Ҳаниа: “Исроил 100-солагиашро намебинад”

Дуввумин Конфронси байналмилалии “Иттиҳоди уламои муқовимат”, ки дар Бейрут, пойтахти Лубнон оғоз ба кор кард, шоҳиди мавзеъи қотеъ ва якпорчаи уламои ҷаҳони ислом алайҳи режими саҳюнистӣ ба унвони бузургтарин мушкили ҷаҳони ислом буд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дуввумин Конфронси байналмилалии “Иттиҳоди уламои муқовимат” субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 01.11.2017) дар Бейрут, пойтахти Лубнон оғоз ба кор кард ва то рӯзи панҷшанбе идома дорад ва бо як баёнияи поёнӣ ба кори худ поён хоҳад дод.

* * *

Шайх Моҳир Ҳаммуд, раиси Иттиҳодияи байналмилалии уламои муқовимат:

Шайх Моҳир Ҳаммуд, раиси Иттиҳодияи байналмилалии уламои муқовимат, бо ишора ба мавзӯи “ҳатмӣ будани заволи режими саҳюнистӣ” эълом кард, ки худи саҳюнистҳо беш аз мо ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ мекунанд ва ҳатто бархе беш аз мо ба он эътиқод доранд.

Ӯ бо ишора ба суханони Бен Гурён, аз муассисони режими саҳюнистӣ дар соли 1954 дар бораи хатарҳое, ки мавҷудияти ин режимро таҳдид мекунад, гуфт, ин мақоми саҳюнист низ дар суханонаш ба эҳтимоли заволи Исроил ишора карда буд, дар ҳоле, ки фақат ҳафт сол аз таъсиси режими Исроил дар Фаластин гузашта буд.

* * *

Паёми раҳбари Эрон ба конфронс:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Олими ҷалил, ҷаноби оқои Шайх Моҳир Ҳаммуд

Раиси мӯҳтарами Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовимат

Салом бар шумо ва ҳамаи ҳуззори мӯҳтарами ин конфронс, масъулияти сангин ва фаромӯшнашудании Фаластин бар дӯши ҳамаи дунёи ислом аст.

Бе шак нухбагони илмӣ ва рӯҳонӣ ва сиёсӣ ва масъулони кишварҳои исломӣ бахши муҳимтари ин масъулиятро бар дӯш доранд. Ин, муборизае муқаддас ва хушоқибат аст. Ваъдаи илоҳӣ, нусрати қатъӣ дар ин мубориза аст.

Кунграи имрӯзи шумо бахше аз ин ҳаракати умумӣ ва азим аст.

Аз Худои Мутаъол тавфиқи ҷамъи шуморо масъалат мекунам ва тадовуми муборизаи мутанаввеъ бо режими мутаҷовизи саҳюнистро ба ҳамаи касоне, ки ин масъулияти бузургро эҳсос мекунанд, тавсия мекунам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Сайидалии Хоманаӣ.

* * *

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос:

Исмоил Ҳаниа дар паёме тасвирӣ ба конфронс, бо ишора ба зебоии шиори конфронс дар 100-умин солрӯзи судури баёнияи Белфор барои ишғоли Фаластин гуфт: “Масъала худаш гӯёст; Фаластин аз ваъдаи Белфор то ваъдаи илоҳӣ. Ин конфронс масъалаи Фаластинро дубора ба раъси таваҷҷӯҳоти мардум ва сарони уммати исломӣ бозмегардонад.

Вай афзуд: “Ин конфронс, ки дар хоки Лубнон ва дар Бейрут, пойтахти муқовимат баргузор мешавад, бори дигар ба ҳамаи дӯстдорони Фаластин ёдоварӣ мекунад, ки ормони Фаластин масъалаи аввали ҷаҳони ислом аст.”

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт: “Мо дар баробари ду рӯйкард қарор дорем. Аввал, ҷонибдории қудратҳои бузург дар гузашта ва имрӯз аз режими саҳюнистӣ дар муқобили мардуми мазлуми Фаластин аст, ки худ нишондиҳандаи мизони зулме аст, ки ба мардуми мо меравад. Истеъморгарон талош карданд бо Сойкс Пику ва баёнияи Белфор камари уммати исломиро бишкананд. Ин миқдор ҷонибдорӣ аз Исроил ҷои басе нороҳатӣ аст, ҳол он ки садҳо ҳазор нафар шаҳид шуданд ва милюнҳо нафар аз мардуми Фаластин дар натиҷаи баёнияи шуми Белфор овора шуданд.”

Вай афзуд: “Дар муқобили рӯйкарди аввал, рӯйкарди равшани муқовимат вуҷуд дорад, ки дар он озодагони ҷаҳон дар канори миллати Фаластин истоданд ва аз инқилоби Фаластин ва интифозаҳои он ҳимоят карданд.”

Ҳаниа афзуд: “Ин рӯйкард ҳомили паёми равшане аст ва он ин аст, ки душманро ба расмият намешиносем ва силоҳро замин намегузорем ва ба муқовимат идома медиҳем. Мо имрӯз дар сояи таҳаввулоти кунунӣ бо чолишҳо ва фурсатҳое қарор дорем. Чолишҳо идомаи ишғолгарӣ дар хоки Фаластин аст. Асли мушкил дар Фаластин ва минтақа, вуҷуди ин режим аст. Чолиши дигар ин аст, ки мо дар Фаластин дучори дудастагӣ ва ихтилофот ҳастем. Ин аз чолишҳо ва мушкилоти мост, ки бархе аз фарзандони Фаластин суроғи гузинаи созиш рафтанд, аммо натиҷаи ин рӯйкард, натиҷаи дардноке барои мардум ва ормони Фаластин буда ва ҳаст.”

Ҳаниа афзуд: “Чолиши дигаре, ки бо он дасту панҷа нарм мекунем, вазъиятм душвор ва кашмакаши мавҷуд дар минтақа аст, ки мардум даргири он ҳастанд ва ҷои масъалаи Фаластинро ба навъе гирифтааст. Мо бояд барои ҳалли ин чолишҳо роҳбурде таъйин кунем ва бидонем, ки гузинаи муқовимат, гузинае роҳбурдӣ аст, то эътибор ба ормони Фаластин ва муборизоти мардум бозгардад.”

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос ёдовар шуд: “Гузинаҳое, ки мо дар пеш дорем, аввал, ҳимоят аз гузинаи муқовимат аст. Муқовимат беҳтарин ва наздиктарин гузина ба муваффақият аст. Дуввум, талош барои иттиҳоди гурӯҳҳо ва муборизони фаластинӣ ва поён додан ба дудастагӣ ва ҳамчунин муттаҳид кардани каронаи Бохтарӣ ва Ғазза аст. Ҳамос оштии миллиро оғоз карда ва аз он ақибнишинӣ нахоҳад кард.”

Ҳаниа гуфт: “Имрӯз метавонем бигӯем, ки ихтилоф ва дудастагиро пушти сари худ гузоштаем ва ба самти оштии миллӣ ҳаракат мекунем ва аз ин роҳ бознахоҳем гашт. Интихоботи риёсатӣ ва порлумонӣ баргузор хоҳад шуд ва мардум дар он ширкат хоҳанд кард.”

Вай афзуд: “Мо хостори бозсозии Созмони озодибахши Фаластин ҳастем, то ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ аз ҷумла ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) битавонад дар он ҳузур дошта бошад.”

Ҳаниа хотирнишон кард: “Севвумин ҳадаф аз оштии миллӣ, расидан ба барномаи муштараки миллӣ ва роҳбурдӣ аст, ки битавон бо он бар иштирокоти гурӯҳҳои фаластинӣ таъкид кард ва дар каронаи Бохтарӣ ва Ғазза давлати Фаластин ҳоким шавад бидуни ин ки шаҳракҳои Исроил дар он бошад ҳамчунон ки ҳеч гоҳ душмани исроилӣ ба расмият шинохта нахоҳад шуд.”

Вай афзуд: “Ҳамчунин бояд бо кишварҳои арабӣ ва исломӣ пулҳои иртиботӣ барқарор кард. Сиёсати мо сиёсати боз бо ҳамаи кишварҳост. Фаластин масъалае аст, ки метавонад ақшори мухталифи кулли уммати исломӣ ва арабиро муттаҳид кунад. Мо имрӯз робитаи қавӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Миср ва Лубнон ва Туркия ва Қатар дорем. Мо дунболи равобити саҳеҳ бо Арабистон ва Ӯрдун ҳастем. Ин мояи қудрати мо хоҳад буд. Масъалаи Фаластин ҳамеша мояи иттиҳод буда, на ихтилоф. Мо бар ин асос амал хоҳем кард ва тақвияти ин равобит бо ин кишварҳоро идома хоҳем дод.”

Ҳаниа афзуд: “Умедворем, ки Сурия босубот ва амн шавад, то битавонад нақши таърихии худро дар қиболи Фаластин ифо кунад. Мо хостори ин ҳастем, ки дунёи арабӣ ва исломӣ якпорча шавад, то битавонад аз ормони Фаластин ҳимоят кунад. Мо инҷо бо равшанӣ эълом мекунем, ки ҳар тарҳе, ки ҳаққи мардумро нодида бигирад, муваффақ нахоҳад шуд.”

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт: “Тақвияти масъалаи Фаластин дар ҷомеаи байналмилалӣ роҳбурди дигари мост, ки талош мекунем, ки дар ҷавомеъи урупоӣ ва ғарбӣ масъалаи Фаластин матраҳ шавад. Ин роҳбурди ҷомеъ, ки бар асоси ҳимоят аз муқовимат, ҳимоят аз ваҳдат, ҳимоят аз оштии миллӣ ва эҷоди пулҳои иртиботӣ бо дигар кишварҳост, роҳбурди феълии мост.”

Ҳаниа гуфт: “Мо дар канори ин роҳбурд ва масоил, аз қудрати имон ва ирода бархӯрдорем ва бар асоси он дар 100-солагии баёнияи Белфор мегӯем, ки саҳюнистҳо дар 100-солагии дигар нестанд, ки ҳузури худро ҷашн бигиранд. Муқовимат имрӯз дар вазъияти бисёр хубе аст ва қудрати хубе дар Ғазза анбошта карда ҳамчунон ки душмани исроилиро дар се ҷанги ахир ноком гузоштааст.”

* * *

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон:

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар ин конфронс эълом кард: “Омрико дар вазъияти нобасомон аст ва ин вазъиятро дар Сурия метавон дид. Мо таъкид мекунем, ки мояи ифтихори мост, ки Ҳизбуллоҳ дар раъси меҳвари муқовимат аст, чаро ки масъалаи Фаластинро зинда кард ва масири истеъмор дар минтақаро мунҳариф кард ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Имом Хумайнӣ ва Имом Хоманаӣ мояи ифтихори мост, ки муқобили Омрико ва Исроил истода ва аз ҳуқуқи мо дифоъ мекунад.”

Вай афзуд: “Ман ба мардуми Эрон дуруд мефиристам, ки дар нӯки пайкони муқовимат ва мубориза бо режими саҳюнистӣ аст. Муқовимат бо муодилаи тиллоии “миллат, артиш ва муқовимат” Лубнонро ба Лубноне қавӣ табдил кардааст. Муқовимат сабаби интихоботи раисиҷумҳурии қавӣ барои Лубнон шуда ва дар соири умури Лубнон кӯмак кардааст.”

Шайх Қосим афзуд: “Таҳдидҳои Исроил моро аз идомаи муқовимат бознамедорад ва муқовимат зиндагии мо ва фарзандони мост. Муқовимат ҳеч гоҳ ва дар таҳти ҳар шароите, ки бошад, аз хоки худаш сарфи назар намекунад.”

* * *

Содиқ ал-Маҳдӣ, сиёсатмадори судонӣ:

Содиқ ал-Маҳдӣ, сиёсатмадори судонӣ низ дар ин иҷлос бо ишора ба тақсими минтақа дар замони тавофуқи истеъмории Сойкс Пику гуфт, баёнияи Белфор замоне мунташир шуд, ки бархе бо он мухолифат карданд ва гуфтанд, ки яҳудият диёнат аст на қавмият, ки бар асоси он кишваре ташкил шавад.

Ин сиёсатмадори судонӣ бо баёни ин ки дигар касе нест, ки тардид дошта бошад, ки баёнияи Белфор минтақаро нобуд кард, тавзеҳ дод, имрӯз ду рӯйкард вуҷуд дорад. Як рӯйкард муқовимат муқобили ишғолгарӣ аст, ва рӯйкарди дигар талош мекунад ризояти Исроилро ба даст оварад ва тафриқаи бештаре миёни уммат эҷод кунад.

Содиқ ал-Маҳдӣ пешниҳод кард, ки дар поёни иҷлоси уламои муқовимат, маншуре содир шавад, ки бар усули зер устувор бошад:

1) Мусалмонон ва масеҳиён ва яҳуд пайравони адёни илоҳӣ ҳастанд, ва саҳюнизм аст, ки сабаби мушкил шудааст ва иртиботе бо дин надорад;

2) Ҳаққи бозгашти мардуми Фаластин асле собит аст, ки Исроил бояд онро баргардонад;

3) Ҳаққи муқовимат дар баробари ишғолгарӣ, ҳаққе қонунӣ ва машрӯъ аст;

4) Муқовимат дар баробари ишғолгарӣ коре исломӣ ва миллӣ аст;

5) Бояд таърифи равшане аз теруризм шавад, то мубориза бо он решаитар шавад;

6) Бояд муқовимат аз ҳар гуна тавсифи фирқагароёна дур шавад;

7) Бояд тавофуқи ҳамзистӣ миёни кишварҳои арабӣ бо Эрон ва Туркия имзо шавад;

* * *

Атоуллоҳ Ҳанно, усқуфи аъзами калисои ортодокс дар Фаластин:

Атоуллоҳ Ҳанно низ дар паёме тасвирӣ, ки аз Қудс барои Конфронси уламои муқовимат ирсол кард, гуфт: “Уламои муқовимат дар пойтахти муқовимат гирди ҳам омадаанд ва аз Фаластин дифоъ мекунанд. Мо ҳеч гоҳ аз Фаластин ва ормони он чашмпӯшӣ нахоҳем кард, ҳарчанд, ки тавтиъаҳо зиёд ва шадид аст. Баёнияи Белфор ваъдае ба ҷунбиши саҳюнизм буд, то кореро муртакиб шавад, ки шуд, ва Фаластинро ишғол кард. Мо дар солрӯзи ин ваъдаи шум, таъкид мекунем, ки мо ба Фаластин мутаъаҳҳидем ва онро мерос, ормон ва арзиши худ медонем.”

Ӯ бо баёни ин ки баёнияи Белфор, ваъдаи Белфор аст на ваъдаи илоҳӣ, гуфт: “Худо хостори оворагӣ ва тафриқа ва дудастагии мо нест… Бинобар ин, эълом мекунам, ки бар асоси имоне, ки ба Худои Таъоло дорем, ва бар асоси арзишҳои инсонӣ ва имонӣ ва тамаддунии худ таъкид мекунем, ки аз Фаластин ҳимоят мекунем ва дар канори Қудс ва муқаддасоти исломӣ ва масеҳии он истодаем.”

Вай афзуд: “Қудс дар маърази тавтиъаҳои бесобиқае қарор гирифта ва бархе муздурон низ дар хидмати душмани саҳюнистӣ даромадаанд. Мо дар баробари касоне, ки алайҳи мо тавтиъа мекунанд, сар хам намекунем. Дар Фаластин муборизон, мардум ва аносури муқовиме ҳастанд, ки ҳеч гоҳ дар баробари ишғолгарони золим таслим нахоҳанд шуд.”

Ин усқуфи аъзами Фаластин ёдовар шуд: “Дар солрӯзи ваъдаи шуми Белфор эълом мекунем, ки Фаластин барои мардуми худ боқӣ мемонад, на барои истеъморгароне, ки аз нуқоти дигар омадаанд. Таъкид мекунем, ки ҳаққи бозгашт, ҳаққи муқаддасе аст, ки бо гузари замон аз байн намеравад. Таъкид мекунем, ки аз заррае аз хоки Фаластин чашмпӯшӣ намекунем ва масъалаи Фаластин ҳамчунон ки масъалаи аввали ҷаҳони ислом аст, ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд.”

Вай афзуд: “Ба Сурия, Яман ва Ироқ муздур ирсол карданд ва ин кишварҳоро вайрон карданд. Миёни ашоир ва мардум дар дигар нуқоти минтақа ихтилоф афкандаанд, то битавонанд осонтар бар Қудс сайтара пайдо кунанд. Ваҳдати мо қудрат аст ва мо вақте қудратманд ҳастем, ки муттаҳид бошем.”

* * *

Муҳаммад Тавфиқ Рамазон Бутӣ, намояндаи вазири авқофи Сурия:

Муҳаммад Тавфиқ Рамазон Бутӣ, намояндаи вазири авқофи Сурия, бо қироати паёми ин вазири сурӣ эълом кард, ки “уммати исломӣ имрӯз бедор шуда ва ин уммат, уммати дирӯз нест. Бедории исломӣ хеле аз барномаҳои душманро бар ҳам задааст… Ин масъала сабаб шуда, ки қаймумияти бегонагонро рад кунанд”.

Ӯ бо баёни ин ки “тасмим гирифтанд, ки Сурияро сарнагун кунанд, аммо Сурия истод ва онҳо буданд, ки сарнагун шуданд” афзуд, ҳама бояд ба ҳаблуллоҳ чанг бизанем ҳамчунон ки Худои Таъоло гуфта, ки бо ҳам мунозиъа накунед, ки аз байн меравед.

Ин мақоми сурӣ ифротгароӣ, такфир ва эътилоф бо бегонагонро дар канори режими саҳюнистӣ аз мушкилоти имрӯзи уммати исломи донист ва гуфт, ки чашмпушӣ аз ҳуқуқи мардум чизе ҷуз шикаст ва заъфи рӯзафзун ба бор нахоҳад овард ва афзуд, ки масъулияти сарони уммати исломӣ имрӯз ҳифзи иттиҳод ва бародарӣ аст.

* * *

Анас Абдуннур, дабири кулли уламои муқовимат дар Угондо:

Анас Абдуннур, дабири кулли уламои муқовимат дар Угондо низ дар суханронии худ дар рӯзи нахусти конфронс, аз вазъияти ҷаҳони араб ба далели эътилоф бо нерӯҳои ғарбӣ ҷиҳати ҳифзи мансабҳои худ интиқод кард ва гуфт, ки имрӯз вазъият ба гунае шуда, ки мусалмон муқобили мусалмон қарор гирифта ва қатлу куштор ва оворагӣ ҳама ҷои минтақаро фаро гирифтааст.

Абдуннур бо баёни ин ки масъалаи аввали ҷаҳони ислом, масъалаи Фаластин аст, онро масъалаи аввали инсоният ва ҳамзамон масъалаи мусалмонон ва масеҳият донист ва гуфт, ки қабули зулми ишғолгарӣ ва таҷовузоти мукаррари режими саҳюнистӣ ба Фаластин ва миллати он аз ҷониби бархе сарони араб, мусибати бузурге барои минтақа аст.

Ин мақоми угондоӣ бо ишора ба пирӯзиҳои муқовимати Ҳизбуллоҳ аз соли 2000 ба ин сӯ гуфт, ба кӯрии чашми касоне, ки аз Исроил ҳимоят мекунанд, муқовимат баъд аз солҳо зулми Исроил, вориди майдон шуд ва пирӯзиҳои хубе ба даст овард.

* * *

Абдулғанӣ Шамсуддин, узви ҳайати уламои мусалмон дар Молезӣ:

Абдулғанӣ Шамсуддин, узви ҳайати уламои мусалмон дар Молезӣ низ бо интиқод аз сиёсатҳои истеъмории ғарб ва сиёсатҳои режими саҳюнистӣ гуфт, ки талош барои интишори иттилооти дуруст ва дақиқ аз Қудс ва Масҷидулақсо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дифоъ аз ҳуқуқи уммат дар баробари ишғолгарии Исроил аст.

Шамсуддин монанди дигар суханронони конфронс, бар ҳаққи бозгашти оворагони Фаластин таъкид кард ва гуфт, ки талош барои кумак ба оворагон, ба онон кӯмак мекунад, то ҳуқуқи худро бозёбанд.

Ба гуфтаи Шамсуддин, касоне, ки дар муқобили режими саҳюнистӣ ва аъробе, ки саҳюнист шудаанд ва Исроилро кӯмак мекунанд қарор доранд, бародарони муқовимати мо ҳастанд ва мо дар канори онон истодаем.

* * *

Тасовире аз ин конфронс:

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: