Номус ва сиёсат (2)

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода

Бахши дуввум

“Аз як сӯ, ҳанӯз ҳам қисмати зиёд барои Шӯравии собиқ гиря доранд, ва аз сӯи дигар, қисме “истиқлоли” оилавии худро истиқлоли мамлакат пиндошта, истиқлол ҷашн мегиранд, вале мутассифона дар роҳи мустаҳкам кардани истиқлол нестанд…”

* * *

Номус бунёди сиёсат ва истиқлол

Акнун, пеш аз он ки дар бораи сайри таърихии ин назария сӯҳбатро идома бидиҳем, инҷо як маъниро қайд бояд кард, ки номус маъниест, ки агар бо мантиқи муҳаққиқони тоҷик ҳарф занем, решаи фалсафӣ-илмӣ-дунявӣ дорад, на решаи динӣ. Вале бояд қайд кард, ки муҳаққиқони аслии ин мафҳум дар муайян кардани маънии номус масъалаҳои хушки идеологӣ-сиёсиро пайгирӣ накардаанд, балки кӯшидаанд, ки маънии аслии номусро дар ҳар давру замон дар муносибат бо ашё ва рӯйдодҳо воқеъбинона баён кунанд. Аслан қонун чи дунявӣ ва чи динӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама давлатҳое, ки воқеан давлат ҳастанд, қадосат дошт ва дорад…

Имрӯз чун аз истиқлоли давлатӣ ҳарф мезанем, бо ҳудудҳои епистемологии мардуми Ҷаҳони Андеша, ки баъд аз маънии “марг” боз аз маънии “номус” сахт тарсу ҳарос доранд ва онро “ҳарфи кӯча” ва ё “маҳсули эҳсос” медонанд, набояд қаноат кард. Гузашта аз ин, ҳар ки аз “номус” ҳарф мезанад, мардуми Ҷаҳони Андеша ӯро ба гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ ва салафӣ ва ғайра, ки ҳанӯз ба дурустӣ нашинохтаанд, ки чи гуна ҳаркатанд, дохил мекунанд. Ҳар ки дар ин қаламрав дар бораи номус ҳарф зад, ба табадуллоти давлатӣ гунаҳкор карда мешавад. Магар метавон, ҳуқушиноси олмонӣ Шмиттро, ки дар бораи ин назария китобе мустақил бо унвони “Номуси Замин: оиди қонуни байналхалқии Қонуни Ҷомеаи Аврупоӣ” (The Nomos of the Earth: in the International Law of the Jus Publicum Europaeum) навишта, ё сиёсатшиноси имрӯзаи итолиёӣ Карло Галлиро, ки дар китоби нави хеш “Фазоҳои Сиёсӣ ва Ҷанги Глобалӣ” (Political Spaces and Global War) дар бораи назарияи номус таҳлили аҷибе дорад, ва умуман Арасту, Форобӣ ва Синову Тусӣ ва садҳо нафари дигарро, ки дар ин бора чизе навиштаанд, ҳамчун экстремист ва ҷиҳодӣ ҳукм кард?! Бисёр коркунони академикӣ ва идеологӣ ба коҳиш додани маъниҳо, рӯйдодҳо ва маънии воқеаҳо одат кардаанд ва метавонанд шахситяҳои таърихиро ба “қозихона” бикашанд ва маъниҳо ва арзишҳои созандаро нодида бигиранд ва ё фатвои “экстремистӣ” бидиҳанд.

Имрӯз мебояд он дониш, ҳиссиёт ва тахайюлоти (imagination) созандаи дар ҳошия мондаи мардуми худро дар бораи номус ва назарияҳои дигари сиёсӣ дуруст шинохт ва дар мустаҳкам кардани истиқлол ва қудрати давлати миллӣ истифода бурд. Ин таҷриба ва донишест, ки ба ғайр аз сарчашмаҳои зиёди классикӣ ва таҳқиқоти навтарин ба забонҳои гуногун, боз дар воқеияти равонӣ ва дар таркибҳои фарҳангии Тоҷикон хоб рафтааст. Воқеан давлати соҳибистиқлол фикри мустақил ва муттакӣ ба далелу бурҳонро мехоҳад.

Мутаассифона имрӯз номусро яъне ин “воқеияти ҳуқуқиро” (Шмитт), ки таҷассумгари ҳукмронии қонун, низом, сиёсат, моликият ва истиқлолу қудрат ҳаст, аз як сӯ, дар шиорҳои баланд асир кардаанд ва аз дигар сӯ дар фикрҳои бебунёд ва бедалел кушта истодаанд.

Бояд қайд кард, ки номус падидаест,ки ба гуфтугӯҳои сиёсӣ ва ба ташкили фазои нави сиёсӣ имкон медиҳад. Ва ин маъниест, ки пеш аз ҳама аз тарафи Ибни Сино ва Тусӣ дарк шуда буд, вале аз тарафи Шмитт ба таври равшан тасвир шудааст, ки ӯ номусро ҳамчун “рӯйдод, амал ё раванд” мешиносад, ки имкони гуфтугӯ ва шинохти дӯсту душман, фарқи ҷинояткорро аз душман ва ҷанги дихилиро аз ҷанги беруна медиҳад. Ба фикри Галлӣ, ки гуфтаҳои Шмиттро шарҳ медиҳад, номус ин на танҳо як назария, балки мафҳуме танқидист, ки барои масъалагузорӣ, буриш ё тақсим намудан ва тасмим гирифтан, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ва бӯҳронӣ зарур аст. Ин хусусияти номус аст, ки воқеан характери субъективӣ мегирад ва ин аст, ки мафҳуми “бономус” ва “беномус” дар фарҳанги мардуми мо мавқеи калидӣ пайдо кардааст.

Ва таърифи дигаре аз номус ин ҳарфи Амир Исмоили Сомонист, ки худро “девори Бухоро”, яъне худро муҳофизи нафсу номуси мардуми Бухоро ва атрофи он дониста буд. Имрӯз мардуми моро на танҳо деворҳо, балки деворшиканҳо зарур аст, то деворҳои ҷаҳлу одатро, ба хусус дар дохил душмансозиро, ки маҳсули давраҳои истеъморианд шикастан тавонанд.

Воқеан имрӯз дар рӯзгоре зиндагӣ дорем, ки миллат ва давлат дар баробари таҷовузҳо ба мардони номусӣ ниёз дорад.

Дигар ин ки имрӯз чун гуфтумони номус равшан нест ва дар илми сиёсатшиносии мо ҳанӯз таҳқиқ нашудааст, аз он аст, ки ҳанӯз ҳам аз зинаи тафаккури истеъморӣ берун набаромадаем ва фикри сиёсии миллӣ шакл нагирифтааст…

Аз Ориёни қадим то Афлотуну Арасту, ва аз онҳо то Форобиву Ибни Сино ва Тусӣ, ва аз Тусӣ то Шмитт (Schmitt) ва Карло Галлӣ (Carlo Galli), тафсири гуногуни номусро кардаанд ва аз он ҳамчун “қонун, тилло (моликият), низом ва тадбиру сиёсат” таъбир кардаанд. Номус, бо вуҷуди решаи Тоҷикӣ доштан, дар ҳамин шакле, ки имрӯз ҳаст, дар фарҳанги мо бевосита аз сарчашмаҳои Юнонӣ ва инчунин ба воситаи сарчашмаҳои Масеҳӣ ва Исломӣ дохил шудааст. Дар ҳар ду маврид ҳам маънии “қонун”-ро дошта ва инчунин дар “Ахлоқи Носирӣ”-и Тусӣ шарҳи номус аз китоби “Ниқумохиё”-и Арасту ҳамчун “номуси илоҳӣ ва ҳокими инсонӣ ва динор” оварда шудааст. Ва аз ҳамин солҳои аввали тамаддуни Исломӣ, маънии номус ҳамчун “қонун” таҷассумгари воқеияти ҳуқуқии Исломӣ гардид.

Чи хел, ки маълум аст, дар тамаддуни Исломӣ Қуръонро ҳамчун қонун (шариат) қабул кардаанд ва файласуфони мусалмон ҳар ду ҳам фикри Юнонӣ ва ҳам фикри Қуръониро инкишоф дода буданд ва пайғомбари Исломро ҳамчун “соҳибномус” мешинохтанд. Ин ҷо бояд қайд кард, ки дар осори худ бештар ба осори Афлотун, махсусуан ба “Ҷумҳурият” ва “Қонунҳо”-и ӯ такя кардаанд, на ба “Сиёсат”-и Арасту. Ва дар ҳамин давра буд, ки фалсафа ҳамчун бунёди сиёсат аз худ дарак дод. Форобӣ фалсафаро дар чаҳорчӯбаи сиёсат шарҳ медод…

* * *

Воқеан дар рӯзгори Форобӣ, Ибни Сино ва дигар файласуфони мусалмони Тоҷик, фалсафа худ дар муайян кардани назарияҳои сиёсии ҷомеа нақши асосӣ мебозид. Беҳуда нест, ки Лео Страус (1899-1973) яке аз мутаффакирони сиёсатшиноси асри гузашта ва тарафдорони ӯ суннати фалсафаи Исломиро дар заминаи афкори сиёсӣ шарҳ додаанд. Дар фарқият аз зиёиён ва амалдорони асри 21-и Тоҷик, ки сиёсатро танҳо як “чизи ифлос” ва воситаи “зиндагии худро ёфтан” медонанд, файласуфони Тоҷик сиёсатро санъате барои ба хушбахтӣ расонидани мардум медонистанд. Бешак, Форобӣ яке аз мутафаккирони марказии ин суннати фалсафӣ буд. Форобӣ яке аз мутаффакиронест, ки солҳои Шӯравӣ ҳамчун намояндаи мероси фарҳангӣ ба бародарони Қазоқ мансуб дода шуда буд. Ба гуфтаи нависандаи қазоқ Мухтор Авезов, дар баробари мардуми дар суннатҳои кӯчӣ ва авлодӣ тарбият ёфта, “Форобӣ бо ин тақдири аҷиб ва донишҳои баланд, мисли ҷине аз чароғи Аловиддин баромада меистод”. Ин шиори болшевикии Шӯрави буд, ки “мардум зоҳиран миллӣ ва ботинан сотсиалистӣ” бошанд, вале дар асл, махсусан дар мардуми мо, ба шикасти роҳҳои худсозӣ ва ташаккули манқуртҳо оварда расонд. Аслан мардуме, ки огоҳанд ин нуктаро медонанд ва аз ҳукмати коммунистӣ розӣ ҳастанд, ки воқеан ҳукмати Шӯравӣ ба Тоҷикон имкони озод шудан аз зулми сулолаҳои туркии минтақаро, ки ҳамчун сулолаҳои бетарбият шинохта шудаанд, ба вуҷуд овард ва имкон дод, ки бо ном бошад ҳам давлати худро дошта бошанд. Вале ин маънии инро надорад, ки мардум ҳастии худро фаромӯш кунанд, зеро ҳастии аслии як миллат ин ҳастии сиёсии ӯст ва бунёди сиёсати ҳар миллат воқеияти ҳуқуқии ӯ, яъне номуси ӯст. Агар дирӯз дигарон зери таъсири идеологияи марксистӣ моро ба таърих дохил карданд, акнун мо бояд худ тавонем ҳамчун субъекти фаъол ба таърих дохил шавем.

Дигар ин, ки Форобӣ, Ибни Сино, Тӯсӣ ва садҳо нафари дигар барои Тоҷикон мисли “ҷине аз чароғи Аловиддин баромада” набуданд ва ин мардум метавонист ва метавонад боз тақдири худро ба даст бигирад. Дар Шӯравии собиқ, дар баҳои қурбониҳои зиёд, ки беҳтарин фарзандони ин қавм кушта шуданд, аз марказҳои сиёсӣ-фарҳангии худ ҷудо карда шуданд ва инчунин аз роҳҳои шинохту худсозии худ бурида шуданд, Тоҷикон бо ном соҳиби давлат шуданд.

Гуфтан метавон, ки яке аз бунёдҳои фарҳанг, ки масъалаи шинохт (cognition) аст, дар давраи Шӯравӣ ва дар давраи бо ном истиқлол сахт заъиф шудааст. Бунёди шинохти (cognitive foundation) фарҳанг ба гуфтаи равоншиносони инкишоф ва антропологҳои шинохт яке аз пояҳои субот ва гуногунии фикрҳо дар ҷомеа ҳаст. Имрӯз мардуми ба таҷовуз одат карда бештар онро мешиносанд, ки ба онҳо гуфта шуда ва гуфта мешавад. Дар боло фикри Шмитт ва Галлиро оварда будем, ки номус ин маъниест, ки метавонад раванд, рӯйдод ва гуфтугӯро ташкил кунад. Дар мисоли Тоҷикистон ҳам гуфтугӯҳо ҳамеша яктарафа ҳастанд ва ба таҷовуз такя мекунанд. Аз ин сабаб ҳар чи ва ҳар ки, ки зодаи таҷовуз аст машруъият надорад ё ба гуфти мардум “ҳаромзода” аст ва бо номус (қонун) созгор нест. Ин яке аз сабабҳои асосист, ки дар мо гуфтугӯи сиёсӣ ва фазои сиёсии солим шакл нагирифт. Яъне мардуме будаанд ва ҳастанд, ки ба қонун, ба шартномаҳои байни якдигар, ба низом ва ба моликияти ҳалоли мардум, яъне ба номус, содиқ набуданд ва нестанд.

Аҷиб, зери шиорҳои рушангароӣ, тарақиёт, илм ва техника “сиёсати” сулолаҳои туркии то Шӯравиро зинда карда истодаанд…

Акнун бозгардем ба масъалаи назарияи номус ва сиёсат дар рӯзгоре, ки номус ҳамчун назария шакл гирифт ва дар фарҳанг ва зиндагии мардум амал мекард. Шарт набуд ва нест зери таъсири идеологияҳо аз мутафаккирони Исломии Тоҷик танҳо муқаллиди фалсафаи Юнон ва файласуфе мантиқмарказ сохтан. Инҷо рӯҳи ин тамаддун ва шахсияти ин бузургонро бояд дуруст шинохт ва зери таъсири идеологиябозиҳо онҳоро набояд коҳиш дод. Воқеан ин даврае буд, ки дар фарҳанги мо назарияҳои сиёсӣ зери таъсири, ба истилоҳи Ҳабермас “тафаккури номусӣ” (Nomosdenken) ба таври равшан шакл гирифт. Чи будани ҳастии сиёсӣ ва ҳастии ҳуқуқӣ, яъне номус, то ҷое аз тарафи файласуфони Тоҷик дар ҳамин давра тарҳрезӣ шуда буд. Албатта файласуфон ҳам дар оғӯши тамаддуни Исломӣ парварида шуда буданд ва воқеан дар ин рӯзгор бунёди шинохт ва имкони таҳқиқ ва баҳсҳои илмӣ мустаҳкам буд.

Агар гурӯҳе мисли Форобӣ, Ибни Сино, Тӯсӣ ва дигарон байни ақл ва имон, фалсафа ва дин ҳамоҳангӣ ташкил мекарданд, қисмати дигар мисли Ибни Ровандӣ, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва дигарон танҳо ба ақл такя мекарданд ва бовар доштанд… Шахсияти Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Мискавайҳ, Тӯсӣ ва дигаронро наметавон аз доираи тамаддуни Исломӣ ҷудо гирифт. Худӣ ё шахсияти онҳо то ин, ки бо дониш ва таҷрибаи дигарон шиносоӣ пайдо кунад, рўи арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои пайғомбар шакл гирифта буд.

Метавон гуфт, ки Қуръон на танҳо дар ҷаҳонбинии оддии онҳо (weltanschauung), балки дар фикри фалсафии онҳо ҳам таъсир дошт. Чи хел, ки Сино мегӯяд, то даҳсолагӣ Қуръонро аз бар карда буд ва Қуръон ки дар кӯдакӣ аз ёд мешуд, ба гуфти Массинён, ин “…”нақшаи ҷаҳонӣ”-и воқеъии нозил шуда буд, ки дигар таҷриба кардан (experimentation), фаҳмидан (interpretation) ва арзёбии (evaluation) ҳама гуна гуна рўйдодҳо (ба воситаи он) танзим карда мешуд”. Ё бо ҳарфи дигар худ бунёди шинохти (cognitive foundation) дар ниҳоди фарҳанги мардум партофта шуда буд, ки то имрӯз дар кор аст, ки онро наметавон бо тарошидан аз байн бурд, балки онро метавон барои мустаҳкам кардани пояҳои қонун, ахлоқ ва сиёсати давлат истифода кард.

Гузашта аз ин, ҳанӯз дар ҳамин давра ин мардум аз равишҳои ақлонӣ ҳамчун роҳи шинохт ба таври комил истифода карда буданд. Сиёсат ҳам бунёди ақлонӣ дошт. Бале, ин рӯзгори онҳо буд, ва мо ки дирӯз соҳибистиқлол шудаем мебояд, ки бунёди шинохти фарҳанг ва ҷомеаи мо мустаҳкам бошад. Наметавон бо чорчӯбаҳои коммунстӣ ва тақлиди кӯр-кӯронаи Ғарб кореро, ба хусус дар сиёсат, пеш бурд. Дар ҳоле ҳастем, ки аз як сӯ, ҳанӯз ҳам қисмати зиёд барои Шӯравии собиқ гиря доранд, ва аз сӯи дигар, қисме “истиқлоли” оилавии худро истиқлоли мамлакат пиндошта, истиқлол ҷашн мегиранд, вале мутассифона дар роҳи мустаҳкам кардани истиқлол нестанд. Имрӯз “сиёсатмадорони” мо ба ҷои шинохти назарияҳои сиёсии Арасту, Форобӣ, Ибни Сино, Маркс, Арендт, Нозик, Агамбен ва дигарон, ба ҷои истифода аз улуми иҷтимоӣ барои шинохти воқеият ва ҳастии сиёсии худ, танҳо дар фикри расидан ба мансабе ҳастанд ва дар ин роҳ бештар ба ҷодугарон ва ба Канз-ул-Ҳусайн имон доранд…

Инчунин метавон гуфт, ки ин даврае буд ки Ибни Сино дар бораи фикри мустақилли мардуми Хуросон ҳарфе дошт ва унвони китоби “Ҳикмати Машриқия”, ки дар асри бистум мавриди баҳси муҳаққиқон қарор гирифта, худ нишонаи ин фикр аст. Аслан сарсухани китоби Шайхурраис, ки гуфтугӯ ва баҳси танқидириро атрофи осори Арасту оғоз мекунад, худ намунаи ҷасорати ақлӣ ва фикри номусист. Бештари муҳаққиқони осори Шайхурраис бар ҳамин фикранд аз Машриқия гуфтан Ибни Сино ба сарзамин ва дар ин маврид ба Хуросон ишорат мекунад на ба маънии ирфонии “ишроқ”. Димитри Гутас яке аз муҳаққиқони осори Ибни Сино дар ин масъала ҳатто Ибни Туфайлро, ки зери таъсири фикри Ибни Сино китоби “Ҳай ибни Яқзон”-ро, навишта ва маънии “Машриқия”-ро ба “ишроқия” нисбат додааст, нодуруст меҳисобад. Ин нукта боз ишорат дорад, ба фикри Шмитт, ки дар боби аввали китоби худ “Номуси Замин …” як маънии номусро аз “ҷой”, “замин” мебарорад, ҳама гуна қонун, моликият ва ҳиссӣ будан аз замин оғоз мешавад.

Дар ин маврид баҳси атрофи Бухоро ва Самарқандро, ки “ба Тоҷикон чи алоқае доранд” ва яке аз баҳсҳои доғӣ мардуми мо мебошад, мебояд зикр кард. Ин ҷо агар “миллатчӣ-сотсиалистҳои” мо, ки фалсафаи хушке доранд ва ҳама ҳастии худ ва миллатро мадюни инқилоби Октябр донанд ва ба ин масъала бетафовути нишон диҳанд, зиёии воқеии Тоҷик ин масъаларо масъалаи номусӣ мешиносад. Мақсад на забти Бухорову Самарқанд аст, балки шинохти он мардумест, ки дар ин минтақа бо технологияи (ба истилоҳи Ибни Сино синоати) худӣ-ҳақиқат-қудрат ва ҷаҳонсозӣ мусаллаҳ фазои солими фарҳангӣ ва сиёсӣ-иҷтимоиеро фароҳам меоварданд, ки қабилаҳои кӯчӣ ва нимкӯчии атроф ҳам аз баракати он шинохт аз худ ва зиндагии тамаддунӣ доштанд.

Ва нуқтаи олии ин технология ё синоат ташкилёбии давлати Сомониён буд, ки Тоҷик ҳамоҳангии худӣ, ҳақиқат ва қудратро дарк кард ва ин ба истилоҳи Ҳайдеггер, “роҳи Будани мардум” (the way of Being of a people) худ дар забони Тоҷикӣ таҷассуми худро ёфта буд. Ин давра воқеан, ба истилоҳи файласуфи фарзона Акбари Турсон, “Қиёми Тоҷик” буд. Иштибоҳи “миллатчӣ-сотсиалистҳо” ва академик-идеологҳои Тоҷик имрӯз ин аст, ки яке аз унсурҳои бунёдии сохтмони давлат ва фарҳангро дар ҳамин давраи Сомониён, ки Ислом аст наметавонанд ва ё намехоҳанд шинохтан…

Шайхурраис дар ҳамин китоби “Ҳикмати Машриқия”, ки сарчашмаи ягона будани фикри Юнониро инкор мекунад, боз дар бораи ин ки мантиқ метавонад моли машриқиён ҳам бошад баҳс мекунад. Ӯ менависад, “… замоне, ки машғули илмомӯзӣ будем, овони ҷавонӣ буду дар як муддати кӯтоҳ, ба мадади Худованд, ба фаҳми мероси гузашта, ки аз дарки он кӯтоҳӣ доштем, муваффақ шудем. Сипас ҳама маълумоти худро бо навъи илме, ки Юнониён “мантиқ” меноманд, ҳарф ба ҳарф муқобила кардем. Дур нест, ки мантиқ дар назди машриқиён номи дигаре дошта бошад. Он чи бо мантиқ мутобиқ ва муқобил буд дарёфтем.” Худ дар ҳамин ҷумлаҳо Ибни Сино боз тасдиқ мекунад, ки мақсад аз Машриқия ин номи сарзамин аст, ки меросе на кам аз гузаштаи юнониён дорад.

Ҳамин ҷо, дар китоби “Ҳикмати Машриқия”, Шайхурраис дар бораи тақсимбандии ҳикмати амалӣ ҳарф мезанад, ки он масъалаи шинохти номус ва сиёсатро дарбар мегирад. Ин ҷост ки Шайхурраис дар бораи зарурати қонуни шаръӣ ҳамчун асоси ҳикмати амалӣ, ки ба се қисм илми ахлоқ, илми тадбири манзил ва илми тадбири шаҳр тақсим мешавад, ҳарф мезанад, ки ба фикри ӯ ба ташкили низоми фозила дар ҷомеа имконият медиҳад. Ин ҷо мебояд қайд кард, ки дар осори файласуфон Қуръон ҳамчун қонуни куллӣ ва тағирнаёбанда ва пайғомбар ҳамчун соҳибномус вуҷуд дорад, вале барои ҷузъ дар ҷомеа синоати (технологияи) қонунгузорӣ ва тағирёбии қонунҳоро эътироф доранд.

Дар ҳамин масъала Тусӣ дар “Ахлоқи Носирӣ” менависад: “…дар ҳар рӯзгоре ва қарне ба соҳибномусе эҳтиёҷ набувад, чу як вазъ аҳли адвори бисёрро кифоят бошад, аммо дар ҳар рӯзгоре оламро мудаббире бояд, чун агар тадбир мунқатеъ шавад, низом муртафеъ гардад ва бақои навъ бар ваҷҳи акмал сурат набандад ва муддабирба ҳифзи номус қиём намояд.” Метавон гуфт, ки барои мутаффакирони ин рӯзгори ташаккули таффакури номусӣ қонун бунёди ҷомеа ва истиқлоли давлат ҳисобида бешуд. Беҳуда нест, ки ин фикри Форобӣ ва Ибни Сино дар осори мутаффакирони баъд аз онҳо омада, Тусӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Муборакшоҳ ё Мираки Бухороӣ, Хоҷазода, Мулло Садро ва дигарон такрор шудааст, ки фалсафаи ё ҳикмати амалиро ҳамчун ҳикмати роҳбарии шаҳрҳо мединистанд. Ин ҳикмати роҳбарии шаҳр ё бо гуфти Қутбиддини Шерозӣ ҳикмати маданӣ ба ду қисм тақсим мешуд; яке қисмате ки ба истиқлол алоқаманд буд ва онро илми сиёсат мегуфтанд ва дуввум алоқаманд буд ба пайғомбар ва шариат, ки онро илми навомис меномиданд.

Аслан масъалаи мавриди назар ин аст, ки ин мардум аз масъали истиқлол ва ин ки бунёди истиқлол қонун ва сиёсати дуруст аст огоҳ буданд. Ин масъалаест, ки ҳамеша пеши мардуме меистод, ки бо сохтмони давлат ва ҷомеаи нави худ рӯ ба рӯй ҳастанд. Хусусан баъди инқилобҳо ва тағиротҳое мисли шикасти Шӯравӣ мардуми огоҳ дар ин фикр буданд, ки дар давлатҳои пасошӯравӣ ҳукмронии қонун амалӣ шавад. Муаллифони ҳуҷҷатҳои машҳури “Коғазҳои Федералистҳo” (Federalist Papers) дар Амрико, Александр Ҳамилтон, Ҷеймс Медисон, Ҷон Ҷей дар мақолаҳои худ танҳо аз он нигарони доштанд, ки оё ҳукмронии қонун дар мамлакат амалӣ мешавад. Онҳо дар ин фикри он буданд, ки чи гуна метавон ба қудрати судяҳо ё қозиҳо имкон дод, ки ба қудрати ҳуқуқбарор ва қудрати иҷроияи қонун тобеъ набошанд. Воқеан он чи мардуми огоҳ метарсиданд дар бисёрии давлатҳои пасошӯравӣ амали шудааст. Онки давлатҳои худкома доранд шакл мегиранд ва судяҳо бозичаи дасти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳукматдорон гаштаанд аз он дарак медиҳад, ки ин давлатҳо ба гуфти Тусӣ ба муддабире барои ҳифзи номус (қонун) ниёз доранд. Истиқлоли қонун бояст,ки истиқлоли инсонро ҷойиваз кунад на баръакс…

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , ,

1 reply

  1. Вожаи номус ки аслан аз забони юнони гирифта шудааст дар хар давраи таърихи маънои худро тагир кардааст. Имруз номус бештар маънои ахлокиро касб кардааст. Дар холеки маънои конунро низ дорад. Ин ягон кашфиёт нест ва касе аз ин маънобозихои Мехмоншо чизеро намефахмад. Зеро ин макола як лафзбозие беш нест.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: