бисёр менависем, аз он ҷост, ки ӯ дигар дар миёни мо нест, аммо агар дар замони ӯ мебудем, оё дар канораш будем?! Ба мардуми замони худи ӯ нигоҳ кунед, оё мардуми замони ҳаёти Темурмалик дар канори вай буданд? (Манзурам аксарият аст) Посухи ин пурсиш, ба назарам бисёр равшан аст. Агар аксарияти мардуми он замон дар канори ӯ буданд, Чингиз ҷуръати наздик шудан ба сарзаминҳои обо ва аҷдодии моро надошт, ва ё агар наздик мешуд, Темурмалик танҳо намемонд. Мардуми он замон тарҷеҳ додаанд бо Чингиз бо ин ки ботил аст, золим аст, бад аст бошанд, зеро будан бо вай барояшон дарди сар дуруст намекард, аммо будан бо Темурмалик, бо ин ки ҳақ аст, бисёр талх буд.

Бинобар ин, агар имрӯз аз Темурмалик ба некӣ ёд мешавад ва аз Чингиз ба бадӣ, на ба ин ҷиҳат аст, ки мардуми имрӯз аз мардуми он рӯз фарқ карда бошад. Ҳаргиз! Балки бад-ин хотир аст, ки Темурмалик ҳаққе аст мутаъаллиқ ба гузашта ва Чингиз ботиле аст, ки дигар мурда аст ва мутаъаллиқ ба гузашта аст.

Ва ё як мисоли дигар, ки мутаъаллиқ ба ҳамин даврон аст: имрӯзҳо ёд кардан аз шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва барояш ҳамоишу конфронс баргузор кардан, бисёр мӯд шуда. Сағиру кабир аз ӯ ёд мекунанд, ки албатта ин хуб аст ва бояд аз ӯ ёд шавад, аммо вақте ин абармард зинда буд ва дар дарраҳо ба танҳоӣ ва бо шуморе андак аз ёронаш алайҳи зулм, алайҳи ишғолгарӣ, алайҳи бедодӣ мубориза мекард, оё ин ҳамоишбаргузоркунандаҳо ҳамин дид ва ҳамин назар ва ҳамин мавзеъро дар бораи вай доштанд? Ёдам ҳаст, дар замони Шӯравӣ, синнам 12 ё 13 сол буд, ки як филми мустанад дар шабакаҳои телевизиюнии он даврон дар бораи ин мард пахш карда буданд. Он замон ӯ ботил тавсиф мешуд, ӯ шӯришие тавсиф мешуд, ки алайҳи ҳукумати “қонунӣ” ва “мардумӣ”-и Афғонистон ба раҳбарии “рафиқ Бобрак Кармал” ҷанг мекунад ва мардум ҳам аз дасташ ба дод омадаанд! Телевизиюн ӯро ҷосуси Фаронса тавсиф карда буд.

Ҳол, имрӯз, ки аз ӯ ба некӣ ёд мешавад, чун “ҳаққи мутаъаллиқ ба гузашта” аст, ва агар аз душманони вай ба бадӣ ёд мешавад, ба ин далел аст, ки инҳо ботилҳои мурда ҳастанд, ки агар зинда мебуданд, чи басо будан дар канори онҳоро ҳанӯз тарҷеҳ медодем ва аз шаҳид Масъуд ба унвони “ҷосуси Фаронса” ёд мекардем.

Мо башар ҳаминем. Мутаассифона, дар ин дунё бисёр андак ҳастанд афроде, ки дар канори “ҳаққи мавҷуд” биистанд ва алайҳи “ботили зинда” муқобила кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: