Перейти к содержимому

Ифшои асрори ҷанги Сурия аз забони вазири хориҷаи собиқи Қатар

Шайх Ҳамад бен Ҷосим, вазири умури хориҷа ва нахуствазири собиқи Қатар, дар гуфтугӯи бесобиқа бо шабакаи телевизиюнии Қатар, ки ду соат ба тӯл анҷомид, иттифоқоти пушти пардаи ҷанги Сурияро, ки мунҷар ба ҳаводиси талхи он кишвар шуд фош кард.

Муҳимтарин нукоте, ки вай дар ин мусоҳиба мегӯяд, аз ин қарор аст:

* Робитаи мо бо Исроил ба дархости Омрико барқарор шудааст, ва мо барои ин ки дар умурамон бо Иёлоти Муттаҳида осонӣ пеш ояд, ин робитаро барқарор кардем.

* Башшор Асад дӯсти мо буд ва мо ҳеч ихтилофи шахсӣ бо ӯ надоштем, аммо ҳамаи мо аз сӯи Арабистони Саудӣ бино ба тавсияи Омрико интихоб шудем, то нӯки ҳамлаи ҷанг бошем. Дар ибтидои бӯҳрони Сурия, ман ба Арабистони Саудӣ рафтам ва ба Малик Абдуллоҳ шарҳи вақойеъро гуфтам. Ӯ гуфт, мо бо шумо ҳастем, шумо мавзӯъро пайгирӣ кунед, мо бо шумо ҳамоҳанг ҳастем, аммо зимоми умур дар дасти шумо бошад. Аз Ардуғон хоста шуд марзҳояшро бо Сурия бигушояд ва Туркия бо мувофиқати Омрико ин корро кард, то марзҳои Туркия гузаргоҳи убури силоҳ ва пул ва нерӯҳои мусаллаҳ ба Сурия бошад. Ҳарчӣ мехост ба Сурия биравад, аввал ба Туркия мерафт, бо нерӯҳои омрикоӣ ҳамоҳанг мешуд, баъд ба Сурия мерафт. Ҳарчӣ мехост дар Сурия тавзеъ шавад, аз тариқи нерӯҳои омрикоӣ ва туркӣ ва мо ва бародарони арабистониамон анҷом мешуд.

* Шояд иштибоҳе пеш омад, мумкин аст дар даврае аз гурӯҳе ҳимоят кардем, аммо аз ДОЪИШ ҳимоят накардем. Дар ин мавзӯъ алайҳи мо муболиға карданд.

* Мо аз гурӯҳҳои мухталифе дар Сурия ҳимоят кардем, аз ҷумла Ҷабҳатуннусра, ки баъдан ҳимояти байналмилалиро аз даст дод, кишварҳо бо ҳадафи тағйири низом дар Сурия, ба сурати махфиёна бо Аннусра вориди таомул шуданд, аммо вақте, ки Созмони Милал қонунеро содир кард ва онро гурӯҳи теруристӣ номид, ба эҳтироми ин қонун иртиботи худро бо он қатъ кардем.

* Ҳадафи мо озодии Сурия буд. Ҳама дунболи “шикор” рафтанд, аммо бар сари шикор ихтилоф пайдо карданд, шикор фирор кард ва мо ҳамчунон машғули ихтилофотамон ҳастем. Алъон афроди бисёре дар Сурия кушта шуданд. Аммо Башшор дар Сурия монд.

* Алъон дигар касе мухолифи мондани Башшор Асад дар қудрат нест, мо ҳам мухолифате надорем бо вуҷуди тасмимҳое, ки қаблан гирифта шуда буд. Арабистониҳо ҳам гуфтанд бигузоред Башшор дар қудрат бимонад! Бошад бимонад, мо мушкиле бо Башшор надорем, аз аввал ҳам бо ӯ ихтилофе надоштем, Башшор дӯсти мо буд. Аммо арабистониҳоро сарзаниш мекунем, ки чаро вақте нисбат ба раисиҷумҳур Асад тағйири мавзеъ доданд, моро ба унвони шарики худ хабар накарданд ва мо хабари онро аз расонаҳо шунидем, ки ҳайратзада шудем?! Дар ҳоле, ки мо бо арабистониҳо дар як хандақ будем. Тағйири мавзеъ додед? Ба мо мегуфтед, тағйири мавзеъ додед! Мо намегӯем арабистониҳо бояд ба ҳамон мавозеъи худ идома медоданд. Мумкин аст вазъияте пеш биёяд, ки бояд мавзеъ иваз шавад. Мо мушкиле бо ин мавзӯъ надорем, аммо бояд дигар шариконро ҳам хабар кунед.

* Пойгоҳи Омрико дар Қатар ба тақозои Арабистони Саудӣ ва мувофиқати Омрико баъд аз он ки фаъолияти гурӯҳҳои теруристӣ оғоз шуд ва таҳти унвони “куффорро аз сарзамини исломӣ дар Арабистон берун биронед” иқдом ба амалиёти инфиҷорӣ карданд, таъсис шуд.

* Вориди ҷанги Яман шудем бидуни ин ки далели онро бидонем. Арабистониҳо аз мо хостанд, мо ҳам ба хостаи онҳо посухи мусбат додем.

* Ифтитоҳи сафорати Толибон дар Дуҳа бино ба тақозои расмии давлати Омрико буд, мо ҳеч тасмимеро ба танҳоӣ намегирем, балки мо тақозои дӯстонро анҷом медиҳем.

* Он чи аз ҳарфҳои мо бо Қаззофӣ фош шуд, саҳеҳ аст, ба вақташ арабистониҳоро дар ҷараён гузоштем, ва ба Малик Абдуллоҳ ҳушдор додем, ки Қаззофӣ ниятҳои хубе нисбат ба Арабистон ва кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷ (-и Форс) надорад ва далоили таомуламон бо ӯро шарҳ додем ва гуфтем, ки манофеи иқтисодӣ аз таомул бо Қаззофӣ дорем, Малик Абдуллоҳ ба вақташ мавозеи моро дарк кард ва гуфт, ки агар ӯ ҳам ҷои мо буд, ҳамон кореро мекард, ки мо алъон мекунем.

* Қаззофӣ бо мо ва кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷ (-и Форс) ва Арабистони Саудӣ аз рӯи такаббур ва таҳқир бархӯрд мекард, моро мардуме аз табақаи даҳуми ҷавомеъ медонист.

* Дигар ба қудрат барнамегардам ва ин ҳарфҳое, ки мезанам, ҳарфҳои касе нест, ки дар қудрат аст.

* Кишварҳои узви Шӯрои ҳамкорӣ ва арабӣ, ки моро муҳосира кардаанд, бо мо ба шеваи паст ва тавҳиномез бархӯрд карданд, ин шеваи бархӯрд ба худашон бештар аз мо тавҳин мекунад.

Бахшҳое аз ин гуфтугӯи телевизиюнӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: