Сабабҳои гароиш ба материализм (5)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Тавзеҳи ҷаҳон бо далел ва на иллат

Ҳегел мӯътақид шуд, ки тавзеҳи ҷаҳон аз роҳи иллати нахустин, хоҳ ин иллатро зеҳн бидонем ё модда ё Худо, номумкин аст; зеро худи иллати нахустин тавзеҳнопазир аст. Пас, бояд барои тавзеҳи ҷаҳон роҳи дигаре ҷустуҷӯ кард. Вай гуфт, нахуст бибинем “тавзеҳ” чист?

Маъмулан ҳангоме, мегӯем, ки амри бахусусе барои мо тавзеҳ дода шудааст, ки иллати он кашф шуда бошад. Ва агар натавонем он иллатро муайян кунем, мегӯем, ки он амр бе тавзеҳ мондааст… Вале коинотро ба ин шева наметавон тавзеҳ дод. Агар чунин фарз шавад, ки коинот иллате дорад, он иллат ё худ маълули иллати пешинӣ аст ва ё нест. Ё занҷираи иллатҳо то бениҳоят вопас меравад, ва ё дар ҷое метавон иллатулилал (иллати иллатҳо) ё иллати нахустиниро ёфт, ки маълули ҳеч иллати пешинӣ набошад. Агар ин занҷира поённопазир бошад, ёфтани тавзеҳи ғоӣ ва ниҳоӣ номумкин аст. Ва агар иллати нахустин дар кор аст, ин иллати нахустин худ амре тавзеҳнопазир аст… Тавзеҳи коинот ба ёрии чизе, ки худ розе ғоӣ аст, бе гумон ҳеч мушкилеро ҳал нахоҳад кард.” (Волтер Стас (Walter Stace), Фалсафаи Ҳегел, тарҷумаи дуктур Ҳамиди Иноят, с.68)

Ҳегел баъд гуфт, асли иллият на танҳо коинотро наметавонад тавзеҳ диҳад, ҳатто аз тавзеҳи умури ҷузъӣ низ оҷиз аст, зеро тавзеҳи як чизе иборат аст аз баёни робитаи мантиқии он чиз бо чизи дигар. Ҳар гоҳ чизе аз чизе мантиқан истинтоҷ шавад, ба василаи он чиз тавзеҳ дода шудааст.

Масалан он гоҳ, ки медонем зовияи А мусовӣ бо зовияи В аст ва зовияи В мусовӣ бо зовияи С аст, мантиқан натиҷа мегирем, ки зовияи А мусовии зовияи С аст. Зеҳн дармеёбад, ки заруратан бояд чунин бошад ва наметавонад чунин набошад, яъне маҳол ва мумтанеъ аст, ки чунин набошад. Ин ҷост, ки мусовӣ будани зовияи А бо зовияи С ба ёрии ду муқаддима тавзеҳ дода шудааст. Он ду муқаддима, “далел”-и мусовӣ будани зовияи А бо зовияи С аст, на “иллат”-и он.

Аммо иллият чизеро тавзеҳ намедиҳад. Иллият танҳо як “қазияи вуҷудӣ”-ро баён мекунад, на як “қазияи зарурӣ”-ро; зеро иллият аз таҷриба ба даст меояд, на аз истинтоҷи ақлӣ. Масалан, ба таҷриба дарёфтаем, ки об дар асари ҳарорат бухор мешавад ва дар асари сармо мунҷамид мегардад. Аз ин рӯ мегӯем, ҳарорат иллати бухор шудан, ва сармо иллати мунҷамид шудани об аст. Аммо ҳаргиз зеҳни мо ҳукм намекунад, ки заруратан ва мантиқан бояд чунин бошад. Фаразан мо дар таҷриба акси онро дарёфта будем, яъне ҳамеша об дар ҳарорат мунҷамид мешуд ва дар сармо бухор мегашт, аз назари зеҳни мо фарқе намекард. Пас, ин фарз аз назари зеҳн амре мумтанеъ ва маҳол нест; ба хилофи мусовӣ набудани зовияи А бо зовияи С дар мисоли гузашта, ки фарзи амре маҳол ва мумтанеъ аст. Иллият тавзеҳ намедиҳад, ки он чӣ маълул аст, бояд маълул бошад ва мантиқан бояд чунин бошад, ва он чӣ иллат аст мантиқан бояд иллат бошад. Пас, ҷаҳонро аз тариқи “далел” бояд тавзеҳ дод, на аз тариқи “иллат” . Фарқи далел ва иллат ин аст, ки иллат чизе “мунфарид” аст, яъне вуҷуде мустақил аз маълули худ дорад, бар хилофи далел, ки чизе “мунфарид” ва вуҷуде мустақил аз мадлул нест. Масалан, мусовӣ будани зовияи А бо зовияи В, ва мусовӣ будани зовияи В бо зовияи С далели мусовӣ будани зовияи А бо зовияи С аст. Вале ин далелҳо дар хориҷ вуҷуде мустақил ва ҷудо аз мадлули худ надоранд, ончунон, ки иллатҳо вуҷудҳои мустақил аз маълулоти худ мебошанд.

* * *

Ваҳдати зеҳну айн

Ҳегел он гоҳ ба асли дигаре мепардозад, ки аз он, ба асли “ваҳдати шиносоӣ ва ҳастӣ” ва ё асли “ваҳдати зеҳну айн” ва ё асли “ваҳдати ақлу хориҷ” таъбир мешавад. Вай кӯшиш дорад девори дугонагии зеҳну айнро фурӯ резад. Аз назари Ҳегел, зеҳн ва айн ду ҳақиқати аз ҳам мустақил ва бегона нестанд, яъне монанди ду шайъи комилан мутафовит нестанд, ки дар баробари якдигар қарор гирифта бошанд, балки ҳар ду яке ҳастанд, зеро ду рӯйи гуногуни як ҳақиқатанд. Ҳикмати эътиқод ба ин ҳукм ин аст, ки агар онро напазирем, масъалаи ин ки маърифат чӣ гуна мумкин мегардад, зоҳиран ғайри қобили қабул хоҳад буд. (Ҳамон манбаъ, с. 97)

Ҳегел бар асоси ин ду асл, яке ин ки “далел” метавонад ҷаҳонро тавзеҳ диҳад, на “иллат”, ва дигар асли “ваҳдати шиносоӣ ва ҳастӣ” (ваҳдати илм ва маълум), фалсафаи худро оғоз мекунад ва аз нахустин далел, ки ба гумони ӯ “ҳастӣ” аст оғоз мекунад ва аз “ҳастӣ” “нестӣ”-ро истинтоҷ менамояд ва аз он ба “шудан”, ки мафҳуми ҳаракат аст мерасад, ва ба ин тартиб диалектики худро идома медиҳад.

* * *

Мо дар инҷо наметавонем ба нақди фалсафаи Ҳегел ва решаи иштибоҳоти ӯ бо меъёрҳои фалсафии исломӣ, ки достоне дилкашу тӯлонист бипардозем. Инҷо ҳамин қадр ишора мекунем, ки бино бар фалсафаи “асолати вуҷуд” ва бо таваҷҷӯҳ ба бурҳони хосси “сиддиқин” (бурҳони Бӯалӣ Сино), ин ҷудоӣ, ки Ҳегел миёни иллат ва далел (“лимми субутӣ” ва “лимми исботӣ”) фарз карда, ҳама нақши бар об мешавад. Иллати нахустин бино бар ин фалсафа, ҳам “худсомон” аст ва бениёз аз иллат, ва ҳам “худпайдо” ва бениёз аз далел; ҳам иллати ҳамаи ашё ва ҳам далели онҳо ва тавзеҳдиҳандаи онҳо.

Барои ҳалли масъалаи маърифат (масъалаи шинохт) низ ниёзе ба асли “ваҳдати шиносоӣ ва ҳастӣ” — ончунон, ки Ҳегел фарз карда — нест. Масъалаи маърифат ва шинохт, ки аз мушкилтарин ва печидатарин масоили фалсафист, роҳи ҳалли дигаре дорад. Шарҳи ин ду матлабро ба ҷои дигар мавкул мекунем.

Тавзеҳ додем, ки бино бар “асолати вуҷуд” ин суол, ки иллати нахустин чаро иллати нахустин шудааст, ба куллӣ бемаънӣ аст. Акнун мегӯем, ҳатто бино бар “асолати моҳият” низ ин суол боқӣ нест; зеро суол вақте боқист, ки илзоман фарз кунем зоти воҷибулвуҷуд ҳам монанди соири зотҳо моҳияте дорад ва вуҷуде, ки ориз бар он моҳият шудааст. Аммо илзоме ба чунин фарзе надорем, балки илзом бар хилофи он аст. Яъне, ҳамин ки ба ҳукми имтиноъи тасалсул ночорем вуҷуди иллати нахустинро, ки воҷибулвуҷуд аст бипазирем, ба ҳукми ин ки воҷибулвуҷуд наметавонад ҳақиқате мураккаб аз моҳият ва вуҷуд бошад, ҳукм мекунем, ки ӯ вуҷуди маҳз (“иннияти сирф”) аст ва табъан суоли мо мунтафӣ мешавад.

Ин истидлол, бино бар “асолати моҳият” низ истидлоли тамоме аст. Афроде назири Бӯалӣ Сино аз ҳамин роҳ рафтаанд. Суоле агар боқӣ бимонад, дар ҷои дигар аст, ва он ин ки агар ҳақиқати зоти воҷиб, вуҷуди маҳз аст, ҳақиқати соири ашё чист? Оё ҳақиқати соири ашё моҳияти онҳост ва вуҷуд дар онҳо амри эътиборӣ аст ва дар натиҷа ҷаҳони ҳастӣ ду ҳақиқатист, ва ё ҳақиқат дар соири ашё низ ҳамон баҳраи онҳо аз вуҷуд аст?

Посухи саҳеҳи ин суол ба он аст, ки шиққи дуввумро интихоб кунем, ва ин ҳамон “асолати вуҷуд” аст.

Ва албатта амсоли Ибни Сино мункири асолати вуҷуд набудаанд. Дар замони онҳо ҳанӯз масъалаи асолати моҳият ва асолати вуҷуд дар миёни фалосифа ва ғайри фалосифа тарҳ нашуда будааст. Аз ин рӯ, ин суол бар баёни Ибни Сино суолест, ки дар он вақт тарҳ нашуда будааст, на ишколе бар баёни вай. Ба ҳар ҳол, қатъи назар аз асолати вуҷуд низ эроди амсоли Конт ва Ҳегел ва Спенсер эроди дурусте нест. Акнун дар бораи “милоки (меъёри) ниёзи маълул ба иллат” тавзеҳе медиҳем.

* * *

Решаи ниёзмандии ашё ба иллат

Қонуни иллият ва робитаи сабабӣ ва мусаббабии ашё нисбат ба якдигар, аз қатъитарин маорифи башарӣ аст. Пайванд ва иртиботи маълул ба иллат, шаклӣ ва зоҳирӣ нест; амиқ аст ва дар матни воқеияти маълул нуфуз дорад. Яъне, маълул ба тамоми воқеияти худ вобаста ва муттакӣ ба иллат аст ва ба тавре аст, ки агар воқеияти иллат набуд, маҳол буд, ки воқеияти маълул таҳаққуқ ёбад. Улуми башарӣ бар пояи ин қонун бино шудааст. Мо дар ҷои худ исбот кардаем, ки гурез аз ин қонун мусовӣ аст бо нафйи ҳар гуна низоме дар ҳастӣ ва нафйи ҳар гуна қонуни илмӣ ва фалсафӣ ва мантиқӣ ва риёзӣ. Дар ин ҷо беш аз ин лозим намедонем, ки дар бораи ин асл баҳс кунем.

Фалосифаи исломӣ масъалае дар ин замина тарҳ кардаанд, ки аз назаре муқаддам бар асли иллият аст. (Ин масъала барои аввалин бор дар фалсафаи исломӣ тарҳ шуда ва монанди бисёре аз масоили дигар натиҷаи муноқишот ва нохун заданҳои мутакаллимин аст. Мутакаллимин бо нохун заданҳои худ сабаб шуданд, ки масоили хоссе дар фалсафа матраҳ шавад, ва аз ин назар, ҳаққи бузурге бар фалсафа доранд.) Ва он ин ки: милоки ниёзмандӣ ба иллат чист? Бинобар ин дар ҳар мавриде, масалан дар мавриди иллияти А барои В, ду суол ва ду чаро матраҳ аст: яке ин ки чаро В мавҷуд шудааст? Посух ин аст, ки вуҷуди А иқтизо карда, ки В мавҷуд гардад, ва агар А мавҷуд намешуд, қатъан В мавҷуд намешуд. Пас, вуҷуди А худ посухи ин пурсиш аст. Фарз кунед хонае дар ҷараёни сел хароб мешавад. Шахсе аз мо мепурсад, чаро ин хона хароб шуд? Посух медиҳем, чун сел омад.

Дигар ин ки: чаро В ниёзманд ба А аст ва бидуни А наметавонад вуҷуд пайдо кунад? Чаро В аз А бениёз нест? Бадеҳист, ки посухи ин пурсиш ин нест, ки вуҷуди А чунин иқтизо кардааст. Посухи дигаре барои ин пурсиш бояд ҷустуҷӯ кард.

Посухи суоли аввалро бо илм — ки маҳсули таҷрибиёт ва озмоишҳои башар аст — метавон дод, зеро кори илм кашфи равобити иллӣ ва маълулии ашё аст. Пас, агар аз мо бипурсанд, иллати В чист, мо бо истимдод аз улум мегӯем, иллати В А аст.

Аммо ин ки чаро В ниёзманд ба А аст?, чаро мустақил ва бениёз аз А ва ҳар иллати дигар нест?, суоле аст, ки посухи он аз қаламрави улум хориҷ аст. Бо озмоишу таҷриба ва таҷзияву таркибу лабаратория барои ин пурсиш посухе наметавон ёфт. Ин ҷост, ки пойи таҷзияву таҳлилҳои фалсафӣ ва муҳосиботи дақиқи ақлӣ ба миён меояд. Ба ҳамон далел, ки мавриди суол як падидаи айнӣ нест — зеро ниёзмандии маълул ба иллат дар айни ин ки як ҳақиқати ғайри қобили инкор аст, падидае ҷудо аз иллату маълул нест, яъне дар хориҷ се падида надорем: яке иллат ва яке маълул ва севвум ниёзмандии маълул ба иллат — айнан ба ҳамон далел, илм — ки кораш падидашиносӣ аст — аз посухгӯӣ нотавон аст ва фалсафа — ки қодир ба кашфи ин равобит ва нуфуз дар умқи ҳақоиқ аст — танҳо мақоми салоҳиятдори посухгӯӣ ба ин гуна пурсишҳост.

Аз назари фалсафа, матлаб ин нест, ки чун амалан дида нашуда, ки В бидуни А вуҷуд пайдо кунад, пас В ниёзманди А аст ва ҳамчунин ҳар маълули дигар нисбат ба иллати худаш. Аз назари фалсафа, он чӣ маълул аст, маҳол аст, ки маълул набошад ва мустақил аз иллат бошад; вобастагии маълул ба иллат, аз воқеияти маълул ғайри қобили тафкик аст, балки айни воқеияти маълул аст. Ин аст, ки фалсафа бидуни он ки ба маълулияти хусуси В барои А таваҷҷӯҳ кунад, як масъаларо ба таври куллӣ матраҳ мекунад, ва он ин ки: решаи вобастагиҳои иллӣ ва маълулӣ ва ниёзи маълул ба иллат дар куҷост? Оё ашё аз он ҷиҳат, ки “шайъ” ё “мавҷуд” мебошанд, ниёзманд ба иллатанд? Яъне, шайъият ва мавҷудият, милоки ниёзмандӣ аст? Пас, ҳар шайъ ва ҳар мавҷуде аз он ҷиҳат, ки шайъ аст ва мавҷуд аст, бояд вобаста ба иллате бошад, ё сирфи шайъият ва мавҷудият милоки вобастагӣ ва ниёзмандӣ нест? Агар бино бошад, ки сирфи шайъият ва мавҷудият милоки чизе бошад, қоъидатан бояд милоки бениёзӣ ва адами вобастагӣ бошад, на милоки ниёзмандӣ ва вобастагӣ. Он чӣ муносиб аст милоки ниёзмандӣ ва вобастагӣ бошад, нақс дар шайъият ва мавҷудият аст, на нафси шайъият ва мавҷудият ва на камол дар шайъият ва мавҷудият.

Фалосифаи исломӣ ва ҳамчунин мутакаллимин, ки оғозкунандаи ин баҳс буданд, ҳаргиз фарз накарданд, ки сирфи шайъият ва мавҷудият милоки ниёзмандӣ ва вобастагӣ бошад — ки лозимааш ин аст мавҷуд аз он ҷиҳат, ки мавҷуд аст бояд вобаста бошад — балки ин матлабро қатъӣ донистанд, ки ҳайсият ва ҷиҳати дигаре, ки ба ҷанбаҳои нақс ва адамии ашё бармегардад, бояд решаи ин ниёзмандӣ ва вобастагӣ бошад. Дар инҷо маҷмӯан се назария иброз шуд:

а) Назарияи мутакаллимин: мутакаллимин милоки вобастагӣ ва ниёзмандии маълулҳо ба иллатҳо ва адами истиқлоли онҳоро “ҳудус” (ҳодис будан) яъне собиқаи нестӣ донистанд ва решаи бениёзии як шайъ аз иллатро “қидам” (қадим будан) ва доимӣ будани вуҷуд донистанд. Мутакаллимин гуфтанд, агар мавҷуде вуҷудаш масбуқ ба адам буда ва нестӣ бар ҳастиаш пешӣ дошта бошад, ва ба иборати дигар, агар мавҷуде дар як замон набуд ва дар замони дигари баъд аз он замон “буд” шуд, чунин мавҷуде ба ин далел, ки набуда ва баъд “буд” шуда, ниёзманд ба иллате аст, ки ӯро падид оварад ва вуҷудаш як вуҷуди вобаста ба ғайр хоҳад буд. Ва аммо агар мавҷуде фарз шавад, ки ҳамеша будааст, ҳеч гоҳ набуда, ки набудааст, чунин мавҷуде мустақил ва бениёз аз иллат аст ва ба ҳеч ваҷҳ вобаста ба ғайри худ нахоҳад буд. Мутакаллимин гуфтанд, ки асосан маънии иллияти чизе барои чизе — масалан иллияти А барои В — ин аст, ки А В-ро аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст, ва ин дар сурате мутасаввар аст, ки В собиқаи нестӣ дошта бошад. Ва аммо агар фарз шавад, ки В ҳамеша будааст, ҳеч гоҳ набуда, ки набуда бошад, иллияти А барои он маънӣ надорад.

Дар ҳақиқат, мутакаллимин он нақсе, ки маншаи ниёзмандии ашё ва вобастагии онҳо ба ғайри худашон мешавад, нестии пешин — яъне нестии муқаддам бар ҳастӣ аз ҳайси замон — донистанд ва маншаи камол ва бениёзӣ ва истиқлол аз ғайрро “қидам” (қадим будан) ва надоштани собиқаи нестӣ донистанд. Пас, аз назари мутакаллимин, мавҷуд ё ноқис аст ва ниёзманд аст ва ҳодис аст ва вобаста ба ғайр аст, ва ё комил аст ва бениёз аст ва қадим аст ва мустақил аз ғайр аст.

б) Назарияи қудамои фалосифаи исломӣ монанди Бӯалӣ то давраи Садрулмутааллиҳин: ин фалосифа бар назарияи мутакаллимин, ки ҳудус ва адами пешинро милоки нақс ва ниёзмандӣ ва вобастагӣ ба ғайр донистанд, эродҳои асосӣ ворид карданд, ки акнун маҷоли зикри он эродҳо нест. Гуфтанд, дуруст аст, ки ҳар ҳодисе ниёзманд ба иллат аст, аммо милоки ниёзмандии ҳодис ҳудусаш нест; чизи дигар аст. Ва гуфтанд, “қидам” (қадим будан) ба ҳеч ваҷҳ милоки бениёзӣ ва камол ва истиқлол нест. Фалосифа муддаӣ шуданд, ки милоки нақсу камол ва ниёзмандиву бениёзии ашёро дар мартибаи зот ва моҳияти онҳо бояд ҷустуҷӯ кард, на дар собиқаи нестӣ, ки “ҳудус” номида мешавад ва азалияти вуҷуд, ки “қидам” номида мешавад.

Ашё дар мартибаи зот аз назари ҳастӣ, ду гунаанд ё лоақал ду гуна фарз мешаванд:

1) Яке ин ки: ҳастӣ айни зоти онҳо бошад, яъне моҳияте ғайр аз ҳастӣ надошта бошанд, ва ба иборати дигар, “чистӣ” ва “ҳастӣ”-и онҳо яке бошад.

2) Дигар ин ки: зоти шайъ чизе бошад ғайр аз ҳастӣ ва ғайр аз нестӣ.

Навъи аввалро “воҷибулвуҷуд” меномем ва навъи дуввумро “мумкинулвуҷуд”. Воҷибулвуҷуд аз он назар, ки айни вуҷуд аст ва маънӣ надорад, ки шайъ аз худаш холӣ бошад, балки маҳол аст, ки худаш, ки айни ҳастист “ҳаст” набошад, бениёз аз иллат аст; зеро иллият иборат аст аз ин ки иллат ба зоти маълул ҳастӣ бибахшад ва вақте, ки зоти шайъ айни ҳастӣ аст ва аз ин назар халаъе надорад, ниёзе ба иллат надорад. Вале мумкинулвуҷуд назар ба ин ки на айни ҳастӣ аст ва на айни нестӣ ва нисбат ба ҳар ду бетафовут ва лоиқтизост ва нисбат ба ҳар ду халаъ дорад, ниёзманд ба чизи дигар аст, ки он халаъро пур кунад, ва он иллат аст. Вуҷуди иллатҳо он халаъро аз ҳастӣ пур мекунад ва мумкинулвуҷуди биззот воҷибулвуҷуди билғайр мегардад, ва адами иллат он халаъро аз нестӣ пур мекунад ва мумкинулвуҷуди биззот мумтанеъулвуҷуди билғайр мегардад.

Фалосифа номи ин халаъро “имкони зотӣ” мегузоранд ва мегӯянд, милоки ниёзмандии ашё ба иллат, имкони зотист, ҳамчунон ки номи он “малаъ”-и вуҷудиро “вуҷуби зотӣ” мениҳанд.

Дар ҳақиқат, аз назари фалосифа он нақси зотӣ, ки мавҷудотро ниёзманд ва ноқис ва вобаста ба ғайр мекунад, ҳамон халаъи зотӣ аст ва он камоли зотӣ, ки маншаи камоли мавҷудот аст ва онҳоро аз вобастагӣ ба ғайр бениёз месозад, “малаъ”-и зотӣ яъне айнияти зот ва вуҷуд аст.

Аз назари ин фалосифа, назар ба ин ки реша ва милоки ниёзмандӣ халаъи зотӣ аст на собиқаи нестӣ, фаразан мавҷуде дар олам вуҷуд дошта бошад, ки ҳамеша буда ва ҳеч гоҳ набуда, ки набудааст ва ба ҳеч ваҷҳ собиқаи нестӣ надорад аммо мумкинулвуҷуд аст, яъне моҳияташ айни ҳастӣ нест ва дар мартибаи зоти худ халаъи ҳастӣ дорад, чунин мавҷуде маълул ва махлуқ ва вобаста ба ғайр аст ҳарчанд азалӣ ва абадӣ бошад. Ба ақидаи ҳукамо, чунин мавҷудоте вуҷуд доранд ва онҳоро “ъуқули қоҳира” меноманд.

в) Назарияи хосси Садрулмутааллиҳин ва пайравони мактабаш: Садрулмутааллиҳин қабул кард, ки ҳар ҳодисе ниёзманд ба ғайр аст ва ҳам қабул кард, ки ҳар мумкинулвуҷуде ниёзманд ба иллат аст; эродҳои фалосифаро бар мутакаллимин ворид донист ва назари фалосифаро дар бораи ин ки ҳеч монеъе надорад, ки мавҷуде қадими замонӣ ва доимулвуҷуд ва азалӣ ва абадӣ бошад ва дар айни ҳол вуҷудаш вобаста ва махлуқ ва маълул бошад пазируфт, ҳамчунон ки назари фалосифаро дар бораи ин ки милоки ниёзмандиҳо ва вобастагиҳоро дар даруни ашё бояд ҷустуҷӯ кард, на дар адами пешин, саҳеҳ донист, вале собит кард ҳамчунон ки “ҳудус” наметавонад милоки ниёзмандӣ бошад, “имкони зотӣ” — ва ба таъбири мо “халаъи зотӣ” — низ наметавонад милоки ниёзмандӣ ва вобастагӣ бошад, зеро “имкони зотӣ” аз аҳкоми моҳият аст. Ин моҳият аст, ки гуфта мешавад дар мартибаи зот нисбат ба ҳастӣ ва нестӣ бетафовут аст ва дар даруни худ пӯку холӣ аст ва ғайре бояд то онро пур кунад. Аммо назар ба ин ки моҳият эътиборӣ аст на воқеӣ, аз ҳарими ниёзу бениёзӣ ва иллияту маълулият ва таъсиру таъассур ва балки аз ҳарими мавҷудият ва маъдумият хориҷ аст. “Имкони моҳувӣ” наметавонад решаи аслии ин ниёз бошад. Ҳамаи инҳо, яъне мавҷудияту маъдумият ва иллияту маълулият ва ниёзу бениёзиро ба моҳият метавон нисбат дод, аммо билараз ва маҷозан. Яъне ба табаи вуҷуде, ки моҳият аз он интизоъ ва эътибор шудааст. Пас, решаи аслии ниёзи ҳақиқӣ ва бениёзии ҳақиқиро бояд дар худи вуҷуд ҷустуҷӯ кард.

Садрулмутааллиҳин ҳамон тавр, ки “асолати вуҷуд”-ро исбот кард, “ташкики вуҷуд” яъне дорои маротиб будани ҳақиқати вуҷудро низ исбот кард. Пас, ҳамон тавр, ки бениёзӣ аз ҳақиқати вуҷуд хориҷ нест, ниёз низ аз ҳақиқати вуҷуд хориҷ нест, ва ҳамон тавре, ки камол аз ҳақиқати вуҷуд берун нест, балки мусовӣ бо вуҷуд аст, нақс низ аз ҳақиқати вуҷуд берун нест. Ин ҳақиқати вуҷуд аст, ки камолу нақс, истиғнову фақр, бениёзиву ниёз, шиддату заъф, вуҷубу имкон, ва ломаҳдудӣ ва маҳдудиро дар даруни худ мепазирад, балки айни ҳамаи инҳост. Чизе, ки ҳаст, ҳақиқати вуҷуд бар сирофати худаш ва дар мартибаи зоти худаш мусовӣ аст бо камол ва истиғно ва бениёзӣ ва шиддат ва вуҷуб ва ломаҳдудият, аммо нақсу фақр ва ниёзу имкон ва амсоли инҳо аз тааххур аз мартибаи зот ва аз маълулият, ки лозимааш нақс аст бармехезад.

Аз назари Садрулмутааллиҳин, масъалаи халаъи зотии моҳият аз ҳастӣ ва ниёзмандӣ ба шайъи дигар, ки он халаъро пур кунад, бино бар асолати моҳият дуруст аст, на бино бар асолати вуҷуд. Бино бар асолати вуҷуд нисбати ниёзмандӣ ва халаъи зотӣ ба моҳият ва ин ки чизе дигар ба номи иллат пуркунандаи ин халаъ аст танҳо бо навъе тасомуҳи фалсафӣ дуруст аст. Иллияту маълулият ва ниёзмандиву бениёзӣ ҳама аз шуъуни он чизе аст, ки айни айният ва матни воқеият аст яъне вуҷуд. Решаи ниёзмандии як ҳастӣ ба ҳастии дигар, қусури зотӣ ва маҳдудияти зотии он ҳастӣ аст.

Бино бар назарияи Садрулмутааллиҳин — бар хилофи назарияи мутакаллимин ва назарияи ҷумҳури фалосифа – ниёз ва ниёзманд ва милоки ниёз, умури ҷудогона нестанд. Дар инҷо ниёз ва ниёзманд ва милоки ниёз ҳар се як чиз аст. Бархе аз маротиби ҳастӣ ба ҳукми қусури зотӣ ва ба ҳукми тааххури зотӣ аз манбаи аслии вуҷуд, айни ниёз ба мартибаи дигаре аз ҳастӣ мебошанд.

Садрулмутааллиҳин он ҷо, ки ба таври килосик масъалаи “милоки ниёз ба иллат”-ро тарҳ мекунад, аз ҳамон равиши амсоли Бӯалӣ пайравӣ мекунад, вале дар ҷоҳои дигар назари хешро дар ин масъала — ки натиҷаи қатъии усуле аст, ки таъсис карда ва ҷуз ин наметавонист бошад — баён кардааст. Ва чун он ҷо, ки ба таври килосик масъаларо тарҳ карда, аз равиши қудамо пайравӣ кардааст, мутааххирон ва пайравони мактабаш монанди марҳум Ҳоҷӣ Сабзаворӣ чунин пиндоштаанд, ки Садрулмутааллиҳин дар ин масъала назари ҷудогонае надорад. Ва мо барои аввалин бор дар поварақиҳои “Усули фалсафа ва равиши реализм” ин матлабро равшан кардем ва мавриди истифодаи дигарон қарор додем.

Ва ба ҳар ҳол, он чӣ дар ин миён, бино бар ҳамаи макотиб, мусаллам шуд ин аст, ки решаи ниёзмандии ашё ба иллат, сирфи “шайъ” будан ё “мавҷуд” будан нест ва ашё фақат ба далели ин ки мавҷуданд, ниёзманд ба иллат намебошанд. Мавҷудият беш аз он ки далели ниёз бошад, далели бениёзӣ аст.

Аз маҷмӯи он чи, ки то кунун гуфтем, ду матлаб маълум шуд:

а) Ин ки аҳёнан мегӯем “ҳар чизе ва ё ҳар мавҷуде иллат мехоҳад”, таъбири носаҳеҳе аст, балки як ғалати фоҳиш аст. Таъбири саҳеҳ ин аст, ки: “ҳар ноқисе ниёзманд ба иллат аст”. Ва чунонки донистем макотиби мухталифе, ки дар ин бора баҳс кардаанд, дар ироаи нақсе, ки милоки ниёзмандӣ ба иллат мешавад, ихтилофи назар доранд, вале қадри мусаллам ин аст, ки ҳар ноқисе ниёзманд ба иллат аст, на ҳар чиз аъамм аз он ки ноқис бошад ё комил.

б) Тасаввури мо дар бораи иллати нахустин равшан шуд ва маълум шуд иллати нахустин, ки ҳамон зоти қадими комили воҷибулвуҷуди номутаноҳист, аз он ҷиҳат иллати нахустин аст, ки ҳастӣ айни зоти ӯст, ва ҳастии комил аст на ноқис, ва номаҳдуд аст на маҳдуд, то маншаи ниёз ба иллат пайдо шавад. Маънии иллати нахустин ин нест, ки ӯ худаш иллати худ ва поягузори худ ва сомондиҳандаи хеш аст, ва ҳам маънии иллати нахустин ин нест, ки бо соири мавҷудоти дигар аз назари ниёз ба иллат фарқе надорад ва ӯ ба ҳукми як истисно аз қонуни иллият хориҷ шудааст.

Ин ҷо мумкин аст дар зеҳни афроде, ки тамрине дар ин масоил надоранд, як суоли дигар тарҳ шавад, ва он ин ки: дуруст аст, ки иллати нахустин чун қадим ва комил ва номаҳдуд ва воҷибулвуҷуд аст, бениёз аз ҳар гуна вобастагӣ аст ва соири ашё чун чунин нестанд, вобаста ва ниёзманданд, вале чаро иллати нахустин, иллати нахустин шуд? Яъне чаро танҳо ӯ дар миёни мавҷудоти ҷаҳон қадим ва комил ва номаҳдуд ва воҷибулвуҷуд шуд? Чаро ӯ ҳодис ва ноқис нашуд? Ва чаро як мавҷуди дигар аз мавҷудот, ки акнун ноқис ва ниёзманд аст, мақоми воҷибулвуҷудро ҳиёзат накард? Бо тазаккури матолиби гузашта посухи ин пурсиш возеҳ аст. Дар ин пурсиш чунин фарз шуда, ки мумкин буд воҷибулвуҷуд воҷибулвуҷуд набошад ва иллате дахолат кард ва онро воҷибулвуҷуд кард, на мумкинулвуҷуд, ва ҳам мумкин буд, ки мумкинулвуҷуд мумкинулвуҷуд набошад ва дар асари дахолати иллате хосс мумкинулвуҷуд шуд. Ва ба таъбири дигар, мумкин буд вуҷуди комилуззоти номаҳдуд ноқис ва маҳдуд бошад ва вуҷуди ноқиси маҳдуд комилуззот ва номаҳдуд бошад ва омиле дахолат кард ва он якеро комилуззот ва номаҳдуд сохт ва дигареро ноқисуззот ва маҳдуд. Оре, ин аст решаи ин пурсиш.

Пурсишкунанда таваҷҷӯҳ надорад, ки мартибаи ҳар мавҷуд айни зоти он мавҷуд аст, ҳамчунон ки мартибаи ҳар адад айни зоти он адад аст. Бинобар ин, агар мавҷуде ба ҳукми ғинои зотӣ ва камоли зотӣ мустағнӣ аз иллат шуд, пас ҳеч иллате ҳеч гуна дахолате дар ӯ наметавонад дошта бошад ва ҳеч иллате ӯро ба вуҷуд наёвардааст ва ҳеч иллате ҳам ӯро дар мартибае, ки ҳаст қарор надодааст. Суол аз ин ки чаро иллати нахустин иллати нахустин шуд — ки дар фалсафаи Ғарб як суоли беҷавоб талаққӣ шудааст — суолест бемаънӣ.

Иллати нахустин мавҷудияташ айни ҳақиқат ва айни зоташ аст ва ҳам иллати нахустин буданаш айни зоташ аст ва дар ҳар ду ҳайсият, бениёз аз иллат аст.

Ин пурсиш дуруст мисли ин аст, ки бигӯем чаро адади як адади як шуд ва адади ду нашуд, ва чаро адади ду адади ду шуд ва адади як нашуд ва дар ҷои адади як нанишаст? Мо дар китоби “Адли илоҳӣ” дар бораи ин ки мартибаи ҳар мавҷуде айни зоти он мавҷуд аст, баҳси бештаре кардаем ва дар ин ҷо такрор намекунем.

Дар поёни ин қисмат аз баҳс, муносиб аст сухане аз Бертронд Росел, файласуфи муосир дар бораи иллати нахустин нақл кунем ва тасаввури “файласуфонаи” ӯро низ дар бораи ин масъалаи ғомиз ба даст оварем.

Росел китоби кучаке дорад ба номи “Чаро масеҳӣ нестам?” Дар он китоб танҳо масеҳиятро интиқод намекунад, балки асосан андешаҳои мазҳабиро умуман ва андешаи Худоро хусусан — ки бархе ғайримазҳабиҳо низ қабул доранд — мавриди эрод ва интиқод қарор медиҳад. Вай дар он китоб аз ҷумла матолибе, ки эрод мегирад “бурҳони иллати нахустин” аст. Барои ин ки бидонем оқои Росел — ин файласуфи бузурги Ғарб, ки номаш ҳамаҷоро гирифта — ин масоилро ба чӣ шакле дар зеҳни худ тасвир мекардааст, иборати ӯро нақл мекунем. Мегӯяд:

Асоси ин бурҳон иборат аз ин аст, ки тамоми он чиро мо дар ин ҷаҳон мебинем, дорои иллатест ва агар занҷири иллатҳоро дунбол кунем, саранҷом ба нахустин иллат мерасем ва ин нахустин иллатро иллати иллатҳо ё Худо меномем.”

Росел он гоҳ ин бурҳонро инчунин интиқод мекунад:

Ба ҳангоми ҷавонӣ дар бораи ин масоил жарф намеандешидам ва бурҳони “иллати иллатҳо”-ро то муддате мадид пазируфтам, то ин ки рӯзе ба синни 18-солагӣ зимни хондани биографияи Ҷон Стуворт Мил бад-ин ҷумла бархӯрдам: “Падарам ба ман мегуфт, ки ин пурсиш: чӣ касе маро офаридааст?, ҷавоб надорад, зеро билофосила ин суол матраҳ мешавад, ки чӣ касе Худоро офарид?” Ҷумлае бад-ин соддагӣ дурӯғи бурҳони “иллати иаллатҳо”-ро бароям ошкор сохт ва ҳанӯз ҳам онро дурӯғ медонам. Агар ҳар чиз бояд иллате дошта бошад, пас Худоро низ иллате бояд! Агар чизе бидуни иллат вуҷуд тавонад дошт, ин чиз метавонад ҳам Худо бошад ва ҳам ҷаҳон, пучии ин бурҳон ба ҳамин ҷиҳат аст.”

Суханони гузаштаи мо пучии сухани Роселро равшан мекунад. Сухан дар ин нест, ки оё ҳар чиз бояд иллат дошта бошад ё истисноан як мавҷуд бидуни иллат вуҷуд тавонад дошт, ва агар як чиз бидуни иллат метавонад вуҷуд дошта бошад, чӣ фарқ мекунад, ки Худо бошад ё ҷаҳон?! (Балки) сухан дар ин аст, ки ҳар чиз ва ҳар мавҷуд аз он ҷиҳат, ки чиз аст ва ба навъе дорои ҳастист, на милоки ниёз ба иллат аст ва на милоки бениёзӣ, то гуфта шавад чӣ фарқе дар ин ҷиҳат миёни чизҳост?! Сухан дар ин аст, ки дар миёни чизҳо ва мавҷудот, чизе ва мавҷуде ҳаст, ки вуҷуди сирф ва камоли мутлақ аст ва ҳар камоле аз ӯст ва ба сӯи ӯст ва ӯ чун ҳастӣ айни зоташ аст, бениёз аз иллат аст, бар хилофи чизҳое, ки ҳастиро ба сурати орият доранд. Ончунон мавҷуде на вуҷуд ва на камолоти вуҷудро фоқид аст, то талаб кунад ва ба сӯи он бишитобад, ва на ин камолотро аз даст медиҳад.

Аз тарафи дигар, мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки ҳама чиз дар он ҷанбаи муваққатӣ дорад; ҳама чиз дар ҷустуҷӯи чизи дигаре аст, ки надорад; ҳама чиз он чиро дорад дар вақти дигар аз даст медиҳад. Дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки ҳама чиз дар он дар маърази фано ва завол ва тағйиру таҳаввул аст; аломатҳои фақр ва ниёз ва ориятӣ будан ва ориятӣ доштан дар ҷабини ҳамаи аҷзояш намудор аст. Пас, чунин ҷаҳоне наметавонад иллати нахустин ва воҷибулвуҷуд бошад, ва ин аст истидлоли иброҳимӣ, ки дар Қуръони Карим омадааст:

 وَكَذَلِكَ نُرِي إِبْرَاهِيمَ مَلَكُوتَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَلِيَكُونَ مِنَ الْمُوقِنِينَ. فَلَمَّا جَنَّ عَلَيْهِ اللَّيْلُ رَأَى كَوْكَبًا قَالَ هَذَا رَبِّي فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لا أُحِبُّ الآفِلِينَ. فَلَمَّا رَأَى الْقَمَرَ بَازِغًا قَالَ هَذَا رَبِّي فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمْ يَهْدِنِي رَبِّي لأكُونَنَّ مِنَ الْقَوْمِ الضَّالِّينَ. فَلَمَّا رَأَى الشَّمْسَ بَازِغَةً قَالَ هَذَا رَبِّي هَذَآ أَكْبَرُ فَلَمَّا أَفَلَتْ قَالَ يَا قَوْمِ إِنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ. إِنِّي وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ حَنِيفًا وَمَا أَنَاْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

Ва ин гуна малакути осмонҳо ва заминро ба Иброҳим намоёндем, то аз ҷумлаи яқинкунандагон бошад. Пас, чун шаб бар ӯ парда афканд, ситорае дид, гуфт: ин парвардигори ман аст. Ва он гоҳ чун ғуруб кард, гуфт: ғурубкунандагонро дӯст надорам. Ва чун моҳро дар ҳоли тулӯъ дид, гуфт: ин парвардигори ман аст. Он гоҳ чун нопадид шуд, гуфт: агар парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, қатъан аз гурӯҳи гумроҳон будам. Пас, чун хуршедро баромада дид, гуфт: ин парвардигори ман аст, ин бузургтар аст. Ва ҳангоме ки уфул кард, гуфт: эй қавми ман! Ман аз он чи барои Худо шарик месозед, безорам. Ман аз рӯи ихлос покдилона рӯи худро ба сӯи касе гардонидам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ман аз мушрикон нестам.” (Сураи Анъом, оятҳои 75-79)

Хулосаи истидлол ин аст, ки ба соиқаи фитрат ва ба ҳукми бадеҳии ақл, худро марбуб ва дастпарварда ва мақҳур мебинад ва дар ҷустуҷӯи парвардигор ва қоҳири худ қарор мегирад. Ситораву моҳу хуршед ба тартиб назарашро ҷалб мекунад, аммо бо андак мулоҳиза, осори марбубият ва мақҳурият ва дастпарвардагиро дар онҳо — ки дурахшандатарини мавҷудотанд ва мардуми асру замони Иброҳим онҳоро мудиру мудаббири ҷаҳон медонистанд — ва дар соири мавҷудоти ҷаҳони табиат мушоҳида мекунад; савдоро якҷо мекунад ва рӯи дилро ба сӯи қудрати қоҳирае меоварад, ки “рабби” мутлақ ва қоҳири мутлақ аст ва нишонае аз марбубияту мақҳурият ва ҳудусу фано ва фақру нодорӣ дар ӯ нест. Аз ин фақру фаноҳо ва ҳудусу заволҳо ва марбубиятҳову мақҳуриятҳо, ба вуҷуди он қоҳирият ва камол пай мебарад.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: