Сабабҳои гароиш ба материализм (6)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Тавҳид ва такомул

Аз ҷумлаи масоиле, ки ба назари ман таъсири зиёде дар гароишҳои моддӣ доштааст, таваҳҳуми тазодд миёни асли “хилқат ва офариниш” аз як тараф ва асли “transformisme” яъне асли такомул, хусусан такомули ҷондорон, аз тарафи дигар аст. Ва ба иборати дигар, таваҳҳуми ин ки “офариниш” баробар аст бо “онӣ ва дафъиюлвуҷуд” будани ашё, ва “такомул” баробар бо “холиқ надоштани ашё” аст.

Ончунон, ки аз таърих бармеояд, дар Мағрибзамин ба хусус ин андеша вуҷуд доштааст, ки лозимаи ин ки ҷаҳон ба василаи Худованд ба вуҷуд омада бошад ин аст, ки ҳамаи ашё собит ва якнавохт буда бошанд ва тағйире дар коинот — хусусан дар усули коинот яъне “анвоъ” — рух надиҳад. Пас, такомул хусусан такомули зотӣ — яъне такомуле, ки мусталзими ин бошад, ки моҳияти як шайъ тағйир кунад ва навъияти он иваз шавад — ғайримумкин аст. Аз тарафи дигар, мебинем, ки ҳар андоза улум сайри такомулӣ анҷом медиҳанд ва тавсиъа меёбанд, масъалаи ин ки ашё ва ба хусус ҷондорон як қавси суъудии такомулиро тай мекунанд, бештар собит ва мубарҳан мегардад. Натиҷаи ин ду муқаддима ин аст, ки улум – ба хусус улуми зистӣ — дар ҷиҳати зидди Худошиносӣ гом бармедоранд.

Чунонки медонем, назариёти Ломорк (Jean-Baptiste Lamarck) ва Дорвин (Charles Darwin), хусусан шахси ахир, ғавғое дар Урупо бапо кард. Дорвин бо ин ки шахсан марде мӯътақид ба Худо ва мазҳаб буд ва мегӯянд дар лаҳазоти эҳтизор китоби муқаддасро ба сина часпонида буд ва худаш мукаррар дар навиштаҳояш имони худро ба Худованд эълом мекунад, дигарон назариёти ӯро сад дар сад зидди Худо муаррифӣ карданд.

Мумкин аст гуфта шавад, трансформизм ба таври куллӣ (хусусан Дорвинизм бо таваҷҷӯҳ ба фарзияи вай дар ин бора, ки асли инсон аз маймун аст) аз он ҷиҳат зидди Худо шинохта шуд, ки бар хилофи мундараҷоти китобҳои муқаддаси мазҳабӣ буд; зеро китобҳои мазҳабӣ умуман хилқати инсонро аз як инсони аввалӣ ба номи Одам медонанд, ки зоҳир ин аст, ки ӯ мустақиман аз хок офарида шудааст. Бинобар ин ба ҳақ ва баҷо буда, ки Дорвин ва Дорвинистҳо, балки ҳамаи тарафдорони такомул, зидди Худо шинохта шаванд, зеро ба ҳеч ваҷҳ наметавон миёни эътиқод ба мазҳаб ва эътиқод ба асли такомул оштӣ дод. Чорае нест аз ин ки аз ин ду яке ихтиёр ва дигаре раҳо шавад.

Ҷавоб ин аст, ки аввалан, он чӣ улум дар ин замина баён доштаанд, фарзияҳоест, ки доиман тағйир карда ва ислоҳ шуда ва ё ботил шинохта шуда ва фарзияе дигар ҷонишини он шудааст. Бо инчунин фарзияҳое, наметавон матлаберо, ки дар як китоби осмонӣ омадааст, агар ба сурати сареҳ ва ғайри қобили тавҷеҳе баён шуда бошад, мардуд шинохт ва онро далел бар беасосии асли мазҳаб шумурд ва беасосии мазҳабро далел бар набудани Худо гирифт.

Сониян, он чӣ дар китобҳои мазҳабӣ омадааст, фаразан сароҳат дошта бошад, ки “одами аввал” мустақиман аз хок офарида шудааст, ба шакле баён шуда, ки нишон медиҳад мулозим бо навъе феълу инфиъол дар табиат будааст. Дар осори мазҳабӣ омадааст, ки тинати Одам чиҳил сабоҳ сиришта шуд. Чӣ медонем? Шояд ҳамаи мароҳилеро, ки ба таври табиӣ аввалин силлули ҳаётӣ бояд дар тӯли милёрдҳо сол тай кунад то мунтаҳӣ ба ҳайвоне аз навъи инсон бишавад, сиришт ва тинати “одами аввал” ба иқтизои шароити фавқулъодае, ки дасти қудрати илоҳӣ фароҳам карда будааст, дар муддати чиҳил рӯз тай карда бошад; ҳамчунон ки нутфаи инсон дар раҳим дар муддати нӯҳ моҳ тамоми мароҳилеро, ки мегӯянд аҷдоди ҳайвонии инсон дар тӯли милёрдҳо сол тай кардаанд, тай мекунад.

Солисан, фарз мекунем он чӣ дар улум дар ин замина омадааст, беш аз ҳадди фарзия аст ва аз назари улум қатъист, ва ҳам фарз мекунем, ки мумкин нест шароити табиӣ ба сурате фароҳам шавад, ки модда мароҳилеро, ки дар шароити дигар кунду батиъ тай мекунад, дар он шароит сареъ ва тунд тай кунад, ва аз назари илм қатъист, ки инсон аҷдоди ҳайвонӣ доштааст, (дар ин сурат) оё зоҳири матолиби мазҳабӣ ғайри қобили тавҷеҳ аст? Мо агар махсусан Қуръони Каримро милок қарор диҳем, мебинем Қуръон достони Одамро ба сурати ба истилоҳ самбулик тарҳ кардааст. Манзурам ин нест, ки Одам, ки дар Қуръон омада номи шахс нест, чун “самбул”-и навъи инсон аст – абадан — қатъан “одами аввал” як фард ва як шахс аст ва вуҷуди айнӣ доштааст. (Балки) манзурам ин аст, ки Қуръон достони Одамро аз назари сукунат дар биҳишт, иғвои шайтон, тамаъ, ҳасад, ронда шудан аз биҳишт, тавба ва ғайра… ба сурати самбулик тарҳ кардааст. Натиҷае, ки Қуръон аз ин достон мегирад, аз назари хилқати ҳайратангези Одам нест ва дар боби Худошиносӣ аз ин достон ҳеч гуна натиҷагирӣ намекунад, балки Қуръон танҳо аз назари мақоми маънавии инсон ва аз назари як силсила масоили ахлоқӣ достони Одамро тарҳ мекунад. Барои як нафар мӯътақид ба Худо ва Қуръон, комилан мумкин аст, ки имони худро ба Худо ва Қуръон ҳифз кунад ва дар айни ҳол достони кайфияти хилқати Одамро ба наҳве тавҷеҳ кунад. Имрӯз мо афроди боимон ва мӯътақид ба Худо ва Расул ва Қуръонро суроғ дорем, ки достони хилқати Одамро дар Қуръон ба наҳве тафсир ва тавҷеҳ мекунанд, ки бо улуми имрӯзи мунтабиқ аст. Аҳаде иддао накардааст, ки он назарияҳо бар хилофи имон ба Қуръон аст. Мо худамон вақте он назарияҳоро дар китобҳои марбут ба ин мавзӯъ мутолеа мекунем, дар онҳо нукоти қобили таваҷҷӯҳ ва тааммули зиёде мебинем, ҳарчанд сад дар сад қонеъ нашудаем.

Ба ҳар ҳол, ин гуна матолибро баҳонаи инкори Қуръон ва мазҳаб қарор додан — то чӣ расад баҳонаи инкори Худо қарор додан — бисёр дур аз инсофи илмӣ аст.

Робеъан, фаразан қабул кардем, ки зоҳири матолиби оятҳои мазҳабӣ ғайри қобили тавҷеҳ аст ва аз назари илмӣ ҳам тасалсули инсон аз ҳайвон қатъӣ аст, (дар ин сурат) ҳаддиаксар ин аст, ки инсон имони худро ба китобҳои мазҳабӣ аз даст бидиҳад, чаро имони худро ба Худо аз даст бидиҳад? Аввалан, шояд мазоҳибе дар ҷаҳон пайдо шаванд, ки дар бораи хилқати инсон, ба сароҳати Таврот, асли инсонро мустақиман аз хок надонанд. Сониян, чӣ мулозимае ҳаст миёни қабул надоштани як ё чанд ё ҳамаи мазоҳиб, ва миёни қабул надоштани Худо? Ҳамвора дар ҷаҳон афроде буда ва ҳастанд, ки ба Худованд имон ва эътиқод доранд, вале ба ҳеч мазҳабе пойбанд нестанд.

Аз маҷмӯи он чӣ гуфтем, маълум шуд фарзи тазодд миёни мундараҷоти китобҳои мазҳабӣ ва асли такомул, узре барои гароиш ба моддигарӣ маҳсуб намешавад; матлаб чизи дигаре аст. Ҳақиқат он аст, ки моддигароёни Урупо хаёл мекардаанд, ки фарзияи такомул ақлан ва мантиқан бо масъалаи Худо созгор нест — аъамм аз он ки бо мазҳаб созгор бошад ё набошад — бад-ин ҷиҳат изҳор медоштанд, ки бо қабули асли такомул, масъалаи Худо мунтафӣ аст.

* * *

Акнун мо вориди ин баҳс мешавем. Мехоҳем бибинем оё ақлан ва мантиқан миёни ин ду масъала зиддият аст ё ақлан ва мантиқан зиддияте нест ва норасоии мафоҳими фалсафии Урупо таваҳҳуми зиддиятро ба вуҷуд овардааст? Ва ба ҳар ҳол, бояд бибинем моддигароён, ки зиддият фарз мекардаанд, аз чӣ роҳ будааст?

Сухани инҳоро ба ду гуна метавон тақрир кард: яке ба ин наҳв, ки бо пайдоиши назарияи такомул, муҳимтарин далели илоҳиюн аз дасташон гирифта мешавад. Умда далели илоҳиюн бар вуҷуди сонеъи алими ҳаким, низоми мутқани мавҷудот аст. Ин низоми мутқан ба хусус дар ҷондорон — яъне гиёҳон ва ҳайвонот — намудор аст. Агар хилқати гиёҳ ва ҳайвон дафъӣ мебуд, истидлол аз роҳи низоми мутқани мавҷудот саҳеҳ буд; зеро ақлан қобили қабул набуд, ки мавҷуде бидуни як назорати мудаббирона дафъатан мавҷуд гардад, дар ҳоле, ки ба як силсила ташкилот муҷаҳҳаз аст, ки нишон медиҳад ин ташаккул ва назм ба хотири ҳадафҳои пешбинишуда ва дар назар гирифташуда ба вуҷуд омадааст. Вале агар хилқати мавҷудот тадриҷӣ ва дар тӯли замон — яъне имтидоди садҳо милюн сол — сурат гирифта бошад; ба ин тартиб, ки кам-кам бо гузашти қарнҳо ва тарокуми наслҳо вазъи сохтмони мавҷудот ба шакли ҳозир даромада бошад, монеъе нест, ки ин ташкилоти дақиқ ба ҳеч ваҷҳ пешбинӣ нашуда бошад, яъне қувваи мудаббире бар он назорат надошта, балки танҳо тасодуфот ва интибоқи қаҳрӣ бо муҳит, маншаи ин низомот ва ташкилот буда бошад.

Пас, бо қабул ва субути назарияи трансформизм, умдаи далели илоҳиюн аз дасти онҳо гирифта шуд ва ҳамин кофист, ки каффаи моддигароён бичарбад ва гурӯҳе ба он тараф мутамоил гарданд.

Вале ин тавҷеҳ дар ҳадди зоти худ саҳеҳ нест. Агар ин сухан бар як мактаби илоҳие мисли Ислом арза бишавад, фавран посух медиҳад, ки аввалан, далели “итқони сунъ”-ро ба унвони танҳо далел бар вуҷуди Худо маҳсуб доштан ғалат аст ва ба унвони умда далел зикр кардан, муболиға аст. Сониян, низоми хилқат мунҳасир ба сохтмони аъзои ҳайвонот нест, то гуфта шавад такомули тадриҷии ҷондорон барои тавҷеҳи вуҷуди тасодуфии онҳо кофӣ аст. Солисан, он чӣ муҳим аст ва ҷавоби аслии ин эрод аст, ин аст, ки пайдоиши тадриҷӣ ва тағйироти тасодуфии сохтмони андомҳои гиёҳон ва ҳайвонот, ба ҳеч ваҷҳ барои тавҷеҳи ташкилот ва низомоти дақиқи андомҳои онҳо кофӣ нест.

Тағйироти тасодуфӣ он гоҳ метавонад кофӣ шумурда шавад, ки фарз кунем дар асари як тасодуф ва як фаъолияти беҳадаф ва ё як фаъолият барои ҳадафи дигар ғайр аз хоссияте, ки акнун пайдо шуда, тағйире дар андоми ҷондор пайдо шавад. Масалан, пардаи лойи ангуштони мурғобӣ пайдо шавад ва ин тағйири тасодуфӣ, ба ҳоли шиноварии мурғ муфид бошад ва баъд дар асари виросат ба наслҳои баъд мунтақил шавад ва бимонад. Ва ҳол он ки аввалан, аз назари илми виросат, интиқоли сифоти иктисобӣ ва фардӣ ва шахсӣ, хусусан сифоти иктисобӣ, сахт мавриди тардид балки мавриди инкор аст. Ва сониян, ҳамаи аъзо ва ҷавореҳ ва андомҳо аз қабили пардаи лойи ангушти мурғобӣ нест. Ғолибан ҳар кадом аз аъзо ҷузъи як ҷиҳози бисёр муфассал ва печидае аст назири ҷиҳози ҳозима, ҷиҳози танаффус, ҷиҳози босира, ҷиҳози сомеъа ва ғайра. Ҳар як аз ин ҷиҳозҳо як дастгоҳи муназзам ва ба ҳам пайваста аст, ки то ҳамаи аҷзои он ба вуҷуд наёянд, кор ва хоссияти манзур мутараттиб намешавад. Масалан, пардаҳои чашм чунон нест, ки фарз шавад ҳар кадом кори ҷудое барои бадан анҷом медиҳад ва ҳар кадом дар тӯли милюнҳо сол тадриҷан ба вуҷуд омадааст, балки чашм бо ҳамаи пардаҳо ва рутубатҳо ва аъсобу азулот, ки аз лиҳози касрат ва танаввӯъ ва интизом ва ташаккул ҳайратангез аст, маҷмӯан як корро анҷом медиҳад.

Қобили қабул нест, ки тағйироти тасодуфӣ, ҳарчанд дар тӯли милёрдҳо сол, тадриҷан ҷиҳози босира ё ҷиҳози сомеъаро ба вуҷуд оварда бошад. Асли такомул, беш аз пеш, дахолати қувваи мудаббир ва ҳодӣ ва роҳнаморо дар вуҷуди мавҷудоти зинда нишон медиҳад ва ироадиҳандаи асли ғоият аст.

Дорвин шахсан дар бораи асли “интибоқ бо муҳит” ончунон изҳори назар кард, ки ба ӯ гуфта шуд ту дар бораи ин асл монанди асли мовароуттабиӣ сухан мегӯӣ. Ҳақиқат ҳам ҳамин аст, ки нерӯи “татбиқ бо муҳит” дар ҷондорҳо, ки нерӯе бисёр мармуз ва ҳайратангез аст, нерӯест мовароуттабиӣ; яъне дар тасхири як навъ ҳидоят ва шуъур ба ҳадаф аст ва ба ҳеч ваҷҳ нерӯи кӯру беҳадаф нест.

Далолати асли такомул бар вуҷуди мутасаррифи ғайбӣ дар кори ҷаҳон, аз ҳеч асле камтар нест. Иллати ин ки шахси Дорвин ва ҳамчунин бисёре аз зистшиносони баъд аз ӯ муваҳҳид ва илоҳӣ ҳастанд, ҳамин аст, ки усул ва навомиси табиӣ — аз қабили асли “кӯшиш барои бақо”, асли “виросат”, асли “интихоби аслаҳ”, асли “интибоқ бо муҳит”-ро (агар сирфан ба як аксуламали оддии кӯр-кӯронаи табиӣ дар муқобили муҳит тафсир шавад) ба ҳеч ваҷҳ барои тавҷеҳи хилқати мавҷудоти зинда аъамм аз гиёҳу ҳайвон кофӣ надонистаанд. Албатта намегӯям, лозим надонистаанд ва бори дигар ба назарияи дафъиюлвуҷуд будани ҷондорон бозгашт кардаанд, балки мегӯям кофӣ надонистаанд.

Ҳақиқат ин аст, ки иллати ин ки назарияи такомул бар зидди истидлоли маъруфи илоҳиюн аз роҳи итқони сунъ бар вуҷуди Худо талаққӣ шуд, ҳамоно заъфи дастгоҳҳои фалсафӣ ва ҳикмати илоҳӣ буд. Онҳо ба ҷои ин ки аз пайдоиши назарияи такомул ба нафъи мактаби илоҳиюн истифода кунанд, онро чизе бар зидди мактаби илоҳӣ талаққӣ карданд, зеро чунин фарз карданд, ки танҳо бо дафъиюлвуҷуд будани ҷаҳон аст, ки ҷаҳон ниёзманд ба иллат ва падидоваранда аст, ва агар ҷаҳон ё навъе аз анвоъ тадриҷиюлвуҷуд бошад, иллатҳо ва авомили тадриҷии табиат барои тавҷеҳи онҳо кофӣ аст. Ин гуна фарзияҳо нишонаҳои заъфи дастгоҳҳои фалсафии Ғарб аст.

* * *

Илова бар ин ҷиҳат, ки дар Ғарб фарз бар ин буд, ки назарияи такомул, бурҳони назм ва итқони сунъро тазъиф мекунад, як чизи дигар низ сабаб шуд, ки мактаби такомул, зидди мактаби илоҳӣ талаққӣ шавад ва ба ин васила бозори моддигариро равнақ доданд. Он ин буд, ки фарз шуд агар Худое дар кор бошад, мебоист ашё тибқи тарҳи қаблӣ ба вуҷуд омада бошанд. Яъне вуҷуди ашё қаблан дар илми илоҳӣ пешбинӣ шуда бошад ва сипас бо ирода ва машиати қоҳираи илоҳӣ халқ шуда бошанд. Тарҳи қаблӣ ва пешбинии қаблӣ мулозим аст бо ин ки ба ҳеч ваҷҳ “тасодуф” дахолат надошта бошад, зеро тасодуф бар зидди пешбинӣ аст. Амри тасодуфӣ яъне амре ғайри мутараққаб ва ғайри мунтазир ва ғайри қобили пешбиниӣ. Аммо мо медонем, ки тасодуф нақши фавқулъода муҳим ва муассире дар хилқати коинот бозӣ кардааст. Фаразан тасодуфро барои хилқати аввалии ашё кофӣ надонем, билохира вуҷудашро ва нақши муассирашро дар ҷараёни хилқат наметавонем инкор кунем. Масалан, худи замин, ки гаҳвораи ҷондорон аст, қитъае буда, ки бар асари тасодуф, масалан наздик шудани хуршед ба як курраи бузург ва воқеъ шудани он таҳти таъсири ҷозибаи он курраи бузург, ба вуҷуд омадааст. Агар тарҳи қаблӣ ва ба истилоҳ агар тақдири азалӣ дар кор буд, тасодуф ҳеч нақше надошт. Натиҷа ин ки агар Худое дар кор бошад, ашё тибқи тарҳи қаблӣ ба вуҷуд меоянд ва қаблан дар илми азалии илоҳӣ пешбинӣ мешаванд. Агар ашё дар илми азалии илоҳӣ пешбинӣ шуда буданд, тасодуфе дар кор набуд. Ва чун тасодуф нақши муассире дар хилқат доштааст, пас хилқати ашё мақрун ба пешбинӣ набуда ва чун мақрун ба пешбинӣ набуда пас Худое нест.

Ба илова, агар ашё бо ирода ва машиати азалӣ ба вуҷуд омада бошанд, лозим аст дафъатан ба вуҷуд оянд, зеро иродаи Худованд мутлақ ва биломонеъ ва ғайри машрут аст. Лозимаи иродаи мутлақ ва биломонеъ ва ғайри машрут ин аст, ки ҳар чизеро, ки бихоҳад, бидуни як лаҳза фосила ба вуҷуд ояд. Аз ин рӯ дар китобҳои мазҳабӣ омадааст: “Амри илоҳӣ чунон аст, ки чун чизеро бихоҳад ва бигӯяд бош, билофосила он чиз вуҷуд меёбад”. Пас, агар ҷаҳон ва мавҷудоти ҷаҳон ба василаи ирода ва машиати илоҳӣ ба вуҷуд омада бошанд, лозим меояд, ки ҷаҳон ба ҳар шакл ва ҳар вазъе, ки дар ниҳояти амр бояд мавҷуд гардад, аз ҳамон аввал мавҷуд гардад.

Натиҷаи ин ду баён — ки яке марбут ба илми азалӣ буд ва дигаре марбут ба машиати азалӣ — ин ки агар Худое дар ҷаҳон бошад, ҳам илми азалӣ ҳаст ва ҳам машиати азалӣ, ва муқтазои илми азалӣ ва ҳамчунин муқтазои машиат ва иродаи азалӣ ин аст, ки ашё дафъатан ба вуҷуд омада бошанд.

* * *

Посух ин аст, ки: на натиҷаи илми азалӣ дафъиюлвуҷуд будани ашё аст ва на натиҷаи ирода ва машиати азалӣ, ва на ҳатто илоҳиюни ҷаҳон ва ё китобҳои мазҳабӣ ин масъаларо инчунин тарҳ кардаанд. Дар китобҳои мазҳабӣ омадааст, ки Худованд осмонҳоро дар шаш рӯз офарид.

Мурод аз ин рӯзҳо ҳар чӣ бошад, хоҳ мурод шаш давра аст ва ё мурод шаш рӯзи рубубӣ аст, ки ҳар рӯзаш баробар аст бо ҳазор сол ва ё мурод шаш рӯзи маъмулӣ яъне муодили 144 соат аст, ба ҳар ҳол аз ин ҷумла “тадриҷ” фаҳмида мешавад. Ҳеч гоҳ илоҳиюн ин масъаларо тарҳ накардаанд, ки илми азалӣ ва ё машиати мутлақаи азалӣ эҷоб мекарда, ки осмонҳо дар як лаҳза ва як он офарида шавад. Пас чӣ гуна аст, ки дар китобҳои мазҳабӣ омадааст, ки тадриҷан ва дар тӯли як замони муайян офарида шудааст? Ва низ Қуръони Карим бо камоли сароҳат хилқати тадриҷии ҷанинро дар раҳим матраҳ мекунад ва онро ба унвони далеле бар маърифати Худо ёд менамояд. Аҳаде то кунун нагуфтааст, лозимаи илми азалӣ ва машиати азалӣ — ки чун ба чизе таъаллуқ бигирад ва бигӯяд бош, мавҷуд мешавад — ин аст, ки ҷанин дар як лаҳза пайдо гардад.

Ин аз назари китобҳои мазҳабӣ. Аммо аз назари фалсафӣ ин ки гуфта шуд лозимаи илми азалӣ ин аст, ки тасодуф ба ҳеч ваҷҳ нақши муассире надошта бошад, тавзеҳеро эҷоб мекунад.

Аз назари фалосифа, судфа ва иттифоқ, ва ба таъбире дигар, тасодуф, ба ҳеч ваҷҳ вуҷуд надорад ва он чӣ башар онро ба номи тасодуф меномад, воқеан аз навъи тасодуф нест; бо соири иллатҳо ва маълулот ва муқаддамот ва натоиҷ, кучактарин тафовуте аз лиҳози моҳият надорад.

Калимаи тасодуф дар ду маврид истеъмол мешавад:

1) Яке дар мавриди пайдоиши ҳодисае бидуни иллати фоъилӣ. Яъне ин ки фарз кунем падидае, ки набуд ва падид шуд, худ ба худ ва бидуни таъсири ҳеч омиле падид шуд. Ин навъ аз тасодуфот аз тарафи ҳамаи мактабҳо, аъамм аз илоҳӣ ва моддӣ, мардуд аст. Моддигароён низ дар хилқати олам чунин фарзеро намепазиранд. Ин навъ аз тасодуф аз маҳалли баҳси феълии мо низ хориҷ аст. Касоне, ки муддаӣ ҳастанд, ки тағйироти андоми ҳайвонҳо тасодуфӣ будааст, манзурашон ин навъ аз тасодуф нест.

2) Мавриди дигари истеъмоли ин калима ин аст, ки фарз шавад натиҷае аз муқаддимае пайдо шавад, ки муқаддимаи ӯ нест ва аз муқаддимае натиҷае пайдо шавад, ки он натиҷа, натиҷаи ин муқаддима нест, балки натиҷаи табиии муқаддамоти дигар аст, ки вуҷуд наёфтааст. Масалан, агар шумо аз Теҳрон савори автомобил шавед ва роҳи Теҳрон-Қумро пеш бигиред ва баъд аз ду се соат ба Қум бирасед, ҳаргиз намегӯед бо автомобил дар ин роҳ роҳ афтодам ва тасодуфан ба Қум расидам, зеро лозимаи табиии ин навъ сайру ҳаракат, расидан ба Қум аст. Вале агар як дӯсти қадимӣ дошта бошед, ки солҳост ӯро надидаед ва дар вақте, ки ба Қум меравед, абадан дар фикри ӯ ва дар ҷустуҷӯи ӯ нестед, ҳамин, ки дар байни роҳи Теҳрон ва Қум ба Алиобод расидед, барои рафъи хастагӣ пиёда шудед ва дар канори як миз як сандалии холӣ ёфтед ва рафтед, ки биншинед, ногаҳон рафиқи худатонро дидед, ки бист сол буд надида будед ва маълум шуд дар Шероз буда ва меомада ба Теҳрон ва ӯ ҳам барои рафъи хастагӣ омада лаҳзае биншинад ва бо шумо баробар шудааст, дар инҷо ҳар ду нафар мегӯед, дар байни роҳи Қум ва Теҳрон тасодуфан ба ҳам расидем.

Ин ки ҳар ду нафар ин мулоқотро тасодуф талаққӣ мекунед, аз ин ҷиҳат аст, ки лозимаи табиати куллии ҳаракат аз Қум ба Теҳрон ва аз Теҳрон ба Қум чунин бархӯрде нест. Агар лозимааш ин буд, бояд ҳар вақт ва ҳар замон ва дар ҳар шароите, ки шумо аз Теҳрон ба Қум ҳаракат кунед, чунин бархӯрде даст диҳад, ва ҳол он ки чунин нест. Танҳо ин сафар, ки сафаре хосс буда ва дар замоне хосс сурат гирифтааст ва мақрун ба шароити хоссе будааст, ин натиҷаро ба бор овардааст ва ба ҳамин ҷиҳат ин мулоқот на барои шумо ва на барои дӯсти шумо ва на барои ҳар фарди дигаре монанди шумо қобили пешбинӣ набудааст. Ва агар шумо ё дӯстатон мехостед тарҳе барои сафаратон таҳия кунед, ҳаргиз наметавонистед бархӯрди дунафарии худро дар Алиобод дар тарҳ бигунҷонед, вале чизҳое, ки аз лавозими табиии ҳаракат байни Қум ва Теҳрон аст қобили пешбинӣ ва қобили гунҷонидан дар як тарҳи қаблӣ буд.

Аммо агар назари худро аз табиати куллии ҳаракат аз Теҳрон ба Қум, ба сӯи ҳамон ҳаракати хоссе, ки дар замони хосс ва шароити хосс анҷом додаед маътуф кунед ва онро дар ҳоле, ки мақрун ба як силсила шароит ва авзоъ аст ва муқорини як силсила ҳаводиси дигар аст дар назар бигиред, мебинед, ки бархӯрди шумо бо рафиқатон дар он нуқтаи муайян ва дар он лаҳзаи муайян, ба ҳеч ваҷҳ тасодуфӣ набуда, балки комилан зарурӣ ва табиӣ ва натиҷаи қаҳрии ҳаракати шумо ба Қум будааст ва барои касе, ки бар маҷмӯи авзоъ ва аҳволи шумо ду нафар огоҳ буда комилан қобили пешбинӣ низ будааст.

Ин бархӯрд аз назари касе тасодуфист, ки табиати куллии ҳаракат аз Теҳрон ба Қумро мебинад. Албатта табиати куллӣ ва умумии ин ҳаракат як силсила лавозими маҳдуд дорад. Он чӣ аз маҳдудаи он лавозим хориҷ бошад, аз назари табиати куллии ин ҳаракат амре тасодуфӣ аст.

Аммо он чӣ вуҷуд дорад, танҳо табиати омм нест; он чӣ вуҷуд дорад он табиат аст ба иловаи як силсила шароит ва замоим, ва бо дар назар гирифтани он шароит ва замоим аст, ки тасодуф аз миён бармехезад.

Дар инҷо мисоли дигаре зикр мекунем, то равшан шавад чӣ гуна тасодуф ва иттифоқ як амри нисбӣ аст; яъне аз назари касе, ки аз асбоб ва иллатҳо бехабар аст тасодуф аст, аммо аз назари олим ба асбоб ва иллатҳо, тасодуф ва иттифоқе дар кор нест.

Фарз кунед ду нафарро, ки ҳар ду узви як идораанд ва аз як марказ фармон мегиранд. Яке аз ин ду нафар, ки оқои А аст, маъмури Хуросон ва дигаре, ки оқои В аст, маъмури Исфаҳон аст. Аз марказ дастур мерасад ба оқои А, ки фалон рӯз барои фалон кор ба фалон нуқтаи осебдида биравад, ва пас аз чанде дастур ба оқои В мерасад, ки дар ҳамон рӯз барои анҷоми як маъмурияти дигар ба ҳамон нуқта биравад. Бадеҳист, ки оқои А ва оқои В якдигарро дар ҳамон маҳалл мулоқот мекунанд ва ин мулоқот барои ҳар ду нафари онҳо ҷанбаи тасодуфӣ дорад. Ҳар ду нафар мегӯянд дар фалон рӯз дар фалон нуқта тасодуфан якдигарро мулоқот кардем. Ҳар кадом аз инҳо, ки табиати кори худро дар назар мегирад, мебинад лозимаи ҳеч як аз инҳо он бархӯрд ва мулоқот набудааст ва мебинад аз назари ҳеч як аз онҳо ин мулоқот қобили пешбинӣ набудааст. Аммо аз назари марказ, ки ҳар ду маъмурияти ба зоҳир ҷудо ва беиртиботро ӯ идора мекардааст ва ба фармони ӯ сурат гирифтааст, ба ҳеч ваҷҳ тасодуф нест. Аз назари марказ, ки аз як тараф, хатти сайр аз Исфаҳонро то он нуқта, ва аз тарафи дигар, хатти сайри Машҳадро то он нуқта ба вуҷуд овардааст ва ҳар дуро тавре танзим карда, ки дар рӯзи муайян ҳар ду нафар ба он нуқта бирасанд, мулоқот ва бархӯрди ҳар ду нафар бисёр табиӣ ва қаҳрӣ аст. Ӯ наметавонад бигӯяд ин ду нафарро ман фиристодам ва тасодуфан дар як нуқта ба ҳам расиданд. Пас, тасодуф ва иттифоқ амре нисбӣ аст. Яъне нисбат ба касе, ки беиттилоъ аз ҷараёнҳост тасодуф аст, аммо нисбат ба касе, ки огоҳ бар матни ҷараёнот аст ва ба ҳамаи авзоъ ва шароит иҳота дорад — ва дар воқеъ нисбат ба матни воқеъ — ба ҳеч ваҷҳ тасодуф ва иттифоқе дар кор нест. Ин аст, ки мегӯянд:

يقول الاتفاق جاهل السبب

Яъне он чӣ иттифоқ ва тасодуф номида мешавад, нисбат ба ҷоҳил ба асбоб ва иллатҳо иттифоқ ва тасодуф аст, на нисбат ба олим ва муҳит бар ҷараёнот.

Аз инҷо маълум мешавад, ки барои зоти Борӣ Таъоло, ва дар ҳақиқат бояд бигӯем аз назари матни воқеъ, тасодуф ва иттифоқе дар кор нест. Пас, ин ки гуфта мешавад, “агар қоил ба Худо бошем, бояд қабул кунем, ки ҳаводиси ҷаҳон тибқи тарҳи қаблӣ ва қобили пешбинӣ буда ва тасодуф ва иттифоқ дар кор набуда ва нақше надоштааст, ва ҳол он ки улум барои тасодуф ва иттифоқ нақши муассир ва муҳимме қоиланд” — сухане беҳуда аст.

Ин тасодуф нисбат ба мо, ки ҷоҳил ба маҷмӯи иллатҳо ва асбобем, тасодуф аст, на нисбат ба Худованд, ки холиқ ва офаринандаи кулл аст ва муҳит бар ҳамаи асбоб ва авзоъ ва аҳвол ва иллатҳо ва шароит аст.

* * *

Аммо масъалаи иродаи азалӣ ва машиати азалӣ. Ин эрод аз эроди аввал сусттар аст. Аҷабо! Тасаввур шудааст, ки лозимаи машиати мутлақаи азалия ин аст, ки вуҷуди ҳамаи махлуқот дафъӣ ва онӣ бошад. Чӣ иштибоҳи бузурге! Лозимаи машиат ва иродаи мутлақа ин аст, ки ҳар чизе ҳамчунон ки ӯ мехоҳад ва ба шакле, ки ӯ мехоҳад, бидуни ҳеч монеъе ба вуҷуд ояд ва ҳеч фасле миёни иродаи ӯ ва шайъи иродашуда вуҷуд надошта бошад, на ин ки ҳар чизе, ки ирода мекунад дафъатан ба вуҷуд ояд, яъне дафъиюлвуҷуд бошад.

Тавзеҳ ин ки мо — ки ирода ва машиатамон ноқис ва маҳдуд аст — агар чизеро ирода кунем, бояд мутавассил ба чизҳое ғайр аз иродаи худ бишавем ва то он асбоб ва васоилро таҳсил накунем, аз иродаи мо коре сохта нест. Ҳамчунин як силсила аз мавонеъро бояд рафъ кунем ва бо вуҷуди он мавонеъ низ аз иродаи мо коре сохта нест. Аммо иродаи Худованд чун муҳит бар ҳама чиз аст ва ҳама чиз ба иродаи ӯст, асбоб ва васоит ва мавонеъ низ мавлуди ирода ва машиати ӯст. Пас, дар мартибае, ки иродаи ӯ ҳоким аст, ҳеч чизе дар баробари ӯ ба унвони шарт ё сабаб ё монеъ вуҷуд надорад; ҳамаи шурут ва асбоб ва мавонеъ ва заволи мавонеъ, маҳкуми иродаи ӯ яъне тобеъи иродаи ӯст. Пас, он чӣ ӯ ирода мекунад, бидуни ҳеч вақфае ҳамон тавр аст, ки ӯ ирода кардааст. Агар вуҷуди чизе мавқуф ба як силсила шароит аст, аз назари он чиз саҳеҳ аст, ки бигӯем машрут ба шароите аст, аммо аз назари иродаи илоҳӣ саҳеҳ нест гуфта шавад, ки машрут ба шароите аст. Яъне иҷрои иродаи илоҳӣ машрут ба чизе нест, балки иродаи илоҳӣ онро бо ҳамон шарт ирода кардааст ва он ҳам бидуни вақфае ба ҳамон наҳв, ки ирода шуда ба вуҷуд омадааст.

Пас, маънии ин ки иродаи илоҳӣ мутлақ аст ин аст, ки ӯ ҳар чӣ бихоҳад ба ҳамон наҳв, ки мехоҳад — бидуни ин ки иҷрои иродааш мутаваққиф бар амре моварои худаш бошад — анҷом мегирад. Пас, агар ӯ вуҷуди чизеро ба шакли дафъӣ бихоҳад, он чиз ба сурати онӣ ва дафъӣ ба вуҷуд меояд. Ва агар вуҷуди чизеро ба сурати тадриҷӣ бихоҳад, он чиз ба сурати тадриҷӣ ба вуҷуд меояд; бастагӣ дорад, ки наҳваи вуҷуди он чиз чӣ наҳваи вуҷуд бошад ва зоти аҳадият вуҷуди он чизро ба чӣ шакле ирода карда бошад.

Агар ирода ва машиат ва ҳикмати илоҳӣ таъаллуқ гирифтааст, ки ҷондорон тадриҷан ва дар тӯли милёрдҳо сол пайдо гарданд, табъан мавҷудот ба ҳамон наҳв вуҷуд меёбанд. Пас, ғалат аст, ки бигӯем лозимаи машиати мутлақаи илоҳӣ ин аст, ки ҳама чиз дафъиюлвуҷуд бошад. Хайр, лозимаи машиати мутлақаи илоҳӣ ин аст, ки ҳама чиз ба ҳамон наҳв, ки ӯ ирода кардааст, хоҳ ба сурати дафъӣ ва хоҳ ба сурат тадриҷӣ, бидуни таваққуф ба амре моварои иродаи парвардигор, вуҷуд пайдо кунад.

Ба илова, ҳукамо собит кардаанд, ки умури тадриҷиюлвуҷуд наҳваи вуҷудашон мунҳасир ба тадриҷӣ аст; навъе дигар аз вуҷуд, яъне вуҷуди собит ва дафъӣ, бар онҳо маҳол аст.

Пас, қобилияти қобил низ иқтизо мекунад тадриҷро. Садрулмутааллиҳин навъе ҳаракат дар олам исбот кардааст, ки онро “ҳаракати ҷавҳария” меноманд. Бино бар асли ҳаракати ҷавҳария, ҳеч амри собите дар табиат вуҷуд надорад ва наметавонад вуҷуд дошта бошад; ҳама чиз дар табиат тадриҷиюлвуҷуд аст ва ҷуз ин наметавонад бошад. Ин файласуф, ки дар айни ҳол як орифи илоҳист, ҳаргиз дар мухайялааш хутур намекард, ки рӯзе мардуме дар ҷаҳон пайдо шаванд ва лозимаи илми азалии илоҳӣ ва ё машиати азалии илоҳиро дафъиюлвуҷуд будани ҳамаи ашёъ бипиндоранд.

Мо дар чанд сол пеш мақолае таҳти унвони “Тавҳид ва такомул” навиштем ва роҳҳои иштибоҳи файласуфони Мағрибзаминро дар тазодди тавҳид бо асли такомул равшан кардем.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: