Эътирофоте, ки ҳама чизро бармало кард

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Мусоҳибаҳои шайх Ҳамад бен Ҷосим, нахуствазир ва вазири хориҷаи собиқи Қатар, ҳам барои шаҳрвандони оддӣ ва ҳам барои масъулони баландпоя қобили таваҷҷӯҳ аст, зеро ба соддагӣ ва бо ҷасорат сӯҳбат мекунад ва бар хилофи бештари масъулони араб, ҳар бор бисёре аз иттилоот ва рухдодҳоро бармало месозад.

Шайх Ҳамад бен Ҷосим дар мусоҳибаи ахири худ бо телевизиюни расмии давлати Қатар ва на шабакаи Алҷазира, ки худ яке аз бунёнгузоронаш аст, ба тавзеҳи мавозеъи кишвараш ба вежа дар баробари Сурия пардохт, то Қатарро аз бархе масоили мавриди ихтилоф бо Арабистон (муттаҳиди бузург) табриа ва сафед кунад.

Ӯ фош кард, ки бо Малик Абдуллоҳ бен Абдулазиз, подшоҳи собиқи Саудӣ дар Риёз дидор карда ва ӯро дар ҷараёни нақшаи Қатар бо ҳамоҳангии Омрико ва Туркия барои дахолат дар Сурия дар оғози бӯҳрони ин кишвар қарор дод ва Малик Абдуллоҳ низ ба ӯ чароғи сабз дод ва гуфт: “Мо бо шумо ҳастем ва ҳамоҳангӣ ба амал меоварем.”

* * *

Муҳимтар ин ки шайх Ҳамад бен Ҷосим эътироф кард, ки ҳама дар Сурия дахолат доштанд, то ҷое, ки ин дахолат то ҳимоят аз Ҷабҳатуннусра бо ҳамоҳангии комили нерӯҳои омрикоӣ пеш рафт ва Омрико бар ҳама чиз (пул ва силоҳ) назорат дошт ва ҳангоме, ки фаъолияти Ҷабҳатуннусра қобили қабул набуд, дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ қарор гирифта ва ҳимоят аз он мутаваққиф шуд.

Намедонем вокуниши масъулони Саудӣ ба иттилоот чист ва оё ин эътирофҳо мӯҷиби коҳиши ихтилоф байни ду кишвар мешавад ё хайр? Чизе, ки медонем ин ки ин эътирофот мӯҷиби ризояти давлати Сурия ва ҳомиёнаш, ки дар солҳои гузашта аз он ҳимоят карданд, мешавад; зеро мӯҳри таъйиде бар дидгоҳҳои онон аст, ки аз оғози бӯҳрони Сурия ба он ишора доштанд, ва нишон медиҳад як тавтиъаи хориҷӣ ба раҳбарии Омрико барои тағйири низоми ҳокими Димишқ дар хидмати нақшаи тақсим ва аз ҳампошидагии он вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Ҳамад бен Ҷосим, Сурия як “шикор” будааст, ки шикорчиён аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон таҳти унвони “дӯстони Сурия” ба раҳбарии Омрико бар сари он даъво доштаанд ва дар ин миён Арабистон ва Қатар нақши ҳомии молӣ ва таслиҳотӣ доштанд ва нақши соири кишварҳои арабӣ низ, аз таҳлилгару тамошочӣ фаротар нарафта.

Аммо чӣ чиз сабаби фирори “шикор” аз доми Арабистон ва Қатар шуд? Албатта бояд аз бародарони сурияӣ барои истифода аз иборати “шикор” узрхоҳӣ кард. Далели аслии он, истодагии низоми ҳоким ва ниҳодҳои мухталиф ва беш аз ҳама амниятӣ ва низомии ин кишвар буд, ба изофаи ҳимояти мардумӣ дар сахттарин шароит, он ҳам дар ҳоле, ки имперотуриҳои бузурги расонаӣ ба ҳамлаи густарда алайҳи Сурия иқдом карданд ва расонаҳои Сурия аз моҳвораҳои арабӣ аз ҷумла АРАБСАТ ҳазф шуданд.

Ба ҳар ҳол, шайх Ҳамад бен Ҷосим бисёреҳоро ҳафт сол ба ақиб бозгардонд ба вежа замонеро ёдоварӣ кард, ки вай шахсан бо як пешниҳоди 15 милёрд дулорӣ, ба Димишқ рафт ва пардохти онро машрут ба фосила гирифтани Сурия аз Эрон кард ва Димишқро ба мулҳақ шудан ба меҳвари “кишварҳои мӯътадили арабӣ” фаро хонд.

Чизе, ки шайх Ҳамад бен Ҷосим дар як мусоҳибаи дигар бо рӯзномаи Financial Times аз он забон ба шикоят гушуд, ин ки Арабистон, ки Қатарро аз парвандаи Сурия ба ҳошия ронд, акнун ба Русия ва дар натиҷа ба таври ғайримустақим ба Сурия низ наздик шудааст ва бо бақои Башшор Асад дар қудрат мувофиқат карда ва умедвор аст бӯҳрони Сурия ба шакли мусолиматомез ҳаллу фасл шавад, аммо Қатар бо таҳрим рӯ ба рӯст ва далели аслии он низ наздик шудан ба Эрон ва таҳкими равобит бо он аст.

Хелеҳо дар ҳаққи Сурия ба хато рафтанд ва бисёре низ бо эътилоф бо Омрико ва Исроил алайҳи меҳвари муқовимат, дар ҳоли иртикоби иштибоҳоти бузургтаре дар ҳаққи минтақа ҳастанд, аммо бояд гуфт, агар ин тарафҳо бо камтарин зиён ва ҳатто ба шакли муваққат аз иштибоҳоти аввал дар ҳаққи Сурия, Либӣ ва ба вежа Ироқ наҷот пайдо карданд, ба назар намерасад барои бори дуввум низ чунин бошад.

* * *

Вазъияти Сурия ин рӯзҳо ба суръат рӯ ба беҳбуд аст ва ҳайатҳои диплумотик ба Димишқ сарозер мешаванд ва тоҷирон низ дар ҳоли сармоягузорӣ барои бозсозии Сурия роҳии ин кишвар мешаванд ва дар ин хусус ҳамин шоҳид кофӣ аст, ки Саъд ал-Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон — марди Арабистон дар Бейрут — ки аз муҳимтарин мухолифони раҳбарии Сурия буд, акнун дастури таъйини сафири ҷадиди Лубнон дар Димишқро содир карда ва ҳайати порлумонии Ӯрдун низ дар такопуи сафар ба Димишқ аст.

Дар ин миён бояд гуфт, равобити роҳбурдии Қатар бо Эрон ва Туркия, аз ҷумла далоили таниши равобит байни Арабистон ва Қатар аст, дар натиҷа Дуҳа ду гузина дорад; ё қатъи ин равобит ва мулҳақ шудан ба Арабистон ва ё идомаи бӯҳрон ва афзоиши он бо Риёз.

Ба ҳар ҳол, тавзеҳот ва инъитофи шайх Ҳамад бен Ҷосим дар ҳамсояи он яъне Саудӣ таъсири зиёде надорад ва сахт битавон тасаввур кард, ки мӯҷиби нарм шудани дили санги он шавад, зеро касе, ки имрӯз ҳукумат дар Арабистонро ба даст дорад, бо касе, ки дар 50 соли гузашта ҳокими он буд, тафовут дорад ва шайх Ҳамад бен Ҷосим, ки фарде зирак аст, ин воқеиятро ба хубӣ мутаваҷҷеҳ аст.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: