Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (11)

Бахши ёздаҳум

Дифоъҳои Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(Марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

21) Лаҳзаи тӯҳмати Хоҷаев Б. оиди додани 6200 доллари ИМА

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 к.4 банди “б” КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми айби сохтакорона оид ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон намудани айби нав, ки гӯё:

“Ӯ боз, соли 2010… шаҳрванд Миралиева Мадина оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳалли баҳси бо собиқ шавҳараш Хоҷаев Беҳрӯз вобаста ба эътироф намудани амволи умумии муштарак ва таксими молу мулк муроҷиат намудааст. Ёров Б. ба ин муроҷиати шаҳрванд Миралиева М. розӣ шуда, бо охирин созишнома баста, дар рафти баррасии баҳси мазкур дар суди н. Синои ш.Душанбе иштирок намуда, тавассути шогирдаш адвокат Тоиров Б. бо ҷавобгар Хоҷаев Б. шинос шудааст. Пас аз ин, бо мақсади такроран тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё суистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо Тоҳиров Б. ба боварии шаҳрванд Хоҷаев Беҳрӯз даромада, ба охирин ваъда додаанд, ки бар ивази 10000 доллар аз ҳимояи манфиатҳои даъвогар Миралиева М. даст кашида, ба тарафи Хоҷаев Б. гузашта, баҳсро дар суд ба фоидаи охирин ҳал менамояд. Ба ин фиреби онҳо Хоҷаева Б. бовар карда, ба додани маблағи зикргардида розӣ шудааст. Ӯ бошад, бар хилофи одоби касбии адвокат амал карда, дар рафти мурофиаҳои судӣ бо ҳар баҳона иштирок накарда, манфитҳои Миралиева М.-ро беҳимоя гузоштааст, ки ин боиси қатъ гардидани созишнома оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ гаштааст. Баъдан Тоҳиров Б. аз рӯи маслиҳати бо Ёров Б кардааш амал намуда, дар рафти мурофиаҳои судӣ, аз тарафи ҷавобгар Хоҷаев Б. иштирок намуда, дар чанд лаҳза аз Хоҷаев Б. маблағи 4000 доллар ва Ёров Б. бошад, маблағи 6200 доллари ИМА-ро бо роҳи фиреб тасарруф намуда, маблағи тасарруфнамудаашонро бидуни ҳазинаи Коллегияи мазкур ба манфиати шахсии худ истифода бурда, ваъдаи худро оиди ба фоидаи Хоҷаев Б. ҳал намудани баҳс иҷро накарда, дар натиҷа ба ҷабрдида Хоҷаев Б. ба маблағи умумии 10200 доллари ИМА… ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.”

* * *

Ин қисмати айб низ мисли қисматҳои дигари айб пурра тӯҳмат мебошад. Хусусияти он аз ин иборат аст, ки аз рӯзи аввали бурдани парвандаи даъвогар Миралиева М., ки оилаи Хоҷаев Б. буд Миралиева М. оиди он маълум карда, ки “шавҳари ӯ Беҳрӯз мебошад, аз ин рӯ ҳолати номбурдаро дониста ман бо Хоҷаев Б. ҳеч вақт дар созиши ҷиноятие иштирок накардаам.

Дар тамоми пурсишҳои худ ин одам оиди он нишон медод, ки аз соли 2009 аз мавриде, ки баҳси судии онҳо бо оилааш Миралиева М. оғоз шуд, ӯ тӯли ду сол солҳои 2009-2011 аз паси адвокат Ёров Б. медавид, адвокат Ёров Б. ба ӯ ваъда дода будааст, ки гӯё ба манфиати ӯ корро ҳал менамояд ва 7000 доллари ӯро аз дасти Тоиров Б. худи ӯ гирифта бошаду кореро ҳал накардааст, минбаъд пулҳои ӯ тамом шудааст ва ӯ маҷбур бо оилааш созиш кардааст!

Хоҷаев Б. — аз ҷ.2 278-279 пурсиши корманди УБОП Раҳмонов Баҳром Акобирович — дида мешавад, ки дӯсти асосии кормандони УБОП буда, бинобар ин дар таъқиби сиёсӣ ва адвокатии ташкилкунандаи Президенту прокурори Генералии феълии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд. То ҳатто дар лаҳзаи дигар модари тӯҳматчии худ Меликулова Дилбарро барои тӯҳмат намудан сафарбар менамояд. Вагарна чӣ тавр агар ман Хоҷаев Б.-ро аввало 7000 доллар баъдан ин маблағ ба 6200 доллар поён фароварда шуда буд, агар фиреб карда бошам, боз ӯ бо ду дасти адаб модари худ Меликулова Д.-ро ба дасти ман месупурдааст, ки модари ӯро фиреб намоям?! Ин ба ягон мантиқ рост намеояд. Ва агар Хоҷаев Б-ро солҳои 2009-2011 фиреб карда бошаму модари ӯро соли 2013 фиреб карда бошам, чаро то боздошти сиёсии ман онҳо интизор мешудаанду баъди боздошти сиёсии ман, бо тӯҳматҳои худ муроҷиат менамудаанд?! Ҳанӯз дар пурсиши якум вобаста ба ин лаҳза ман оиди он нишон дода будам, ки ягон маблағе аз Хоҷаев Б. гирифтагӣ нестам ва суханони ӯ тӯҳмат мебошад.

Бо дастгирии муфаттиш Ҳакимов Музафар аз компютери ман, ки он дар утоқи кории ӯ буд, аз саҳифаи интернетии Миралиева М. тамоми ҳуҷҷатҳои марбута ба ин баҳс гирифта шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳолати онро нишон медиҳанд, ки худи Хоҷаев Б. шахси қаллоб буда, кампири русеро барои хонааш дар соли 2009-ум ба маблағи 25000 доллар фиреб кардааст, аз ин рӯ нисбати ӯ дар ШВКД дар н.Синои ш.Душанбе бо модди 247 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва минбаъд он бо татбиқи қонуни ҶТ дар бораи авфи умумӣ аз соли 2009 қатъ шудааст.

Баъдан, баҳси Миралиева ва Хоҷаев Б. на 2 сол, балки 95 рӯз аз охири сентябри соли 2010 оғоз шудааст, 5-6.01.2011 он ба итмом расидааст. Аз рӯзи аввали шинос шудан бо Миралиева М. нақша оиди он кашида шудааст, ки Хоҷаев Б водор карда шавад, ки ба созиши оштӣ ризо шавад. Дар ин муддат аз тарафи ман дар асоси далелҳои мавҷуда муқобили Хоҷаев Б. барои қаллобӣ ва сохтакориҳои шиносномаҳои намудааш ба Прокуратураи Генералӣ ва АНДМ ва МК ҶТ аризаҳо навишта шуд. Оиди кирдорҳои фоҳишагии содиркардааш ба ШВКД дар н.Синои ш.Душанбе ариза навишта шуд. Оиди дидаву дониста тӯҳмат намудани Миралиева М. ва дигар наздикони онҳо, дар содир намудани ҷинояти дуздиву маълумоти бардурӯғ додан оиди ҷинояти содиршуда – нисбати ӯ ариза ба Прокуратураи ш.Душанбе навишта шуд. Ҳанӯз дар охири моҳи сентябри соли 2010 дар натиҷаи ин фишорҳо Хоҷаев Б. барои бастани созиш ба оштӣ ризо шуда буд.

Барои омӯхтани нуқтаҳои созиши оштӣ ва тезтар моил кардани Хоҷаев Б. ба бастани созиши оштӣ, таҳти назорати Мирлиева Мадина вохӯриҳо бо Хоҷаев Б. доир шуда буд, ки пеш ва баъди ин вохӯриҳо ҳисобот дар ин хусус Миралиева М. гирифта буд.

Дар ҷ.2 саҳ.165-170 протоколи пурсиши Тоиров Б. дар ҷ.2 саҳ.171-178 протоколи рӯбарӯкунии Хоҷаев Б. ва Тоҳиров Б. дар ҷ.2. 220-224 протоколи иловагии рӯбарӯкунии байни Хоҷаев Б. ва Тоиров Б., адвокат Тоиров Б. тамоми суханони Хоҷаев Б-ро оиди он, ки ба ман ба воситаи ӯ ё ин ки бевосита Хоҷаев Б. пул дода бошад, инкор менамояд ва инро тӯҳмат мешуморад.

Дар ҷ.2. саҳ.157-163 ҳангоми тартиб додани протоколи рӯбарӯкунӣ бо Хоҷаев Б. ман беасосу тӯҳмат будани суханони ӯро ошкор менамоям ва оиди он нишон медиҳам, ки ҳамеша адвокат Тоиров Б.-ро мегуфтам, ки Хоҷаев Б. бо оилааш созиши оштӣ бандад, дар қазияи онҳо ғайр аз бастани созиши оштӣ дигар роҳи ҳалли масъала нест, инчунин ҳангоме, ки баъди баҳс Хоҷаев Б. ба ман ҳамчун Раиси коллегия оиди он муроҷиат намуд, ки адвокат Тоиров Б. аз ӯ 2000 доллар гирифта ба ӯ ёрие нарасонидааст. Бо хоҳиши ӯ ба Раёсати коллегия ва АНДМ ва МК ҶТ навишта додам. Ӯ ин ҳолатро рафти рӯбарӯкуни тасдиқ намуд.

Дар ҷ.2 саҳ.140, Аризаи Хоҷаев Б. аз 29. 09.15.

02.06.1981 с.т. Беҳрӯз Султонбекович, ист. Ш.Душанбе, к.Сино, 41, ҳуҷраи 39.

“Ёров Б. дар давоми соли 2009 то 2011 аз ман барои бо фоидаи ман ҳал намудани мурофиаи судӣ оиди аризаи даъвогӣ вобаста ба ҷудо намудани молу маблағ ба миқдори 7000 доллар гирифта, дар натиҷа ба ман зарари махсусан калони моддӣ расонид.” — оварда шудааст, дар ин ариза тӯҳмат оиди додани 7000 доллар навишта мешавад.

Дар ҷ.2 саҳ. 140-141 Баёноти Хоҷаев Б.

“Вақте, ки бо Ёров Б. шинос шудам, ӯ ба ман гуфт, ки оиди аризаи даъвогии собиқ оилаам ба ман кӯмак мерасонад ва тамоми мулки манро аз Миралиева М. гирифта медиҳад ва ман ба ӯ бовар карда, худи ҳамон рӯз ба Ёров Б. 600 доллар дар корхонаи Раёсати коллегияи адвокатҳои ҶТ «Сипар», ки дар маҳаллаи Яккачинори ш.Душанбе воқеъ аст, додам. Баъди пулро гирифтан Ёров Б. ба ман гуфт, ки дар рафти мурофиаи судӣ ҳимоячии Миралиева М. буда, лекин дар асл манфиати манро ҳимоя менамояд. Пас аз ин Ёров Б. дар мурофиаҳои судӣ ҳамчун ҳимоячии Миралиева М. баромад мекард, аз тарафи ман бошад Тоиров Б. ва ман то ба анҷом расидани мурофиаи судӣ, яъне то соли 2011 ба ҳимоячӣ Ёров Б. тахминан 7000 доллар додам, лекин ҳимоячӣ Ёров Б. ба ман кӯмаки ҳуқуқии худро оиди баргардонидани молу мулкам нарасонд ва дар натиҷа ба ман зарари махсусан калони моддӣ расонид.”

Идома медиҳад: “Сабаби ба созиш омадан бо Миралиева М. дар он буд, ки ман дигар шароити ба ҳимоячӣ Ёров Б. пул доданро надоштам, оварда шудааст…”

Дар ин баёнот Хоҷаев Б. сабаби ба созиш омаданашро бо Миралиева М. дар он нишон медиҳад, ки дигар тӯли 2 соли охир ба адвокат Ёров Б. додани пул дигар имконият ба ҳимоячӣ Ёров Б. додани пулро надоштааст, аз ин рӯ бо оилааш созиш кардааст. Ин тӯҳмати ӯ бо он рад карда мешавад, ки баҳс ҳамагӣ 95 давом дошт ва рӯз то рӯз мо бо оилаи ӯ Миралиева Мадина фишорро нисбати Хоҷаев Б. пурзӯр мекардем. Агар созиши ҷинояткоронае байни ману Хоҷаев Б. мешуд, пас ҳеч вақт ман нисбати ӯ фишори қонуние ташкил намекардам.

Баъдан дар ҷ.2.саҳ.149-150, таъиноти маҷлиси судӣ – Суди н.Синои ш.Душанбе:

Судя – Сафоев А.

06.01.2011

Муайян кард:

“Даъвогар Миралиева Мадина дар маҷлиси судӣ аз даъвогӣ даст кашид, баён кард, ки амволҳои дар аризаи даъвогиаш нишондодашударо чӣ тавре дар аризаи даъвогӣ тақсим нишон дода шудааст бо розигии тарафайн тақсим карда гирифтаанд. Дар ин масъала баҳсу даъво надоранд. Хоҳиш дорад аризаи даъвогии ӯ қатъ карда ашвад. Дар ин хусус ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод намуд.”

Ҷавобгар Хоҷаев Беҳрӯз дар маҷлиси судӣ баён кард, ки ӯ тарафдори қатъ намудани баррасии парванда мебошад, зеро ӯ бо розигии тарафайн амволҳои муштаракашонро, ки дар аризаи даъвогӣ нишон дода шудааст, чӣ тавре тақсими он зикр шудааст, тақсим карда гирифтаанд. Дар ин масъала баҳсу даъво надоранд. Хоҳиш дорад аризаи даъвогии ӯ қатъ карда ашвад. Дар ин хусус ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод намуд, мавҷуд аст. Аз ин таъиноти судӣ дида мешавад, ки бо кадом асосҳо 06.01.2011 дар суд бо оилааш Хоҷаев Беҳрӯз созиш кардааст. Агар Хоҷаев Б. ба ман маблағе медод, пас бо ҳамроҳии оилааш Миралиева М. омада, талаби маблағе мекард. Аз сабаби он, ки маблағе надода буд, бинобар ин бобати ин масъала ҳеч вақт пеши ман наомадааст. Вагарна Хоҷаев Б. ШАНТРАПА буда, сабту ба наворгирии дилхоҳ шахсро медонад, ин амалҳоро содир мекард ё ин ки мисли Раҳмонов Баҳром – корманди УБОП, мисли САИДОВ – муфаттиши Прокуратураи н. И.Синои ш.Душанбе дӯстоне дошт, ки муқобили ман ариза ташкил мекард. Ману Миралиева охири моҳи сентябри соли 2010 нисбати ӯ ва муфаттиш Саидов чунин ариза ба номи Директори АНДМ ва МК ҶТ навишта будем.

Дар ҷ.2 саҳ.143-146 пурсиши Хоҷаев Б. оиди он оварда шудааст, ки гӯё ӯ ба ман 6200 доллар дода бошад. Пештар дар ҷ.2 саҳ.140-141 ин маблағ 7000 доллар нишон дода шуда буд. Назар меандозем ба ҷ.2. саҳ.143-146. Пурсиши Хоҷаев Беҳрӯз

29.09.15.

15.05-16.25

(Мисли баёнот) “Баъди ба созиш омадан бо Миралиева М. ва ҳал накардани мурофиаи гражданӣ дар суд, аз Ёров Б. ва Тоиров Б. маблағҳои додаамро пурсон шуда, аммо ҳар дуи онҳо аз баргардонидани маблағҳои гирифтаашон даст кашиданд… Вақте ки Тоиров Б. манро бо Ёров Б. дар коллегия шинос кард, худи ҳамон рӯз тахминан моҳи июни соли 2010 ман ба Ёров Б. дар ҳузури Тоиров Б. 600 доллар додам. Маротибаи дуюм 15-20 рӯз пас бо хоҳиши ӯ 700 доллар дар ҳузури Тоиров Б. ба коргарони Ёров Б., ки дар боғчаи истироҳатиаш воқеъ дар қишлоқи Чимтеппа деҳаи Сарикиштӣ кор мекарданд, бурда додам. Пас аз 20 рӯз боз ба Ёров Б. дар Раёсати коллегия 1000 доллари ИМА додам. Боз як моҳ пас дар хонаи падараш воқеъ дар деҳаи Гулбуттаи Рӯдакӣ ба Ёров Б. 1000 доллар додам. Боз тахминан моҳи сентябр ё октябри соли 2010 ба боғчаи истироҳатиаш рафта ба худи Ёров Б. 100 доллар додам. Як моҳ пас аз ин боз дар ш.Чкаловски вилояти Суғд дар меҳмонҳонаи Сино ба Ёров Б. дар ҳузури Тоиров Б. 1100 доллар додам. Дар манзили иҷоравӣ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ш.Душанбе, суроғаашро аниқ намедонам, лекин онро нишон дода метавонам, боз ба Ёров Б. 800 доллар додам. Баъди ин боз ба Ёров Б. дар боғчаи истироҳатиаш 200 доллар додам. Баъди ин боз дар идорааш ба Ёров Б. 100 додам. Ҳамагӣ 6200 ИМА-ро ман ба Ёров Б. додам…”

Сабаби дар 3-4 соат тағйир додани нишондодҳои Хоҷаев Б дар шакли баёноту пурсиш дар чист? Ба ин савол на Аламшозода А. ва на ҷияни вазири корҳои дохилии ҶТ Абдурасулзода А. ҷавоб дода наметавонанд. Ҷавоби ин савол дар он аст, ки дар ҷ.2 саҳ.220-224 протоколи иловагии рӯбарӯкунии Хоҷаев Б. ва Тоиров Б. аз 11.01.2016 мавҷуд аст. Дар ин протокол боз нишондодашро Хоҷаев Б. тағйир дода, додани маблағи тӯҳматнамудаашро 6200 доллар нишон медиҳад. Аз ин рӯ баъди 11.01.2016 пурра дар ҷ.2. саҳ.143-146 бо роҳи ҷинояткорона таҳти сарварии Абдурасулзода А. протоколи пурсиши якуми Хоҷаев Б. аз 29.09.2015 ба протоколи иловагии рӯбарӯкунии байни Тоиров Б. ва Хоҷаев Б. аз 11.01.2016 сохтакорӣ карда мешавад.

Назар меандозем ба ҷ.2 саҳ.220-2244. Протоколи иловагии рӯбарӯкунии тарафҳо аз 11.01.2016, с.11-30-12.40 байни Хоҷаев Беҳрӯз ва Тоиров Бадриддин.

Ҷ.: Хоҷаев Б.: Ба Ёров Б. ман ҳамагӣ 6200 доллар ва ба Тоиров Б. 4000 доллар додаам.

Ҷ.: Тоиров Б. Ман нишондодҳои ҷабрдида Хоҷаев Беҳрӯзро шунидам ва онҳоро тамоман тасдиқ намекунам. Чунки ман аз Хоҷаев Б. маблағи пулӣ нагирифтаам ва онро ба Ёров Б. низ надодаам. Инчунин аз ӯ Ёров Б. гирифтани маблағро надидам.

С. ба Хоҷаев Б.: Шумо дар пештара рӯбарӯкунии бо гумонбашуда Тоиров Б. қайд намудед, ки барои ба фоидаи Шумо ҳал намудани баҳси гражданӣ ба Ёров Б. ва Тоиров Б. 8200 доллар додед. Аммо ҳоло нишондод дода истодаед, ки ба Ёров Б. ва Тоиров Б. барои ба фоидаи шумо ҳал намудани баҳси гражданӣ 10200 доллар додед. Шумо инро чӣ тавр шарҳ дода метавонед?

Ҷавоби Хоҷаев Б: Ман дар рӯбарӯкунии пештара бо Тоиров Б. каме дар ҳаяҷон будам, чунки ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо Тоиров Б. байнамон суханҳои пасту баланд рафт ва ман ҳангоми нишондод додан каме асабонӣ шуда, баъзе ҳолатҳои маблағҳои додаамро нагуфтам. Дар асл ман ба Ёров Б. 6200 доллар ва ба Тоиров Б. 4000 доллар дода будам…

Фоҳишагии Абдурасулзода А. ва дигар муфаттишон бо Хоҷаев Б. дар протоколи тартибдода дар ҷ.2 саҳ.220-224 баръало дида мешавад, касе сухани Тоиров Б.-ро оиди он ки:

“Ман нишондодҳои Хоҷаев Беҳрӯзро шунидам ва онҳоро тамоман тасдиқ намекунам, чунки ман аз Хоҷаев Беҳрӯз маблағи пули нагирифтаам ва онро ба Ёров Б. низ надодаам. Инчунин аз ӯ Ёров Б. гирифтани маблағро надидаам…” — ба инобат намегиранд. Зеро дар ҷ.2 саҳ. 171-178 тӯҳматчӣ Хоҷаев Б. оиди он нишон дода буд, ки гӯё ба адвокатҳо Тоиров Б. ва Ёров Б. 8200 доллар додааст. Аз ин рӯ дар ҷ.2 саҳ.185 дӯсти адвокат Тоиров Б. – 5400 доллар гӯё барои таъмини зарари расонидаи Тоиров Б. маблағ месупорад. Фарқияти маблағи 8200 доллари пештара тӯҳматнамуда 2800 долларро ташкил медиҳад. Дар чунин ҳолат тӯҳматчӣ Хоҷаев Б. боз аёнтар мешавад, ки чӣ тавр ба Ёров Б. 7000 доллар ё ин ки 6200 доллар додааст, дар холе, ки агар ӯ 5400 доллар аз Тоиров Б. гирифта бошад, пас 2800 доллар мемонад. Хоҷаев Б. аз сабабе, ки ба ман маблағе надодааст, бинобар ин дар ҳар як пурсишу баёнотҳои худ фаромӯш менамояд, ки пештар чӣ афсона гуфта буд!

Омӯзиши протоколи дар ҷ.2 саҳ.171-178, ки он дар таърихи 14.10.2015 соатҳои 10.35-13.30 ҳангоми рӯбарӯ намудани Тоиров Б. ва Хоҷаев Б. тартиб дода шудааст, ҳолати онро нишон медиҳад, ки ба ин рӯбарӯкунӣ ҷ.2 саҳ.140 Хоҷаев Б. аз 29.09.15 тайёри дида истода буд. Ҳанӯз 15 рӯз пеш ӯ аризаи худро навишта буд ва тӯли ин 15 рӯз тамоми муфаттишони кормандони УБОП адвокати Хоҷаев Б. буданд. Ӯро оиди он омӯзондаанд, ки чӣ тавр тӯҳмат намояд. Аз ин рӯ ваҷҳи овардаи Хоҷаев Б, ки дар ҷ.2. саҳ.220-224 ҷой дода шудааст, ки гӯё ӯ:

— каме дар ҳаяҷон;

— суханҳои пасту баланд рафт;

— каме асабонӣ шудаст — қобили қабул нест. Дар ин протокол оиди ин равандҳои психологӣ сухане нест, ки Хоҷаев Б. дар ҳаяҷону асабонӣ бошад. Ба ҳама маълум аст, ки агар шахс дар ҳаяҷону асабӣ бошад, пас даррав ин ҳолат мегузарад. Лекин муқоисаи 2 протокол ҳолати онро нишон медиҳад, ки асабонияту ҳаяҷони Хоҷаев Б. аз 14.10.2015 то 11.01.2016 давом кардааст. Ин раванд 3 моҳ давом кардааст, баъди 3 моҳ Хоҷаев Б. фаҳмидааст, ки асабонияту ҳаяҷони ӯ гузаштааст.

Маҳз ҳамаи ин, асоси он буд, ки дар ҷ.2 саҳ.156 дар аризааш Хоҷаев Б. оиди он менависад, ки ҷ.2, саҳ.156. Аризаи Хоҷаев Беҳрӯз:

“Ман розӣ нестам, ки рафти нишондоди ман дар видео запис карда шавад. Сабаби ин аз он иборат аст, ки баъди сабт эҳтимол он тавассути шабакаҳои Интернет паҳн шавад…”

Хоҷаев Б., ки пеш барои қаллобӣ дар соли 2009 бо ҷавобгарӣ кашида шуда буд, метарсид, ки муфаттиш Ҳакимов М. навори ӯро дар Интернет мепартояд ва шахсони зиёд ӯро шинохта қаллобиҳои дигарашро бо ин тӯҳматаш ошкор менамоянд, вагарна агар Хоҷаев ҷабрдида мебуд, аз ҷиноят зарар медид, ба ӯ чӣ фарқ дорад, ки дар интернет мебарорашан ё не?

Дар рафти пурсишҳои худ Тоиров Б. дар ҷ.2 саҳ.169-170 в 220-224 оиди он нишон медиҳад, ки ба онҳо адвокат Аминов А. ёрӣ медод, ки барои хидматҳои онҳо Хоҷаев Б. ноутбук тӯҳфа намуда буд, аммо минбаъд онро боз кашида гирифт.

Дар ҷ.2 саҳ. 209-211 пурсиши иловагии шоҳид Хоҷаев Б. оиди шахсияти Аминов Абдурозиқ оварда шудааст, ҷ.2. саҳ.209-211. Протоколи пурсиши иловагии шоҳид Хоҷаев Беҳрӯз аз 04.12.2015.

“Ман Аминов Абдурозиқро мешиносам, ӯ пештар дар Коллегияи адвокатҳои ҶТ «Сипар» ба ҳайси адвокат кор мекард ва айни ҳол бошад, судяи Суди Олӣ мебошад. Дар ҳақиқат соли 2009 ман ба Аминов Абдурозиқ компютери «Ноутбук»-и худро барои чоп кардани аризаю шикоятҳо ба парвандаи граждании Миралиева Мадина дода будам ва моҳи сентябри соли 2010 компютерро аз Аминов Абдурозиқ гирифтам. Аминов Абдурозиқ ба ман барои чоп кардани аризаю шикоят кӯмак мерасонд, лекин ӯ дар парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии ман ҳамчун ҳимоягар иштирок намекард…”

Мақомоти тафтишотб ба Хоҷаев Б. оиди он савол намедиҳанд, ки агар шумо ба Ёров Б 6200 доллар дода бошед, пас чаро боз ба Аминов Абдурозиқ муроҷиат намудед? ҷ.2. саҳ.209-211. Протоколи пурсиши иловагии шоҳид Хоҷаев Беҳрӯз аз 04.12.2015:

“Ман Аминов Абдурозиқро мешиносам, ӯ пештар дар Коллегияи адвокатҳои ҶТ «Сипар» ба ҳайси адвокат кор мекард ва айни ҳол бошад, судяи Суди Олӣ мебошад. Дар ҳақиқат соли 2009 ман ба Аминов Абдурозиқ компютери «Ноутбук»-и худро барои чоп кардани аризаю шикоятҳо ба парвандаи граждании Миралиева Мадина дода будам ва моҳи сентябри соли 2010 компютерро аз Аминов Абдурозиқ гирифтам. Аминов Абдурозиқ ба ман барои чоп кардани аризаю шикоят кӯмак мерасонд, лекин ӯ дар парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии ман ҳамчун ҳимоягар иштирок намекард…” Чаро компютерро ба адвокат Ёров Б. надодед?

Дар ҷ.2 саҳ.215. Мактуби Сардори ШВКД-1 н.Сино аз 04.02.2016:

“Аризаи Миралиева Мадина нисбати Хоҷаев Беҳруз Султонбекович ва маводҳои ҷамъовардашуда бо аризаи Хоҷаев Беҳрус Султонбекович нисбати Миралиева Мадина ва Ёров Б. дар ШВКД-1 н.Сино дар соли 2009 ба қайд гирифта нашудааст…” — ҷойгир карда шудааст.

Аз сабаби он, ки ман фақат дар охири моҳи сентябр ва аввали октябри соли 2010 дар доираи созишномаи ҳуқуқии баста бо Миралиева Мадина шинос шудаам, аз ин рӯ дар соли 2009 мавод дар ШВКД н. Сино вуҷуд доштанаш мумкин нест. Бо дастгирии муфаттиш Ҳакимов М. дар рафти пурсиши айбдоршаванда мо тамоми ҳуҷҷатҳое, ки аз аризаву баёнотҳои сершумори Миралиева М. ва дигар наздикони онҳоро пешниҳод намудем. Аз ҳуҷҷатҳо дида мешавад, ки тӯли то созиш бастани Хоҷаев Б. ӯ ҳамеша дар зери фишору ману оилааш Миралиева М. қарор дошт. Ин чӣ тавр пулдиҳӣ аз тарафи Хоҷаев Б. мешудааст, ки ба ҷои ёрдам намудан ба ӯ, ман гӯё, ки аз рӯи тӯҳмати ӯ маблағи додаи ӯро баръакс барои ба ӯ фишор додан истифода мебурдаам?! Ҳамаи ин бемантиқу тӯҳмат будани суханони Хоҷаев Б.-ро бе ягон шакку шубҳа нисбати ман нишон медиҳад.

Дар ҷ.2 саҳ. 216-218 пурсиши оилаи Миралиева Мадина оварда шудааст:

“Соли 2010 ман барои тақсимоти молу мулк ба суди н.Сино бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудам ва барои ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳоям адвокат Ёров Б.-ро гирифтам. Бо ёрии адвокат Ёров Б. ман аризаи даъвогӣ вобаста ба тақсимоти молу мулки байни ман ва Хоҷаев Б.-ро навишта, ба суди н.Синои ш.Душанбе супоридам. Адвокат Ёров Б. аз сабаби кори зиёд доштанаш ва доимо дар сафари хидматӣ буданаш, ман пас аз 3-4 моҳи ариза навиштанам дигар адвокат Зайниддинов Фаррухро гирифтам… Дар рафти баррасии парвандаи гражданӣ дар суд адвокат Тоиров Б. ҳуқуқҳои Хоҷаев Беҳрӯзро ҳимоя мекард.

Савол: Вобаста ба вохӯрии байни адвокат Ёров Б. бо шаҳрванд Хоҷаев Б. ягон маълумот доред?

Ҷ..: Ман дар ин бора ягон маълумот надорам.

С.: Дар рафти тафтишот адвокат Ёров Б. дархост пешниҳод намуда, дар он дарҷ намудааст, ки Шумо дар вохӯрии аввалин бо адвокат Ёров Б. дар хусуси шантрапа будани Хоҷаев Б. маълумот додед. Шумо дар ин хусуси чӣ гуфта метавонед?

Ҷ.: — Азбаски аз ин ҳолат чанд сол гузашт, ман дар ин бора дар хотир надорам ва маълумот дода наметавонам…”

Тафтишоти тоҷик аз сабаби савод надоштан ба Миралиева М. ягон савол дар хусуси он, ки:

— Чаро Хоҷаев Б. оғози баҳси судиро соли 2009 нишон медиҳад?

— Оё Шумо бо адвокат Ёров Б. барои қаллобӣ, барои сохтакории шиноснома дидаю дониста маълумоти додан оиди ҷинояти содиршуда нисбати Хоҷаев Б. ба мақомоти АНДМ ва МК ҶТ ариза навишта будед ё не?

— Оё Ёров Б. лоиҳаи созишномаи оштӣ ва бо оштӣ шудан қатъ намудани парвандаро фаҳмонида буд ё не?

— Оё баъди бастани созиш онҳо бо Хоҷаев Б. боз зиндагонии якҷоя доштанд ё ин ки не?

— Аз лаҳзаи навиштани аризаи даъвогии якум Ёров Б. ва лаҳзаи созиш кардани онҳо чанд муддат гузаштааст?

— Дар сурате, ки баъди 95 рӯзи шиносоии ӯ бо адвокат Ёров Б. 06.01.2011 созиши оштии тарафҳо дар суд тасдиқ шуд, пас чаро ва барои кадом корҳо адвокат Зайниддинов Ф.-ро ба мурофиа даъват кардааст?.. — умуман савол дода нашудааст.

Миралиева М. бо ман рӯбарӯ накарда шудааст ва тамоми далелҳое, ки оиди иштироки адвокатҳо Зокиров Ф., Назарова Х. дар ин парвандаи гражданӣ маълумот медиҳад, ба кор ҳамроҳ накарда шудааст.

Акнун ба таҳлили бевоситаи нишондодҳои Хоҷаев Б. мегузарем. Ӯ дар аризааш дар ҷ.2 саҳ. 140 додани 7000$ -ро тӯли 3 сол солҳои 2009-2011 нишон медиҳад. Соли 2009 Хоҷаев Б. кампири русеро ба маблағи 25000$ фиреб намуда буд. Нисбати ӯ дар ШВКД-и н. Сино парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд ва ӯ ба барқарор намудани зарари расонидааш дар ҳаҷми 25000$ -и ИМА машғул буд. Ӯ умуман соли 2009-ум бо ман шинос набуд. Шиносоии Хоҷаев Б. охири моҳи сентябр ва октябри соли 2010 оғоз шуда буд.

Дар ҷ.2 саҳ. 140-141 Хоҷаев Б. оиди он тӯҳмат менамояд, ки рӯзи якуми шиносшавиаш ба ман ӯ 600$ дода бошад, баъдан ягон маблағе кушода нашуда, дар маҷмӯъ оиди он тӯҳмат менамояд, тахминан 7000$ дода бошад.

Дар ҷ.2 саҳ.143-146 Хоҷаев Б. оиди он нишон медиҳад, ки дар 9 ҳолат ба ман пул дода бошад:

1) тахминан моҳи июни соли 2010 ман ба Ёров Б. дар ҳузури Тоиров Б. 600$ додам;

2) маротибаи дуюм 15-20 рӯз пас (P.S: агар маротибаи якум моҳи июн бошад, пас маротибаи дуюм15-20. 07.2010 мешавад) бо хоҳиши ӯ 700$ дар ҳузури Тоиров Б. ба коргарони Ёров Б., ки дар богчаи истироҳатиашон воқеъ дар кишлоки Чимтеппа деҳаи Сарикишти кор мекарданд бурда дода будам.

3) пас аз 20 рӯз (P.S: агар маротибаи 15-20.07.2010 бошад, 20 рӯзи паси он 5-10.08.2010 мешавад) боз ба Ёров Б. дар раёсати коллегия 1000$ дода будам.

4) боз як моҳ пас (P.S:маротибаи сеюм 5-10.08.2010 бошад агар, як моҳ паси он 5-10. 09.2010 мешавад) дар хонаи падараш воқеъ дар деҳаи Гулбутаи н. Рӯдакӣ ба Ёров Б. 1000$ додам.

Дар чор ҳолати номбурда тӯҳмати додани 3300$ нишон дода мешавад. Дар ин чор ҳолат умуман Хоҷаев Б. имкони додани пулеро ба ман надошт, зеро ӯ фақат дар охири моҳи сентябри соли 2010 ё ин ки аввали моҳи октябри соли 2010 бо ман шинос шудааст. Чӣ тавр тӯҳматчӣ Хоҷаев Б. манро намешинохтааст ба дасти ман 3300$ медодаст?!

Дар ҳолати якум ва дуюм ӯ ишора мекунад, ки пулро, яъне 600$ ва 700$ ӯ дар ҳузури адвокат Тоиров Б. додааст, аммо адвокат Тоиров Б. ин тӯҳмати ӯро тасдиқ накарда, онро инкор менамояд.

Дар ҳолати чорум ӯ нишон медиҳад, ки дар бӯстонсарои падарам ӯ ба ман 1000$ додааст, агар ба ҷ.2 саҳ 157-163 протоколи рӯбарӯкунии ману Хоҷаев Б. назар карда шавад, пас дида мешавад, ки Хоҷаев Б. оиди он нишондод медод, ки дар ин бӯстонсаро бо ҳамроҳии Тоиров Б. омада бошад ва бинобар он дидааст, ки гӯё дар пеши ман одам зиёд аст, бинобар ин пулро ба Тоиров Б. дода бошад; ҳол он ки Тоиров Б. ягон тӯҳмати ӯро тасдиқ намекунад.

Дар нишондоди сохтакоронае, ки баъди 11.01.2016 сохтакорӣ шудааст, нишон дода мешавад, ки гӯё ӯ 1000$ дар бӯстонсарои падарам ба ман дода бошад. Агар ин протоколл сохтакорӣ намебуд, пас дилхоҳ муфаттише, ки рӯбарӯкунии моро мегузаронд ба Хоҷаев Б. оиди он савол медод, ки чаро дар пурсишатон оиди он гуфтед, ки 1000$-ро дар бӯстонсарой ба дасти Ёров Б. додеду, ҳоло бошад мегӯед, ки онро ба дасти Тоиров Б. додед.

Дар моҳи июни соли 2010 ман ягон сохтмоне надоштам, ки дар он сохтмончиён кор кунанд. Ба кӣ дар кадом сохтмон Хоҷаев Б. пул додааст маълум нест. Моҳи майи соли 2011-ум оилаи ман дар амволи шахсии худ, ки то ақди никоҳ ба даст оварда буд, сохтмонро оғоз карда буд, ки сохтмончии асосии он Ҳакимов Назриддин буд, касе Ҳакимов Н.-ро напурсидааст, ки кай сохтмон оғоз шудааст. Дар ҳоле, ки сохтмон нест, сохтмончӣ нест, пас ба кӣ ва дар куҷо Хоҷаев Б. пул додааст?

Аз рӯи пурсиши дар ҷ.2 саҳ. 143-146 овардаи сохтакоронаи Хоҷаев Б. дида мешавад, ки гӯё дар ҳолати панчум:

маротибаи панҷум боз тахминан моҳи сентябр ё октябри соли 2010 ба боғчаи истироҳатиаш рафта, ба худи Ёров Б. 700$ додам.

Маротибаи шашум, як моҳ пас аз ин боз дар ш. Чкаловск дар меҳмонҳонаи Сино ба Ёров Б. дар ҳузури Тоиров Б. 1100$ додам.

Маротибаи хафтум — дар манзили иҷоравӣ боз ба Ёров Б. 800$ додам.

Маротибаи ҳаштум — баъди ин боз ба Ёров Б. дар боғчи истироҳатиаш 200$ додам.

Маротибаи нӯҳум – баъди ин боз дар идорааш ба Ёров Б. 100$ додам…

Ягон маротиба Хоҷаев Б. ба ман ягон маблағе додагӣ нест, зеро ӯ адвокатҳои худро дошта, онҳоро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ бояд, ки маблағ диҳад. Вақте, ки моли ҳалоли оилааш Миралиева М.-ро ӯ тақсим карданӣ нест, пас чӣ тавр ва барои чӣ ба адвокати муқобил Ёров Б. пул медодааст?!

Дар ҷ.2. саҳ.157-163 протоколи рӯбарӯкунии байни ману Хоҷаев Б. –тӯҳматчӣ Хоҷаев Б. оиди он нишон медод, ки ба меҳмонҳонаи Синои ш. Чкаловск омада, дар он ҷо имконияти ба пеши адвокат Ёров Б. даромаданро наёфта, ба дасти адвокат Тоиров Б. 1100$ додааст, аммо Тоиров Б. ин пулро ба Ёров Б. додаст ё ин ки не намедонад.

Дар ҷ.2 саҳ. 225-228 протоколи санҷиши Хоҷаев Б. аз 23.01.2016 мавҷуд аст, ки дар ин протокол ӯ нишондод медиҳад.. (Набор карда шавад)

Хоҷаев Б. дар ин протокол ба дари хурде нишондод медиҳад, ки он соли 2014 аз тарафи фарзандони зерҳимояи мо Ғуломов сохта шудааст. Яъне то ҳатто Хоҷаев Б. оиди он намедонад, ки дар ин бӯстонсаро соли 2010 сохтмоне набуд ва он даричаи нишондодаи ӯ соли 2014 монда шудааст, на соли 2010.

Дар ҷ.2 саҳ. 229-232 протоколи дигари санҷиши нишондоди Хоҷаев Б. дар ҷои ҳодиса мавҷуд аст, ки гӯё «ӯ тахминан дар моҳи августи соли 2010 дар болои ин кат ба Ёров Б. 1000$ додааст» — ин нишондоди ӯ тӯҳмат аст. Зеро ӯ 14-15.09.2010 бо ёрии муфаттиши Прокуратураи н. Сино оилаашро фишор медиҳад, оилааш ҳуқуқҳои худро надониста, ба воситаи идораи давлатии нотариалии н. Синои ш. Душанбе яке аз хонаҳояшро ба номи Хоҷаев Б. менамояд. Баъде, ки нақшаи ҷинояткоронаи Хоҷаев Б. оиди ғасби амволи Миралиева М. натиҷа медиҳад, Саидов — муфаттиши Прокуратура ва Хоҷаев Б. аз вазифаҳои хидматии Саидов истифода бурда, Миралиева М.-ро дар охирҳои моҳи сентябри соли 2010-ум фишор медиҳанд, ки ин боиси муроҷиати ӯ, яъне Миралиева М. ба адвокат Ёров Б. мешавад. Пас чӣ тавр дар моҳи августи соли 2010-ум баҳси Миралиева М.-Хочаев Б. оғоз нашудааст, пешакӣ Хоҷаев Б. ба ман 1000$ медодааст?! Ҳамаи ин тӯҳмат будани суханони ӯро нисбати шахсияти ман бино бар иҷро намудани вазифаҳои касбиям, яъне ҳимояи ҳуқуқҳои мурофиавии оилаи ӯ Миралиева Мадина нишон медиҳад.

Ҳамин тариқ дида мешавад, ки бе таҳқиқи далелҳои дигаре, ки ҳоло ман бино бар нусхабардори накардани онҳо аз парванда дар даст надорам, дида мешавад, ки бе ягон шакку шубҳа Хоҷаев Б. пурра манро тӯҳмат намуда истодааст, аз ин рӯ бино бар мавҷуд набудани ходисҳои ҷиноят, ин қисмати қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: