Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши дуввум

Тасмими банда ин буд, ки мақолаи мазбур дар ду қисмат бошад, ба ин сурат, ки дар қисмати аввал мухтасар дар бораи андешаҳои Макиавеллӣ сӯҳбат бикунам, ки гузашт, ва дар қисмати дуввум ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари ислом баррасӣ шавад ва он гоҳ қазоватро бар ӯҳдаи худи хонанда бигузорам. Аммо ба назарам чунин расид, ки пеш аз баёни ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат дар ислом, лозим аст нукоте ба унвони нақд бар дидгоҳҳои Макиавеллӣ мавриди ишора қарор бигирад.

Зеро ҳомиёни дидгоҳи Макиавеллӣ мӯътақиданд, ки мунтақидони вай ба умқи афкори ӯ пай набурдаанд. Аз назари инон, Макиавеллӣ, бо ин ки порае аз андешаҳояш мардуд аст, вале дар бисёре аз маворид, ӯ аз “ҳастҳо” гуфта, на “боядҳо”. Ва ба сухани дигар, ӯ ба масоил ормонгароёна нигоҳ накардааст, балки воқеиятро чунонки ҳаст тавсиф карда. Масалан, ӯ агар мегӯяд, шаҳриёр (ҳоким) барои тасбити пояҳои қудрати давлат лозим нест ҳамеша пойбанд ба усули ахлоқӣ бошад, ӯ дар инҷо воқеиятро гуфта чунонки мегӯяд: “Таҷрибаҳои рӯзгори мо нишон додааст, подшоҳоне, ки корҳои бузург анҷом додаанд, онҳое будаанд, ки ба покдилӣ арҷе наниҳодаанд ва бо зиракӣ ва найранг тавонистаанд саранҷом бар касоне, ки ростӣ ва дурустӣ пеша кардаанд пирӯз шаванд…” (Machiavelli, N. The Prince ed and trans. Peter Bondanella, Oxford University, Press, 1998, Chapter XVIII, p.58. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”) Ва ба таъбири дигар: дуруст аст, ки садоқат, дурустқавлӣ, вафодорӣ, дурусткорӣ ва ғайра аз рафторҳо инҳо ҳама нек ва писандида ҳастанд, вале оё воқеият ҳамин аст? Оё одамҳо дар воқеъ ба ин “боядҳо” (бояд дурусткор бошӣ, бояд ростқавл бошӣ ва ғайра…) пойбанд ҳастанд ё на? Мегӯянд, мебинем, ки воқеият чунин нест. Давлатдорӣ ва ҳукуматронӣ ва барқарории амният ва субот дар ҷомеа, бо ин “боядҳо” таҳаққуқпазир нестанд. Ҳадафи як шаҳриёр (ҳоким), ки барқарории инҳост — ки билмаол ба нафъи ҷомеа ва шаҳрвандон аст – барои амалӣ сохтани ин ҳадаф, ночор аст ба ҳар василае, ҳарчанд номашрӯъ, даст ёзад. Ва хулосаи ҳарфашон ин аст, ки: “ҳадаф, ки муқаддас бошад, бояд василаро тавҷеҳ кунад.”

Ин ҳарфҳо, ки ба зоҳир дуруст менумоянд — ва иттифоқан, ба ҳамин хотир аст, ки афкор ва андешаҳои Макиавеллӣ ба хусус барои бисёре аз сиёсатмадорон маҷзуб воқеъ шудаанд – ҷавоб доранд. Ба ҳамин далел, лозим аст пеш аз баёни ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат дар ислом, нақде бар ин дидгоҳ сурат бигирад. Аз ин рӯ, ин қисмат аз мақоларо ихтисос ба ҳамин мавзӯъ медиҳам.

* * *

Инсон аз назари Макиавеллӣ

Дидгоҳи ҳар андешаманд дар мавриди “инсон”, таъйинкунандаи чигунагии нигариши ӯ ба сиёсат аст. Вақте мо дидгоҳи Макиавеллӣ дар бораи “инсон”-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мебинем решаи дидгоҳҳои сиёсии ӯ, ношӣ аз дидгоҳи вай дар бораи “инсон” будааст.

Макиавеллӣ инсонро зотан судҷӯ ва ҷоҳталаб медонад. Аз назари вай, инсон ба гунае офарида шудааст, ки сарватандӯзӣ ва ҷоҳталабӣ ҳамеша дар сиришти ӯ зинда ва фаъол аст. Ӯ дар “Шаҳриёр” менависад: “Мардум марги падарро зудтар фаромӯш мекунанд то аз даст рафтани мероси падариро…” (Шаҳриёр, с.109. Ба нақл аз рисолаи: “Макиавеллӣ ва нигариши нав ба ахлоқ ва сиёсат”)

Дар “Гуфторҳо” менависад: “Дар инсон фузунхоҳӣ… ғалаба дорад. Аз ин рӯ, дастовардҳои башар ӯро нохурсанд ва норозӣ месозад. Савдои афзунталабӣ аз як сӯ, ва тарси аз даст додани он чи ба даст овардааст аз сӯи дигар, башарро дастхуши парешонӣ мекунад ва ба душманӣ ва ҷанг вомедорад…” (Гуфторҳо, китоби нахуст. Ба нақл аз рисолаи: “Макиавеллӣ ва нигариши нав ба ахлоқ ва сиёсат”)

Ва ҳам дар “Шаҳриёр” менависад: “Дар боби одамиён метавон гуфт, ки носипосанд ва забонбоз ва фиребкор ва тарсу ва судҷӯ, ва сарсупурдаи ту ҳастанд то замоне, ки суде ба эшон расад.., ба забон омодаанд ҷону молу фарзанди худро фидои ту кунанд, аммо он рӯз, ки хатаре дар миён бошад, рӯй аз ту бартобанд…” (Шаҳриёр, с.108. Ба нақл аз рисолаи: “Макиавеллӣ ва нигариши нав ба ахлоқ ва сиёсат”)

Мегӯяд: “Шикастани аҳдҳо ва гусастани паймонҳо, аз ниҳоду сиришти башар сарчашма мегирад…” Ба пиндори вай: “Пастии ниҳоди мардум сабаб мешавад, ки пайванди меҳрро ҳар замон, ки ба судашон бошад бигсаланд, аммо ҳарос аз кайфар он риштаи пайвандест, ки тарсро пойдор мекунад…” (Ҳамон манбаъ, с.142 ва 143)

Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Макиавеллӣ ин ҳарфҳоро хитоб ба шаҳриёр мегӯяд. Ӯ ба шаҳриёр (ҳоким) мегӯяд, бидон, ки одамизод зотан чунин аст; ҳам ту, ҳам ман ва ҳам дигарон. Ва ҳоло, ки чунин ҳастем, пас рафтори шаҳриёр – ки аҳёнан ба усули ахлоқӣ пойбанд набошад ва дар сиёсат ахлоқро меҳвар қарор надиҳад – муваҷҷаҳ ва дуруст хоҳад буд. Ва аз сӯе ҳам, ин дидгоҳ қудратталабӣ ва ҷоҳхоҳии шаҳриёрро ҳам ба навъе тавҷеҳ мекунад.

* * *

Ва аммо нақди ин дидгоҳ:

1) Аввалан, Макиавеллӣ зоҳиран ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳ надорад (ва ё агар дошта бошад ҳам, ба он боварманд нест), ки дар ниҳоди одамизод, ҳамон тавре ки сифоте чун ҷоҳталабӣ ва молхоҳӣ — ва куллан сифоте, ки реша дар ғаризаи шаҳавонияи ӯ доранд — ба сурати ғариза ба вадиъа гузошта шуда (ки анқариб хоҳем гуфт, инҳо беҷиҳат нестанд, балки ҳама ҳикмат доранд), ҳамчунин майл ба сифоте мисли азхудгузаштагӣ, некӯкорӣ, эҳсон ва ғайра аз хислатҳо ҳам дар фитрати ӯ ба вадиъа ниҳода шудаанд. Яъне, чунин нест, ки бигӯем, инсон зотан бадсигол ва бадхоҳ офарида шудааст. Ҳаргиз!

Ва балки дуруст акси он аст, яъне инсон фитратан некхоҳ офарида шуда. Инсон — ҳар инсоне, Худобовару бедин – вақте маҳрум ва надореро мебинад, нохудогоҳ ба вай эҳсон мекунад, касе ӯро маҷбур ба ин кор намекунад, балки виҷдонаш ӯро маҷбур ба он месозад. Ҳаминки инсон ба касе некӣ кунад, эҳсоси роҳатӣ мекунад ва лаззат мебарад, ин худ нишондиҳандаи он аст, ки одамизод фитратан некхоҳ аст, дар сиришти ӯ некхоҳӣ ба вадиъа гузошта шуда. Ӯ, дар баробари эҳсон ва некӯкорӣ ва азхудгузаштагии худ, аз касе мунтазири аҷру подош нест, балки виҷдонаш ба ӯ фармон медиҳад, ки чунин бикунад.

Вақте мебинем, ба касе зулм шавад, эҳсоси тараҳҳум бароямон даст медиҳад ва мехоҳем дасти мазлумро бигирем ва кӯмакаш кунем, инҳо ҳама ҳокӣ аз ин аст, ки одамизод зотан хайрхоҳ будааст, на бадсигол ва бадхоҳ. Аз ин рӯст, ки фалосифаи ахлоқ, дар тӯли таърих, сифоте чун некхоҳӣ, дурусткорӣ, ростқавлӣ ва ғайраро, дар инсон, сифоте асил ва решадор медонанд, ва дар муқобил, сифоте чун бадхоҳӣ ва бадсиголӣ, дурӯғ ва фиребро дар вай сифоте оризӣ мешуморанд.

* * *

2) Матлаби дигар дар бораи “ҳастҳо” ва “боядҳо” аст, ки ҳомиёни андешаҳои Макиавеллӣ мӯътақиданд, ӯ на ормонгаро, балки воқеънигар буда ва ашёро ҳамон тавр ки ҳастанд арзёбӣ карда ва бар асоси воқеиятҳо, тавсияҳое ба шаҳриёр намуда.

Аввалан, воқеънигар будан, лузуман ба ин маъно нест, ки одамӣ ба ҳар “воқеияте” арзиш қоил бишавад ва онро имзо кунад. Искандар як воқеият буд, Чингиз як воқеият буд, Темур як воқеият буд, Ҳитлер як воқеият буд… Оё мебоист ин “воқеиятҳо” чунонки ҳастанд пазируфта шуда ва набояд дар баробари онҳо амале сурат мегирифт? Ё “бояд” ин “воқеиятҳо” сари ҷояшон нишонда мешуданд?

“Бояд”-и ахлоқӣ, ки мавриди баҳси мост (яъне, бояд ростқавл буд, бояд дурусткор буд, бояд вафодор буд ва ғайра…), инҳо “ормонгароӣ” нестанд, балки барои таъдил ва сари ҷояшон нишондани баъзе аз “воқеиятҳои” даруни одамизод аст; “воқеиятҳои чингизӣ”, “воқеиятҳои темурӣ”, “воқеиятҳои ҳитлерӣ”, ки дар даруни одамизод ба вадиъа гузошта шуда.

Бале, ин як воқеият аст, ки дар вуҷуди ҳар одамизоде ғаризаҳое чун ҷоҳталабӣ, қудратхоҳӣ, шаҳват, молхоҳӣ ва ғайра вуҷуд доранд ва дастгоҳи офариниш бе ҷиҳат онҳоро наниҳода, балки лозим ва зарурӣ буданд барои бақои навъи инсон:

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاء وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا

Муҳаббати хостаниҳои гуногун: аз занон ва фарзандон ва амволи фаровон аз зару сим ва аспҳои нишондор ва домҳо ва киштзорҳо, барои мардум ороста шуда, инҳо мояи таматтуъи зиндагии дунёст…” (Сураи Оли Имрон, ояти 14)

Агар инҳо набошанд, инсон наметавонад ба ҳаёти худ идома бидиҳад. Агар ғаризаи шаҳват дар инсон набошад, ҳеч кас тамоюл ба издивоҷ пайдо намекунад ва насли одамизод мунқатеъ мешавад. Агар ғаризаи молдӯстӣ дар одамизод набуд, ҳеч кас аз пайи ҷамъи молу амвол намерафт. Ғаризаи қудратталабӣ дар инсон омили нерӯманде аст барои тадовуми ҳаракат барои вай. Инҳо воқеиятҳое ҳастанд, ки касе мункири онҳо нест.

Аммо тамоми баҳс ин ҷост, ки: ин ғаризаҳо ҳамеша ниёз ба таъдил доранд. “Бояд”-и ахлоқӣ кораш таъдили ин ғаризаҳост. Асосан, ахлоқ ҷуз ин нест. Баъзеҳо фикр мекунанд, “боядҳо”-и ахлоқӣ корашон қалъу қамъи ғаризаҳост, дар сурате ки ин пиндор дуруст нест. Ҳеч касе ҳам чунин нагуфтааст. Кори ахлоқ таъдил ва сари ҷояшон нишондани ғаризаҳост. Масалан, агар ғаризаи қудратталабии инсон таъдил нашавад, инсон Чингизу Ҳитлер мегардад. Соири ғаризаҳо ҳам чунин аст, ки бояд таъдил шаванд.

Асосан, хислатҳои ҳамида ва писандидаи ахлоқӣ, ки мавриди тавсияи ҳамаи адён ва макотиби ахлоқӣ мебошанд, ин хислатҳо рафторҳои зиддиғаризӣ нестанд, балки чизе миёни ифроту тафрити ғаризаҳоянд. Масалан, агар шуҷоат ба унвони як хулқи писандида мавриди тавсия аст, аз он ҷиҳат аст, ки шуҷоат хулқе миёна байни таҳаввур (бепарвоӣ) ва ҷубн (тарсуӣ) аст. Дар “Меъроҷ-ус-саода” ахлоқи писандидаро ин гуна таъриф кардааст:

Авсофи ҳамида ҳукми васатро доранд ва инҳироф аз онҳо ба тарафи ифрот ё тафрит мазмум аст ва аз ахлоқи разила аст. Пас, дар муқобили ҳар ҷинсе аз сифоти фозила, ду ҷинс аз авсофи разила мутаҳаққақ хоҳад буд. Чун донистӣ, ки аҷнос ва сарфазоил чаҳоранд (ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат), пас аҷноси разоил ҳашт то хоҳанд буд…

(Ду то дар муқобили “ҳикмат” ҳастанд:) яке “ҷарбуза”, ки кор фармудани фикр аст дар зоид аз он чи сазовор аст; ва ин дар тарафи ифрот аст. Дигаре “балоҳат” ва он муъаттал будани қувваи фикрия ва кор нафармудани он дар қадри зарурат ё камтар аз он аст; ва ин дар тарафи тафрит…

Ду то дар муқобили “шуҷоат” ҳастанд: яке “таҳаввур”, ки он, рӯ овардан ба умуре аст, ки ақл ҳукм ба дурӣ аз онҳо менамояд; ва ин дар тарафи ифрот аст. Дигаре “ҷубн” ва он, рӯ гардондан аз чизҳое аст, ки набояд аз онҳо рӯ гардонид; ва он дар ҷониби тафрит.

Ду то дар баробари “иффат” ҳастанд: яке “шараҳ”, ки иборат аз ғарқ шудан дар лаззатҳои ҷисмия аст бидуни мулоҳизаи ҳусни он дар шариати муқаддаса ё ба ҳукми ақл; ва ин ифрот аст. Дигаре “хумуд” ва он, мирондани қувваи шаҳавия аст ба қадре, ки тарк кунад он чиро, ки аз барои ҳифзи бадан ё бақои насл зарурист; ва ин тафрит аст.

Ду то дар изои “адолат” ҳастанд: яке “зулм”, ки тасарруф кардан дар ҳуқуқи мардум ва амволи онҳост бидуни ҳаққе; ва ин ифрот аст. Дигаре “тамкини золимро аз зулм барои худи он шахс бар сабили хорӣ ва мазаллат бо вуҷуди қудрат бар дафъи он…”. (Меъроҷ‒ус‒саода, с.19 ва 20)

* * *

Иншоаллоҳ дар қисмати баъдӣ, дар бораи ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари ислом баҳс ба амал хоҳем овард.

* * *

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: