Раҳбари Эрон дар дидор бо Путин: “Омрикоро бояд мунзавӣ кунем”

Раҳбари Эрон дар дидор бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳамкорӣ барои муқобилаи муштарак бо таҳримҳои Омрико бар зидди Эрон ва Русияро муфид хонд ва афзуд: “Бидуни таваҷҷӯҳ ба таблиғоти манфии душманон барои тазъифи равобити кишварҳо, метавонем таҳримҳои омрикоиҳоро бо равишҳое аз ҷумла ҳазфи дулор ва ҷойгузин кардани пули миллӣ дар муомилоти иқтисодии ду ё чандҷониба, бе асар ва Омрикоро мунзавӣ кунем.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонаии раҳбари Эрон, асри имрӯз (чаҳоршанбе, 01.11.2017) Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори раисиҷумҳури Русия, бо истиқбол аз пешниҳоди Владимир Путин барои густариши рӯзафзуни ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард: “Бояд аз таҷрибиёти муфиди солҳои ахир дар масоили минтақаӣ ва равобити дуҷониба, барои таҳким ва тавсиъаи равобит баҳра ҷуст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, зарфияти ҳамкории иқтисодии ду кишварро бисёр фаротар аз сатҳи кунунӣ хонд ва афзуд: “Дар заминаи ҳамлу нақл, истифода аз меҳвари муҳимми бандари Чобаҳор то бандари Санкт-Петербург ва дигар арсаҳои иқтисодӣ метавонем ҳамкории густардатаре дошта бошем.”

Раҳбари Эрон ба таҷрибаи хеле хуби ҳамкории ду кишвар дар мавзӯи Сурия ишора кард ва афзуд: “Натоиҷи ин ҳамкорӣ нишон дод Теҳрон ва Маскав метавонанд дар майдонҳои душвор аҳдофи муштаракро муҳаққақ кунанд.”

Вай хотирнишон кард: “Шикасти эътилофи омрикоии ҳомии теруристҳо дар Сурия воқеияте инкорнопазир аст, аммо онҳо ҳамчунон машғули тарроҳӣ ва тавтиъа ҳастанд, бинобар ин ҳалли комили масъалаи Сурия ниёзманди тадовуми ҳамкориҳои мустаҳкам аст.”

Раҳбари Эрон истодагии муштараки Эрон ва Русия дар муқобили теруристҳои такфирии мавриди ҳимояти чанд кишвари хориҷиро дорои натоиҷи муҳим баршумурд ва афзуд: “Таркиби хеле хуб ва истодагии муштараки Теҳрон ва Маскав дар муқобили фитна ва фасоди теруристҳо дар Сурия, пурмаъност ва Русияро дар масоили минтақаи ғарби Осиё таъсиргузор кардааст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, мардуми Сурияро тасмимгири ниҳоии масоили он кишвар хонд ва афзуд: “Ҳамон тавр, ки шумо гуфтед, бояд ҳамаи масоил ва роҳи ҳаллҳо дар бораи ҳукумати Сурия аз даруни ин кишвар биҷӯшад, ва давлати Сурия барои иҷрои ҳеч тарҳе таҳти фишор қарор нагирад ва ҳарчи мумкин аст, тарҳҳо ҷомеъулатроф бошад.”

Раҳбари Эрон, суханони раисиҷумҳури Русия дар ин дидорро дар бораи Барҷом ва зарурати риояти муоҳидаҳои чандҷониба, хуб донист ва афзуд: “Омрикоиҳо мутаассифона ба ёғигарии худ идома медиҳанд, ки бояд бо такя бар ақл ва истифода аз роҳҳои саҳеҳ, бо онҳо бархӯрд шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъйиди мавозеъи Путин дар бораи ҳалли муштараки масоили минтақаӣ бидуни тарафҳои хориҷӣ хотирнишон кард: “Омрикоиҳо дар саданд, ки дар ҳамаи масоили минтақа ва ҷаҳон дахолат кунанд ва барои ин кор, бар рӯи масъулони заъифи бархе кишварҳо, ҳисоб боз кардаанд.”

Вай, дахолатҳои хунини саудиҳо дар бархе кишварҳо аз ҷумла ҷиноёти рӯзонаи ин кишвар дар Яманро заминасози гирифтор шудани Арабистон дар махмасаҳои амиқ хонд ва афзуд: “Онҳо ҳатто намегузоранд ба мардуми мазлуми Яман, ки гирифтори бемориҳои вогир ва кушанда шудаанд, дору ва кӯмак бирасад.”

Раҳбари Эрон ҳамкорӣ барои муқобилаи муштарак бо таҳримҳои Омрико бар зидди Эрон ва Русияро муфид хонд ва афзуд: “Бидуни таваҷҷӯҳ ба таблиғоти манфии душманон барои тазъифи равобити кишварҳо, метавонем таҳримҳои омрикоиҳоро бо равишҳое аз ҷумла ҳазфи дулор ва ҷойгузин кардани пули миллӣ дар муомилоти иқтисодии ду ё чандҷониба, бе асар ва Омрикоро мунзавӣ кунем.”

Вай Путинро дорои шахсияте қавӣ ва аҳли тасмим ва амал хонд ва афзуд: “Ба ҳамин иллат, метавон бо Русия ба унвони як қудрати бузург дар бораи корҳои бузург ва ниёзманди азму талош, сӯҳбат ва ҳамкории мантиқӣ кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин пешниҳоди Путинро барои густариши чандҷонибаи ҳамкориҳои минтақаӣ қобили қабул донист.

Дар ин дидор, раисиҷумҳури Русия бо ибрози хурсандии фаровон аз сафар ба Теҳрон ва дидор бо раҳбари ин кишвар таъкид кард: “Эронро шарики истротежик ва ҳамсояи бузург медонем ва аз ҳар замина ва фурсате барои густариш ва таҳкими ҳамаҷонибаи равобит истифода мекунем.”

Путин дидори худ бо раисиҷумҳури Эронро бисёр хуб тавсиф кард ва энержӣ, ҳамлу нақл, фанновариҳои навин, кишоварзӣ ва тарҳҳои муштараки нафту гоз ва энержиро аз ҷумлаи заминаҳои муносиб барои густариши равобити иқтисодӣ хонд.

Раисиҷумҳури Русия гуфт: “Содироти маҳсулоти кишоварзии Эрон ба Русия, 7 баробар шуда, аммо ҳамчунон дар заминаҳои мухталиф зарфиятҳои фаровоне барои ҳамкорӣ вуҷуд дорад.”

Путин бо таъкид бар зарурати ҳифзи субот ва амният дар минтақа гуфт: “Бо ҳамкории муштарак дар Сурия, ба натоиҷи бисёр хубе даст ёфтем ва бояд зимни идомаи мубориза бо теруризм, раванди сиёсии муносибе дар ин кишвар дар назар гирифта шавад.”

Раисиҷумҳури Русия, мавозеъи раҳбари Эронро дар таҳаққуқи аҳдофи муштарак дар Сурия бисёр муассир ва хирадмандона донист ва гуфт: “Ба ҷаҳон нишон додем, ки бидуни ниёз ба кишварҳои фароминтақаӣ қодир ба ҳаллу фасли масоили минтақаи бисёр муҳимми худ ҳастем.”

Путин ҳифзи тамомияти арзии Сурия ва ҳимоят аз давлат ва Башшор Асад раисиҷумҳури қонунии ин кишварро аз усули сиёсати хориҷии Русия хонд ва гуфт: “Мӯътақидем ҳар гуна тағйиру таҳаввул дар ҳар кишваре аз ҷумла Сурия, бояд аз дарун шакл бигирад.”

Раисиҷумҳури Русия бо эъломи ҳимояти Маскав аз Барҷом гуфт: “Бо ҳар гуна тағйири якҷониба дар муфоди ин тавофуқномаи чандҷониба мухолифем ва якҷонибагароиро зери по гузоштани қавонин ва низоми байналмилал медонем.”

Раисиҷумҳури Русия афзуд: “Тағйири усули аслии Ожонси байналмилалии энержии атомиро коре нодуруст медонем ва бо муртабит кардани барномаи ҳастаии Эрон бо масоили дигар аз ҷумла масъалаи дифоӣ мухолифем.”

Владимир Путин ҳамкории дифоӣ-низомии ду кишварро дар чорчӯби муқаррароти байналмилалӣ қобили густариши бештар арзёбӣ кард.

Путин бо ишора ба ин ки кишварҳои ғайри минтақаӣ дар садади оташафрӯзӣ ҳастанд, гуфт: “Омрико мехоҳад дар ҳамаи масоили ҷаҳон ва минтақа дахолат кунад ва дар ин роҳ агар лозим шавад ҳатто манофеи муттаҳидони худро нодида мегирад.”

Раисиҷумҳури Русия бо ишора ба дурӯғгӯии мақомоти омрикоӣ дар бораи Русия дар музокироти Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт: “Ба ҳеч ваҷҳ фикр намекардам дар ин сатҳ аз равобити байналмилал чунин корҳое анҷом шавад, аммо акнун ба ин гуна рафтори омрикоиҳо одат кардаем.

Раисиҷумҳур Русия, такя бар тавони дохилиро сиёсати аслии ин кишвар дар муқобила бо таҳримҳои Омрико эълом кард ва гуфт: “Бархе тавлидкунандагон ва соҳибони санойеи русӣ дуо мекунанд таҳримҳои Омрико поён наёбад, зеро мӯҷиб шуда ба зарфиятҳои онҳо таваҷҷӯҳ шавад.”

Путин афзуд: “Аз соли 2014 яъне оғози таҳримҳои Омрико, манобеи молиро умдатан ба пешрафти илмӣ ва фанноварӣ ихтисос додем ва дар заминаи биотекнулужӣ, ойтӣ, кишоварзӣ ва санойеи фазоӣ рушди қобили таваҷҷӯҳе доштаем.”

Раисиҷумҳури Русия гуфт: “Акнун бар хилофи нигарониҳои аввалӣ, фаҳмидаем, ки ҳар кореро ирода кунем, метавонем анҷом диҳем.”

Путин дар поён таъкид кард: “Мо ба мавозеъи усулии худ пойбандем ва бо ҳар касе кореро шурӯъ кунем, то поён идома медиҳем.”

Тасовире аз ин дидор:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: