Ихтилоф бадбахтӣ аст

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, изҳор доштааст: “Тарк кардани баъзе суннатҳо барои ҳифзи ваҳдат байни мусалмонҳо ва ихтилоф нашудан, ҷоиз аст.”

Ёддошти Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, ки яке аз шогирдонаш аз забони ӯ дар Фейсбук мунташир кардааст, ба шарҳи зерин аст:

Тарк кардани баъзе суннатҳо барои ҳифзи ваҳдат байни мусалмонҳо ва ихтилоф нашудан, ҷоиз аст. Ба ин гуфта, аҳодис ва феъли саҳоба ва ақволи уламо далолат мекунад. Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси саҳеҳ ба Ҳазрати Оиша (р) мегӯянд: “Агар навмусалмонии қавмат намебуд, ман хонаи Каъбаро ба бинои аввалиаш бармегардонидам.” (Ривояти Бухорӣ) (1)

Дар ин ҳадис, Паёмбар алайҳиссалом баргардонидани бинои хонаи Каъбаро ба ҳолати аввалааш, ба хотире тарк карданд, ки қурайшиҳо нав мусалмон шуда буданд ва ин амал шояд сабаби сар задани ихтилоф мешуд. Аз ин сабаб, Паёмбар алайҳиссалом аз тасмими худ бозгаштанд.

Ибни Масъуд (р) вақте шунид, ки Ҳазрати Усмон (р) дар Макка, ки мусофир буд намозро пурра мехонад, ин амали ӯро инкор кард, вале вақте аз пушти Усмон (р) намоз гузорид, намозро пурра хонд. Ба ӯ гуфтанд: Усмонро (р) барои пурра хондани намоз эрод гирифтӣ, вале чаро аз пушти ӯ намоз гузоридӣ? Ибни Масъуд (р) гуфт: “Ихтилоф бадбахтӣ аст.” (Ривояти Абӯдовуд) (2)

Ибни Масъуд (р) бо вуҷуде, ки пурра хондани намозро барои мусофир хилофи суннат медонист, вале ба хотири рафъи ихтилоф, аз пушти Ҳазрати Усмон (р) иқтидо кард ва намозро пурра гузорид.

Ибни Таймия роҷеъ ба ин масъала мегӯяд, барои шахс мустаҳабб аст, ки баъзе сунан ва мустаҳабботро ба хотири ваҳдат ва таълифи дилҳо тарк бикунад. Зеро манфиъат ва маслиҳати ваҳдат ва таълиф, бузургтар аз маслиҳати анҷом додани ин мустаҳаббот аст. Ҳамчуноне, ки Паёмбар алайҳиссалом тағйир додани хонаи Каъбаро ба хотири ҳифзи ваҳдат ва таълифи қулуб тарк карданд. (3)

* * *

Пайнавишт:

(1)

حَدَّثَنَا عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ مُوسَى عَنْ إِسْرَائِيلَ عَنْ أَبِى إِسْحَاقَ عَنِ الأَسْوَدِ قَالَ قَالَ لِى ابْنُ الزُّبَيْرِ كَانَتْ عَائِشَةُ تُسِرُّ إِلَيْكَ كَثِيرًا فَمَا حَدَّثَتْكَ فِى الْكَعْبَةِ قُلْتُ قَالَتْ لِى قَالَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — « يَا عَائِشَةُ ، لَوْلاَ قَوْمُكِ حَدِيثٌ عَهْدُهُمْ — قَالَ ابْنُ الزُّبَيْرِ بِكُفْرٍ — لَنَقَضْتُ الْكَعْبَةَ فَجَعَلْتُ لَهَا بَابَيْنِ بَابٌ يَدْخُلُ النَّاسُ ، وَبَابٌ يَخْرُجُونَ

(2)

حَدَّثَنَا مُسَدَّدٌ أَنَّ أَبَا مُعَاوِيَةَ وَحَفْصَ بْنَ غِيَاثٍ حَدَّثَاهُ — وَحَدِيثُ أَبِى مُعَاوِيَةَ أَتَمُّ — عَنِ الأَعْمَشِ عَنْ إِبْرَاهِيمَ عَنْ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ يَزِيدَ قَالَ صَلَّى عُثْمَانُ بِمِنًى أَرْبَعًا فَقَالَ عَبْدُ اللَّهِ صَلَّيْتُ مَعَ النَّبِىِّ -صلى الله عليه وسلم- رَكْعَتَيْنِ وَمَعَ أَبِى بَكْرٍ رَكْعَتَيْنِ وَمَعَ عُمَرَ رَكْعَتَيْنِ زَادَ عَنْ حَفْصٍ وَمَعَ عُثْمَانَ صَدْرًا مِنْ إِمَارَتِهِ ثُمَّ أَتَمَّهَا. زَادَ مِنْ هَا هُنَا عَنْ أَبِى مُعَاوِيَةَ ثُمَّ تَفَرَّقَتْ بِكُمُ الطُّرُقُ فَلَوَدِدْتُ أَنَّ لِى مِنْ أَرْبَعِ رَكَعَاتٍ رَكْعَتَيْنِ مُتَقَبَّلَتَيْنِ. قَالَ الأَعْمَشُ فَحَدَّثَنِى مُعَاوِيَةُ بْنُ قُرَّةَ عَنْ أَشْيَاخِهِ أَنَّ عَبْدَ اللَّهِ صَلَّى أَرْبَعًا قَالَ فَقِيلَ لَهُ عِبْتَ عَلَى عُثْمَانَ ثُمَّ صَلَّيْتَ أَرْبَعًا قَالَ الْخِلاَفُ شَرٌّ

(3)

وَقَدْ يَنْتَقِلُ عَنْ الْأَفْضَلِ إلَى الْمَفْضُولِ لِمَا فِيهِ مِنْ الْمُوَافَقَةِ وَائْتِلَافِ الْقُلُوبِ كَمَا { قال لِعَائِشَةَ : لَوْلَا أَنَّ قَوْمَك حَدِيثُو عَهْدٍ بِجَاهِلِيَّةٍ لَنَقَضْت الْكَعْبَةَ وَلَجَعَلْت لَهَا بَابَيْنِ } فَهُنَا تَرْكُ مَا هُوَ الْأَوْلَى ؛ لِأَجْلِ الْمُوَافَقَةِ وَالتَّأْلِيفِ الَّذِي هُوَ الْأَدْنَى مِنْ هَذَا الْأَوْلَى

(Маҷмуъ-ул-фатово, 26/91, Ашшомила)

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои набавӣ, Суннат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: