Сабабҳои гароиш ба материализм (7)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Азалияти модда

Боз аз ҷумла намунаҳои норасоии фалсафаи ғарбӣ ин аст, ки хаёл кардаанд назарияи азалияти модда, бо эътиқод ба Худо мунофӣ аст, ва ҳол он ки ҳеч мулозимае миёни ин назария ва инкори Худованд нест, балки ҳукамои илоҳӣ мӯътақиданд, ки лозимаи эътиқод ба Худованд, эътиқод ба азалият ва давоми файёзияти ӯ ва давоми холиқияти ӯст, ки мусталзими азалияти халқ аст.

Яке аз донишмандони русӣ дар мақолае, ки ба форсӣ дар яке аз маҷаллаҳо дар чанд сол пеш тарҷума шуда буд, навишта буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар миёни материализм ва идеализм дар навасон будааст.

Чаро ин донишманд дар бораи Ибни Сино инчунин изҳори назаре мекунад, ва ҳол ин ки яке аз мушаххасоти Ибни Сино ин аст, ки дар оро ва ақоиди худаш ба як равиш рафта аст ва тазабзуб ва таноқуз дар гуфтаҳояш ёфт намешавад. Шояд ҳофизаи нерӯманд ва фавқулъодааш, ки ҳеч гоҳ афкорашро фаромӯш намекард, яке аз иллатҳои ин вежагӣ аст.

Ин донишманди русӣ чун дидааст, Ибни Сино аз тарафе қоил ба азалияти модда аст ва барои замон ибтидо қоил набудааст, фикр карда пас ӯ материалист аст. Ва аз тарафи дигар, дидааст, ки аз Худо ва офариниш ва иллати нахустин дам мезанад, бо худ фикр карда, ки Бӯалӣ ба истилоҳ идеалист аст; пас, Бӯалӣ дар миёни ду қутби материализм ва идеализм дар навасон буда ва ақидаи собите дар ин замина надоштааст.

Он донишманди русӣ аз ин ҷиҳат дар бораи Бӯалӣ инчунин андешида, ки назарияи азалияти моддаро бо махлуқ будани он ва махлуқ будани ҳамаи ҷаҳон мунофӣ донистааст, ва ҳол он ки дар мантиқи Ибни Сино, ки масъалаи “маноти (меъёри) ниёзмандӣ ба иллат”-ро баррасӣ кардааст ва маноти ниёзмандӣ ба иллатро “имкони зотӣ” ташхис дода на ҳудус, ҳеч гуна таноқузе миёни ин ду вуҷуд надорад. Қаблан масъалаи “маноти ниёзмандӣ ба иллат”-ро, ки аз муҳимтарин масоили фалсафӣ аст ва танҳо дар фалсафаи исломӣ он масъала тарҳ шудааст, тарҳ кардем ва равшан кардем, ки лозимаи маълулият ва махлуқият, “ҳудуси замонӣ” нест. Монеъе нест, ки як мавҷуд вуҷуди азалӣ ва абадӣ дошта бошад ва дар айни ҳол вуҷудаш “аз ғайр” бошад. Дар бораи ин масъала боз ҳам сухан хоҳем гуфт.

* * *

Худо ё озодӣ?

Масъалаи маъруфе ҳаст дар фалсафа ва калом ва ахлоқ ба номи “ҷабру ихтиёр”. Баҳс дар ин аст, ки оё инсон дар корҳои худ маҷбур аст ва озодӣ барои интихоб надорад, ва ё ҳурру озод ва мухтор аст? Масъалаи дигаре дар илоҳиёт ҳаст ба номи “қазо ва қадар”. Қазо ва қадар яъне ҳукми қатъии илоҳӣ дар ҷараёноти корҳои олам ва ҳудуду андозаҳои онҳо.

Дар масъалаи қазо ва қадар баҳс дар ин аст, ки оё қазо ва қадари илоҳӣ омм аст ва шомили ҳамаи ашё ва ҷараёнот аст ё на? Ва агар омм аст, таклифи озодӣ ва ихтиёри инсон чӣ мешавад? Оё мумкин аст, ки ҳам қазо ва қадари илоҳӣ омм ва куллӣ бошад, ва ҳам инсон нақши озод ва мухтор дошта бошад? Ҷавоб ин аст, ки бале. Мо худ дар рисолае, ки дар ҳамин мавзӯъ навиштаем ва бо номи “Инсон ва сарнавишт” чоп шудааст, дар ин бора баҳс кардаем ва собит кардаем, ки ҳеч гуна мунофот миёни қазои омми илоҳӣ аз як тараф, ва ихтиёр ва озодии инсон аз тарафи дигар нест. Ва албатта он чӣ мо дар онҷо гуфтаем чизе нест, ки аввалин мартиба мо гуфта бошем. Он чӣ гуфтаем, иқтибос аз Қуръони Карим аст ва қабл аз мо дигарон иқтибос кардаанд, махсусан ҳукамои исломӣ муфассал дар ин боб баҳс кардаанд.

Аммо имрӯз, ки ба ҷаҳони Урупо менигарем, мебинем афроде монанди Жан Пол Сартр дар шашу панҷи ин масъала гирифторанд ва чун дар фалсафаи худ ба масъалаи интихоб ва ихтиёр ва озодӣ такя кардаанд, Худоро намехоҳанд қабул кунанд. Жан Пол Сартр мегӯяд: “Чун ба озодӣ имону эътиқод дорам, наметавонам ба Худо имон ва эътиқод дошта бошам, зеро агар Худоро бипазирам, ночорам қазо ва қадарро бипазирам. Ва агар қазо ва қадарро бипазирам, озодии фардро наметавонам бипазирам. Ва чун намехоҳам озодиро напазирам ва ба озодӣ алоқа ва имон дорам, пас ба Худо имон надорам.”

Аз назари ислом, эътиқод ва имон ба Худо мусовӣ аст бо ин ки инсон озод ва мухтор бошад. Озодӣ ба маънои воқеӣ, гавҳари инсон аст. Қуръони Карим Худоро бисёр бузург ва ирода ва машиаташро омм муаррифӣ мекунад, вале аз озодӣ низ сахт дифоъ мекунад:

هَلْ أَتَى عَلَى الْإِنسَانِ حِينٌ مِّنَ الدَّهْرِ لَمْ يَكُن شَيْئًا مَّذْكُورًا. إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا. إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Оё (чунин набуд, ки) замоне тӯлонӣ бар инсон гузашт, ки чизи қобили зикре набуд? Мо инсонро аз нутфаи мухталите офаридем ва ӯро меозмойем, бад-ин ҷиҳат ӯро шунаво ва бино қарор додем. Мо роҳро ба ӯ нишон додем; ва ӯ худ мухтор аст, ки шукргузор бошад ё кофири неъмат.” (Сураи Инсон, оятҳои -1-3)

Яъне ӯ озод аст; мехоҳад роҳи саҳеҳро интихоб кунад ва мехоҳад роҳи куфрони неъматро интихоб кунад.

Боз Қуръон мефармояд:

مَن كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاء لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلاهَا مَذْمُومًا مَّدْحُورًا. وَمَنْ أَرَادَ الآخِرَةَ وَسَعَى لَهَا سَعْيَهَا وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَئِكَ كَانَ سَعْيُهُم مَّشْكُورًا. كُلاًّ نُّمِدُّ هَؤُلاء وَهَؤُلاء مِنْ عَطَاء رَبِّكَ وَمَا كَانَ عَطَاء رَبِّكَ مَحْظُورًا

Ҳар ки ба неъматҳои зудгузар басанда кунад, аз он неъматҳо ҳар чӣ хоҳем ба ҳар кас, ки хоҳем, зуд диҳем, ва сипас ҷаҳаннамро барои ӯ қарор диҳем, ки дар он дохил шавад накӯҳида ва дур аз раҳмат. Ва ҳар кас, ки хонаи оқибат хоҳад ва барои он ба миқдори лозим ва шоиста кӯшиш кунад ва мӯъмин бошад, пас инон кӯшишашон қадрдонӣ хоҳад шуд. Ҳамаро – ҳам он гурӯҳ ва ҳам ин гурӯҳро — аз бахшиши парвардигорат мадад кунем, ва атои парвардигорат манъшуданӣ нест.” (Сураи Исро, оятҳои 18-20)

Оре, ин аст мантиқи Қуръон! Қуръон ҳеч мунофоте миёни қазои омми илоҳӣ ва ҳуррият ва ихтиёри инсон намебинад. Аз назари бурҳонӣ ва фалсафӣ низ, дар ҷои худ собит шудааст, ки миёни ин ду мунофоте нест. Аммо ин файласуфони қарни 20-ум хаёл кардаанд, ки танҳо агар Худоро напазиранд, озоданд; он ҳам бад-ин маънӣ, ки дар ин сурат метавонанд робитаи иродаи худро бо гузашта ва ҳозир, яъне бо таърих ва муҳит, қатъ кунанд ва бо чунин иродаи қатъшуда аз таърих ва муҳит, ояндаро интихоб кунанд ва бисозанд, ва ҳол он ки масъалаи ҷабру ихтиёр ба қабулу нафйи Худо марбут нест. Бо қабули Худо метавон барои иродаи инсон нақши фаъол ва озод қоил шуд, ҳамчунон ки бо нафйи Худо низ тибқи қонуни иллияти омма метавон ба фарзияи озодии инсон эрод гирифт. Яъне решаи ҷабр ва ё таваҳҳуми ҷабр, эътиқод ба низоми қатъии иллату маълул аст, ки ҳам илоҳӣ ба он мӯътариф аст ва ҳам моддӣ. Агар мунофоте миёни низоми қатъии иллату маълул ва миёни озодӣ ва ихтиёри инсон нест — ҳамчунон, ки воқеан ҳам нест — эътиқод ба Худо сабаб намешавад мункири озодӣ бишавем. Тафсили бештари ин масъаларо аз китоби “Инсон ва сарнавишт” бихоҳед. Дар инҷо чанд намунаи дигар аз лағзишҳои фалсафии ғарбро дар илоҳиёт зикр мекунем.

* * *

Тасодуф, Худо, иллият?

Барои он ки бештар бо тарзи тафаккури ғарбӣ — аъамм аз илоҳӣ ё моддӣ — дар бораи Худо огоҳ шавем, хуб аст ин баҳсро низ тарҳ кунем:

Гурӯҳе исботи Худоро дар гарави хадша ворид кардан бар қонуни иллият ва бар асли зарурати иллӣ ва маълулӣ пиндоштаанд. Яъне дар гарави ҳамон чизе, ки асоситарин пояи исботи вуҷуди Худованд аст; на танҳо асоситарин пояи исботи вуҷуди Худованд, балки асоси қабули ҳар назарияи илмӣ ва фалсафӣ аст.

Бертронд Росел дар китоби “Ҷаҳонбинии илмӣ” фасле боз карда таҳти унвони “Илм ва дин”. Масоиле дар ин фасл унвон карда, ки ба гумони ӯ, маҳалли бархӯрди илм ва дин аст. Яке аз онҳо ҳамин масъала аст ва ӯ онро таҳти унвони “Ихтиёр” зикр кардааст. Иллати ин ки таҳти ин унвон зикр карда ин аст, ки дар тасаввури ғарбӣ, ихтиёр ва озодӣ, ки дар мавриди инсон ба кор бурда мешавад, иборат аст аз раҳоӣ аз қонуни иллият ва зарурати иллӣ ва маълулӣ. Пас, агар қонуни иллият ва қонуни мӯҷибият (қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ)-ро дар табиат инкор кунем, дар ҳақиқат ба навъе ихтиёр дар мавриди табиат қоил шудаем. Аз ин рӯ Росел ин баҳсро дар зери титри “Ихтиёр” тарҳ кардааст.

Ба ақидаи мо, тарҳи ин масъала зери ин титр ба навбаи худ нишонаи дигаре аст аз ин ки тафаккури ғарбӣ дар ин гуна масоил, дар чӣ сатҳе аст! Ба ҳар ҳол, Росел мегӯяд:

То ин охирҳо, агарчӣ ҳикмати котуликӣ асли ихтиёрро мепазируфт, бо ин ҳол майле ҳам ба қабули қавонини табиӣ дар ҷаҳони ҳастӣ нишон медод, ва ин асл фақат дар мавриди қабули мӯъҷизот истисно мепазируфт ва андаке таъдил меёфт… Яке аз мароҳили рушди қобили таваҷҷӯҳе, ки ахиран дар шеваи амали пажӯҳишгарони мазҳабӣ ҳосил шудааст, талоше аст барои наҷоти ихтиёр ба дастёрии ҷаҳле, ки нисбат ба тарзи сулуки атомҳо доранд… Ҳанӯз бо ҳеч дараҷа итминоне наметавон эълом кард, ки усулан қонуне, ки аз ҷамиъи ҷиҳот шомили ҳаракоти атомҳо бошад, вуҷуд дорад ё ҳаракоти ин гуна атомҳо то андозае тасодуфӣ аст?.. Дар як атом ҳолатҳои мухталифе рӯй медиҳад, ки бо якдигар паёпаии мустамир надоранд ва бо фосилаҳои кучаке аз якдигар ҷудо мешаванд. Як атом метавонад як мартиба аз ҳолате ба ҳолати дигар ҷаҳиш кунад ва аз ин гуна ҷаҳишҳо барои атом фаровон иттифоқ меафтад. Дар ҳоли ҳозир қонуне вуҷуд надорад, то маълум кунад, ки дар фалон мавқеияти хосс, кадом ҷаҳиш рӯй хоҳад дод? Ва аз ин лиҳоз гуфта мешавад, ки атом таҳти ҳеч назму қоидае қарор намегирад, аммо дорои хоссияте аст, ки аз назари мушобеҳат шояд битавон ба ихтиёр таъбир кард. Эддингтон (Arthur Eddington, ахтарфизикдони ангилисӣ) дар китоби “Моҳияти ҷаҳони физикӣ” бо ҳамин имкон, саҳнаи бузурге оростааст.”

Росел он гоҳ ба таърихчаи “асли адами мӯҷибият” пардохта ва изофа мекунад:

Ман дар шигифтам аз ин ки Эддингтон барои таъйиди ихтиёр ба ин асл мутавассил шуда бошад, зеро асли мазбур ба ҳеч ваҷҳ нишон намедиҳад, ки дар сайри табиат, ихтиёр вуҷуд дорад.”

Он гоҳ дар бораи ин матлаб баҳс мекунад, ки он чӣ аз меконики квонтумӣ натиҷа мешавад, нафйи иллият нест; нафйи асли мӯҷибият (ва асли зарурати тараттуби маълул бар иллат) аст. Мегӯяд:

Пас, дар асли адами мӯҷибият чизе, ки нишон диҳад як воқеаи физикӣ бидуни иллат воқеъ мешавад, вуҷуд надорад… Ҳол, бармегардем ба атом ва ихтиёре, ки дар он пиндошта мешавад. Нахуст бояд донист, ки ҳанӯз маълум нест ҳаракати атом комилан сарсарӣ бошад. Иддаои қотеъият дар таъйид ва ё радди ин назария, ба як андоза ғайриилмӣ ва иштибоҳомез аст. Зеро илм дар ҳамин охирҳо ба кашфи ин нукта ноил омадааст, ки атом дар ҳавзаи амали қавонини физикӣ қадим нест ва бархе физикдонон бо бепарвоӣ аз ҳамин муқаддима натиҷа гирифтаанд, ки атом аслан дар ҳавзаи амали “қонун” нест… Одамӣ то чӣ андоза бояд бепарво бошад, ки рӯбинои ҳикматеро бар мабнои ҷаҳле бино кунад, ки фақат барои лаҳзае қобили давом бошад… Ба илова, эродҳои илмии маҳзе низ алайҳи имон ба ихтиёр вуҷуд дорад. Баррасиҳое, ки то кунун дар мавриди рафтори ҳайвонот ё мавҷудоти инсонӣ ба амал омада равшан кардааст, ки дар инҷо низ монанди заминаҳои дигар метавон ба қавонини илмӣ (иллӣ) даст ёфт, ва ин ҳамон аст, ки дар таҷрибиёти Павлов озмудем. Саҳеҳ аст, ки мо наметавонем аъмоли одамиро бо ҳеч дараҷа аз куллият пешбинӣ кунем, лекин ин мавзӯъ то ҳадде марбут ба печидагии меконизми одамӣ аст ва ҳаргиз баёнгари беқонунии маҳз — ки ботил буданаш дар ҳамаи мавориди таҷрибӣ ба сабт расидааст — нест ва касоне, ки моиланд ҷаҳони физикӣ аз вуҷуди қонун барканор бошад, ба назари ман натиҷаи ин майли худро дарнамеёбанд. Ҳамаи истинботи мо аз ҷараёни табиат бар асли иллият устувор аст, ва агар табиат таҳти лагоми қонун набошад, маҷмӯи чунин истинботе нақши бар об хоҳад буд. Дар он сурат, дигар нахоҳем тавонист аз чизе, ки ҳамаи ҷавониби онро шахсан наёзмудаем, огоҳӣ дошта бошем. Ва ҳатто агар ҷиддитар сӯҳбат кунем, огоҳии мо мунҳасир ба таҷрибаи худи мо хоҳад буд, он ҳам фақат дар ҳамон лаҳзаи огоҳӣ; чун ҳофиза низ ба куллӣ машмули қавонини иллият аст. Дар ин сурат, агар мо нотавон аз ин бошем, ки аз вуҷуди дигарон ва ҳатто аз гузаштаи худ истинботи муваҷҷаҳе дошта бошем, истинботи мо дар бораи Худо ё ҳар чизи дигаре, ки ҳукамои илоҳӣ орзуи онро доранд, басе ночизтар хоҳад буд… Дар воқеъ, ҳеч далели қонеъкунандае бар ин фарз вуҷуд надорад, ки ҳаракоти атомҳо тобеъи қонун набошанд, зеро фақат дар ҳамин охирҳо равишҳои таҷрибӣ тавонистаанд огоҳиҳое аз ҳаракоти атомҳои муҷаррадро ба даст биёваранд ва ҳеч баъид нест қавонини ҳоким бар ин ҳаракот ҳанӯз кашф нашуда бошанд…” (Росел. Ҷаҳонбинии илмӣ, тарҷумаи Ҳасан Мансур, с.82-88)

Мо назари Роселро доир бар ин ки ҳеч далели қонеъкунандае бар бе қонун будани ҳаракоти атомҳо ироа нашудааст, таъйид мекунем ва балки муддаӣ ҳастем маҳол аст чунин далеле вуҷуд дошта бошад ё дар оянда пайдо шавад. Ва ҳамчунин назари вайро дар бораи ин ки агар қонуни иллият дар кор набошад ва ҷаҳон бе қонун бошад, ҳамаи истинботҳои мо дар бораи ҷаҳон ва дар бораи Худо ва дар бораи ҳар чизи дигар нақши бар об хоҳад буд, комилан саҳеҳ медонем.

Он чӣ Росел дар посухи муддаиёни бе қонун будани ҷаҳон (лоақалл дар даруни зарроти атомӣ) изҳор доштааст, ҳамон аст, ки ҳукамои илоҳии исломӣ дар посухи Ашоира, ки мехостанд мункири зарурати иллӣ ва маълулӣ бишаванд, изҳор доштаанд. Мо дар поварақиҳои “Усули фалсафа ва равиши реализм” ва дар китоби “Инсон ва сарнавишт” назари худро дар бораи ин асл баён кардаем. Вале дар инҷо наметавонем аз изҳори тааҷҷуб дар бораи ду матлаб худдорӣ кунем:

Яке ин ки: гурӯҳе ба истилоҳ илоҳӣ хостаанд аз роҳи нафйи иллият, ва ба қавли худашон, аз роҳи ихтиёр, ва аз роҳи нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ ва инкори синхияти иллату маълул (иллати муайян маълули муайян ба вуҷуд меоварад) вуҷуди Худовандро исбот кунанд.

Ҳар кас, ки андак ошноӣ бо илоҳиёти исломӣ дошта бошад, медонад, ки қабули асли иллият, асли зарурати иллӣ ва маълулӣ ва асли синхияти иллату маълул, ҷузъи алифбои илоҳиёт аст.

Дигар ин ки: оқои Росел пиндошта, ки бо инкори асли иллият, танҳо зарбае, ки бар пайкари улум ворид мешавад ин аст, ки наметавонем натиҷаи таҷрибаҳои илмии худро таъмим диҳем, зеро таъмими мавриди таҷрибанашуда муттакӣ бар ин асл аст, ки: “иллатҳои яксон, дар мавориди яксон ба таври яксон амал мекунанд” . Ғофил аз ин ки бо инкори асли иллият ҳатто дар мавриди чизе, ки ҳамаи ҷавониби онро озмудаем низ наметавонем дар ҳамон ҳудуде, ки озмудаем иттилое ба даст оварем, зеро иттилои ҳиссӣ ва таҷрибии мо аз хориҷ низ тобеъи қонуни иллият аст. Агар қонуни иллият дар кор набошад, чизе оиди мо намешавад.

Оқои Росел мукаррар дар китоби “Ҷаҳонбинӣ”-и худ ин назарро таъйид мекунад, ки физики ҷадид ба сӯи бе қонун будани ҷаҳон пеш меравад. Аммо матлаби асосӣ ин аст, ки қонуни иллият қонуни физикӣ нест, (балки) қонуни фалсафӣ аст; аз ин рӯ, физик на метавонад онро исбот кунад ва на нафй. Вале оқои Росел ба қонуни фалсафии мустақил аз дастовардҳои улум эътиқод надорад ва ночор дар ин гирдобҳо барои ҳамеша бояд мутаҳайир бимонад.

Мо дар поварақиҳои “Усули фалсафа ва равиши реализм” — мақолаи “Пайдоиши касрат дар идрокот” — дар бораи маншаи пайдоиши мафҳуми иллият ва кайфияти интиқоли зеҳн ба ин мафҳум ва тасдиқ ба воқеияти он, баҳс кардаем ва хонандаро ба он китоб ирҷоъ медиҳем.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: